Сешанбе 26 Сентябр 2023 мелодӣ / 10 Рабиъу-л-аввал 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Ҳаддиақалли ҳиҷоб ва пӯшиши воҷиб барои мард чист? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Дарси ҷадид: Дарсе аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Оёте аз Қуръон ки бар ин далолат доранд; Ояи 12. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Ду гуфтор аз он ҳазрат дар бораи ҳукми қарз додан ба шарти ақдӣ машрӯъ ва пас гирифтани он бо нархи рӯз. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading

ки муқаллиданд, олим шумурда намешаванд ва ин чизе аст ки дар он ихтилофе нест. Бо ин васф, бештари мусалмонон ҷоҳиланд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَهُمْ يَجْهَلُونَ﴾[1]; «Вале бештарашон ҷаҳолат меварзанд»; Чароки шинохтҳои онон тақлидӣ аст; Бал гурӯҳе аз онон ки ба таҳсили илм иқдом кардаанд низ ғолибан олим шумурда намешаванд; Чароки илмро бар мбнои тақлид аз пешиниён таҳсил кардаанд, дар ҳоле ки илм бар мабнои тақлид ҳосил намешавад; Бо таваҷҷуҳ ба ин ки илм, яқинӣ аст ва тақлид, заннӣ аст ва яқинӣ бо заннӣ ҳосил намешавад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَمَا لَهُمْ بِهِ مِنْ عِلْمٍ ۖ إِنْ يَتَّبِعُونَ إِلَّا الظَّنَّ ۖ وَإِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا﴾[2]; «Ононро ба он илме нест; Онон ҷуз аз занн пайравӣ намекунанд, дар ҳоле ки занн чизеро аз ҳақ бениёз намегардонад»! Бо ин васф, бештари мусалмонон ки аз инон тақлид мекунанд, дар воқеъ аз касоне тақлид мекунанд ки худ муқаллиди дигаронанд ва ин чизе ҷуз таҳсили занн аз тариқӣ заннӣ нест ки Худованд дар бораи монанди он фармудааст: ﴿ظُلُمَاتٌ بَعْضُهَا فَوْقَ بَعْضٍ﴾[3]; «Торикиҳое ки бархӣ бар рӯӣ бархӣ дигар аст»!

[Ҷаҳл; Маншаъи мушкилоти мусалмонон]

Ҳеҷ шакке нест ки мушкилоти мусалмонон, пеш аз ҳар чиз ба сабаби ҷаҳле аст ки ононро фаро гирифтааст; Чароки онон аз се ҷиҳат, дар муҳосираи ҷаҳолатанд:

[Ҷаҳли ба Ислом]

Аз як ҷиҳат, онон Исломро намешиносанд ва барои шинохти он кӯшиш намеварзанд; Балки кӯшиши онон масруфи ба дунёст ва шинохти онон мубтанӣ бар тақлид аст; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿مَا لَهُمْ بِهِ مِنْ عِلْمٍ إِلَّا اتِّبَاعَ الظَّنِّ ۚ﴾[4]; «Ононро ба он илме нест магар пайравӣ аз занн»! Ҳатто касоне аз онон ки барои Ислом дар кӯшишанд ва нияте ҷуз хидмат ба он надоранд, ғолибан онро аз рӯӣ ақл намешиносанд ва ҷуз авотиф, мабное надоранд; То ҷойе ки бештари онон ба манзалаи гӯсфандонанд ки ба ҳар сӯ ронда мешаванд, мераванд! Дар ҳоле ки ноогоҳияшон,

↑[1] . Анъом/ 111
↑[2] . Наҷм/ 28
↑[3] . Нур/ 40
↑[4] . Нисоъ/ 157