Панҷшанбе 25 Апрел 2024 мелодӣ / 16 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading

Чунонки Худованд фармудааст: ﴿لَا يَنَالُ عَهْدِي الظَّالِمِينَ﴾[1]; «Аҳди ман ба золимон намерасад»; Зеро восита кардани касе ки ба сабаби ибтило ба бархӣ аз ин маворид, қудрат ё аҳлияти таблиғи аҳкоми Худовандро надорад барои таблиғи онҳо, бар хилофи ҳикмат ва адолати Худованд аст ва аз Ӯ содир намешавад ва ин ба маънои лузуми исмати Паёмбар аст.

[Ҷавози саҳви Паёмбари Худованд]

Ҳар чанд инсофан вуқуъи Паёмбар дар анвоъе аз саҳв ки ихлоле дар таблиғи аҳкоми Худованд тавассути ӯ намекунад, мунофӣ бо исмати ӯ нест; Монанди фаромӯш кардани корҳои шахсӣ ё иштибоҳ кардан дар корҳои мубоҳ ё аҷала кардан дар корҳои ҷойиз ё оҷиз шудан аз корҳои оддӣ ё бехабар мондан аз чизҳои ғайри зарурӣ ё қусур намудан дар корҳои ғайри иродӣ аз қабили хоб мондан дар авқоти бедорӣ; Зеро ин қабил костиҳо, муқтазои башарият аст ки миёни Паёмбар ва дигарон муштарк аст; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿قُلْ إِنَّمَا أَنَا بَشَرٌ مِثْلُكُمْ﴾[2]; «Бигӯ ман танҳо башаре монанди шумо ҳастам» Ва рӯшан аст ки бар канор будан аз ин қабил костиҳо, танҳо барои Худованд мумкин аст ки комили ҳақиқӣ аст ва комиле ҷуз Ӯ вуҷуд надорад ва танҳо Ӯст ки шойистаи танзиҳ аст ва Паёмбарон, худойгоне монандӣ Худованд нестанд ва монанди Ӯ танзиҳ намешаванд; Чунонки фармудааст: ﴿وَلَا يَأْمُرَكُمْ أَنْ تَتَّخِذُوا الْمَلَائِكَةَ وَالنَّبِيِّينَ أَرْبَابًا ۗ أَيَأْمُرُكُمْ بِالْكُفْرِ بَعْدَ إِذْ أَنْتُمْ مُسْلِمُونَ﴾[3]; «Ва шуморо амр накунад ки фариштагон ва Паёмбаронро худойегоне бигиред; Оё шуморо ба куфр амр мекунад пас аз онки шумо мусалмон ҳастед?!»; Бал Паёмбарон инсонҳое ҳастанд ки ба ҳар чизе ки инсон метавонад ва бояд аз он огоҳӣ дошта бошад, огоҳӣ доранд ва аз ҳар чизе ки як инсон метавонад ва бояд аз он парҳез кунад, парҳез мекунанд ва бо ин васф, ғулув дар бораи онон бо расониданошон ба ҷоӣ фаротар аз иститоъати инсон ки аз ҳар гуна саҳв, нисён ва ғафлат муназзаҳ пиндоша шаванд, ҷойиз нест; Ҳамчунонки тафрит дар бораи онон бо нисбат додани корҳои мухолифи тақво, ҳаё ва иффат, ба дур аз ҳақиқат ва нораво аст.

↑[1] . Бақара/ 124
↑[2] . Каҳф/ 110
↑[3] . Оли Имрон/ 80