Нависандаи пурсиш: Алӣ Розӣ Тарихи пурсиш: 7/11/2015

Барои яқин ҳосил кардани ҷиҳати рӯъяти ҳилоли аввали моҳ байни уламо ихтилоф вуҷуд дорад. Шиъа ба рӯъяти ҳилоли моҳ бо чашми ғайри мусаллаҳ эътиқод дорад, вале дар байни аҳли суннат рӯъят бо чашми мусаллаҳ низ қабул аст. Назари эшон дар ин маврид чист?

Посух ба пурсиши шумораи: 1 Тарихи посух ба пурсиш: 11/11/2015

Бино бар ривоёти мутавотир, моҳи нав бо рӯъяти он собит мешавад, хоҳ бо чашми мусаллаҳ бошад ва хоҳ бо чашми ғайри мусаллаҳ: Чароки ҳар ду рӯъят маҳсуб мешавад ва рӯъят дар ривоёти мутавотир, мутлақ аст.

Шумораи таълиқ: 1 Нависандаи таълиқ: Маҳдии Торимӣ Тарихи таълиқ: 13/11/2015

Дар дарси хориҷи фиқҳ яке аз фуқаҳо нуктаи ҷолибе дар хусуси адами ҳуҷҷияти рӯяти ҳилол бо дастгоҳҳои имрӯзӣ дидам ки назари шумо дар ин хусус роҳгушо хоҳад буд. Хулоса онки: Агар [воқеъан] дидани ҳилол бо дурбин ё телескоп бихоҳед [рӯзи аввал] будан ва вуҷуби сиёмро исбот кунад, ин мусталзими он хоҳад буд ки дар асри имомон ва худи Паёмбари Ислом, рӯзаи он ҳазарот алайҳиму салоту ва салом ва асҳобу ёрони онҳо дар шаҳрҳои мухталиф бо нақсу камбуд бошад, чун онҳо ки телескоп надоштанд, пас вақте шумо бо телескоп ҳилолро табиъатан зуд мебинед то бо чашм, ин яъне таъхири рӯзаи он ҳазарот ва ин мавриди қабул нест.

Посух ба таълиқи: 1 Тарихи посух ба таълиқ: 13/11/2015

Сухани фавқ муғолита аст ва ба истеҳсони бархӣ авом шабеҳтар аст то ба «дарси хориҷи фиқҳи яке аз фуқаҳо», ҳар чанд ин ба маънои такзиби шумо дар нақли он нест; Чароки рукуд ва инҳитоти илмӣ дар ҳавзаҳои илмияи шиъа ва хусусан Эрон, воқеъиятӣ талх ва асафбор аст ва натиҷаи он, марҷаъияти камбизоъаттарин ва вобастатарин руҳониюни Қум бо мулоҳизоти сиёсӣ ва пур кардани ҳавзаҳои илмия аз асотиди камсавод ва маҷизгӯ ва хонанишин кардани олимони мустақил ва жарфандеш дар чаҳор даҳаи ахир аст ки ба нафрати мардум аз руҳоният ва гурези онон аз дин ва ибтизоли фарҳангӣ шиъа анҷомида ва зуҳурро барои имом Маҳдӣ алайҳи салом ба ғоят душвор кардааст. Худованд лаънат кунад мусаббибони ин вазъро ки шумтарини ҳокимон дар тарихи Ислом баъд аз банӣ Умая будаанд.

Аммо ишколи ёд шуда тавассути фақиҳи мӯҳтарам, ворид нест; Чароки агар мурод аз «нақсу камбуд» дар рӯзаи Паёмбар ва аҳли байташ, нақсу камбуд дар мақоми имтисол ба маънои кӯтоҳии онон дар амал ба таколифашон бошад, возеҳ аст ки Худованд ононро ба андозаи тавонашон таклиф кардааст ва бо ин васф, нақсу камбудӣ дар рӯзаашон падид омада бошад; Чунонки фармудааст: ﴿لَا يُكَلِّفُ اللَّهُ نَفْسًا إِلَّا وُسْعَهَا[1]; «Худованд касеро ҷуз ба андозаи тавонашон таклиф намекунад» ва фармудааст: ﴿لَا يُكَلِّفُ اللَّهُ نَفْسًا إِلَّا مَا آتَاهَا[2]; «Худованд касеро ҷуз ба андозаи имконе ки ба ӯ додааст таклиф намекунад» ва агар мурод аз «нақсу камбуд» дар рӯзаи Паёмбар ва аҳли байташ, дар мақоми нафси амр ба маънои адами мутобиқати он бо вақти воқеъӣ дар мавориди адами рӯъяти ҳилол бошад, чунин адами мутобиқатӣ танҳо ба хотири фиқдони телескоп набудааст то эътибори телескопро махдуш созад, бал метавонистааст ба хотири авомили дигаре монанди абрӣ будан ё ғуборолуд будани осмон низ бошад, дар ҳоле ки баъид аст фақиҳи мӯҳтарам ин авомилро низ муҷиби «нақсу камбуд» дар рӯзаи Паёмбар ва аҳли байташ бидонад! Бинобарин, барои ӯ беҳтар аст ки ғуссаи Паёмбар ва аҳли байташро нахурад; Чароки рӯзаи онон назар ба тавон ва имконоти мавҷуд дар замонашон саҳиҳ будааст, балки ғуссаи рӯзаи худашро бихурад ки назар ба тавон ва имконоти мавҷуд дар замонаш саҳиҳ маҳсуб намешавад! Аҷиб аст ки касе «нақс ва камбуд» дар рӯзаи худашро бар гардани Паёмбар ва аҳли байташ меандозад ва сухане то ин андоза ғалат мегӯяд!

Воқеъ он аст ки иборати «صُومُوا لِرُؤْيَتِهِ، وَأَفْطِرُوا لِرُؤْيَتِهِ»; «Бо дидани он рӯза бигиред ва бо дидани он ифтор кунед» дар сухани Паёмбар ва аҳли байташ, мутлақ аст ва ба вузуҳ шомили дидани ҳилол бо чашми мусаллаҳ низ мешавад; Зеро касе ки бо дурбин ва телескоп онро мебинад, ба ҳар ҳол онро дидааст ва бино бар сухани Паёмбар ва аҳли байташ, бояд бо дидани он рӯза бигирад ва бо дидани он ифтор кунад. Ин нуктаи бисёр сода ва рӯшан аст. Аз ин рӯ, аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар гуфторе аз пурсидан дар бораи он таъаҷҷуб карда ва фармудааст: «!أَلَسْتُمْ تَرَوْنَهُ؟»; «Оё на ин аст ки онро мебинанд?!».

↑[1] . Бақара/ 286
↑[2] . Талоқ/ 7