Сешанбе 23 Апрел 2024 мелодӣ / 14 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading

Аммо ҳақ он аст ки ин худдорӣ, агар чи бисёр хуб ва арзишманд аст, мисдоқи Ислом нест, бал мисдоқи имон шумурда мешавад ки фаротар аз Ислом аст; Чароки Ислом, иборат аз таслим шудан дар баробари иродаи Худованд ба маънои тасдиқи марҷаъияти Ӯ аз ҳайси назарӣ ва қабули аҳкоми Ӯ ба унвони асбоби камоли мусалмон аст ва амал ба он ки шомили худдорӣ аз аъмоле шабеҳ ба аъмоли кофирон мешавад, чизе фаротар аз тасдиқ ва қабули он аст; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَمَنْ أَحْسَنُ دِينًا مِمَّنْ أَسْلَمَ وَجْهَهُ لِلَّهِ وَهُوَ مُحْسِنٌ﴾[1]; «Ва чи касе беҳдинтар аз касе аст ки зоташро барои Худованд таслим карда, дар ҳоле ки некукор аст?!» Ва фармудааст: ﴿بَلَىٰ مَنْ أَسْلَمَ وَجْهَهُ لِلَّهِ وَهُوَ مُحْسِنٌ فَلَهُ أَجْرُهُ عِنْدَ رَبِّهِ وَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ﴾[2]; «Оре, ҳар кас зоти худро барои Худованд таслим кунад дар ҳоле ки некукор бошад, подоши ӯ назди Парвардигораш аст ва на биме бар онон аст ва на андӯҳе мебинанд»!

[Амалӣ будани имон]

Ин ҳолате аст ки дар истилоҳ, «Имон» шумурда мешавад ва мумкин аст дар мусалмоне бошад ва мумкин аст дар мусалмоне набошад; Чунонки Худованд ба унвони намуна фармудааст: ﴿قَالَتِ الْأَعْرَابُ آمَنَّا ۖ قُلْ لَمْ تُؤْمِنُوا وَلَٰكِنْ قُولُوا أَسْلَمْنَا وَلَمَّا يَدْخُلِ الْإِيمَانُ فِي قُلُوبِكُمْ ۖ﴾[3]; «Боденишинон гуфтанд ки имон овардем! Бингӯ имон наёвардед, вале бигӯйед ки Ислом овардем; Чароки имон ҳанӯз дар дилҳотон дохил нашудааст»! Оре, баёни дақиқтар он аст ки гуфта шавад: Ислом ба маънои таслим шудан дар баробари иродаи Худованд, маротиби мутафовите дорад ва аз тасдиқ ва қабули назарии он оғоз мешавад ва то амали холис ва комил ба он, идома меёбад ва дар ҳамаи маротиби худ, Ислом шумурда мешавад, ҷуз онки дар мартабаи назарии худ, танҳо Ислом ва дар маротиби амалаии худ, илова бар он, имон номида мешавад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿يَمُنُّونَ عَلَيْكَ أَنْ أَسْلَمُوا ۖ قُلْ لَا تَمُنُّوا عَلَيَّ إِسْلَامَكُمْ ۖ بَلِ اللَّهُ يَمُنُّ عَلَيْكُمْ أَنْ هَدَاكُمْ لِلْإِيمَانِ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ﴾[4]; «Бар ту миннат мегузоранд ки Ислом оварданд, бигӯ Исломатонро бар ман миннат нагузоред, бал

↑[1] . Нисоъ/ 125
↑[2] . Бақара/ 112
↑[3] . Ҳуҷарот/ 14
↑[4] . Ҳуҷарот/ 17