Сешанбе 19 Март 2024 мелодӣ / 8 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Нома
 

بسم الله الرّحمن الرّحیم

Эй Худованди ман ва Худованди падарони ман ки дар гузаштаанд! Ва Худованди осмонҳои барафрошта бо сутунҳое ки дида намешаванд! Ва Худованди хуршеди фурузон ва моҳи тобон ва ситорагони фаровон! Ва Худованди заминҳои фарох ки бархӣ бар рӯӣ бархӣ дигар қарор гирифтаанд ва бо мехҳое ба ҳам пайвастаанд! Ва Худованди уқёнусҳои жарф ва густарда ва ончи бар онҳо ва дар онҳо шиновар аст! Ва Худованди дарёҳои бузург бо мавҷҳои хурӯшон ва ҷазоири зебо ва савоҳили мосаи ва рудҳое ки дар онҳо мерезанд! Ва Худованди кӯҳистонҳои баланд бо қаллаҳои барфгир ва доманаҳои пуршиб ва дарраҳои торик ва партгоҳои хатарнок ва сахраҳои ситургӣ ки бар каронаи онҳо овйхатаанд! Ва Худованди ҷангалҳои сарсабз бо дарахтони анбӯҳ ва аъмоқи торик ва ҳар ҷунбандае ки дар онҳо ҷунбон аст! Ва Худованди биёбонҳои паҳновар бо густараи хушк ва хокӣ фарсуда ва буттаҳоӣ бехта ва шинбодҳое ки бар онҳо мевазанд! Ва Худованди абрҳои боронзо ва абрҳои ғайри боронзо ки аз офоқи дур меоянд ва бар замин соя меафкананд! Ва Худованд баҳор ки зойиши табиъат аст ва тобистон ки булуғи табиъат аст ва пойиз ки пирии табиъат аст ва зимистон ки марги табиъат аст! Ва Худованди ончи буд ва ончи ҳаст ва ончи хоҳад буд!

Туро мепарастам, парастиши Паёмбарон ва туро меситоям, ситойиши фариштагон. Туро тасбеҳ мегӯям ва бузург мешуморам ва сипос мегузорам ба шумораи ситорагони осмон; Ва чи касе ҷуз Ту шумораи ситорагони осмонро медонад?! Ва ба шумораи баргҳои дарахтон; Ва чи касе ҷуз Ту шумораи баргҳои дарахтонро медонад?! Ва ба шумораи регҳои биёбон; Ва чи касе ҷуз Ту шумораи регҳои биёбонро медонад?! Ва ба шумораи қатароти борон; Ва чи касе ҷуз Ту шумораи қатароти боронро медонад?! Ва ба шумораи партувҳои хуршеди тобон; Ва чи касе ҷуз Ту шумораи партувҳои хуршеди тобонро медонад?! Ва ба шумораи нафасҳои ҷондорон; Ва чи касе ҷуз Ту шумораи нафасҳои ҷондоронро медонад?! Ва ба шумораи пилк бар ҳам задан мардумон; Ва чи касе ҷуз Ту шумораи пилк бар ҳам задани мардумонро медонад?! Бал ҳамаи инҳоро шуморае аст, аммо ман Туро тасбиҳ мегӯям ва бузург мешуморам ва сипос мегузорам бешумор ва бепоён, монанди неъматҳоят, онгуна ки сазовори ҷамол ва ҷалоли Туст! Ва Туро ягона медонам ва барои Ту анбозе намешиносам ва гувоҳи медиҳам ки Муҳаммад –дуруди Ту бар вай ва хонадонаш бод– банда ва вопасин фиристодаи Туст ки ӯро бо ҳидоят ва дини ҳақ фиристодӣ то онро бар ҳар дине пирӯз гардонӣ ҳар чанд мушрикон хуш надоранд. Онгоҳ дувоздаҳ тан аз хонадони ӯ, хулафои Ту ва хулафои Паёмбарт ҳастанд ки бар онон неъмат бахшидӣ ва ононро бар мардумон бартарӣ додӣ ва барояшон пешво намудӣ то Туро бишиносанд ва бипарастанд ва бозгашти ман ба сӯӣ Туст.

Манро ба ончи меписандӣ роҳ бинамо ва аз ончи намеписнадӣ боздор ва манро ба худам вомагузор то аз ончи меписандӣ рӯй бигирам ва ба ончи намеписандӣ рӯй оварам, ман он ҳангом аз зиёнкорон хоҳам буд. Эй Худованд! Миёни ман ва касоне ки Туро намешиносанд ва дар замин бартарӣ меҷӯянд ва табоҳи меангезанд ҳукм фармо ва маро бар зидди онон ёрӣ кун; Чароки Ту беҳтарин ҳукм кунандагон ва беҳтарини ёрӣ кунандагонӣ. Ба Ту рӯй овардам ва бар Ту таваккул кардам ва Туро бо ойинӣ пироста барои Ту парастидам ва аз парастиши тоғут прҳехтам ва аз касоне ки бо Ту ва бо дӯстони Ту душмананд канора гирифтам то маро пок гардонӣ ва ба хеш наздикам созӣ ва неъматам диҳӣ ва аз гуноҳне ки дастҳоям пеш фиристода ё пас андохтааст чашм пӯшӣ ва дар рӯзе ки дилҳо ва дидаҳо божгун мегарданд аз оташ бираҳонӣ ва ба биҳишт дароварӣ; Ҳамоно Ту ҳар киро бихоҳӣ мераҳонӣ ва ҳар киро бихоҳӣ месӯзонӣ ва Ту бисёр бахшоянда ва меҳрубон ҳастӣ.

Ва аммо баъд..

...Эй бародарон ва хоҳарони мусалмон! Бидонед ки ҷаҳон ба поёни худ наздик шуда ва охируззамон фаро расида ва сапедаи ваъдаҳо бар дамидааст. Акнун мо ва шумо дар рӯзгоре зиндагӣ мекунем ки фитна ва ошуб ҳам ҷоро фаро гирифта ва зулму фасод густариш ёфта ва шубҳа фаровон шудааст. Шубҳаро аз он рӯ «Шубҳа» мегӯянд ки инсонро ба «Иштибоҳ» меандозад ва ҳаққу ботилро ба ҳам «Муштабаҳ» месозад. Бегумон агар ҳақ ошкор буд бар касе пӯшида намемонд ва агар ботил беҳиҷоб буд назди ҳамагон расво мешуд, аммо воқеъ он аст ки ҳақ дар паси абрҳои ботил фуру меравад ва ботил ниқоби ҳақ бар чеҳра мезанад ва инҷост ки шинохти он ду аз ҳам сахт мегардад.

Шайтон медонад ки агар шуморо ошкоро ба сӯӣ ботил фаро хонад ва ба гумроҳӣ фармон диҳад шумо даъваташро иҷобат намекунед ва аз фармонаш сар мепечед; Аз ин рӯ, шуморо аз як сӯ ба ҳақ фаро мехонад ва ба ҳидоят фармон медиҳад ва аз сӯӣ дигар ботилро дар назари шумо ҳақ меорояд ва гумроҳиро бароятон ҳидоят ҷилва медиҳад! Инҷост ки шумо даъвати ӯро иҷобат ва фармони ӯро итоъат мекунед ва ба шавқи ҳақ гирифтори ботил ва ба номи ҳидоят дучори гумроҳӣ мешавед! Ва рӯзгори мо лабрез аз ин шубҳаҳост; Шубҳаҳое ки ҷавонони шуморо фиреб дода ва пирони шуморо саргардон намудааст; Шубҳаҳое ки зиндагиро бар шумо сахт карда ва баракатро аз суфраҳотон бурдааст; Шубҳаҳое ки ақли шуморо манг ва қалби шуморо санг кардааст; Шубҳаҳое ки чашмҳои шуморо гирифтааст то набинед ва гӯшҳои шуморо гирифтааст то нашунавед ва даҳонҳои шуморо гирифтааст то чизе нагӯйед!

Чи бисёр ботиле ки дар рӯзгори мо ҳақ дониста шудааст ва чи бисёр ҳаққе ки дар рӯзгори мо ботил! Чи бисёр залолате ки дар рӯзгори мо ҳидоят ба шумор рафтааст ва чи бисёр ҳидояте ки дар рӯзгори мо залолат! Чи бисёр дурӯғе ки дар рӯзгори мо рост пиндошта шудааст ва чи бисёр росте ки дар рӯзгори мо дурӯғ! Чи бисёр ғалате ки дар рӯзгори мо дуруст ингошта шудааст ва чи бисёр дурусте ки дар рӯзгори мо ғалат! Чи бисёр баде ки дар рӯзгори мо хуб ҷилва дода шудааст ва чи бисёр хубие ки дар рӯзгори мо бад! Дар ҳоле ки нашнохтанӣ ҳақ аз ботил ва надонистани ҳидоят аз гумроҳӣ ва дарнаёфтани рост аз дурӯғ ва нафаҳмидани дуруст аз ғалат ва ташхис надодани хуб аз бад, ба ҳеҷ рӯй сода ва беаҳмият нест, бал товони сахт ва пайомадҳои душворе дорад ва метавонад ба мусибатӣ ҷонкоҳ ва шақоватӣ абадӣ мунтаҳӣ шавад.

Бинадешед ки агар душманро аз дӯст ташхис надиҳед чи фарҷоме хоҳад дошт?! Ё агар гургро аз гӯсфанд тамйиз надиҳед чи ҳодисае рӯй хлҳад дод?! Ё агар теғро аз панба дар наёбанд чи хоҳад шуд?! Ё агар дорурро аз сам боз нашносед чи мусибате ба бор хоҳад омад?! Ҳақ ва ботил барои шумо монанди дӯст ва душман, ва ҳидояту гумроҳи барои шумо монанди гӯсфанд ва гург, ва ростиву дурӯғ барои шумо монанди панба ва теғ, ва дурусту ғалат барои шумо монанди дору ва сам аст ки агар якеро аз дигарӣ ташхис надиҳед ҳалок хоҳед шуд! Инҷост ки «Ҷаҳли» инсон, бузургтарин душмани ӯ мешавад ва «Бехабарии» ӯ балои ҷонаш мегардад! Ҳеҷ кас душманӣ бузургтар аз ҷаҳли худ надоштааст ва ҳеҷ чиз барои одаме хатарноктар аз бехабарӣ нест! Бинобарин, аз ҷаҳлӣ худ беш аз душман бар ҳазар бошед ва аз бехабарии худ беш аз гург ҳаросон бошед ва аз бе иттилоъии худ беш аз теғ эҳтиёт кунед ва аз ноошноии худ беш аз сам битарсед! Чароки душману гург ва теғу самми моддӣ, ҷисми шуморо аз пой дар меоваранд, дар ҳоле ки ҷаҳл ва бехабарӣ ва бе иттилоъӣ ва ноошноии маънавӣ, руҳи шуморо табоҳ мекунанд!

Пас эй мардуме ки зиндагиҳои худ рӯзмарра шудайед ва ба рӯзмарагиҳои худ одат кардайед ва дар одатҳои худ фуру рафтайед ва дар фуру рафтагиҳои худ маҳкум гаштайед ва намедонед кадоми аз кадом аст! Эй бародарон ва хоҳарони хуфтаи ман! Ба худ ойед ва бедор шавед ва бархезед! Ба Худо савганд, шуморо аз «Шинохтан» гузире нест ва кори шумо ҷуз бо «Донистан» рост намеояд. Ҳаминак, «Шинохт» монанди фариштае шуморо ба сӯӣ худ фаро мехонад ва «Донистан» монанди Паёмбаре шуморо ба сӯӣ худ даъват мекунад. Дар кӯчаҳои шумо фарёд мезанад ва бар пушти бомҳотон нидо медиҳад ки «Эй бехабарон! Шоми бехабарӣ пушт намуда ва субҳи огоҳӣ бар дамидааст. Инак бедор шавед ва ба сӯӣ ман бишитобед ва чизе шуморо аз ман боз надорад! Чароки ман барои шумо аз нони шаб воҷибтар ва аз касбу кор ва хонавода судмандтарам. Ман танҳо касе ҳастам ки бо шумо мемонад ва дар дунё ва охират аз шумо ҷудо намешавад. Амволи шумо аз байн мераванд, ҳамсаронатон мемиранд ва фарзандонатон ҷудо мешаванд, аммо ман ҳеҷ гоҳ аз байн намеравам ва ҳеҷ гоҳ намемирам ва ҳеҷ гоҳ аз шумо ҷудо намешавам. Бал шуморо монанди худ ҳифз мекунам ва ҳамроҳи худ ба ҷовидонагӣ мерасонам. Агар ман бо шумо бошам чизе ба шумо зиён нахоҳад расонд ва агар ман бо шумо набошам чизе ба шумо суд нахоҳад расонд. Пас кадомин боздоранда шуморо аз ман боз медорад ва кадомин бениёз кунанда шуморо аз ман бениёз мекунад?!» Ингуна «Шинохт» шуморо ба сӯӣ худ фаро мехонад ва ин чунин «Донистан» шуморо ба сӯӣ худ даъват мекунад. Пас нидои ӯро бишнавед ва даъвати ӯро иҷобат кунед! Барои шиохти ҳақ аз ботил ба по хезед ва барои донистани дуруст аз ғалат эҳтимом варзед! Ва чаро чунин ва чунон накунед?! Дар ҳоле ки шинохти ҳақ ва ботил, қавоми инсонияти шумо ва донистани дуруст ва ғалат, мояи шахсияти шумост. Чигуна номи худро инсон мениҳад касе ки аз «Маърифат» безор аст?! Ва чаро номи худро асб намениҳад касе ки бо «Илм» бегона аст?! Донойии инсон, пояи шарафи ӯ ва огоҳии ӯ, мояи иззати ӯст. Мақсудам аз огоҳӣ, риёзӣ ва ҳиндиса ва монанди он нест ва манзурам аз донойи, фиқҳу усул ва мантиқ ва фалсафа нест! Инҳо ҳама фазле аст ки имрӯз фитна шудааст ва қавоми инсонияти шумо ба инҳо нест! Мақсудам аз донойи, шинохти ҳақ аз ботил ва манзурам аз огоҳӣ, ташхиси ҳидоят аз гумроҳӣ аст. Чи бисёр фақиҳу файласуфе ки ба дӯзах рафта ва чи бисёр дуктуру муҳандисе ки растгорӣ наёфтааст; Чароки ҳаққро аз ботил нашнохта ва ҳидоятро аз гумроҳӣ дар наёфтааст!

Ҳон, эй донишҷӯён ва толибони улуми динӣ! Шуморо мебинам ки дар дарс ва баҳси худ фуру рафтаед ва намедонед ҳақ кадом ва ботил кадом аст! Имрӯз ин дарс ва баҳс барои шумо фитна аст!

Ҳон, эй муҷтаҳидон ва муқаллидон! Шуморо мебинам ки дар иҷтиҳод ва тақлиди худ фуру рафтаед ва намедонед ҳақ кадом ва ботил кадом аст! Имрӯз ин иҷтиҳод ва тақлид барои шумо фитна аст!

Ҳон, эй хатибон ва минбариён! Шуморо мебинам ки дар хутба ва минбари худ фуру рафтаед ва намедонед ҳақ кадом ва ботил кабом аст! Имрӯз ин хутба ва минбар барои шумо фитна аст!

Ҳон, эй масҷидиён ва хонқоҳиён! Шуморо мебинам ки дар масҷид ва хонқоҳои худ фуру рафтаед ва намедонед ҳақ кадом ва ботил кадом аст! Имрӯз ин масҷид ва хонқоҳ бари шумо фитна аст!

Ҳон, эй кормандон ва бозориён! Шуморо мебинам ки дар кор ва касби худ фуру рафтаед ва намедонед ки ҳақ кадом ва ботил кадом аст! Имрӯз ин кор ва касб барои шумо фитна аст!

Ҳон, эй гурӯҳи мардумон! Ба ҳар гӯшае менигарам шуморо мебинам ки дар зиндагиҳои худ фуру рафтаед ва дар хонаҳои худ пинҳон шудаед! Ба худ ва ба якдигар машғул гаштаед ва намедонед ҳақ кадом ва ботил кадом аст! Ба рӯзмарагиҳои худ муътод шудаед ва дар ботлоқи талқаҳо гирифтор омадаед! Дигар ба шиохти ҳаққу ботил намеандешед ва аз донистани дуруст ва ғалат суроғ намегиред! Ҳақ барои шумо бо ботил яксон шудааст ва дуруст барои шумо бо ғалат фарқе намекунад! Худро аз ин масоъил фориғ кардаед ва саратон аз ин мавзуъот саргарм аст! Кори берун, шуморо аз кори дарун боз дошта ва ҷустуҷӯи пул ва мадрак, шуморо аз ҷустуҷӯи илм ва ҳикмат машғул кардааст. Мегуйед: Мушкилоти зиндагӣ чунин аст ки моро аз шинохтан боз медорад ва гирифториҳои дунё чунон аст ки моро аз донистани монеъ мешавад! Дар ҳоле ки он мушкилоти шумо, худ барои ин аст ки ҳаққу ботилро намешиносед! Ва ин гирифториҳои шумо, худ барои он аст ки дуруст ва ғалатро намедонед! Ҳеҷ мушкиле нест магар онки аз ҷаҳли шумо бархоста ва ҳеҷ гирифторие нест магар онки бехабарии шумо онро зойидааст!

«Маърифат» соҳиби худро ёрӣ мекунад ва «Илм» дӯсти худро наҷот медиҳад. Ин ду барои шумо монанди об барои ташна ва ғазо барои гурусна ва роҳнамо барои гумшуда ва мӯнис барои танҳоянд. Ин ду пуштибони шумо ва асои дастонанд. Ин ду дармони дардҳои шумо ва марҳами захмҳотонанд. Ин ду калиди дарҳои баста ва дарбозаҳои хушбахтии шумоянд. Ин ду сармояи шумо дар рӯзи надорӣ ва дастгири шумо дар рӯзи афтодагианд. Ин ду барои шумо раҳбароне ҳастанд ки гумроҳ намекунанд ва ҳокине ҳастанд ки ситам намеварзанд. Ин ду барои шумо хонаҳое ҳастанд ки вайрон намешаванд ва заминҳое ҳастанд ки ҳамеша ободанд. Ин ду барои шумо сарватҳое ҳастанд ки ба сирқат намераванд ва коргароне ҳастанд ки сустӣ намеварзанд. Ин ду барои шумо ҳамсароне ҳастанд ки ҷудо намешаванд ва фарзандоне ҳастанд ки ҷафо намекунанд. Ин ду барои шумо дӯстоне ҳастанд ки душман намешаванд ва ҳамроҳоне ҳастанд ки танҳо намегузоранд. Пас ба ин ду рӯй оваред ва ҳеҷ чиз шуморо аз ин ду боз надорад! Ростро аз дурӯғ бишносед ва дурустро аз ғалат ташхис диҳед! Нашнохтан, дузди дин ва дунёи шумо ва ташхис надодан, асбоби надомати шумост.

Ба шумо рост мегӯйем: Надонистан, дар ин рӯзгор гуноҳӣ нобахшуданӣ ва хатойи бисёр бузург аст. Дар ин рӯзгор агар ҳақиқатро нашносед фиреб мехуред ва агар ҳидоятро ташхис надиҳед саратон кулоҳ меравад! Шайтонҳои ҷиннӣ ботилро бароятон ҷойи ҳақ мезананд ва шайтонҳои инсӣ гумроҳиро бо номи ҳидоят ба хурдатон медиҳанд! Ҳамеша ҳастанд фурсатҷӯёне ки аз нодонии шумо сӯъи истифода кунанд ва бехабарии шуморо муғтанам бишуморанд, то ба воситаи шумо ба қудрат ва сарват даст ёбанд ва амволу анфуси шуморо бихуранд! Дар ҳоле ки агар шумо огоҳ будед, инон бар шумо султа намеёфтанд ва агар шумо доно будед, инон бар шумо чира намешуданд! Оё дар торикии шаб нест ки дузд ба хона меояд ва дар оби гилолуд нест ки моҳӣ ба тӯр меафтад?! Ҳушёр бошед ва беш аз ин дар нодонӣ ва бехабарӣ намонед! Ҳар чи зудтар –пеш аз онки дер шавад– барои шинохти ҳақ аз ботил ба по хезед ва барои ташхиси ҳидоят аз гумроҳӣ талош кунед. Ҳар чанд ман бими он дорам ки дер шуда бошад...

Оё марди хирадманде дар миёни шумо нест ки ҳикматамро фаро гирад ва зани донойе дар лобалотон ёфт намешавад ки насиҳатамро бипазирад?! Зиракони шумо куҷоянд ки каломамро фаҳм кунанд ва ҳушёронатон киёнанд ки даъватамро посух гӯянд?! Хушо ба ҳоли касоне ки маърифатро фаро мегиранд; Чарки онон растгорӣ хоҳанд ёфт ва бадо ба ҳоли касоне ки дар ҷаҳолат фуру мемонанд; Чароки онон бадбахт хоҳанд шуд...

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Донлуди маҷмӯъаи номаҳои ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло
Номи китоб: Ал-Калимуттаййиб; Маҷмӯъаи номаҳои ҳазрати
аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло
Ношир: Дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло
Навбати чоп: Якум
Замони чоп: 26 март 2019
Макони чоп: Душанбе; Тоҷикистон