Сешанбе 23 Апрел 2024 мелодӣ / 14 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Оё ҳузури аллома Хуросонӣ дар боргоҳи имомзода Яҳё ибни Зейд ибни Алӣ ибни Ҳусейн (а) бадин маъно аст ки зиёрати имомзодагон аз назари эшон било монеъ аст? (Бар хилофи назари ваҳҳобиҳо ки онро ширк медонанд.)

Зиёрати қубури мӯъминон хусусан Паёмбарон ва солеҳон ба манзури ёд кардан аз онон ва дуруд фиристодан бар онон ва дуъои хайр барои онон ва таваҷҷуҳ ба охират, суннат аст, вале зиёрати қубури кофирон ва мунофиқон ва золимон ҷойиз нест; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَلَا تُصَلِّ عَلَى أَحَدٍ مِنْهُمْ مَاتَ أَبَدًا وَلَا تَقُمْ عَلَى قَبْرِهِ ۖ إِنَّهُمْ كَفَرُوا بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ وَمَاتُوا وَهُمْ فَاسِقُونَ[1]; «Ва ҳаргиз бар аҳаде аз онон ҳангоме ки мурд намоз нагузор ва бар қабри ӯ найист; Зеро онон ба Худованд ва Паёмбараш куфр варзиданд ва дар ҳоле мурданд ки фосиқ буданд»! Ҳамчунин, сафар кардан ба манзури зиёрати қубури мӯъминон хусусан Паёмбарон ва солеҳон ва низ сохтани масҷид дар наздики қабри онон барои ибодати Худованд, ишколе надорад; Чунонки Худованд дар достони асҳоби Каҳф фармудааст: ﴿إِذْ يَتَنَازَعُونَ بَيْنَهُمْ أَمْرَهُمْ ۖ فَقَالُوا ابْنُوا عَلَيْهِمْ بُنْيَانًا ۖ رَبُّهُمْ أَعْلَمُ بِهِمْ ۚ قَالَ الَّذِينَ غَلَبُوا عَلَى أَمْرِهِمْ لَنَتَّخِذَنَّ عَلَيْهِمْ مَسْجِدًا[2]; «Ҳангоме ки миёни худ низоъ мекарданд, пас гуфтанд ки бар онон баное (ба ёдбуб) бисозед, Парвардигорашон ба онон донотар аст, касоне ки бар корашон чира шуданд гуфтанд: Ҳароина бар онон масҷиде мегирем», аммо намоз гузордани перомуни қубури онон дар ҷойе ки қубури онон дида мешавад ва низ гардидан ба гирди қубури онон, шойиста нест; Чунонки Ҳасан ибни Қосими Теҳронӣ моро хабар дод, гуфт:

«سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنْ زِیارَةِ قَبْرِ الْحُسَیْنِ فَقالَ: زُرْهُ وَ سَلِّمْ عَلَیْهِ وَ سَلِ اللّهَ حاجَتَکَ! قُلْتُ: کَیْفَ أُسَلِّمَ عَلَیْهِ عِنْدَ قَبْرِهِ؟ قالَ: قُلْ: السَّلامُ عَلَیْکَ یا أَبا عَبْدِ اللّهِ، السَّلامُ عَلَیْکَ یَابْنَ رَسُولِ اللّهِ، أَشْهَدُ أَنَّکَ أَقَمْتَ الصَّلاةَ وَ آتَیْتَ الزَّکاةَ وَ أَمَرْتَ بِالْمَعْرُوفِ وَ نَهَیْتَ عَنِ الْمُنْکَرِ وَ جاهَدْتَ فِي اللّهِ حَقَّ جِهادِهِ حَتَّى أَتاکَ الْیَقینُ، فَلَعَنَ اللّهُ مَنْ قَتَلَکَ وَ لَعَنَ اللّهُ مَنْ أَمَرَ بِهِ وَ لَعَنَ اللّهُ مَنْ بَلَغَهُ ذَلِكَ فَرَضِيَ بِهِ، أَنا إِلَی اللّهِ مِنْهُمْ بَرِيء! قُلْتُ: فَأَطُوفَ بِقَبْرِهِ؟ قالَ: لا وَ لا تُصَلِّ بَیْنَ یَدَیْهِ وَ لَكِنْ تَنَحَّ ناحِیَةً وَ صَلِّ فِي بَعْضِ الرُّواقات!»[3]; «Аз Мансур дар бораи зиёрати қабри Ҳусейн пурсидам, пас фармуд: Онро зиёрат кун ва бар он ҳазрат салом бидеҳ ва ҳоҷататро аз Худованд бихоҳ! Гуфтам: Чигуна бар он ҳазрат дар қабраш салом диҳам? Фармуд: Бигӯ: Салом бар ту эй Або Абдуллоҳ! Салом бар ту эй писари Расули Худо! Гувоҳи медиҳам ки ту намозро бар по доштӣ ва закотро пардохтӣ ва ба маъруф амр кардӣ ва аз мункар боз доштӣ ва дар роҳи Худо чунонки шойиста буд ҷиҳод кардӣ то он гоҳ ки марг ба ту расид, пас Худованд лаънат кунад касеро ки туро кушт ва Худованд лаънат кунад касеро ки ба он амр кард ва Худованд лаънат кунад касеро ки аз он огоҳӣ ёфт ва ба он розӣ шуд, ман ба сӯӣ Худованд аз онон безорам! Гуфтам: Оё қабри ӯро тавоф кунам? Фармуд: На ба дар пеши рӯӣ он намоз нагузор, балки ба каноре бирав ва дар бархӣ ривоқҳо намоз бигзор!».

Ҳамчунонки издиҳом барои истиломи қубури онон, шойиста нест; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«رَأَیْتُ عِنْدَ قَبْرِ عَلِيِّ بْنِ مُوسَى شابّاً هاشِمیّاً وَجْهُهُ کَدائِرَةِ الْقَمَرِ وَ هُوَ یَقُولُ لِلْمُزْدَحِمینَ: ما بِهَذَا أُمِرْتُمْ!»; «Наздики қабри Алӣ ибни Мӯсо ҷавонӣ Ҳошимиро дидам ки рӯяш чун қурси моҳ буд ва ба издиҳом кунандагон (пиромуни қабр барои тавоф ва истиломи он) мефармуд: Ба ин (кор) амр нашудаем»!

Ҳамчунонки сохтани бино бар рӯӣ қубур ва оростани онҳо бо тилло ва нуқра, бидъати подшоҳон аст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«نَهَی الْعالِمُ عَنْ تَرْفیعِ الْقَبْرِ وَ الْبَناءِ عَلَیْهِ وَ قالَ: هَذَا ما أَخَذَ النّاسُ مِنْ مُلُوکِهِمْ وَ إِنَّ مُلُوکَهُمْ کانُوا مُسْرِفِینَ»; «Олим аз баланд сохтани қабрҳо ва бино ниҳодан бар рӯӣ онҳо наҳй кард ва фармуд: Ин чизе аст ки мардум аз подшоҳонашон фаро гирифтанд, дар ҳоле ки подшоҳонашон масруф буданд»!

↑[1] . Таба/ 84
↑[2] . Каҳф/ 21
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Таълиқот
Пурсишҳо ва посухҳои фаръӣ
Пурсиши
фаръии 1
Нависанда: Ризо Хонҷонӣ
Тарих: 4/11/2015

Дар робита бо посухи боло, чанд суъол барои банда эҷод шудааст ки мамнун мешавам иноят бифармойед ва посух диҳед:

Якум инки оё истинод ба кор меравад дар робита бо қубури асҳоби Каҳф ки наздики онҳо масҷиде сохтаанд саҳиҳ аст, дар ҳоле ки маълум нест ин мардум чи касоне будаанд ва оё корашон ҳуҷҷат будааст ё на?

Дуввум инки оё ҷавози сохтани масҷид дар наздики қубури аҳли байт бо адами ҷавози намоз гузордан пиромуни онҳо ки ҳазрати аллома баён фармудаанд, мунофот надорад?

Бо ташаккур

Посух ба пурсиши
фаръии 1
Тарих: 4/11/2015

Бародари арҷманд!

Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

Аввалан китоби Худованд як ровии бетараф нест ки танҳо дар мақоми гузориши корҳои мардум бидуни арзёбии онҳо бошад, бал китобӣ ҳидоятгар аст ки бо ҳадафи таълими пиромуни худ, корҳои мардумро гузориш мекунад ва ҳеҷ якеро бидуни рад ё таъйид боқӣ намегузорад. Бо ин васф, коре ки Худованд аз мардум дар замони асҳоби Каҳф гузориш карда, аз назари Ӯ бидуни ишкол будааст; Чароки агар ишколе дар он вуҷуд дошт, ба ҳеҷ ваҷҳ онро тақрир намекард, балки ҳатман онро рад мефармуд. Дар ҳоле ки натанҳо онро рад нафармуда, балки бо тавсифи аҳли он ба унвони касоне ки ﴿غَلَبُوا عَلَى أَمْرِهِمْ, онро ба наҳви зимнӣ таъйид фармудааст. Аз инҷо дониста мешавад ки дар посухи мазкур, ба «Кори мардум» истиноде нашуда, балки ба тақрир ва таъйиди Худованд истинод шудааст.

Сониян мурд аз сохтани масҷид дар наздики қубури солеҳон, сохтани масҷид бар рӯӣ қубури онон ба наҳве ки қубури онон дар масҷид воқеъ шавад нест; Зеро ба сароҳат гуфта шудааст ки намоз гузордан пиромуни қубури онон дар ҷойе ки қубури онон дида мешавад ва бино ниҳодан бар рӯӣ онон шойиста нест. Бо ин васф, сохтани масҷид дар наздики қубури онон ба наҳве ки қубури онон берун аз масҷид воқеъ шавад ва қобили рӯъят барои намозгузорон набошад, ишколе надорад; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки асл, ҷавози сохтани маҷид дар ҳар ҷойе аст магар ҷойе ки далойиле аз шаръ барои адами ҷавози он расида бошад ва он танҳо сохтани масҷид бар рӯӣ қубур аст; Ҳамчунонки бино ниҳодан бар рӯӣ қубур низ шойиста нест ва ҳазрати аллома Мансури Ҳошиаии Хуросонӣ онро «Бидъати подшоҳон» шумурдааст ки бар рӯӣ қубури худ биноҳо месохтанд.

Худованди меҳрубон бар тавфиқи шумо бародари арҷман бияфзояд.

*Барои тазеҳоти бештар, ба матни арабӣ муроҷиъа кунед.
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.