Чоршанбе 3 Июн 2026 мелодӣ / 17 Зулҳиҷҷа 1447 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Оёте аз Қуръон дар ин бора; Ояи 7. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading

меъёрҳои худсохтаи онон саҳиҳ менамуд. Ин ривоёти маҷъул ва мутаноқиз ки умдатан бо ақл мунофот дошт, ононро ба ин бовар расонда буд ки миёни ақл ва шаръ мулозимае вуҷуд надорад, балки шаръ бо ақл мухолиф аст! Аз нигоҳи онон, шаръ ҷойгузини ақл буд; Ба ин маъно ки бо вуҷуди шаръ ниёзе ба ақл набуд. Аз ин рӯ, ба коргирии ақл дар фаҳми шаръро бидъат шумориданд ва ақлгароёнро ба мухолифат бо нусуси динӣ мутаҳам намуданд. Ба бовари инон, ақл, чи барои шинохти сиҳати ривоёт ва чи барои шинохти маънои онҳо, короӣ надошт ва ин ба маънои он буд ки як ривояти номаъқул метавонист саҳиҳ бошад ё як ривояти саҳиҳ метавонист маънои номаъқул дошта бошад; Ҳамчунонки масалан ривоёти нишондиҳандае аз вуҷуди ҷиҳат, ҳаракат ва ҷавореҳ барои Худованд, бо онки ба таври қатъ номаъқул буд, саҳиҳ шумурда шуд ва ба ин тартиб, ақойиди мусалмононро ба ақойиди мушрикон наздик сохт! Рӯшан аст ки ин рӯйкард, дақиқан мушобеҳи рӯйкарде буд ки каме онтарафтар дар берун аз ҷаҳони Ислом, олимони масеҳӣ дар пеш гирифта буданд, то бо пофишорӣ бар завоҳири нусуси динӣ ва инкори ҳуҷҷати ақл, заминаро барои ривоҷи ақойиди ширкомез фароҳам созанд.

[Салафиёни мусалмон]

Мутаъассифона ин рӯйкард, бо онки бисёрӣ аз олимони мусалмон дар садаҳои нахустини Исломӣ бо он мувофиқ набуданд[1], таҳти ҳимояти ҳукумати Аббосиён аз замони Мутаваккил (д.247қ) ва низ таблиғоти гурӯҳе аз ҳанобила ки худро пайравони салаф мешумурданд, ба ҳаёти худ идомд дод ва ба наслҳои пасини Исломӣ мунтақил шуд, то инки имрӯз ба гурӯҳе мавсум ба «Салафия» расидааст. Инон ки худро ворисони «Аҳли ҳадис» мешуморанд, ақлситезиро аз пешвоёни чун ибни Таймия (д.728қ)[2] ба мерос бурдаанд ва бо ҳидояти касоне чун ибни Абдулваҳҳоб (д.1206қ)[3], дар ду ҷиҳат афзоиш додаанд: Аз ҷиҳате ақлро натанҳо дар шинохти ривоёти амалӣ ки нозир ба аҳкоми динӣ ҳастанд ҳуҷҷат намедонанд, бал дар шинохти ривоёти назаре ки нозир ба ақойиди динӣ ҳастанд низ таътил кардаанд ва бовар ёфтаанд ки ақойиди динӣ, ниёзе ба далоили ақлӣ надоранд ва метавонанд мубтанӣ бар ривоёти заннӣ бошанд; Чароки ба фикри инон, ривоёти заннӣ, ҳаргоҳ бо

↑[1] . Чунонки Абубакр Ҷассос (д.370қ) гуфтааст: «Аз далелҳои рад кардани хабарҳои воҳид ин аст, ки онҳо бо муқтазиёти аҳкоми ақл мухолифат дошта бошанд; зеро ақл ҳуҷҷати Худованди мутаъол аст ва тағйир додани он чи ақл ба он ишора мекунад ё иқтизо менамояд, ҷоиз нест. Ва ҳар чизе, ки ҳуҷҷати ақлӣ бо он дар тазод бошад, ботил ва ғайри қобили қабул аст ва ҳуҷҷати ақлӣ ба қуввати худ боқӣ ва мӯътабар мемонад; магар он ки хабар қобилияти таъвиле дошта бошад, ки аҳкоми ақл бо он мухолифат наварзанд, ки дар ин сурат бар ҳамон асос таъвил карда мешавад» (Ҷассос, ал-Фусул фи-л-усул, ҷ3, с121). Ва Абдулқоҳир Бағдодӣ (д.429қ) дар бораи усуле, ки аҳли суннат бар он иттифоқ назар доранд, гуфтааст: «Аммо дар бораи хабарҳои воҳид, ҳаргоҳ силсилаи ровиёни онҳо саҳеҳ бошад ва матни онҳо аз назари ақл муҳол набошад, амал кардан ба онҳо бидуни ҳосил шудани илм воҷиб аст» (Абдулқоҳир Бағдодӣ, ал-Фарқ Байна-л-фирақ, с312). Ва Мовардӣ (д.450қ) дар бораи хабарҳои воҳид гуфтааст: «Агар мақбулияти онҳо собит шавад, амал ба муҳтавои онҳо то замоне ки ақл онро манъ накунад, воҷиб аст» (Мовардӣ, ал-Ҳовӣ ал-кабир, ҷ16, с87). Ва Хатиби Бағдодӣ (д.463қ) гуфтааст: «Ҳаргоҳ ровии мавриди эътимод ва мувассақе хабареро бо силсилаи санади муттасил ривоят кунад, мумкин аст ба далиле рад шавад; яке аз он далил ин аст, ки бо муқтазиёти ақл дар тазод бошад, ки дар ин сурат ботил будани он дониста мешавад; зеро шариат танҳо чизеро таъйид мекунад, ки ақл иҷоза диҳад. Аммо он чи бо ақл дар тазод бошад, мавриди таъйид нест» (Хатиби Бағдодӣ ал-Фақиҳ ва-л-мутафаққиҳ, ҷ1, с354). Ва низ гуфтааст: «Хабари воҳид агар бо ҳукми ақл дар тазод бошад, пазируфта намешавад» (Хатиби Бағдодӣ ал-Кифоя фи илми-р-ривоя, с432). Ва Абу Ҳомид Ғаззолӣ (д.505қ) гуфтааст: «Ҳар он чи ақл дар он бар яке аз ду тараф далолат кунад, маҷоле барои мухолифат дар он нест; зеро далилҳои ақлӣ на насх мешаванд ва на дучори таноқуз мегарданд. Бинобар ин, агар далили нақлие вуҷуд дошта бошад, ки бар хилофи ақл бошад, ё мутавотир нест, ки дар ин сурат дониста мешавад саҳеҳ нест, ва ё мутавотир аст, ки дар ин ҳолат бояд ба гунаи таъвил шавад, ки бо ақл тазод надошта бошад. Муҳол аст, ки матни мутавотир бо далили ақл дар тазод дошта бошад бидуни он ки имкони хато ё таъвил дар он вуҷуд дошта бошад; зеро далели ақл насх ва бутлон намепазирад» (Ғаззолӣ, ал-Мустасфо, с252). Ва Абулхаттоб Калвазонӣ (д.510қ) дар бораи он чи барои рад кардани як хабар ба кор меравад, гуфтааст: «Аз ҷумлаи онҳо ин аст, ки хабар бо муқтазиёти ақл дар тазод бошад. Пас ҳаргоҳ хабаре ба ин сурат биёяд ва натавонем онро ҷуз бо такаллуфи баъид таъвил кунем, барои мо ҷоиз нест, ки ҳукм кунем Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам онро фармудааст; зеро агар таъвили мутакаллифона дар канори тазод ҷоиз бошад, тазод дар сухан аз эътибор соқит мешавад. Магар он ки бигӯем Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам онро аз мардуме барои рад ва инкори онҳо нақл кардааст ва матлаби изофиеро зикр фармудааст, ки бар ровӣ пӯшида мондааст ва ҳамин хабарро аз ҳитаи тазод хориҷ мекунад. Ва танҳо хабарҳое пазируфта мешаванд, ки ақл дар онҳо тазоде наёбад» (Калвазонӣ, ат-Тамҳид фи усули-л-фиқҳ, ҷ3, с147). Ва Абулвафо Ибни Ақил (д.513қ) гуфтааст: «Далили ақл адиллаи Китоб ва ахборро тахсис мезанад» (Ибни Ақил, ал-Возеҳ фи усули-л-фиқҳ, ҷ3, с393). Ва Самарқандӣ (д.539қ) дар бораи шароити хабари воҳид гуфтааст: «Аз ҷумлаи онҳо ин аст, ки бо далили ақлӣ мувофиқ бошад; пас агар дар тазод бошад, пазируфта намешавад, монанди ахборе ки дар бораи ташбеҳ ва монанди он расидааст; зеро ақл ҳуҷҷате аз ҳуҷҷатҳои Худованди мутаъол аст ва Ӯ ҳаким ва доност, пас ҷоиз нест, ки ҳуҷҷатҳои Ӯ бо якдигар дар тазод бошанд. Ва далили нақлӣ мумкин аст шомили маҷоз, киноя, ишора ва монанди он бошад. Аз ин рӯ, воҷиб аст, ки ахбор дар мутобиқат бо ақл таъвил шаванд» (Самарқандӣ, Мизону-л-усул фи натоиҷи-л-уқул, ҷ1, с433).
↑[2] . Касоне, ки нисбат ба ибни Таймия таассуб меварзанд, мумкин аст аз ин сухан барошуфта шаванд ва онро инкор кунанд, дар ҳоле ки ин айни ҳақиқат аст ва дидгоҳҳои ӯ дар бораи сифоти Худованди Мутаъол ва осораш, ки дар радди ақлгароён навиштааст, гувоҳ ин матлаб аст; монанди китобе бо унвони «Нақз ал-мантиқ», ки номаш барои нишон додани муҳтавои он кофист, ва китоби дигаре, ки онро «Даръ таоруз ал-ақл ва-н-нақл» номида ва дар он бисёре аз қавонини равшани ақлиро рад кардааст. Ба унвони намуна, ӯ дар ин китоб ин қавлро, ки ҳангоми бурузи таоруз миёни ақл ва нақл, ақл бояд муқаддам шавад ва нақл ё таъвил гардад ва ё ба илми Илоҳӣ вогузор шавадро, рад карда ва онро «Ал-Қонун ал-куллӣ ли-т-тавфиқ ъинда-л-мубтадиъа» номидааст (ҷ1, с3). Ҳамчунин ин қавл, ки ақл бунёди нақл астро, рад кардааст (ҷ1, с87) ва ин қавл, ки нақл танҳо то замоне эътибор дорад, ки бо ақл дар тазод набошадро, напазируфтааст (ҷ1, с177). Ӯ дар он иддао кардааст, ки ҳуҷҷати ақл машрут ба адами мухолифат бо шаръ аст; зеро ақл нотавон ва дармонда мебошад (ҷ1, с187), ва ин ки ақл наметавонад ба унвони ҳуҷҷате мустақил дар ҷузъиёти умури Илоҳӣ ва рӯзи қиёмат ба кор равад (ҷ1, с177), ва ин ки умури нақлие, ки гуфта мешавад ақл бо онҳо дар тазод аст, заруратан аз дин дониста мешаванд (ҷ1, с195), ва ин ки бурҳонҳои ақлие, ки барои мухолифат бо адиллаи динӣ ба кор мераванд, ботил ва гирифтори таноқузи дарунӣ ҳастанд (ҷ1, с280). Ҳамчунин ӯ дар баъзе дигар аз китобҳояш тасреҳ кардааст, ки тамоми бурҳонҳои ақлие, ки ба унвони шоҳид барои мухолифат бо матнҳои Паёмбарон ба кор мераванд, ботил ҳастанд (ал-Ҷавоб ас-саҳеҳ лиман баддала дина-л-масеҳ, ибни Таймия ҷ5, с129), ва ин ки воҷиб, таъйид кардани сифоте аст, ки тавассути нақл исбот шудаанд, на ақл, ва касе ки он чиро, ки исботаш танҳо аз тариқи ақл дониста мешавад, инкор кунад, муҷозот намешавад (Маҷмуъ ал-фатово, ибни Таймия ҷ3, с328), ва ин ки касоне, ки усули дини худро бар он чи «маъқул» меноманд бино карда ва Қуръонро тобеи он сохтаанд, аз бузургтарин касоне ҳастанд, ки дар бораи оёти Худованд бидуни доштани ҳуҷҷате муҷодала мекунанд (ал-Истиқома, ибни Таймия ҷ1, с23), ва дидгоҳҳои дигаре монанди инҳо, ки шиддати душмании ӯ бо ақл, оқил ва маъқулро ошкор месозад.
↑[3] . Яъне Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоби Наҷдӣ, ва ӯ касе аст, ки парчами салафигариро барафрошт ва зери он ва бо ҳимояти ситамгарон бо мусулмонон ҷангид, то он ки онро бар онҳо таҳмил кард. Ӯ пас аз ибни Таймия бештар аз ҳама бар салафиҳо таъсир гузошт, то ҷое ки онҳо ба номи ӯ мансуб гардида ва «Ваҳҳобӣ» номида шуданд. Бар хилофи ибни Таймия, ин таъсиргузорӣ бар асари илм ва китобҳои ӯ набуд; зеро ӯ илми зиёд ё китобҳои мутааддиде надошт, балки аз тариқи қудрати низомӣ ва сарвати Оли Сауд ҳосил шуд. Душмании ӯ бо ақл аз андак авроқ ва навиштаҳояш пайдост; чунонки гуфтааст, ки аҳли ақл танҳо ҳамон пайравони нақл ҳастанд ва ғайри онҳо нестанд (Тафсири оётин мина-л-Қуръон ал-Карим, с325). Ва дар некӯҳиши мутакаллимон ва нисбат додани залолат ва куфр ба онҳо муболиға кардааст; зеро онҳо дар боби усули дин ва сифоти Худованди Мутаъол, ба ҷойи нақл, бо такя бар ақл сухан гуфтаанд (Бнигаред ба: ар-Расоил аш-шахсия, ибни Абдулваҳҳоб, с263).