Шанбе 20 Апрел 2024 мелодӣ / 11 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading

Бо ин ҳама афзалияти мусалмонони нахустин бар ояндагон низ, дар сурате ки собит бошад, танҳо ба маънои бештар будани аҷри онон дар охират аст ва лузуми пайравии онон бар ояндагонро исбот намекунад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿انْظُرْ كَيْفَ فَضَّلْنَا بَعْضَهُمْ عَلَىٰ بَعْضٍ ۚ وَلَلْآخِرَةُ أَكْبَرُ دَرَجَاتٍ وَأَكْبَرُ تَفْضِيلًا﴾[1]; «Бингар ки чигуна бархӣ аз ононро бар бархӣ дигар фазилат додем ва бегумон охират дар дараҷа ва фазилат додан бузургтар аст»!

[Адами имкони пайравӣ аз пешиниён]

Аз инҷо дониста мешавад ки пайравӣ аз се насли нахустини Исломӣ, асосе дар Ислом надорад ва бо ҳеҷ тақрире, қобили тавҷиҳ нест ва ин сарфи назар аз номумкин будани он дар воқеъ аст; Чароки се насли нахустини Исломӣ, афрод ва гурӯҳои мухталиф бо гуфтаҳо ва кардаҳои мутазод буданд, то ҳадде ки гуфтаҳо ва кардаҳои якдигарро нодуруст медонистанд ва бар сари онҳо, бо ҳам меҷангиданд. Рӯшан аст ки бо ин васф, пайравӣ аз онон мумкин нест; Чароки пайравӣ аз гуфтаҳо ва кардаҳои бархӣ аз онон, ба маънои адами пайравӣ аз гуфтаҳо ва кардаҳои бархӣ дигар аз онон аст ва ин коре мутаноқиз ва бемаъност; Фориғ аз онки ин пайравии гузинишӣ аз онон бидуни мураҷҷаҳи ақлӣ ва шаръӣ ҷойиз нест ва ба ихтилоф миёни пасиниён меанҷомад, дар ҳоле ки бо мураҷҷаҳи ақлӣ ва шаръӣ пайравӣ аз онон шумурда намешавад, балки дар воқеъ пайравӣ аз ақл ва шаръ аст. Аз ин рӯ, гӯё ба тозагӣ салафиён низ ба нодурустии рӯйкарди хеш пай бурдаанд ва дар ҳоли дур шудан аз он ва бозсозии усули салафия ҳастанд; Чароки онон дигар монанди гузашта бар лузуми пайравӣ аз саҳоба, тобеъин ва атбоъи тобеъин, таъкид намекунанд, балки бар лузуми муроҷиъа бар Қуръон ва суннати қатъи назар аз гфтоҳо ва кардаҳои саҳоба, тобеъин ва атбоъи тобеъин, пой мефишоранд, вале воқеъ он аст ки онон қодир ба ин кор нахоҳанд буд; Зеро пайрваӣ аз саҳоба, тобеъин ва атбоъи тобеъин, ҳар чанд ба сурати гузинишӣ, дигар як кори ихтиёрӣ нест, бал коре аст ки хоста ё нохоста анҷом мешавад; Зеро ончи ба унвони суннат, меъёри шинохти онон аз Ислом шумурда шуда, навъан ривоётӣ заннӣ аст ки аз тариқи саҳоба, тобеъин, атбоъи тобеъин ва касоне ки пас аз онҳо буданд, расида ва аз

↑[1] . Исроъ/ 21