Ҷумъа 19 Апрел 2024 мелодӣ / 10 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading

суннати Паёмбар, насх ё тахсиси Қуръон нест, бал табйини он аз тариқи баёни мавзуъоти аҳком ва ҷузъиёти тафосили он аст ки мусталзими насх ё тахсиси он нест; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَأَنْزَلْنَا إِلَيْكَ الذِّكْرَ لِتُبَيِّنَ لِلنَّاسِ مَا نُزِّلَ إِلَيْهِمْ وَلَعَلَّهُمْ يَتَفَكَّرُونَ﴾[1]; «Ва Қуръонро бар ту нозил кардем то барои мардум чизе ки бар онон нозил шудаастро табйин кунӣ ва бошад ки онон андеша кунанд» Ва нафармудааст ки барои онон насх кунӣ ё тахсис занӣ, бал фармудааст ки барои онон табйин кунӣ; Монанди баёни ракаъоти намоз ва кайфияти он ва мутаъаллиқоти закот ва каммияти он ва шароъити ҳаҷ ва маносики он ва теъдоди улилъамр ва масодиқи он ва рӯшан аст ки ҳеҷ як аз ин маворид, насх ё тахсиси Қуръон нест.

[Адами имкони таъмими Қуръон бо суннати Паёмбар]

Вонгаҳе аз адами имкони тахсиси Қуръон бо суннати Паёмбар, адами имкони таъмими он бо суннати ӯ маълум мешавад; Чароки таъмими ҳукм, гунаи насх ва тахсиси он аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки ихтисоси он ба мавзӯъашро насх мекунад ва тахсис мезанад; Монанди таъмими атъамаи ҳаром дар Қуръон бо вуҷуди онки сареҳи дар ихтисос аст ба атъамаи фаровони дигар; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿قُلْ لَا أَجِدُ فِي مَا أُوحِيَ إِلَيَّ مُحَرَّمًا عَلَىٰ طَاعِمٍ يَطْعَمُهُ إِلَّا أَنْ يَكُونَ مَيْتَةً أَوْ دَمًا مَسْفُوحًا أَوْ لَحْمَ خِنْزِيرٍ فَإِنَّهُ رِجْسٌ أَوْ فِسْقًا أُهِلَّ لِغَيْرِ اللَّهِ بِهِ ۚ﴾[2]; «Бигӯ дар чизе ки ба ман ваҳй шудааст чизе ки хурандаи он ҳаром бошадро намеёбам магар онки мурдоре ё хунӣ рехта шуда ё гӯшти хуке бошад ки палид аст ё фисқе бошад ки номи ғайри Худованд бар он бурда шудааст»! Рӯшан аст ки Худованд фаромӯшкор нест ва табъан таъоми дигариро ба сабаби фаромӯш кардани он, аз қалам наяндохтааст; Чунонки фармудааст: ﴿وَمَا كَانَ رَبُّكَ نَسِيًّا﴾[3]; «Ва Парвардигорат фаромӯшкор нест» Ва бо ин васф, таъмими ин атъамаи чаҳоргона ба даҳо атъамаи дигар аз тариқи суннати Паёмбар ки навъан ғайри мутавотир ва дар дастраси шумори маҳдуде аз мардум аст, маъқул нест ва бар хилофи адл ва лутфи Худованд аст; Магар онки аз боби зикри атъамаи макруҳ барои

↑[1] . Наҳл/ 44
↑[2] . Анъом/ 145
↑[3] . Марям/ 64