Панҷшанбе 25 Апрел 2024 мелодӣ / 16 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Шиъаён эътиқод доранд ки имом Маҳдӣ алайҳи салом ду ғайбат доштааст: Ғайбати суғро ва ғайбати кубро. Дар ғайбати суғро, аз тариқи чаҳор нойиби хос, бо мардум дар иртибот буд ва баъд аз фавти нойиби чаҳорум, ғайбати кубро шурӯъ шуд. Ин чаҳор нойиби хос иборат буданд аз:

1 . Абу Амр, Усмон ибни Саъид Амрӣ Асадӣ

2 . Абу Ҷаъфар, Муҳаммад ибни Саъид Амрӣ

3 . Абу Қосим, Ҳусейн ибни Руҳ Навбахти

4 . Абу Ҳасан, Алӣ ибни Муҳаммад Самурӣ (Саймурӣ)

Ваколати ин афрод ом ва мутлақ буд. Албатта дар ин даврон, дар бархӣ шаҳрҳо, афроди дигаре низ буданд ки ваколати имомро бар ӯҳда доштанд ва бархӣ мӯътақиданд ки ин ваколат бидуни воситаи нувоб хос буд. Аз ҷумлаи ин афрод Аҳмад ибни Ҳамза ибни Ясоъ, Муҳаммад ибни Иброҳим ибни Маҳзиёр, Муҳаммад ибни Солеҳ ва Абу Муҳаммад Ваҷноъи буданд.

Имом Маҳдӣ алайҳи салом дар тавқиъе (номае) ба Алӣ ибни Муҳаммади Самрӣ, шурӯъи ғайбати куброро чунин эълом кард:

«Эй Алӣ ибни Муҳаммади Самрӣ! Худованд дар сувги фиқдони ту подошӣ бузург ба бародаронат ато кунад. Ту то шиш рӯзи дигар аз дунё хоҳӣ рафт. Корҳоятро мураттаб кун ва ҳеч касеро ба ҷонишинии худ магумор; Чароки ғайбати комил фаро расидааст ва зуҳуре ҷуз бо изни Худованди азза ваҷал нахоҳад буд ва он пас аз гузашти замонӣ тӯлонӣ ва сахт шудани дилҳо ва пур шудани замин аз ситам хоҳад буд. Касоне ба назди шиъаёнам хоҳанд омад ки муддаъии мушоҳида хоҳанд буд. Огоҳ бошед ки ҳар кас пеш аз хуруҷи Сӯфиёнӣ ва садои осмонӣ иддаъои мушоҳида кунад, дурӯғгӯ ва ифтиро зананда аст ва ҳеч ҳавл ва қуввае ҷуз ба Худованди баландмартаба ва азим нест». (Шейх Тувсӣ, Ал-Ғайба, с 242 ва 243)

Назари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар мавриди ин ақойид чист?

Ҳамчунин назари эшон дар мавриди зуҳури суғро ва зуҳури кубро ки бархӣ шиъаён ба он эътиқод доранд чист?

Гузораҳои мавриди ишораи шумо, ахборе ҳастанд ки ҳаргоҳ ба сурати мутавотир ривоят шуда бошанд, қатъӣ ва қобили эътиқоданд ва ҳаргоҳ ба сурати мутавотир ривоят нашуда бошанд, қатъӣ ва қобили эътиқод нестанд, ҳар чанд дар миёни мутаъаххирин шӯҳрат ёфта бошад; Чароки ахбори воҳид, муфиди заннанд ва занн дар Ислом эътиборе надорад; Чунонки Худованд бо сароҳат фармудааст: ﴿إِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا[1]; «Ҳароина занн чизеро аз ҳақ кифоят намекунад»; Монанди тавқиъаи мансуб ба Маҳдӣ алайҳи салом барои Алӣ ибни Муҳаммади Самрӣ ки танҳо тавассути як ровии маҷҳул ба номи «Абу Муҳаммад Ал-Ҳасан ибни Аҳмад Ал-Мактаб» ривоят шуда ва табъан хабарӣ қатъӣ ва қобили эътиқод маҳсуб намешавад, магар инки мурод аз «Мушоҳида» дар он, зуҳури Маҳдӣ алайҳи салом бошад; Зеро дар ин сурат, мувофиқ бо ахбори мутавотире аст ки таъкид мекунад Маҳдӣ алайҳи салом пас аз хуруҷи Сӯфиёнӣ ва садои осмонӣ зуҳур хоҳад кард ва бо ин васф, ҳар кас ки пеш аз он ду муддаъии зуҳури ӯ шавад, дурӯғгӯ ва ифтиро зананда аст ва ҳамчунин, ҳар касе ки муддаъии иртиботи мустамар бо ӯ шавад; Зеро он, зуҳури Маҳдӣ алайҳи салом нисбат ба ӯ маҳсуб мешавад ки пеш аз хуруҷи Сӯфиёнӣ ва садои осмонӣ мумкин нест, магар барои касе ки муддаъии он намешавад; Монанди ходимон ва ҳамроҳони Маҳдӣ алайҳи салом дар ғайбаташ, агар вуҷуд дошта бошанд ва бар ин асос, метавон маънои ин фақара аз хабарро саҳиҳ донист.

Аммо иддаъои вуҷуди ду зуҳур барои Маҳдӣ алайҳи салом, иддаъои бидуни далил аст.

Ба ҳар ҳол, чезе ки қатъӣ аст ва эътиқод ба он барои шумо зарурӣ ва судманд аст ин аст ки Маҳдӣ алайҳи салом дар ҳоли ҳозир ғойиб аст ва ғайбати ӯ ба сабаби тақсири шумо дар талаб, ҳифозат ва иъонати ӯст ва ҳаргоҳ ин тақсир бо тағйирӣ кофӣ дар ақида ва амали шумо бартараф шавад, ғайбати ӯ низ бартараф мешавад ва ин мисдоқи сухани Худованд аст ки фармудааст: ﴿إِنَّ اللَّهَ لَا يُغَيِّرُ مَا بِقَوْمٍ حَتَّى يُغَيِّرُوا مَا بِأَنْفُسِهِمْ[2]; «Бегумон Худованд чизе ки дар қавме астро тағйир намедиҳад то он гоҳ ки онон чизе ки дар худашон астро тағйир диҳанд»; Ҳамчунонки барои шумо зарурӣ ва судманд аст ки бидонед Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, муддаъии ниёбат аз ҷониби Маҳдӣ ё иртиботи мустамар бо ӯ нест, балки танҳо бар пояи китоби Худованд ва суннати қатъии Паёмбараш, барои зуҳури он ҳазрат заминасозӣ мекунад ва ин як иддаъо аз ҷониби ӯ маҳсуб намешавад, бал воқеъиятӣ ъайнӣ бар рӯйи замин аст ки аз тариқи ҳис, виҷдон мешавад; Бо таваҷҷуҳ ба инки даъвати ӯ ба сӯӣ Маҳдӣ алайҳи салом ба тартибе ки муқтазии зуҳури он ҳазрат аст, қобили дидан ва шунидан аст ва бо ин васф, барои тасдиқи он ба чизӣ бештар аз илтифот ба он ҳоҷат нест.

Худованд ба шумо ва сойири мусалмонон, тавфиқи ҳимоят аз Маҳдӣ алайҳи салом ба ҷойи ҳимоят аз дигаронро арзонӣ дорад; Зеро ҳимоят аз дигарон машаққате аст ки хайре бар он мутараттиб намешавад, вале ҳимоят аз Маҳдӣ алайҳи салом машаққате аст ки дар он хайри дунё ва охират аст, вале куҷо ёфт мешавад хирадмаде ки дар пайи хайри дунё ва охират бошад?!

↑[1] . Юнус/ 36
↑[2] . Раъд/ 11
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.