Панҷшанбе 30 Май 2024 мелодӣ / 22 Зулқаъда 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Оёте аз Қуръон дар ин бора; Ояи 7. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading

Мабнои ҳусн ва қубҳ[1]

Аз ончи гуфтим раӯшан мешавад ки низои ҳазор солаи Ашоъира ва Адлия дар бораи мабнои ҳусн ва қубҳ, ваҷҳе надошта, балки низоъӣ лафзӣ будааст; Чароки бино бар назари Ашоъира, мабнои хубӣ ва бадӣ, амр ва наҳйӣ Худованд аст ва пеш аз амр ва наҳйӣ Худованд, хубӣ ва бадӣ вуҷуд надорад; Ба ин маъно ки ҳар чи Худованд онро хуб шумурда, хуб аст ва ҳар чи Худованд онро бад шумурда, бад аст ва ин мабное аст ки онро «Ҳусн ва қубҳи шаръӣ» номидаанд ва бино бар назари Адлия, мабнои хубӣ ва бадӣ, амр ва наҳйӣ Худованд нест, балки мабнои амр ва наҳйӣ Худованд, хубӣ ва бадӣ аст ва мабнои хубӣ ва бадӣ, ақл аст на шаръ; Ба ин маъно ки Худованд ба чизе амр карда ки хуб аст ва аз чизе наҳй карда ки бад аст ва хубӣ ва бадӣ, ановини ҳақиқӣ ҳастанд ки ба эътибори шаръ падид наёмадаанд ва ин мабное аст ки онро «Ҳусн ва қубҳи ақлӣ» номидаанд. Дар ҳоле ки бино бар он чи гуфтем, ақл ва шаръ аз як мабда ҷӯшидаанд ва ба як марҷа боз мегарданд ва он ҳамоно Худованд аст ки дар афоли таквинӣ ва ташриъи Ӯ ихтилофе нест. Бар ин асос, мабнои ҳусн ва қубҳ, амр ва наҳйӣ Худованд аст; Ҷуз онки амр ва наҳйӣ Худованд ба ду сурат воқеъ шудааст: Яке амр ва наҳйӣ ташриъе ки дар шаръ таҷаллӣ ёфта ва дигарӣ амр ва наҳйӣ таквинӣ ки дар ақл таҷаллӣ ёфта ва аз онҷо ки иҷтимои амр ва наҳйӣ Ӯ дар мавзӯъӣ воҳид муҳол аст, таъорузи шаръ ва ақл мумкин нест. Ҳосил онки мабнои ҳусн ва қубҳ, Худованд аст.

Муқаддимаи дуввум; Мавонеъи шинохт

Назар кардан ба чизе ки қобилияти шинохтро дорад, ҳаргоҳ дар рӯшаноии ақл сурат пазирад, муқтазии шинохти он чиз аст; Монанди назар кардан ба чизе ки қобилияти дида шуданро дорад ва ҳаргоҳ дар рӯшаноии нур анҷом шавад, муқтазии дида шудани он чиз аст. Бо ин ҳол, бисёр пеш меояд ки инсоне ба чизе назар мекунад то хубӣ ё бадии онро бишиносад, вале ба ғарази худ даст намеёбад ва гоҳе бар зидди ғарази худ даст меёбад, ба ин маъно ки хубро бад ва бадро хуб мешиносад; Монанди касе ки Худованд дар бораи ӯ фармудааст: ﴿أَ فَمَنْ زُيِّنَ لَهُ سُوءُ عَمَلِهِ فَرَآهُ حَسَناً﴾[2];

↑[1] . Хубӣ ва бадӣ
↑[2] . Фотир/ 8