Шанбе 20 Апрел 2024 мелодӣ / 11 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading

аз Худованд итоъат кардааст»; Чароки ӯ, аз назди худ сухан намегӯяд, балки иродаи Худовандро изҳор мекунад; Чунонки фармудааст: ﴿وَمَا يَنْطِقُ عَنِ الْهَوَىٰ ۝ إِنْ هُوَ إِلَّا وَحْيٌ يُوحَىٰ﴾[1]; «Ва аз сари хоҳиш сухан намегӯяд; Он ҷуз ваҳйе ки мешавад нест»!

[Лузуми исмати Паёмбари Худованд]

Ҳамчунонки бар Худованд воҷиб аст ӯро аз нуқсоне ки мухалли дар таблиғи аҳкомаш бошад, боз дорад; Монанди фаромӯш кардани чизе ки Худованд барои ӯ изҳор карда; Чунонки фармудааст: ﴿سَنُقْرِئُكَ فَلَا تَنْسَىٰ﴾[2]; «Бар ту хоҳем хонд, пас фаромӯш намекунӣ» Ва монанди тағйир додани чизе ки Худованд барои ӯ изҳор карда; Чунонки фармудааст: ﴿قُلْ مَا يَكُونُ لِي أَنْ أُبَدِّلَهُ مِنْ تِلْقَاءِ نَفْسِي ۖ﴾[3]; «Бигӯ манро намерасад ки онро аз пеши худам тағйир диҳам» Ва монанди бастани чизе ба Худованд ки барои ӯ изҳор накарда; Чунонки фармудааст: ﴿وَلَوْ تَقَوَّلَ عَلَيْنَا بَعْضَ الْأَقَاوِيلِ ۝ لَأَخَذْنَا مِنْهُ بِالْيَمِينِ﴾[4]; «Ва агар бар мо бархӣ гуфтаҳоро мебаст; Ҳатман ӯро бо қудрат мегирифтем» Ва монанди худдорӣ кардан аз таблиғи бархӣ аҳкоми Худованд; Чунонки фармудааст: ﴿يَا أَيُّهَا الرَّسُولُ بَلِّغْ مَا أُنْزِلَ إِلَيْكَ مِنْ رَبِّكَ ۖ وَإِنْ لَمْ تَفْعَلْ فَمَا بَلَّغْتَ رِسَالَتَهُ ۚ وَاللَّهُ يَعْصِمُكَ مِنَ النَّاسِ ۗ﴾[5]; «Эй Паёмбар! Чизе ки аз ҷониби Парвардигорат бар ту нозил шудро таблиғ кун; Чароки агар накуни, рисолати Ӯро таблиғ накардаӣ ва Худованд туро аз мардум маъсум медорад» Ва монанди гаройиш ба золимон дар таблиғи аҳкоми Худованд; Чунонки фармудааст: ﴿وَلَوْلَا أَنْ ثَبَّتْنَاكَ لَقَدْ كِدْتَ تَرْكَنُ إِلَيْهِمْ شَيْئًا قَلِيلًا﴾[6]; «Ва агар набуд ки туро нигоҳ доштем наздик буд ки андаке ба сӯӣ онон гаройиш ёбӣ» Ва монанди корҳойе ки муҷиби фисқ ва монъе аз итминон ба хабар мешуд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿إِنْ جَاءَكُمْ فَاسِقٌ بِنَبَإٍ فَتَبَيَّنُوا﴾[7]; «Агар фосиқе бароятон хабаре овард, баррасӣ кунед» Ва монанди тазйиъи амди ҳуқуқи дигарон ки зулм шумурда мешавад;

↑[1] . Наҷм/ 3 ва 4
↑[2] . Аъло/ 6
↑[3] . Юнус/ 15
↑[4] . Ҳоққаҳ/ 44 ва 45
↑[5] . Моъида/ 67
↑[6] . Исроъ/ 74
↑[7] . Ҳуҷарот/ 6