Сешанбе 19 Март 2024 мелодӣ / 8 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

1 . Имомони аҳли байт доштани як грам тиллоро бар худ ва дигар мардон ҳаром медонистанд. Чигуна аст ки марқади онон аз тилло анбошта шуда?

2 . Чаро ҳазрати Алӣ бо он ҳама байтулмол ва ҳукумати 5 сола барои Паёмбар боргоҳ насохт?

Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

1 . Имомони аҳли байт ба пайравӣ аз ҷадди бузургворашон Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам тилло ва нуқрае дар зиндагии дунё наяндухтанд, магар инки дар роҳи Худованд инфоқ карданд; Зеро беҳтар аз ҳар кас медонистанд ки Худованд дар китоби худ фармудааст: ﴿وَالَّذِينَ يَكْنِزُونَ الذَّهَبَ وَالْفِضَّةَ وَلَا يُنْفِقُونَهَا فِي سَبِيلِ اللَّهِ فَبَشِّرْهُمْ بِعَذَابٍ أَلِيمٍ[1]; «Косоне ки тилло ва нуқраро меандузанд ва дар роҳи Худованд инфоқ намекунанд, ононро ба азобӣ дарднок башорат деҳ». Бо ин васф, анбоштани тилло ва нуқра пиромуни қабри онон, аз моли онон ё ба амри онон набуда, балки аз моли мусалмонон ва ба хостаи худи онҳо будааст ва бо ин васф, хубӣ ё бадии он ба худи онҳо марбут мешавад ва ба имомони аҳли байт рабте пайдо намекунад.

Қадри мусаллам ин аст ки анбоштани тилло ва нуқра пиромуни қабри онон, асле дар Ислом надорад ва бар хилофи суннат аст ва бо ин васф, ибтидоъи ба он ҷойиз нест, вале рафъи он пас аз анҷоми он, дар сурате ҷойиз аст ки иҳонат ба онон шумурда нашавад; Чароки ҳурмати иҳонат ба онон аз ҳурмати анбоштани тилло ва нуқра пиромкни қубурашон бештар аст. Оре, изолаи тилло ва нуқра аз пиромуни қубурашон ба шевае ки эҳтироми онон ҳифз шавад, ишколе надорад ва бо ин васф, шойиста аст ки тавассути дӯстдорон ва мӯътақидони ба фазоилашон анҷом шавад, на тавассути дигарон то шоъибаи беэҳтиромӣ ба ононро надошта бошад.

2 . Амирул мӯъминин Алӣ ибни Абӣ Толиб барои қабри Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам боргоҳе насохт; Чароки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба сохтани боргоҳе барои қабри худ амр накарда буд, балки аз сохтани боргоҳ барои қабр наҳй карда буд. Албатта қабри он Ҳазрат дар зери осмон ҳам қарор надошт, балки дар хонаи он ҳазрат қарор дошт, то инки Валид ибни Абдулмалик ибни Марвон дар соли 88 қамарӣ, онро ба масҷид мулҳақ кард. Бо ин ҳол, пас аз инки боргоҳе барои қабри Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам сохта шуд, тахриби он ҷойиз нест; Чароки дар назари урф беэҳтиромӣ ба он Ҳазрат маҳсуб мешавад ва беэҳтиромӣ ба он Ҳазрат аз бузургтарин гуноҳон ва асбоби фитна ва ихтилоф миёни мусалмонон аст, вале тағйир ва ислоҳи он ба наҳве ки бо суннати он Ҳазрат интибоқ ёбад, ишколе надорад ва ин ҳукме аст ки дар бораи боргоҳи қубури аҳли байт ва асҳоби он ҳазрат низ сидқ мекунад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ يَقُولُ: مَنْ هَدَمَ قَبْرَ مُؤْمِنٍ فَكَأَنَّمَا هَدَمَ دَارَهُ، قُلْتُ: أَرَأَيْتَ إِنْ وَجَدَ فِيهِ خَلَلًا أَوْ نَقْصًا، أَلَهُ أَنْ يُصْلِحَهُ؟ قَالَ: لَا بَأْسَ بِأَنْ يُصْلِحَهُ، وَلَيْسَ الْهَدْمُ كَالْإِصْلَاحِ، قُلْتُ: أَرَأَيْتَ إِنْ وَجَدَ عَلَيْهِ بُنْيَانًا مِمَّا لَا يَجُوزُ أَنْ يَكُونَ عَلَى قَبْرٍ، أَلَهُ أَنْ يَهْدِمَ الْبُنْيَانَ؟ قَالَ: لَيْسَ لَهُ أَنْ يَهْدِمَهُ هَدْمًا فَيُهِينَهُ، وَلَكِنْ يَأْخُذُ مِنْهُ عَلَى رِفْقٍ، حَتَّى إِذَا سَوَّاهُ جَعَلَ حَوْلَهُ مَوَانِعَ لِكَيْلَا يَطَأَهُ النَّاسُ، قُلْتُ: أَمَا أَمَرَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ عَلِيًّا بِهَدْمِ الْقُبُورِ؟! قَالَ: إِنَّمَا أَمَرَهُ بِهَدْمِ قُبُورِ الْمُشْرِكِينَ لِيُذْهِبَ آثَارَ الْجَاهِلِيَّةِ وَأَنْجَاسَهَا، وَلَمْ يَأْمُرْهُ بِهَدْمِ قُبُورِ الْمُؤْمِنِينَ، قُلْتُ: فَمَاذَا تَرَى إِنْ كَانَ قَبْرَ نَبِيٍّ أَوْ إِمَامٍ مِنْ أَئِمَّةِ الْمُؤْمِنِينَ؟ قَالَ: أَرَى أَنْ لَا يُهْدَمَ وَلَا يُؤْخَذَ مِنْهُ شَيْءٌ إِلَّا عَلَى وَجْهِ الْإِصْلَاحِ، لِكَيْلَا يَكُونَ فِتْنَةً لِلَّذِينَ آمَنُوا، فَيُوقِعَ بَيْنَهُمُ الْعَدَاوَةَ وَالْبَغْضَاءَ، وَلَا بَأْسَ بِأَنْ يَكُونَ الْقَبْرُ فِي بَيْتٍ لَمْ يُبْنَ لَهُ مَا لَمْ يُرْفَعْ فَوْقَ أَرْبَعَةِ أَصَابِعَ، وَلَا أَقُولُ كَمَا يَقُولُ هَؤُلَاءِ الْأَحْجَارُ -يَعْنِي الْوَهَّابِيَّةَ! ثُمَّ أَقْبَلَ بِوَجْهِهِ عَلَى عَبْدِ اللَّهِ بْنِ حَبِيبٍ، وَكَانَ يُصْلِحُ لَهُ قَمِيصًا، فَقَالَ: يَهْدِمُونَ قُبُورَ الصَّالِحِينَ، وَيَعْمُرُونَ قُصُورَ الظَّالِمِينَ! لَا وَاللَّهِ مَا بِذَلِكَ أُمِرُوا»[2]; «Шунидам Мансур мефармояд: Ҳар кас қабри мӯъминеро вайрон кунад мисли он аст ки хонаи ӯро вайрон карда бошад, гуфтам: Назаратон чист агар дар он халае ё нуқсоне биёбад, оё метавонад онро ислоҳ кунад? Фармуд: Ишколе надорад ки онро ислоҳ кунад ва вайрон кардан монанди ислоҳ кардан нест, гуфтам: Назаратон чист агар бар рӯйи он биное биёбад ки ҷойиз нест бар рӯйи қабре бошад, оё метавонад биноро вайрон кунад? Фармуд: Ӯро намерасад ки онро ба як бора вайрон кунад ва ин гуна ба ӯ беэҳтиромӣ намояд, вале бо нармӣ аз он бар медорад то инки онро ҳамвор месозад ва пиромунаш мавоне қарор медиҳад то мардум бар рӯйи он пой нагузоранд, гуфтам: Оё Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам Алиро ба вайрон кардани қабрҳо фармон надод?! Фармуд: Ӯро ба вайрон кардани қабрҳои мушрикин фармон дод то осори ҷоҳилият ва олудагиҳои онро аз байн бибарад ва ӯро ба вайрон кардани қабрҳои мӯъминин фармон надод, гуфтам: Пас назаратон чист агар (бино бар рӯйи) қабри Паёмбаре ё имоме аз аъиммаи мӯъминон бошад? Фармуд: Чунин мебинам ки вайрон нашавад ва чизе аз он бардошта нашавад магар аз боби ислоҳ то фитнае барои касоне ки имон доранд набошад пас миёнашон душманӣ ва кина бияндозад ва ишколе надорад ки қабр дар хонае бошад ки барои он сохта нашудааст модоме ки бештар аз чаҳор ангуш баланд нашавад ва намегӯям тавре ки ин сангҳо мегӯянд –яъне ваҳҳобиҳо! Сипас рӯйи худро ба тарафи Абдуллоҳ ибни Ҳабиб карданд ки дар ҳоли руфу кардани пироҳане барои он ҳазрат буд, пас фармуд: Қабрҳои солеҳонро вайрон мекунанд ва қасрҳои золимонро обод месозанд! На ба Худо савганд ба ин кор амр нашудаанд»!

Оре, ҳамон тавр ки ин олими бузург фармуда, мушкил он аст ки акнун касоне бар боргоҳи қабри Паёмбар ва аҳли байташ хӯрда мегиранд ва ба тилло ва нуқраи он эътироз мекунанд ки дар бораи кохҳои салотин ва бурҷҳои шоҳзодагон чизе намегӯянд ва тиллоҳо ва нуқраҳои онон ки сарфи айёшӣ ва ифсод дар замин мешавадро нодида мегиранд, дар ҳоле ки агар сохтани боргоҳ ва истифода аз тилло ва нуқра барои Паёмбар ва аҳли байташ бо суннат мухолифат дорад, сохтани кохҳо ва бурҷҳо ва истифода аз тилло ва нуқра барои айёшӣ ва ифсод дар замин бо суннат мухолифтар аст ва бо ин васф, талош барои тахриби қасрҳои золимон, аз талош барои тахриби қабрҳои солеҳон сазовортар аст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«كُنْتُ عِنْدَ الْعَبْدِ الصَّالِحِ، فَدَخَلَ عَلَيْهِ رَجُلٌ مِنَ السَّلَفِيَّةِ، فَقَالَ: كَانَ فِي قَرْيَتِي قَبْرٌ لِفُلَانٍ الصُّوفِيِّ، وَكَانَ يُعْبَدُ مِنْ دُونِ اللَّهِ، فَهَدَمْتُهُ! قَالَ: وَهَدَمْتَهُ؟! قَالَ: نَعَمْ وَاللَّهِ، وَنَفَضْتُ يَدَيَّ مِنْ تُرَابِهِ! قَالَ: هَدَمْتَ الْقَبْرَ الْأَصْغَرَ، وَأَبْقَيْتَ الْقَبْرَ الْأَكْبَرَ! قَالَ: وَمَا الْقَبْرُ الْأَكْبَرُ؟! قَالَ: قَصْرُ الْحَاكِمِ، وَعُبَّادُهُ أَكْثَرُ! فَتَأَمَّلَ الرَّجُلُ سَاعَةً، ثُمَّ قَالَ: وَاللَّهِ لَوْ أَطَعْنَاكَ لَحَمَلْتَنَا عَلَى الطَّرِيقِ الْوَاضِحِ، وَلَكِنْ مَا نَصْنَعُ بِالْمَذَاهِبِ؟! ثُمَّ قَامَ وَخَرَجَ»[3]; «Назди бандаи солеҳ будам, пас марде аз салафия бар ӯ ворид шуд ва гуфт: Дар қарияи ман қабре барои фалон сӯфӣ буд ки ба ҷойи Худованд парастиш мешуд, пас онро вайрон кардам! Фармуд: Онро вайрон кардӣ?! Гуфт: Бале ва дастамро аз хоки он такон додам! Фармуд: Қабри кӯчактареро вайрон кардӣ ва қабри бузургтареро боқӣ гузоштӣ! Гуфт: Қабри бузургтар кадом аст?! Фармуд: Қасри ҳоким ва парастиш кунандагони он бештаранд! Пас мард соъате дар андеша фурӯ рафт ва сипас гуфт: Ба Худо савганд агар аз ту итоъат кунем моро ба роҳи рӯшан раҳсипор месозӣ, вале чи кунем бо мазоҳиб?! Сипас бархост ва берун рафт».

Оре, қасрҳои золимон, қабрҳои бузургтар ҳастанд ки мурдагонӣ мутаҳаррик дар онҳо ҳукм меронанд ва аз назари аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, ба вайрон шудан сазовортаранд, вале бештари мардум аз онҳо ғофил ҳастанд ва ба қабрҳои кӯчактар эътироз мекунанд ва ҳар кас ки Худованд ӯро ҳидоят нафармояд, барои ӯ ҳидоятгаре нест.

↑[1] . Тавба/ 34
↑[2] . Гуфтори 69, фақараи 2
↑[3] . Гуфтори 69, фақараи 3
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Таълиқот
Пурсишҳо ва посухҳои фаръӣ
Пурсиши
фаръии 1
Нависанда: Ҳасан
Тарих: 16/7/2018

Агар мумкин аст далилӣ Қуръонӣ ва ривойии аллома мабнӣ бар адами ҷавози сохтани бино бар рӯйи қабрро бифармойед.

Посух ба пурсиши
фаръии 1
Тарих: 25/7/2018

Сохтани бино бар рӯйи қабр, шеваи кофирон ва фосиқоне чун фароъина буда ва Худованд дар Қуръон аз ҳамонандӣ бо онон наҳй карда ва фармудааст: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَكُونُوا كَالَّذِينَ كَفَرُوا[1]; «Эй касоне ки имон овардед! Ҳамонанди касоне ки кофир шуданд набошед» Ва фармудааст: ﴿وَلَا تَكُونُوا كَالَّذِينَ نَسُوا اللَّهَ فَأَنْسَاهُمْ أَنْفُسَهُمْ ۚ أُولَئِكَ هُمُ الْفَاسِقُونَ[2]; «Ва ҳамонанди касоне набошед ки Худовандро аз ёд бурданд, пас худҳошонро аз ёдашон бурд, онон ҳамон фосиқон ҳастанд». Ба илова, дар ривояти мутавотир омадааст ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз ин кор наҳй фармуда, то ҷойе ки Алӣ ибни Абӣ Толиб алайҳи саломро фиристодааст то биноҳои сохта шуда бар рӯйи қубурро аз байн бибарад. Аз ин рӯ, аҳли байти он Ҳазрат низ ин корро раво надоштаанд[3].

↑[1] . Оли Имрон/ 156
↑[2] . Ҳашр/ 19
↑[3] . Барои ин ривоят, бингаред ба: Муснади Таёлисӣ, с16; Мусаннафи Абдураззоқ, ҷ3, с504; Муснади Аҳмад, ҷ1, с98; Саҳеҳул Муслим, ҷ3, с61; Сунани ибни Моҷа, ҷ1, с498; Сунани Абӣ Довуд, ҷ2, с83; Сунани Тирмизӣ, ҷ2, с256; Сунани Нисоӣ, ҷ4, с87; Сунани Байҳақӣ, ҷ4, с2; Масоъили Алӣ ибни Ҷаъфар, с212; Барқӣ, Ал-Маҳосин, ҷ2, с612; Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, ҷ6, с528; Таҳзибул Аҳком, ҷ1, с460.
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Пурсиши
фаръии 2
Нависанда: Раҳмони
Тарих: 3/11/2019

Ин Шоъ Аллоҳ дар сиҳату саломати бошед. Шиъаён дар мавриди ҷавози сохтани боргоҳ бар рӯӣ қубури Паёмбар ва аҳли байт алайҳимуссалом, чи далилае ироъа медиҳанд? Агарчи ин суъолро бояд аз онҳо пурсид.

Посух ба пурсиши
фаръии 2
Тарих: 6/11/2019

Ривоёти мутавотири расида дар бораи адами ҷавози сохтани боргоҳ бар рӯӣ қубур, ом аст ва шомили қубури Паёмбар ва аҳли байт ҳам мешавад, вале шиъаён истиҳсонан қубури ононро мустасно медонанд ва ин ба далили муҳаббате аст ки ба онон дорнад, вагарна тахсисе аз онон дар хусуси қубурашон собит нашудааст. Ҳар чанд пӯшида нест ки муҳаббат ба Паёмбар ва аҳли байт, дар фармонбардорӣ аз онон таҷаллӣ меёбад, на дар нофармонӣ аз онон, вале ба назар мерасад ки шиъаён ин гуна намеандешанд ва аз ин рӯ, мекӯшанд ки муҳаббати худ ба ононро бо корҳойи монанди сохтани боргоҳ бар рӯӣ қубурашон ва тазйини он бо тилло ва нуқра ва худзанӣ дар сувгашон нишон диҳанд ки ошкоро бар хилофи ривоёти мутавотири расида аз онон аст, на бо корҳойи монанди ёрии онон дар баробари ҳокимони золим ва заминасозӣ барои ҳукуматашон ки аз замони Ҳасан ва Ҳусейн алайҳимуссалом то имрӯз ба сӯӣ он фаро хонда мешаванд, вале аз анҷоми он сар боз мезананд! Бо ин ҳама, аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, тахриби боргоҳи сохта шуда бар рӯӣ қубури Паёмбар ва аҳли байтро ҷойиз намедонад; Чароки ин кор аз як сӯ беэҳтиромӣ ба онон маҳсуб мешавад ва аз сӯӣ дигар ба зуҳури фитна ва ихтилоф дар миёни мусалмонон меанҷомад. ба илова, он ҳазрат тахриби кохҳои золимонро аз тахриби боргоҳи сохта шуда бар рӯӣ қубур сазовортар медонад. Ҳар чанд ислоҳи боргоҳи сохта шуда бар рӯӣ қубур ба наҳве ки беэҳтиромӣ маҳсуб нашавад ва ба зуҳури фитна ва ихтилоф наянҷомад, ишколе надорад; Чароки дар ин сурат, маҳзуре дар он нест; Монанди инки деворӣ бардошта шуда то қабр дар айвон ё дар саҳн қарор гирад, на инки ҳамаи боргоҳ ба вайрона табдил шавад; Ҳамчунонки расидагӣ ба қабр ба маънои таъмир ва танзифи он ва сохтани равоқҳо ва масоҷиде дар пиромуни он барои зоъирон ишколе надорад.

Аз инҷо дониста мешавад, касоне ки мекӯшанд бо ҳаёҳу дидгоҳи аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар ин бораро шабеҳ ба дидгоҳи ваҳҳобиҳо ҷилва диҳанд, ё дучори каҷфаҳмӣ ҳастанд ва ё ҳадафе ҷуз авомфиребӣ ва таҳрики эҳсосоти шиъаён надоранд; Чароки дидгоҳи он ҳазрат дар ин бора, ба вузуҳ бо дидгоҳи ваҳҳобиҳо мутафовит аст; Чунонки худ сариҳан фармудааст: «لَا أَقُولُ كَمَا يَقُولُ هَؤُلَاءِ الْأَحْجَارُ -يَعْنِي الْوَهَّابِيَّةَ»; «Намегӯям тавре ки ин сангҳо мегӯянд –яъне ваҳҳобиҳо». Асосон коре ки он ҳазрат ҷойиз дониста, тахриби боргоҳ нест, бал тағйири он ба гунае аст ки ҳам бо таъолими Ислом мутобиқ бошад ва ҳам муҷиби беэҳтиромӣ ё фитна ва ихтилоф набошад ва ин коре аст ки мумкин аст тавассути имом Маҳдӣ алайҳи салом анҷом шавад; Чунонки дар ривоёт омадааст ки он ҳазрат манораҳо ва мақсураҳоро аз байн мебарад; Ба ин далил ки тавассути Паёмбар ё имоме сохта нашудаанд[1], балки Масҷидул Ҳаром ва Масҷиду Набиро ҳам тағйир медиҳад ва ба шакли нахустинашон боз мегардонад[2], дар ҳоле ки мусалламан он ҳазрат ваҳҳобӣ нест.

Мутаъассифона ба назар мерасад ки бархӣ мухолифони аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло бемор ҳастанд; Зеро вақте мебинанд ки сухани ӯ ишколе надорад то далиле барои мухолифат бо ӯ бошад, онро таҳриф ё таъвил мекунанд то ба сухани дигаре табдил шавад ва мухолифат бо ӯро тавҷиҳ кунад; Бо таваҷҷуҳ ба инки нахуст мухолифат бо ӯро дар пеш гирифтаанд ва сипас ба такопу афтодаанд то далиле барои он пайдо кунанд! Монанди девонагоне ки ӯро муддаии имомат ва ниёбат мешуморанд ва ба сухани ӯ эътино намекунанд ки фарёд мезанад: «Ман муддаии имомат ва ниёбат нестам»! Ингор ки мегӯянд: «Ҳастӣ ва худат намедонӣ»! Чи аҷаб аст девонагии касоне ки бо зӯр иддаъоеро ба гардани ӯ мебанданд ва сипас бар пояи он ба душманӣ бо ӯ мепардозанд! Чи хатарнок аст бемории касоне ки огоҳона сухани ӯро бар хилофи мақсудаш ҳамл мекунанд ва сипас бар пояи он ба ӯ иҳонат раво медоранд! Албатта табиъӣ аст ки вақте оқилон пеш намеоянд, девонагон майдондор мешаванд ва вақте олимон сукут мекунанд, ҷоҳилон даҳон мегушоянд ва пайомад ин мусибати он аст ки асилтарин омӯзаҳои Ислом ба мазҳака гирифта мешавад ва покизатарин ҷунбишҳои Исломӣ ба ганд кашида мешаванд! Ин пайомади табиъии сукути оқилон ва сукути олимон аст ки хиёнатӣ бузург ва нобахшуданӣ аст, вагарна аз беморони равонӣ ва ҷоҳилони кӯча ва бозор чи таваққуъе меравад?!

*Барои тазеҳоти бештар, ба матни арабӣ муроҷиъа кунед.
↑[1] . Тувсӣ, Ал-Ғайба, с206 ва 207
↑[2] . Тувсӣ, Ал-Ғайба, с472
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.