Сешанбе 23 Апрел 2024 мелодӣ / 14 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Назрия додан барои имом Ҳусейн (а) ва сойири аҳли байт (а) дар аёми Муҳарраму Сафар ва сойири аёми сол чи ҳукме дорад?

Назр кардан ибодат аст. Бинобарин, бояд барои Худованд бошад ва назр кардан барои ғайри Ӯ ҷойиз нест ва мунъақид намешавад ва мурод аз назр кардан барои Худованд ин аст ки назр кунанда ният кунад: Барои Худованд назр мекунам ки агар фалон ҳоҷати манро бароварда созад дар моҳи Муҳаррам ҳар сол ба сувгворони имом Ҳусейн таъом бидиҳам. Чунин назре саҳиҳ аст ва ишколе надорад, вале агар ният кунад: Барои имом Ҳусейн назр мекунам, назри ӯ ботил аст. Ба илова, беҳтар аст ки назр кунанда барои анҷоми корҳои беҳтар ва судмандтаре монанди итъоми фуқаро ва сарпарастӣ аз ятимон ва кӯмак ба никоҳи ҷавонон ва ҳимоят аз заминасозони зуҳури Маҳдӣ назр кунад; Чароки сувгворони имом Ҳусейн, ғолибан ба таъоми ӯ ниёзе надоранд ва дар аёми сувгворӣ барои он ҳазрат, аз аёми ҷашн ва сурури худ бештар мехуранд ва меошоманд!

Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Таълиқот
Пурсишҳо ва посухҳои фаръӣ
Пурсиши
фаръии 1
Нависанда: Умми Алӣ
Тарих: 25/12/2021

Ман барои Худо ва аҳли байт назр кардам. Оё назрам саҳиҳ аст?

Посух ба пурсиши
фаръии 1
Тарих: 30/12/2021

Назр кардан ибодат аст ва аз ин рӯ, бояд танҳо барои Худованд бошад; Чунонки худ фармудааст: ﴿فَمَنْ كَانَ يَرْجُو لِقَاءَ رَبِّهِ فَلْيَعْمَلْ عَمَلًا صَالِحًا وَلَا يُشْرِكْ بِعِبَادَةِ رَبِّهِ أَحَدًا[1]; «Пас ҳар кас ба дидори Парвардигораш умед дорад, бояд амали солеҳ анҷом диҳад ва дар ибодати Парвардигораш касеро шарик насозад» Ва ба нақл аз ҳамсари Имрон фармудааст: ﴿رَبِّ إِنِّي نَذَرْتُ لَكَ مَا فِي بَطْنِي مُحَرَّرًا فَتَقَبَّلْ مِنِّي ۖ إِنَّكَ أَنْتَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ[2]; «Парвардигоро! Ман ончи дар шиками хеш дорамро барои Ту назр кардам, озодшуда (аз ғайри Ту), пас аз ман бипазир, бегумон Ту шунавои доно ҳастӣ». Бинобарин, агар нияти шумо низ барои Худованд ва аҳли байт бо ҳам буда, назратон ботил аст, ҳамон тавр ки агар ниятатон намоз ва рӯза барои Худованд ва аҳли байт бо ҳам бошад, намоз ва рӯзаятон ботил аст; Ба далили сухани Худованд ки фармудааст: ﴿لَئِنْ أَشْرَكْتَ لَيَحْبَطَنَّ عَمَلُكَ وَلَتَكُونَنَّ مِنَ الْخَاسِرِينَ[3]; «Агар (касӣ дигарро бо Худованд) шарик созӣ амалат нобуд мешавад ва аз зиёнкорон хоҳӣ буд» Ва рӯшан аст ки авлиёъи Худованд будани аҳли байт ва шафиъ будани онон дар рӯзи қиёмат, далиле бар ҷавози ибодати онон дар канори Худованд маҳсуб намешавад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿أَلَا لِلَّهِ الدِّينُ الْخَالِصُ ۚ وَالَّذِينَ اتَّخَذُوا مِنْ دُونِهِ أَوْلِيَاءَ مَا نَعْبُدُهُمْ إِلَّا لِيُقَرِّبُونَا إِلَى اللَّهِ زُلْفَى إِنَّ اللَّهَ يَحْكُمُ بَيْنَهُمْ فِي مَا هُمْ فِيهِ يَخْتَلِفُونَ ۗ إِنَّ اللَّهَ لَا يَهْدِي مَنْ هُوَ كَاذِبٌ كَفَّارٌ[4]; «Огоҳ бошед ки дини холис барои Худованд аст, ва касоне ки ҷуз Ӯ авлиёъе гиранд (мегӯянд) ононро ҷуз барои инки моро ҳар чи бештар ба Худо наздик кунанд, намепарастем. Ҳароина Худованд миёнашон дар бораи чизе ки дар он ихтилоф мекунанд ҳукм менамояд. Ҳароина Худованд касе ки дурӯғгӯйи носипос астро ҳидоят намекунад» Ва фармудааст: ﴿وَيَعْبُدُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ مَا لَا يَضُرُّهُمْ وَلَا يَنْفَعُهُمْ وَيَقُولُونَ هَؤُلَاءِ شُفَعَاؤُنَا عِنْدَ اللَّهِ ۚ قُلْ أَتُنَبِّئُونَ اللَّهَ بِمَا لَا يَعْلَمُ فِي السَّمَاوَاتِ وَلَا فِي الْأَرْضِ ۚ سُبْحَانَهُ وَتَعَالَى عَمَّا يُشْرِكُونَ[5]; «Ва ҷуз Худованд касеро мепарастанд ки ба онон суд ё зиёне намерасонанд ва мегӯянд ки инҳо шафиъони мо назди Худованд ҳастанд, бигӯ оё Худовандро аз чизе огоҳ мекунед ки дар осмонҳо ва замин огоҳ нест?! Ӯ муназзаҳ ва бартар аз чизе аст ки шарик қарор медиҳанд» Ва фармудааст: ﴿اتَّخَذُوا أَحْبَارَهُمْ وَرُهْبَانَهُمْ أَرْبَابًا مِنْ دُونِ اللَّهِ وَالْمَسِيحَ ابْنَ مَرْيَمَ وَمَا أُمِرُوا إِلَّا لِيَعْبُدُوا إِلَهًا وَاحِدًا ۖ لَا إِلَهَ إِلَّا هُوَ ۚ سُبْحَانَهُ عَمَّا يُشْرِكُونَ[6]; «Олимон ва роҳибонашонро Худовандгоне ҷуз Худованд гирифтанд ва низ Масеҳ писари Марямро дар ҳоле ки амр нашудаанд магар ба инки Худойи ягонаро бипарастанд, Худойе ҷуз Ӯ нест, Ӯ аз чизе ки шарик мегиранд муназзаҳ аст» Ва фармудааст: ﴿وَلَا يَأْمُرَكُمْ أَنْ تَتَّخِذُوا الْمَلَائِكَةَ وَالنَّبِيِّينَ أَرْبَابًا ۗ أَيَأْمُرُكُمْ بِالْكُفْرِ بَعْدَ إِذْ أَنْتُمْ مُسْلِمُونَ[7]; «Ва шуморо амр накунад ба инки Фариштагон ва Паёмбаронро маъбудоне бигиред, оё шуморо ба куфр амр мекунад пас аз инки шумо мусалмон ҳастед?!». Ҳамаи ин оёт сариҳан бар адами ҷавози шарик намудани Паёмбарон ва солеҳон дар ибодати Худованд далолат доранд ва бо ин васф, касе ки ононро дар ибодати Худованд шарик мекунад, дар ҳоле ки худро шиъаи онон мешуморад, дучори таноқуз шудааст; Зеро кореро анҷом медиҳад ки онон аз он наҳй мекунанд, дар ҳоле ки шиъаи фард ба касе гуфта мешавад ки аз ӯ табаъият кунад; Чунонки аз имом Муҳаммади Боқир алайҳи салом ривоят шудааст ки фармуд: «إِنَّمَا شِيعَتُنَا مَنْ تَابَعَنَا وَلَمْ يُخَالِفْنَا»[8]; «Шиъаи мо касе аст ки аз мо пайравӣ кунад ва бо мо мухолифат накунад» Ва аз имом Ҷаъфари Содиқ алайҳи салом ривоят шудааст ки фармуд: «لَيْسَ مِنْ شِيعَتِنَا مَنْ قَالَ بِلِسَانِهِ وَخَالَفَنَا فِي أَعْمَالِنَا وَآثَارِنَا، وَلَكِنْ شِيعَتُنَا مَنْ وَافَقَنَا بِلِسَانِهِ وَقَلْبِهِ وَاتَّبَعَ آثَارَنَا وَعَمِلَ بِأَعْمَالِنَا، أُولِئَكَ مِنْ شِيعَتِنَا»[9]; «Шиъаи мо нест касе ки ба гуфтори забонаш мувофиқ бошад, аммо дар амал ва равиш бо мо мухолифат кунад, балки шиъаи мо касе аст ки бо забон ва қалбаш бо мо ҳамроҳӣ кунад ва аз равиши мо пайравӣ намояд ва ба аъмоли мо амал кунад. Онон шиъаёни ростини мо ҳастанд».

↑[1] . Каҳф/ 110
↑[2] . Оли Имрон/ 35
↑[3] . Зумар/ 65
↑[4] . Зумар/ 3
↑[5] . Юнус/ 18
↑[6] . Тавба/ 31
↑[7] . Оли Имрон/ 80
↑[8] . Усулул Ситта Ашар Идда Минал Муҳаддисин, с61; Қарибул Исноду Ҳимайро, с350; Тафсирул Айёшӣ, ҷ2, с117
↑[9] . Мустатрифотул Сароъир ибни Идрис, с264
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Пурсиши
фаръии 2
Нависанда: Умми Алӣ
Тарих: 30/12/2021

Барои посухе ки ба суъолам додед хеле муташаккирам. Мехостам бипурсам ки чи кунам то аз назре ки кардаам раҳойи ёбам? Оё каффорае барояш ҳаст? Чун шумо фармудед ки назр барои Худо ва аҳли байт бо ҳам саҳиҳ нест. Пас барои бароъати зиммаам чи бояд бикунам? Бори дигар барои лутфатон сипосгузорам.

Посух ба пурсиши
фаръии 2
Тарих: 1/1/2022

Вафо кардан ба назри ботил ё каффора додан барои он воҷиб нест, аммо истиғфор барои он воҷиб аст; Зеро амали норавойе маҳсуб мешавад, вале агар Худованд ҳоҷате ки барояш назри ботиле кардедро бароварда карда, мустаҳаб аст ибодате ки назр кардедро ба нияти шукр ва на ба нияти вафое ба назр ё каффора анҷом диҳед, вале агар ҳанӯз ҳоҷати шуморо бароварда накардааст, агар бихоҳед метавонед назратонро ба сурати саҳиҳ иъода кунед, ҳарчанд афзудан бар дуъо аз назр кардан беҳтар аст; Чунонки аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят шудааст ки фармуд: «إِنَّ النَّذْرَ لَا يُقَدِّمُ شَيْئًا، وَإِنَّمَا يُسْتَخْرَجُ بِهِ مِنَ الْبَخِيلِ»[1]; «Назр кардан чизеро пеш намеандозад, балки танҳо ба василаи он чизе аз бахил гирифта мешавад» Ва дар ривояте аз он Ҳазрат ва аҳли байташ омадааст: «أَفْضَلُ الْعِبَادَةِ الدُّعَاءُ»[2]; «Беҳтарин ибодат, дуъост».

↑[1] . Муснади Абдулоҳ ибни Муборак, с104; Муснади Абу Довуди Таёлусӣ, ҷ3, с391; Муснади Абдурраззоқ, ҷ8, с443; Муснади ибни Ҷаъд, с128; Мусаннафи ибни Абӣ Шейба, ҷ3, с94; Муснади Аҳмад, ҷ12, с142; Муснади Дорамӣ, ҷ3, с1509; Саҳиҳи Бухорӣ, ҷ8, с124; Саҳиҳи Муслим, ҷ5, с77; Сунани ибни Маҷаҳ, ҷ1, с686; Сунани Абу Довуд, ҷ3, с227; Сунани Тирмизӣ, ҷ3, с197; Сунани Насоъӣ, с7, с15
↑[2] . Табақотул Кубро ибни Саъд, ҷ5, с366;Муснади Халифа ибни Хаёт, с75; Фаҳмул Қуръон Муҳосибӣ, с300; Одубл Муфрад Бухорӣ, с249; Кофӣ Кулайнӣ, ҷ2, с466; Фавоъидул Шаҳир Билғелониёт Абу Бакри Шофеъӣ, ҷ1, с632; Даъоиму Ислом ибни Ҳайюн, ҷ1, с166; Тартибул Аъмолил Хамисия Шаҷарӣ, ҷ1, с295
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.