Панҷшанбе 18 Апрел 2024 мелодӣ / 9 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading

[Ҷавози хуруҷ бар ҳокимони золим]

Акнун низ бозмондагоне аз онон ки худро аҳли суннат ва ҷамоъат мешуморанд, ҳокимони золимро бар сарзаминҳои Исломӣ мусаллат сохтаанд ва итоъат ва сиёнат аз ононро вазифаи Исломии худ мепиндоранд; То ҷойе ки дар ҳар як аз сарзаминҳои Исломӣ, зӯргӯйи худкоме ҳукм меронад ва молу ҷон ва номуси мусалмононро ҳазинаи матомеъи худ месозад, дар ҳоле ки касе аз онон, ҷуръати мухолифат бо ӯро надорад ва ҳаққи муқобила бо ӯро барои худ намешиносад; То ҷойе ки мустабидтарин ва фосидтарин ҳукуматҳо, дар сарзаминҳои Исломӣ ҳастанд ва зулме ки дар миёни мусалмонон аст, дар миёни кофирон нест! Ин дар ҳоле аст ки агар касе аз мусалмонон монанди гавҳарӣ камёб ёфт шавад ки сари мухолифат бо чунин ҳокиме дошта ва баное бар муқобила бо зулми ӯ ниҳода бошад, пеш аз ҳар коре ӯро такфир мекунад то мухолифат бо ӯ барои мусалмонон ҷавоз ёбад ва муқобила бо зулмаш барои онон ҳалол шавад; Зеро бо истинод ба хабари воҳид ва ғайри яқинӣ, мепиндорад ки хуруҷ бар ҳокими золим ҳаром аст ва ҷудои аз ҷамоъати мусалмонон шумурда мешавад, магар онки аз ӯ куфрӣ ошкор дида шавад![1] Дар ҳоле ки қоъидатан зулми ӯ ҳар андоза шадид бошад, мусталзими куфри ӯ нест ва то ҳнгоме ки шаҳодатайн бар забони ӯ ҷорӣ аст, куфри ошкор аз ӯ дида намешавад; Зеро куфри ошкор, инкори Худованд ё Паёмбари Ӯ ё рӯзи қиёмат ё заруриёте монанди намоз ва рӯза аст ва куфри касе ки ба инҳо иқрор дорад, ҳар чанд қобили истимбот бошад, ошкор нест. Бо ин васф, хуруҷ бар ҳокими мусалмон, бо ин баҳона ки ӯ дучори куфри ошкор шудааст, ваҷҳе надорад балки танҳо муҷаввизи хуруҷ бар ӯ, зулми ӯ бар мусалмонон аст; Чунонки Худованд хусуси зулм бар мусалмононро барои ҷавози мухолифат ва муқобилаи онон кофӣ дониста ва фармудааст: ﴿لَا يُحِبُّ اللَّهُ الْجَهْرَ بِالسُّوءِ مِنَ الْقَوْلِ إِلَّا مَنْ ظُلِمَ ۚ وَكَانَ اللَّهُ سَمِيعًا عَلِيمًا﴾[2]; «Худованд фарёд задан ба гуфтори бадро дӯст намедорад магар аз касе ки ба ӯ зулм шуда ва Худованд шунавоӣ

↑[1] . Нигоҳ кун ба: Фақараи «إلّا أنْ تَرَوا کُفْراً بَواحاً» дар: Саҳеҳул Бухорӣ, ҷ8, с88; Саҳеҳул Муслим, ҷ6, с17; Байҳақӣ, Ал-Сунанул кубро, ҷ8, с145. Ҳар чанд дар бархӣ манобеъ, ин фақара дар асли ҳадис наёмада ва овардани он ба бархӣ мардум нисбат дода шудааст! Нигоҳ кун ба: Ибороти «وَ زادَ بَعْضُ النّاسِ: ما لَمْ تَرَوا مِنْهُمْ کُفْراً بَواحاً» дар: Муснади Аҳмад, ҷ5, с314.
↑[2] . Нисоъ/ 148