Панҷшанбе 18 Апрел 2024 мелодӣ / 9 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Оё дар набуди улгуӣ Паёмбар, аҳодиси мутавотир ҳуҷҷат аст? Яъне бо аҳодиси мутавотир мешавад наҳваи эъмоли диниро бардошт кард монанди наҳваи намоз хондан?

Худованд дар оёти фаровоне аз китоби худ, бар зарурати итоъат аз авомири Паёмбараш таъкид карда ва ба унвони мисол фармудааст: ﴿وَمَا أَرْسَلْنَا مِنْ رَسُولٍ إِلَّا لِيُطَاعَ بِإِذْنِ اللَّهِ[1]; «Ва ҳеҷ Паёмбареро нафиристодем магар барои онки ба изни Худованд итоъат шавад» Ва фармудааст: ﴿مَنْ يُطِعِ الرَّسُولَ فَقَدْ أَطَاعَ اللَّهَ ۖ وَمَنْ تَوَلَّى فَمَا أَرْسَلْنَاكَ عَلَيْهِمْ حَفِيظًا[2]; «Ҳар кас аз Паёмбар итоъат кунад, аз Худованд итоъат кардааст ва ҳар кас рӯй бигирад туро ба унвони нигаҳбоне бар онон нафиристодем» Ва фармудааст: ﴿وَأَطِيعُوا اللَّهَ وَرَسُولَهُ إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ[3]; «Ва аз Худованд ва Паёмбараш итоъат кунед агар мӯъмин ҳастед» Ва фармудааст: ﴿وَأَطِيعُوا اللَّهَ وَالرَّسُولَ لَعَلَّكُمْ تُرْحَمُونَ[4]; «Ва аз Худованд ва Паёмбар итоъат кунед, бошад ки мавриди раҳмат қарор бигиред» Ва фармудааст: ﴿وَأَطِيعُوا الرَّسُولَ لَعَلَّكُمْ تُرْحَمُونَ[5]; «Ва аз Паёмбар итоъат кунед, бошад ки мавриди раҳмат қарор гиред» Ва фармудааст: ﴿فَلْيَحْذَرِ الَّذِينَ يُخَالِفُونَ عَنْ أَمْرِهِ أَنْ تُصِيبَهُمْ فِتْنَةٌ أَوْ يُصِيبَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ[6]; «Пас бояд касоне ки аз амри Ӯ сарпечӣ мекунанд битарсанд ки ононро фитнае бирасад ё азобӣ дарднок бирасад» Ва фармудааст: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا أَطِيعُوا اللَّهَ وَأَطِيعُوا الرَّسُولَ وَلَا تُبْطِلُوا أَعْمَالَكُمْ[7]; «Эй касоне ки имон овардед! Аз Худованд итоъат кунед ва аз Паёмбар итоъат кунед ва аъмоли худро ботил насозед» Ва фармудааст: ﴿وَمَا آتَاكُمُ الرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَاكُمْ عَنْهُ فَانْتَهُوا ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ ۖ إِنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ[8]; «Ва ҳар чи Паёмбар ба шумо дод онро ахз кунед ва ҳар чи шуморо аз он наҳй кард худдори кунед ва аз Худо битарсед; Чароки иқоби Худо шадид аст» Ва фармудааст: ﴿لَقَدْ كَانَ لَكُمْ فِي رَسُولِ اللَّهِ أُسْوَةٌ حَسَنَةٌ لِمَنْ كَانَ يَرْجُو اللَّهَ وَالْيَوْمَ الْآخِرَ وَذَكَرَ اللَّهَ كَثِيرًا[9]; «Ҳароина барои шумо дар Паёмбари Худо улгуӣ неку барои касе аст ки ба Худо ва рӯзи вопасин умед дорад ва Худоро бисёр ёд мекунад» Ва фармудааст: ﴿وَمَا كَانَ لِمُؤْمِنٍ وَلَا مُؤْمِنَةٍ إِذَا قَضَى اللَّهُ وَرَسُولُهُ أَمْرًا أَنْ يَكُونَ لَهُمُ الْخِيَرَةُ مِنْ أَمْرِهِمْ ۗ وَمَنْ يَعْصِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ فَقَدْ ضَلَّ ضَلَالًا مُبِينًا[10]; «Ва ҳеҷ марди мӯъмин ё зани мӯъминеро намерасад ки чун Худованд ва Паёмбараш амреро содир карданд барояшон дар корашон ихтиёре бошад ва ҳар кас Худованд ва Паёмбарашро нофармонӣ кунад ҳароина ба гумроҳии ошкоре дучор омадааст». Бо ин васф, возеҳ аст ки амал ба чизе ки Паёмбар ба он амар карда ва тарки чизе ки Паёмбар аз он наҳй карда, воҷиб аст ва вуҷуби он аз заруриёти Исломи шумурда мешавад, сарфи назар аз инки айнан дар китоби Худованд омада бошад ё наёмада бошад; Чароки амр ва наҳйи он Ҳазрат, қатъан бо китоби Худовнад мунофоте надорад, балки табйин кунандаи он ба изни Худованд аст; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَأَنْزَلْنَا إِلَيْكَ الذِّكْرَ لِتُبَيِّنَ لِلنَّاسِ مَا نُزِّلَ إِلَيْهِمْ وَلَعَلَّهُمْ يَتَفَكَّرُونَ[11]; «Ва Қуръонро ба сӯӣ ту нозил кардем то барои мардум чизе ки ба сӯяшон нозил шудро табйин кунӣ ва бошад ки онон андеша кунанд»; Монанди инки Худованд амр ба намоз хонданро ба сурати ом дар Қуръон нозил кардааст то Паёмбараш чигунагии онро ба сурати ҷузъӣ барои мардум табйин кунад.

Бале, он Ҳазрат илова бар инки тиловат кунандаи китоби Худованд бар мардум аст, таълим диҳандаи он ба онон ва таълим диҳандаи ҳикмат ба онон ва тазкия кунандаи онон низ шумурда мешавад ки ногузир аз тариқи суннати ӯ сурат мегирад; Чунонки Худованд дар ин бора фармудааст: ﴿لَقَدْ مَنَّ اللَّهُ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ إِذْ بَعَثَ فِيهِمْ رَسُولًا مِنْ أَنْفُسِهِمْ يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِهِ وَيُزَكِّيهِمْ وَيُعَلِّمُهُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَإِنْ كَانُوا مِنْ قَبْلُ لَفِي ضَلَالٍ مُبِينٍ[12]; «Ҳароина Худованд бар мӯъминон миннат ниҳод ки Паёмбаре аз худашонро дар миёнашон барангехт то оёти Ӯро бар онон бихонад ва ононро тазкия кунад ва китоб ва ҳикмат биёмӯзад агарчи пештар дар гумроҳии ошкоре буданд»; Бо таваҷҷуҳ ба инки «Ҳикмат» баъд аз «Китоб» ва «Тазкияи мардум ва таълими китоб ба онон» баъд аз «Хондани оёти Худованд бар онон» зикр шуда ки зоҳир дар тафовут ва муғойирати он ду бо якдигар аст ва мафҳуми «Қуръон» ва «Суннат» ро табйин мекунад. Аз инҷо дониста мешавад ки Қуръон ошкоро ба сӯӣ суннати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фаро мехонад ва бар ҳуҷҷияти он далолат мекунад ва бо ин васф, касоне ки Қуръонро ҳуҷҷат медонанд, ногузир бояд ба ҳуҷҷияти суннати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам гардан ниҳанд; Чароки адами эътиқод ба ҳуҷҷияти суннати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, тамарруд дар баробари Қуръон аст.

Аммо табиъӣ аст ки вуҷуби итоъат аз амр ва наҳйи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, мубтанӣ бар яқин ба он аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки занни ба он бино бар қоъидаи ﴿إِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا[13] кофӣ шумурда намешавад ва яқин ба он зотан ва табиъатан ҳуҷҷат аст ва бо ин васф, ҳар кас яқин ба амр ва наҳйи он Ҳазрат пайдо кунад, воҷиб аст ки аз он итоъат кунад ва яқин ба он аз ду тариқ ҳосил мешавад: Шунидани он аз худи он Ҳазрат барои касе ки дар назди ӯ ҳозир аст ё шунидани хабари он аз иддаи касире ки табонишон бар кизб ва иҷмоъашон бар хато ақлан мумкин нест ва ин мурод аз сухани Худованд аст ки фармудааст: ﴿إِنَّ فِي ذَلِكَ لَذِكْرَى لِمَنْ كَانَ لَهُ قَلْبٌ أَوْ أَلْقَى السَّمْعَ وَهُوَ شَهِيدٌ[14]; «Ҳароина дар он мояи тазаккуре барои касе аст ки барои ӯ ақле ҳаст ё гӯш фаро медорад дар ҳоле ки ҳозир аст»; Бо таваҷҷуҳ ба инки ҳуҷҷияти хабари мутавотир аз он Ҳазрат ақлӣ аст ва ҳуҷҷияти шунидан аз он Ҳазрат танҳо барои касе аст ки ба ӯ гӯш фаро медорад дар ҳоле ки ҳозир аст. Бо ин ҳол, бояд таваҷҷуҳ дошт ки ин сухани Худованд, иршод ба як ҳукми ақлӣ аст; Чароки ҳуҷҷияти хабари мутавотир, моҳияти ақлӣ дорад; Ба ин маъно ки ақл, бо лиҳози касрат ва ҳамоҳангии ровиёни он, эҳтимоли кизб будан ё хато будани онро намедиҳад ва ба сиҳҳати он қатъ пайдо мекунад; Ҳамчунонки дар бораи алфози Қуръон ин корро анҷом медиҳад ва асолати онҳоро бо лиҳози ривояти онҳо ба сурати мутавотир аз Паёмбар, мепазирад ва қатъӣ медонад.

Ҳосил онки суннати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳаргоҳ қатъ ба судури он аз тариқи ҳиссӣ ё ақлӣ вуҷуд дошта бошад, ҳуҷҷат аст ва табъан метавонад ба унвони табйин кунандаи умумоти Қуръон, мабнои ақойид ва аъмоли мусалмонон воқеъ шавад; Чунонки ба унвони намуна, теъдоди ракаъоти намоз ва аркони он, ба сурати ҷузъӣ дар Қуръон наёмада, вале ба сурати мутавотир аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят шуда ва аз ин рӯ, амал бар тибқи он бар мусалмонон воҷиб аст ва дар айни ҳол, амал бар тибқи Қуръон шумурда мешавад; Чароки Қуръон амал бар тибқи суннати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро дар сурати яқин ба он воҷиб карда ва ин ҳадди эътидоле аст ки ҳар кас аз он пеш афтода ё пас монда, гумроҳ шудааст ва пеш афтодан аз он, эътиқод ба ҳуҷҷияти ахбори воҳид ва ғайри яқинӣ аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва пас мондагон аз он, эътиқод ба адами ҳуҷҷияти ахбори мутавотир ва яқинӣ аз он Ҳазрат аст ки мисдоқи ифрот ва тафрит шумурда мешавад ва дар ҳар ду сӯ, таволии фасод ва хатарнокӣ дорад.

*Барои тазеҳоти бештар, ба матни арабӣ муроҷиъа кунед.
↑[1] . Нисоъ/64
↑[2] . Нисоъ/80
↑[3] . Анфол/1
↑[4] . Оли Имрон/132
↑[5] . Нур/56
↑[6] . Нур/63
↑[7] . Муҳаммад/33
↑[8] . Ҳашр/7
↑[9] . Аҳзоб/21
↑[10] . Аҳзоб/36
↑[11] . Наҳл/44
↑[12] . Оли Имрон/164
↑[13] . Юнус/36
↑[14] . Қоф/37
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.