Сешанбе 19 Март 2024 мелодӣ / 8 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Ҳукми шаръӣ дар хусуси фарзанддор шудан чист? Оё мустаҳаб аст ё мубоҳ? Дар ин замон бештари афрод фарзанддор намешаванд ё ба як фарзанд иктифо мекунанд. Таклиф чист? Тавзеҳ фармойед.

Ман фарзандӣ се сола дорам. Дар хусуси намоз ва сойири ибодоти марбут ба эшон аз кай ва чи тавр амал намоям?

Агар ба аллома дастрасӣ доред ва ё бо восита, саломи ин ҷавони гуноҳкорро ба эшон бирасонед ва бифармойед дуъо кунанд ин ҳақирро.

والسلام علیکم و السلام علیه

«Фарзанддор шудан» як амали оддӣ аст ки метавонад воҷиб, мустаҳаб, макрӯҳ ва ҳаром бошад; Ба ин тартиб ки агар барои саломати худ ва ҳамсар ё бақоъи навъ ва хонавода ё қуввати мусалмонон ва аҳли ҳақ зарурӣ бошад, воҷиб ва агар барои он зарурӣ набошад, вале муфид бошад, мустаҳаб аст; Ҳамчунонки агар бо занни ба зарарӣ ҷиддӣ монанди маълул шудани фарзанд ё осеб дидани модари ӯ бошад, макрӯҳ ва агар бо қатъ ба чунин зарае ё аз тариқи зино бошад, ҳаром аст. Ба илова, «Фарзанддор шудан» барои касе ки бо он аз анҷоми вазифаи Исломии худ боз мемонад ё дар муҳаррамот воқеъ мешавад, ҷойиз нест. Бо ин ҳол, сиқт кардани ҷанин –ҳатто агар «Фарзанддор шудан» ҷойиз набуда бошад– ваҷҳе надорад; Ҳамчунонки худдорӣ аз «Фарзанддро шудан» ба далили тарс аз фақр шойиста нест ва бар хилофи таваккал бар Худованд аст, дар ҳоле ки Худованд фармудааст: ﴿وَعَلَى اللَّهِ فَلْيَتَوَكَّلِ الْمُؤْمِنُونَ[1]; «Ва мӯъминон бояд бар Худованд таваккал кунанд».

Аммо ҳаққи фарзанд бар падараш ин аст ки аввалан барои ӯ номи неку бигзорад; Дуввуман ӯро –дар сурате ки писар аст– хатна ва барояш ақиқа кунад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт: «سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ الْهاشِمِيَّ الْخُراسانِيَّ یَقُولُ: عُقُّوا عَنْ أَوْلادِکُمْ تَدْفَعُوا عَنْهُمُ الْبَلاءَ! أَلَمْ تَعْلَمُوا أَنَّ اللّهَ تَعَالَى لَمَّا أَرادَ أَن یَدْفَعَ عَنْ إِسْماعِیلَ الْبَلاءَ أَمَرَ إِبراهیمَ فَذَبَحَ عَنْهُ کَبَشاً ثُمَّ قالَ: ﴿وَفَدَيْنَاهُ بِذِبْحٍ عَظِيمٍ؟!»; «Шунидам ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ мефармояд: Фарзандони худро ақиқа кунед то балоро аз онҳо дур намойед! Оё намедонед ки Худованди мутаъол ҳангоме ки хост балоро аз Исмоъил дур намояд, ба Иброҳим амр фармуд, пас аз ҷониби ӯ гӯсфандеро забҳ кард, сипас фармуд <Ва забҳи азимеро барои ӯ фидо кардем>[2]?!»; Севвуман ӯро ҳалол бихуронад ва бипӯшонад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا أَنْفِقُوا مِنْ طَيِّبَاتِ مَا كَسَبْتُمْ[3]; «Эй касоне ки имон овардед! Аз чизҳои покизае ки касб мекунед инфоқ намойед»; Чаҳоруман ба ӯ хондан ва навиштан биёмӯзад; Панҷуман ӯро бо усул ва мабонии Ислом ошно кунад; Шашуман ба ӯ Қуръон биомӯзад ва ӯро бо халифаи Худованд дар замин ошно кунад; Чароки ҳамаи инҳо барои боз доштани ӯ аз оташ зарурӣ аст ва Худованд фармудааст: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا قُوا أَنْفُسَكُمْ وَأَهْلِيكُمْ نَارًا[4]; «Эй касоне ки имон овардед! Худатон ва хонаводаятонро аз оташ боз доред»; Ҳафтуман ӯро ба намоз ва дар сурате ки духтар аст ба ҳиҷоб ташвиқ намояд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَأْمُرْ أَهْلَكَ بِالصَّلَاةِ[5]; «Хонаводаатро ба намоз амр кун» Ва фармудааст: ﴿قُلْ لِأَزْوَاجِكَ وَبَنَاتِكَ وَنِسَاءِ الْمُؤْمِنِينَ يُدْنِينَ عَلَيْهِنَّ مِنْ جَلَابِيبِهِنَّ[6]; «Ба ҳамсаронат ва духтаронат ва занони мӯъминон бигу ки чодарҳошонро ба худ наздик кунанд»; Ҳаштуман ӯро аз ҳамнишинӣ бо бадон ва ҳамнишинӣ бо ҷинси мухолиф боз дорад ва таҳти назар бигирад; Чунинки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт: «سَمِعْتُ الْعالِمَ یَقُولُ: عَلَی الْوالِدَیْنِ أَن یَأخُذا وَلَدَهُما إِلَیْهِما قَبْلَ أَن یَبْلُغَ الْحُلُمَ فَإِنَّ الْوَلَدَ إِذا جَنَى أَوْ أَذْنَبَ قَبْلَ بُلُوغِهِ کانَ إِثْمُهُ عَلَى والِدَیْهِ، فَلْیَأخُذاهُ إِلَیْهِما وَلْیُنْبِتاهُ نَباتاً حَسَناً! قُلْتُ: جُعِلْتُ فِداكَ، أَتَزِرُ وازِرَةٌ وِزْرَ أُخْرَى؟! قالَ: لا وَلَكِنَّهُ مِنْ وِزْرِ الْوالِدَیْنِ إِذْ لَمْ یَقُوما بِما عَلَیْهِما»; «Шунидам олим мефармояд: Бар падар ва модар аст ки фарзандашонро пеш аз булуғ дар канори худ (яъне таҳти назар) бигиранд; Чароки агар фарзанд пеш аз булуғ муртакиби ҷиноят ё маъсияте шавад, гуноҳаш бар гардани падар ва модари ӯст, пас бояд ӯро дар канори худ (яъне таҳти назар) бигиранд ва бояд неку тарбияташ кунанд! Гуфтам: Фидоят шавам, оё касе гуноҳ дигариро бар гардан мегирад?! Фармуд: На, вале он аз (гуноҳи фарзанд нест, бал аз) гуноҳи падар ва модар аст ки вазифаяшонро анҷом надодаанд»; Нӯҳуман ӯро назди устоде бигзорад то пеш аз булуғ ақойид ва аҳкоми Исломро фаро гирад; Даҳуман истеъдоде ки Худованд дар ӯ қарор додаастро кашф ва ӯро дар масири он ҳидоят кунад.

Инҳо даҳ вазифаи падар аст ки агар онҳоро анҷом диҳад ҳаққи фарзанди худро адо карда ва агар чизе аз онҳоро анҷом надиҳад, ба нисбати он ба ӯ зулм карда ва дар рӯзи қиёмат масъул аст ва аз Худованд бояд ёрӣ хост.

↑[1] . Оли Имрон/ 122
↑[2] . Соффот/ 107
↑[3] . Бақара/ 267
↑[4] . Таҳрим/ 6
↑[5] . Тоҳо/ 132
↑[6] . Аҳзоб/ 59
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.