Ҷумъа 19 Апрел 2024 мелодӣ / 10 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Чанд суъол дорам:

Суъоли аввал: Оё имом Маҳдӣ алайҳи салом рушди ҷисмонӣ доранд ё ба қудрати Худованди мутаъол ҳамеша ҷавон ҳастанд?

Суъоли дуввум: Оё имом Маҳдӣ алайҳи салом издивоҷ кардаанд ва фарзанде доранд ё на?

Суъоли севум: Яке аз уламои шиъа дар Эрон гуфтааст ки имом Маҳдӣ алайҳи салом бо духтарӣ Эронӣ дар Теҳрон издивоҷ кардааст. Назари шумо дар бораи ин гуфтаи ӯ чист?

Ташаккур аз заҳамоти гаронқадри шумо. Ба умеди муваффақияти шумо.

Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ кунед:

1 . Имом Маҳдӣ алайҳи салом бино бар қоъидаи ﴿إِنَّمَا أَنَا بَشَرٌ مِثْلُكُمْ[1] аз ҳайси ҷисмонӣ башаре монанди сойири мардум аст ва табъан маърузи аворизи табиъӣ воқеъ мешавад; Ҳамон тавр ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва Паёмбарони пеш аз ӯ маърузи ин авориз воқеъ мешуданд, то ҷойе ки ҳамсари Иброҳим алайҳи салом гуфт: ﴿يَا وَيْلَتَى أَأَلِدُ وَأَنَا عَجُوزٌ وَهَذَا بَعْلِي شَيْخًا ۖ إِنَّ هَذَا لَشَيْءٌ عَجِيبٌ[2]; «Эй вой бар ман! Оё фарзанд оварам дар ҳоле ки пиразане ҳастам ва ин шавҳарам пирамарде аст?! Ин бегумон чизи аҷибе аст» Ва бародарони Юсуф алайҳи салом гуфтанд: ﴿يَا أَيُّهَا الْعَزِيزُ إِنَّ لَهُ أَبًا شَيْخًا كَبِيرًا[3]; «Эй азиз! Ӯ падари пир ва солхӯрда дорад» Ва Закариё алайҳи салом гуфт: ﴿رَبِّ إِنِّي وَهَنَ الْعَظْمُ مِنِّي وَاشْتَعَلَ الرَّأْسُ شَيْبًا[4]; «Парвардигоро! Ҳароина устухонам суст гардида ва сарам аз пирӣ сапед гаштааст» Ва гуфт: ﴿رَبِّ أَنَّى يَكُونُ لِي غُلَامٌ وَكَانَتِ امْرَأَتِي عَاقِرًا وَقَدْ بَلَغْتُ مِنَ الْكِبَرِ عِتِيًّا[5]; «Парвардигоро! Чигуна барои ман писаре бошад дар ҳоле ки занам нозост ва худ низ аз солхӯрдагӣ фартут шудаам?!» Оре, ногузир бояд имом Маҳдӣ алайҳи салом дар ҳангоми зуҳураш, тавонойӣ қиём ба шуъуни имоматро дошта бошад. Ривоёте аз аҳлӣ байт низ расидааст ки аз зуҳури ӯ ба сурати ҷавон бо вуҷуди куҳулати син хабар медиҳанд; Чунонки аз Ҳасан ибни Алӣ алайҳимо салом ривоят шудааст ки фармуд: «يُطِيلُ اللَّهُ عُمُرَهُ فِي غَيْبَتِهِ، ثُمَّ يُظْهِرُهُ بِقُدْرَتِهِ فِي صُورَةِ شَابٍّ دُونَ أَرْبَعِينَ سَنَةً، ذَلِكَ لِيُعْلَمَ أَنَّ اللَّهَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ»[6]; «Худованд дар ғайбаташ умри ӯро тӯлонӣ мекунад, сипас ӯро бо қудрати худ ба сурати ҷавоне ки камтар аз чиҳил сол дорад зоҳир мекунад. Он барои ин аст ки дониста шавад Худованд бар ҳар чизе тавоност» Ва аз Ҷаъфар ибни Муҳаммад алайҳимо салом ривоят шудааст ки фармуд: «لَوْ قَدْ قَامَ الْقَائِمُ لَأَنْكَرَهُ النَّاسُ، لِأَنَّهُ يَرْجِعُ إِلَيْهِمْ شَابًّا مُوَفَّقًا، لَا يَثْبُتُ عَلَيْهِ إِلَّا مَنْ قَدْ أَخَذَ اللَّهُ مِيثَاقَهُ فِي الذَّرِّ الْأَوَّلِ»[7]; «Агар қоъим қиём кунад, мардум ӯро инкор мекунанд; Чароки ӯ ба сурати ҷавонӣ буруманд ба сӯӣ онон боз мегардад. Касе бар эътиқод ба ӯ поядор намемонад магар касе ки Худованд дар олами зарри нахустин аз ӯ паймон гирифта бошад» Ва дар ривояти дигаре омадааст ки фармуд: «وَإِنَّ مِنْ أَعْظَمِ الْبَلِيَّةِ أَنْ يَخْرُجَ إِلَيْهِمْ صَاحِبُهُمْ شَابًّا وَهُمْ يَحْسَبُونَهُ شَيْخًا كَبِيرًا»[8]; «Ва аз бузургтарин гирифториҳо он аст ки соҳибашон ба сурати ҷавоне ба сӯяшон меояд, дар ҳоле ки онон мепиндоранд бояд пирамардӣ солхӯрда бошад» Ва дар ривояти дигаре омадааст ки фармуд: «يَغِيبُ غَيْبَةً فِي الدَّهْرِ وَيَظْهَرُ فِي صُورَةِ شَابٍّ مُوَفَّقٍ ابْنِ اثْنَيْ وَثَلَاثِينَ سَنَةً، حَتَّى تَرْجِعَ عَنْهُ طَائِفَةٌ مِنَ النَّاسِ، يَمْلَأُ الْأَرْضَ قِسْطًا وَعَدْلًا كَمَا مُلِئَتْ ظُلْمًا وَجَوْرًا»[9]; «Барои муддатӣ тӯлонӣ ғойиб мешавад ва ба сурати ҷавои бурумандӣ сиву ду сола зуҳур мекунад, то инки гурӯҳе аз мардум аз эътиқод ба ӯ боз мегарданд. Заминро аз адл ва дод пур мекунад, ҳамон тавр ки аз зулм ва ҷавр пур шуда бошад» Ва аз Алӣ ибни Мӯсо алайҳимо салом ривоят шудааст ки фармуд: «إِنَّ الْقَائِمَ هُوَ الَّذِي إِذَا خَرَجَ كَانَ فِي سِنِّ الشُّيُوخِ وَمَنْظَرِ الشُّبَّانِ، قَوِيًّا فِي بَدَنِهِ حَتَّى لَوْ مَدَّ يَدَهُ إِلَى أَعْظَمِ شَجَرَةٍ عَلَى وَجْهِ الْأَرْضِ لَقَلَعَهَا، وَلَوْ صَاحَ بَيْنَ الْجِبَالِ لَتَدَكْدَكَتْ صُخُورُهَا»[10]; «Қоъим касе аст ки чун хуруҷ мекунад, дар синни пирон ва симои ҷавонон аст ва ба қадре неруманд аст ки агар дасташро ба бузургтарин дарахти рӯйи замин андозад онро аз ҷой барканад ва агар миёни кӯҳҳо фарёд занад, сахраҳои онҳо аз ҳам бипошад» Ва дар ривояти дигаре омадааст ки фармуд: «عَلَامَتُهُ أَنْ يَكُونَ شَيْخَ السِّنِّ، شَابَّ الْمَنْظَرِ، حَتَّى أَنَّ النَّاظِرَ إِلَيْهِ لَيَحْسَبُهُ ابْنَ أَرْبَعِينَ سَنَةً أَوْ دُونَهَا، وَإِنَّ مِنْ عَلَامَاتِهِ أَلَّا يَهْرَمُ بِمُرُورِ الْأَيَّامِ وَاللَّيَالِي حَتَّى يَأْتِيَهُ أَجَلُهُ»[11]; «Нишонааш ин аст ки аз лиҳози син кӯҳансол ва аз назари зоҳири ҷавон аст, то ҷойе ки бинанда ӯро ҷиҳил сола ё камтар мепиндорад ва аз нишонаҳояш ин аст ки бо гузашти рӯзҳо ва шабҳо фартут намешавад то он гоҳ ки аҷалаш фаро расад», вале ин ривоёт дар суратӣ сиҳҳат, таъорузе бо инки он ҳазрат башаре монанди сойири мардум аст, надорад; Чароки афроди кӯҳансол низ ҳаргоҳ табъӣ солим ва мизоҷӣ мӯътадил ва ҷисмӣ қавӣ ва разқӣ покиза дошта бошанд, ҷавон ба назар мерасанд. Вонгаҳе мумкин аст ки ин каромате барои он ҳазрат ва нишонае аз ҷониби Худованд бошад; Чунонки ривоят шудааст ки Амр ибни Ҳамқи Хазоъӣ ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам об дод, пас онҳазрат фармуд: «اللَّهُمَّ مَتِّعْهُ بِشَبَابِهِ»; «Худовандо! Ӯро аз ҷавонияш баҳраманд соз», пас ҳаштод сол аз умарш гузашт, дар ҳоле ки як тори мӯяш сафед нашуд[12]. Ба ҳар ҳол, қадри мусаллам ин аст ки имом Маҳдӣ алайҳи салом ба ҳангоми зуҳураш, қудрати бадании кофӣ барои қиём ба шуъуни имоматро хоҳад дошт, хоҳ ба сурати ҷавоне бошад ва хоҳ ба сурати пирамарде, ﴿وَاللَّهُ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ[13]; «Ва Худованд бар ҳар коре тавоност».

2 . Издивоҷи имом Маҳдӣ алайҳи салом аз лиҳози ақлӣ ва шаръӣ мумкин аст, вале собит нест. Аз ин рӯ, гуфтугӯ дар бораи он ваҷҳе надорад.

3 . Издивоҷи имом Маҳдӣ алайҳи салом ба як духтари Теҳронӣ, маҳзи иддаъо аст ки далиле барои он вуҷуд надорад ва баъид аст ки як олими мусалмон чунин иддаъое карда бошад ва агар чунин иддаъое карда, иштибоҳ кардааст. Аз шумо интизор меравад ки ба ахбори яқинӣ ва баййин иктифо кунед ва ба ахборӣ заннӣ ва ваҳмӣ аҳмият надиҳед; Чароки ахбори заннӣ ва ваҳмӣ, эътиборе надоранд ва мисдоқи хурофот ва шойеъот ҳастанд.

↑[1] . Каҳф/ 110
↑[2] . Ҳуд/ 72
↑[3] . Юсуф/ 78
↑[4] . Марям/ 4
↑[5] . Марям/ 8
↑[6] . Камолу Дин ва Тамому Неъма ибни Бобувей, с316; Кифояту Осори Хаззоз, с226; Эъломул Варо Би Эъломул Маҳдӣ Табарсӣ, ҷ2, с230
↑[7] . Ал-Ғайбаи Нӯъмонӣ, с219; Ал-Ғайбаи Тувсӣ, с420
↑[8] . Ал-Ғайбаи Нӯъмонӣ, с194; Иқдуддурар Фи Ахборил Мунтазар Мақдисӣ, с42; Янобеъул Мавадда Қундузӣ, ҷ3, с393
↑[9] . Далоил Ал-Имома Табарии Имомӣ, с481; Ал-Ғайбаи Нӯъмонӣ, с195; Ал-Ғайбаи Тувсӣ, с420
↑[10] . Камолу Дин ва Тамому Неъма ибни Бобувей, с376; Эъломул Вароъ Би эъломил Маҳдӣ Табарсӣ, ҷ2, с240; Кашфул Ғаммаи Арбилӣ, ҷ3, с331
↑[11] . Камолу Дин ва Тамому Неъма ибни Бобувей, с652; Эъломул Вароъ Би эъломил Маҳдӣ Табарсӣ, ҷ2, с295; Ал-Хароъиҷу Вал Ҷароъиҳ Ал-Ровандӣ, ҷ3, с1170
↑[12] . Мусаннафи ибни Абӣ Шейба, ҷ6, с322; Амалил Явми Вал Лайлати ибни Ал-Сунний, с426; Маърифату Саҳоба Абӣ Наъими Исфаҳонӣ, ҷ4, с2006; Усд ал-ғоба фи маърифат ас-саҳоба Ибни Асир, ҷ4, с205
↑[13] . Бақара/ 284
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.