Нависандаи пурсиш: Алӣ Розӣ Тарихи пурсиш: 21/10/2015

Ҳукми раёсат ва мудирияти зан чист? Оё бояд аз табаъияти райис ё мудири зан худдорӣ кунем?

Посух ба пурсиши шумораи: 1 Тарихи посух ба пурсиш: 23/10/2015

Иштиғоли зан ба коре ки мусталзими муъоширати мустамарри ӯ бо номаҳрам аст, кароҳат дорад ва агар мусталзими вуқуъи ӯ дар ҳаром бошад, бидуни шак ҳаром аст, вале қатъи назар аз ин ҷанба, ҳаргоҳ занӣ мусалмон, оқил ва рашид бошад, манъе аз раёсати ӯ вуҷуд надорад ва итоъат аз ӯ дар маҳдудаи шаръи, ҷойиз аст; Чунонки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам пеш аз Набувват, дар корвонӣ тиҷорӣ кор мекард ки раъиси он Хадиҷа разияллоҳу анҳо буд.

Оре, Абу Бакр ривоят кардааст: «لَمَّا بَلَغَ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ أَنَّ أَهْلَ فَارِسَ قَدْ مَلَّكُوا عَلَيْهِمْ بِنْتَ كِسْرَى، قَالَ: لَنْ يُفْلِحَ قَوْمٌ وَلَّوْا أَمْرَهُمُ امْرَأَةً»[1]; «Ҳангоме ки ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам хабар расид ки Эрониён духтари Касроро бар худ ҳоким сохтаанд, фармуд: Қавме ки замоми умури худро ба зане биспорад, комёб нахоҳад шуд» Ва ин -дар сурате ки собит бошад- бар кароҳат раёсати занон, хусусан дар арсаи ҳукумат, далолат дорад, вале бо таваҷҷуҳ ба достони Билқайс дар китоби Худованд, қодир ба исботи ҳурмати он нест; Чароки китоби Худованд аз ҳукумати Билқайс ёд карда ва онро ба некӣ ва интизом васф намуда, онҷо ки фармудааст: ﴿وَأُوتِيَتْ مِنْ كُلِّ شَيْءٍ﴾[2]; «Ва аз ҳар чизе ба ӯ дода шуда буд» Ва фармудааст: ﴿قَالُوا نَحْنُ أُولُو قُوَّةٍ وَأُولُو بَأْسٍ شَدِيدٍ وَالْأَمْرُ إِلَيْكِ فَانْظُرِي مَاذَا تَأْمُرِينَ﴾[3]; «Гуфтанд: Мо дорандагони неру ва ҷанговаронӣ сахт ҳастем ва кор дар ихтиёри туст, пас бингар ки чи фармон медиҳӣ» Ва дар чаҳор ҷо ба ҳусни ақл ва тадбири ӯ ишора кардааст: Аввал онки номаи Сулаймон алайҳи саломро арҷ ниҳод: ﴿قَالَتْ يَا أَيُّهَا الْمَلَأُ إِنِّي أُلْقِيَ إِلَيَّ كِتَابٌ كَرِيمٌ﴾[4]; «(Билқайс) гуфт: Эй дарбориён! Номаи арзишманд ба сӯӣ ман афканда шудааст» Ва ин аз ақли ӯ буд; Дуввум онки мустабид набуд ва бо дарбориёнаш машварат мекуард: ﴿قَالَتْ يَا أَيُّهَا الْمَلَأُ أَفْتُونِي فِي أَمْرِي مَا كُنْتُ قَاطِعَةً أَمْرًا حَتَّى تَشْهَدُونِ﴾[5]; «(Биқайс) гуфт: Эй дарбориён! Дар корам назар диҳед ки ман ҳеч гоҳ бидуни машварати шумо кореро ниҳойи накардаам» Ва ин аз ақли ӯ буд; Севвум онки пешниҳоди ҷанг бо Сулаймон алайҳи саломро напазируфт, балки бо назар ба оқибати кор ва маслиҳати омма, ҳадияе фиристод ва сулҳ ва дӯстиро ихтиёр кард: ﴿قَالَتْ إِنَّ الْمُلُوكَ إِذَا دَخَلُوا قَرْيَةً أَفْسَدُوهَا وَجَعَلُوا أَعِزَّةَ أَهْلِهَا أَذِلَّةً ۖ وَكَذَٰلِكَ يَفْعَلُونَ ۝ وَإِنِّي مُرْسِلَةٌ إِلَيْهِمْ بِهَدِيَّةٍ فَنَاظِرَةٌ بِمَ يَرْجِعُ الْمُرْسَلُونَ﴾[6]; «(Билқайс) гуфт: Подшоҳон ҳангоме ки ба шаҳре ворид шаванд, онро ба табоҳӣ мекашанд ва азизонашонро хор мекунанд ва ин гуна амал мекунанд ва ман ҳадияе ба сӯӣ онон мефиристам, пас менигарам ки фиристодагон бо чи чизе боз мегарданд» Ва ин аз ҳусни тадбири ӯ буд; Чаҳорум онки вақте дарёфт Сулаймон алайҳи салом Паёмбар аст ва дар пайи дунё нест, даъваташро иҷобат кард: ﴿قَالَتْ رَبِّ إِنِّي ظَلَمْتُ نَفْسِي وَأَسْلَمْتُ مَعَ سُلَيْمَانَ لِلَّهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ﴾[7]; «(Билқайс) гуфт: Парвардигоро! Ҳаройина ман ба худам зулм кардам ва бо Сулаймон барои Худованд, Парвардигори ҷаҳониён Ислом овардам» Ва ин аз ақли ӯ буд ва шакке нест ки қавме ки замоми умури худро ба ӯ супурд, комёб шуд; Чароки ӯ Ислом овард ва ононро низ ба Ислом ворид кард ва агар онон замоми умури худро ба марде аз дарбориён месупурданд, ҳатман ҳалок мешуданд; Зеро онон ба ҷанг бо Сулаймон тавсия карданд. Ин достон далили бар он аст ки ҳадиси мазкур аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам собит нест; Чароки Абу Бакри Баззоз гуфтааст: «لَا نَعْلَمُ رَوَاهُ غَيْرُ أَبِي بَكْرَةَ عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ»[8]; «Ғайр аз Абу Бакр касеро суроғ надорам ки ин ҳадисро аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят карда бошад» Ва агар собит бошад низ ҳамли бар ғолиб мешавад, на бар итлоқ ва бо ин васф, агар зани мусалмоне ёфт шавад ки аз ақл ва тадбири кофӣ бархурдор бошад, манъе аз раёсати ӯ вуҷуд надорад, магар онки монеъи дигаре барои раёсаташ вуҷуд дошта бошад.

↑[1] . Муснади Абӣ Доввуди Таёлусӣ, ҷ2, с205; Мусаннафи ибни Абӣ Шейба, ҷ7, с538; Муснади Аҳмад, ҷ34, с144; Саҳеҳел Бухорӣ, ҷ6, с8; Сунани Насоъи, ҷ8, с227; Сунани Тирмизӣ, ҷ4, с527; Мӯъҷаммул Саҳоба ибни Қонеъ, ҷ3, с143; Сунанул Кубро Байҳақӣ, ҷ10, с201
↑[2] . Намл/ 23
↑[3] . Намл/ 33
↑[4] . Намл/29
↑[5] . Намл/ 32
↑[6] . Намл/ 34 ва 35
↑[7] . Намл/ 44
↑[8] . Муснади Базор, ҷ9, с132