Панҷшанбе 18 Апрел 2024 мелодӣ / 9 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading

بَعِيدٍ﴾[1]; «Ва куҷо метавонанд аз ҷоӣ дур ба он дастрасӣ пайдо кунанд?!» Ва бар ҳамин асос, инзори он Ҳазратро маҳдуд ба касоне шумурда ки дар замони ӯ зиндаанд ва фармудааст: ﴿لِيُنْذِرَ مَنْ كَانَ حَيًّا وَيَحِقَّ الْقَوْلُ عَلَى الْكَافِرِينَ﴾[2]; «То касонеро бим диҳад ки зиндаанд ва сухан бар кофирон рост ояд»; Бал тазаккури он Ҳазратро танҳо барои касоне судманд шумурдааст ки бино бар ақл ба хабари мутавотири он ахз мекунанд ё бино бар ҳис ба истимоъи ҳузурии он роҳ меёбанд ва фармудааст: ﴿إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَذِكْرَىٰ لِمَنْ كَانَ لَهُ قَلْبٌ أَوْ أَلْقَى السَّمْعَ وَهُوَ شَهِيدٌ﴾[3]; «Ҳароина дар он мояи тазаккуре барои касе аст ки барои ӯ ақле ҳаст ё гӯш фаро медорад дар ҳоле ки ҳозир аст», на касоне ки хабари онро ба сурати ғиёбӣ ва аз ҷоӣ дур мешунаванд ва ба он Ҳазрат нисбат медиҳанд; Чунонки ба эътироз фармудааст: ﴿أُولَٰئِكَ يُنَادَوْنَ مِنْ مَكَانٍ بَعِيدٍ﴾[4]; «Онон аз ҷоӣ дур нидо дода мешаванд» Ва фармудааст: ﴿وَيَقْذِفُونَ بِالْغَيْبِ مِنْ مَكَانٍ بَعِيدٍ﴾[5]; «Ва дар ғойиб аз ҷоӣ дур нисбат медиҳанд» Ва ин дар ҳоле аст ки хабари мутавотир он барои ояндагон кофӣ нест ва истемоъи ҳузурии он барои онон муҳол аст ва рӯшан аст ки ин тангноӣ барои онон шумурда мешавад.

[Лузуми ҷаъли халифае барои Паёмбар бар Худованд]

Аз инҷо дониста мешавад ки ҷаъли имконе барои дасрасӣ яқинии ояндагон ба суннати Паёмбар, бар Худованд воҷиб аст; Чароки ниёз ба суннати Паёмбар ба аҳли замони он Ҳазрат маҳдуд нест ва шомили ояндагон низ мешаванд; Бо таваҷҷуҳ ба инки ояндагон низ монанди аҳли замони он Ҳазрат, бидуни дастрасии яқинӣ ба суннати он Ҳазрат, ба ҷузъиёт ва масодиқи аҳкоми Худованд яқин намеёбанд ва бидуни яқин ба он, қодир ба иқомаи Ислом ба сурати холис ва комил нестанд ва табъан ба камоли худ ва растгорӣ аз завол, нойил намешаванд; Дар ҳоле ки дастрасӣ яқинии онон ба суннати Паёмбар, ба сабаби адами дастрасии онон ба он Ҳазрат ва адами ривояти ҳамаи суннати он Ҳазрат ба сурати мутавотир, барои онон мумкин нест ва ин барои онон ҳуҷҷате бар Худованд шумурда мешавад; Бо таваҷҷуҳ ба инки адами дастрасӣ яқинии онон ба сунна

↑[1] . Сабаъ/ 52
↑[2] . Ёсин/ 70
↑[3] . Қоф/ 37
↑[4] . Фуссилат/ 44
↑[5] . Сабаъ/ 53