Душанбе 27 март 2017 мелодӣ баробар бо 29 ҷимоди-юл-сони 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.

Хондани пурсишҳо ва посухҳо

Мавзӯъи аслӣ:

Ақойид

Шумораи пурсиш: 1 Коди пурсиш: 8
Мавзӯъи фаръӣ:

Шинохти халифаи Худованд дар замин; Аҳволи Мансур ва заминасозии ӯ барои зуҳури Маҳдӣ

Нависандаи пурсиш: Хусрав Каримӣ Тарихи пурсиш: 2015/01/20

Рамзи парчамҳои сиёҳи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ чист?! Магар на ин ки эшон аз муддаъиёни дуруғин нест?! Дар ин сурат истифодаи эшон аз парчамҳои сиёҳ чи ваҷҳе дорад?!

Посух ба Пурсиши шумораи: 1 Тарихи посух ба пурсиш:

Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аз муддаъиёни дуруғин нест ва аз лиҳози андеша, гуфтумон ва амалкард, ҳеҷ шабоҳате ба онон надорад ва ин барои касоне ки аз илм ва инсоф бархурдоранд маҳсус ва машҳуд аст. Бо ин васф, рамзи истифодаи эшон аз парчамҳои сиёҳ се чиз аст:

Якум инки истифода аз парчамҳои сиёҳ, суннати Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст; Чароки бинобар ахбори мутавотир, ранги парчами он Ҳазрат дар ҷангҳо сиёҳ будааст ва бо ин васф, истифодаи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аз парчамҳои сиёҳ дар ҷанги фарҳангии бузурге ки барои муқобила бо ҷаҳл ва тақлид ва аҳвоъи нафсонӣ ва дунёгароӣ ва таъассуб ва такаббур ва хурофагароӣ дар миёни мусалмонон ва иқомаи Исломи холис ва комил оғоз карда, аз боби таъассӣ ба Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва эҳёъи шиъори Исломӣ аст ва корӣ намодин барои ишора ба наҳзати <<Бозгашт ба Ислом>> шумурда мешавад.

Дувум инки истифода аз прчамҳои сиёҳ, расмӣ ройиҷ дар миёни азодорон аст ва намодӣ мутаъораф барои эъломи мусибат ба шумор меравад ва Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар мусибати ғиёби Маҳдӣ алайҳи салом ва инҳитоти амиқ ва густардаи сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии мусалмонон азодор аст ва аз ин рӯ, то замони зуҳури Маҳдӣ алайҳи салом ва ислоҳи умури мусалмонон, аз парчамҳои сиёҳ истифода мекунад то таваҷҷуҳи ҳамагонро ба вуҷуди мусибатӣ бузург ва зойеъаи таъассуфбор дар ҷаҳон ҷалб намояд.

Севум инки истифода аз парчамҳои сиёҳ, тақобулӣ ошкор бо гурӯҳи золим ва муфсиде мавсум ба <<Доъиш>> аст ки ба тозагӣ дар ғарби ҷаҳони Ислом зуҳур карда; Чароки ин гурӯҳ аз парчамҳои сиёҳ истифода намуда ва муддаъӣ эҳёъи хилофати Исломӣ аст ва Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо истифода аз парчамҳои сиёҳ дар партуви бозтаърифи хилофати Исломӣ ва даъват ба сӯи хилофати Маҳдӣ алайҳи салом ба ҷои хилофати Доъишӣ, дар садади муқобила бо ин инҳирофи бузург ва хатарнок аз масири Исломи холис ва комил ва эҷоди рақобати фарҳангӣ бо он баромадааст; Чунонки худ бо ишора ба ин гурӯҳ дар бахше аз китоби <<Бозгашт ба Ислом>> (с 341) фармудааст:

<<Пас хостем ки аз ин фитна пешгирӣ кунам майдонро аз чунин касоне бигирам; Бал шунидам ки нидоӣ ба ботил дар ғарб баланд шудааст, пас хостам ки нидоӣ ба ҳақ дар шарқ баланд шавад, то танҳо нидоӣ ба ботил дар ҷаҳон шунида нашавад, мабодо мусалмонон бар ботил иҷтимоъ кунанд ва азоби Худованд бар онон нозил шавад; Чароки ҳукумат танҳо барои Худованд аст ва онро ба ҳар кас аз бандагонаш ки хоҳад, месупорад ва ӯ касе ҷуз Маҳдии Фотимиро нахоста ки мавриди ризои Оли Муҳаммад ва ризои ҳамаи мусалмонон аст>>.

Ба ин тартиб, акнун ду парчами сиёҳ дар ҷаҳони Ислом барафрошта шудааст ки яке дар ғарб ба сӯӣ хилофати Доъишӣ даъват мекунад ва аз ҳамаи имконоти моддӣ ва таслиҳотӣ дар сояи ҳимояти куффор ва мунофиқон бархурдор аст ва ба иқтизои хабосат, ҳар магасеро аз гӯша ва канори ҷаҳон ҷазб мекунад ва дигарӣ дар шарқ ба сӯӣ хилофати Маҳдавӣ даъват мекунад ва дар сояи адовати куффор ва мунофиқон аз ҳеҷ имконоти моддӣ ва таслиҳотӣ бархурдор нест ва ба иқтизои таҳорат, барои магасоне ки ҷаҳонро пур кардаанд ҳеҷ ҷаззобияте надорад ва дар авҷи ғариби ва мазлумият ба талошҳои илмӣ ва фарҳангии худ барои бедории мусалмонон ва бозгашти онон ба Исломи холис ва комил идома медиҳад. Албатта рӯшан аст мусалмонон метавонанд ба ҳар як аз ин ду парчам ки аҳақ меёбанд ва бо китоби Худованд ва суннати Паёмбари Ӯ салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам мувофиқтар ташхис медиҳанд, мулҳақ шаванд, вале тардиде нест касоне ки ба хабосат зулм ва ҷиноят моиланд ва дар пайӣ таҳорат адл ва ҳикмат нестанд ва сарват ва касрат ва таслиҳотро бар илм ва истезъоф дар замин тарҷеҳ медиҳанд, ҳаргиз ба сӯӣ парчами шарқ намеоянд, балки ба сӯӣ парчами ғарб мешитобанд; Зеро танҳо касоне ба сӯӣ парчами шарқ меоянд ки дил аз дунё гусастаанд ва ба охират пайвастаанд ва аз ҷаҳл ва тақлид ва аҳвоъ ва таъассуб ва такаббур ва хурофот озод шуданд ва онон бисёр маъдуд ва андаканд. Аммо дар ин бурҳаи пурошуб, бадбахттар аз ҳама касоне ҳастанд ки ба сабаби бемории дил ва кӯрии чашм ва сангинии гӯш ва гунгии забон ва кӯтоҳии дасташон, дар миёни ин ду парчам ҳайрон ва саргаштаанд; На ба парчамҳои сиёҳи ғарб мепайванданд то ба дунё даст ёбанд ва на ба парчамҳои сиёҳи шарқ то ба охират, балки ҳар дуро бо як чӯб меронанд ва аз ҳар як ба баҳонае боз мемонанд; Чунонки Худованд фармудааст: «مُذَبْذَبِينَ بَيْنَ ذَٰلِكَ لَا إِلَىٰ هَٰؤُلَاءِ وَلَا إِلَىٰ هَٰؤُلَاءِ وَمَنْ يُضْلِلِ اللَّهُ فَلَنْ تَجِدَ لَهُ سَبِيلًا» (Нисоъ/143); <<Дар миёни он ду саргаштаанд, на ба сӯӣ ин ва на ба сӯӣ он ва ҳар касро Худованд гумроҳ кунад, барояш роҳе нахоҳӣ ёфт>>! Барои инҳо ҳастанд ки бадбахттарин мусалмононанд; Чароки дунё ва охиратро бо ҳам аз даст медиҳанд ва ин ба ростӣ зиёнӣ ошкор аст; Чунонки Худованд фармудааст: «خَسِرَ الدُّنْيَا وَالْآخِرَةَ ذَٰلِكَ هُوَ الْخُسْرَانُ الْمُبِينُ» (Ҳаҷ/10); <<Дунё ва охиратро бо ҳам бохт! Он ҳамоно зиёни ошкор аст>>!

Ин рамзи истифодаи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аз парчаҳои сиёҳ аст, аммо кош касоне ки ҳамаи ҳиммати худро маътуф ба ҳавошӣ наҳзати эшон кардаанд ва ҷуз дарбораи мушаххасоти зоҳири ва ранги парчамҳои эшон пурсише надоранд, ба матни паёми муҳим ва инқилобияшон низ бипардозанд ва ин андоза дур аз илм, ҳикмат ва фарзонагӣ набошанд; Чароки ҳаргиз нахоҳанд тавонист аз ҷойе ин андоза дур, ба он даст пайдо кунанд; Чунонки Худованд фармудааст: «وَأَنَّىٰ لَهُمُ التَّنَاوُشُ مِنْ مَكَانٍ بَعِيدٍ» (Сабоъ/52); <<Ва чигуна метавон аз ҷойӣ дур ба он даст пайдо кунанд?!>>. Гоҳ ба назар мерасад ки инсони жарфандеше дар ҷаҳон боқӣ намонда ва миёни Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ва аҳли замонаш аз осмон то замин фосила аст ва ҷуз ӯ ва ёрони андакаш касе ёфт намешавад ки Маҳдӣ алайҳи саломро ёрӣ кунад! Магар Худованд ба фазли Азимаш барои ёрии ин имоми ғариб, гурӯҳеро биёфаринад, вагарна аз ин як тан ва ёрони андакаш дар масофи ин тӯдаҳои анбуҳ ки бархӣ бар рӯӣ бархӣ дигар мавҷ мезананд, кори чандоне барои он ҳазрат сохта нест! Оё дар зери ин осмони паҳновар ва бар рӯӣ ин замини фарох, шумори кофӣ ёфт намешаванд ки даъвати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ба сӯӣ Маҳдиро лаббайк гӯянд ва барои ёрӣ он ҳазрат даст ба кор шаванд?! Агар шумори кофӣ барои ин кор нестанд, чи хуб аст ки осмон бар замин ояд ё замин аҳли худро фурӯ барад; Чароки хайре дар одамиён нест.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Навиштани пурсиш

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дарбораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.