Шанбе 25 Март 2023 мелодӣ баробар бо 3 Рамазон 1444 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсе аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Оёте аз Қуръон ки бар ин далолат доранд; Ояи 6. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Ҷаноби Мансури Ҳошимии Хуросонӣ решаи мушкилоти фаровони фарҳангӣ дар ҷомеъаи моро дар чи чизе мебинанад? Дар мардум ё ҳокимият ё таҳоҷумӣ фарҳангӣ ё ...? Барои мутолеъа ва дарёфти посух, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Гуфтори ҷадид: Ду гуфтор аз он ҳазрат дар бораи ҳукми қарз додан ба шарти ақдӣ машрӯъ ва пас гирифтани он бо нархи рӯз. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Нақди ҷадид: Оё ақли ҳар фард инқадр болиғ ҳаст ки битавонад меъёри ташхис бошад? Барои мутолеъа ва дарёфти барраси, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading

занни пайравонашон ба мутобиқти гуфтаҳо ва кардаҳои онҳо бо шаръ аст ки мусалламан барои пайравӣ аз онҳо, кофӣ нест; Бо таваҷҷуҳ ба инки илм ба мутобиқати чизе бо шаръ, барои эътиқод ё амали ба он, зарурӣ аст ва занн наметавонад мабнои ақида ва амали мусалмон вақеъ шавад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَمَا لَهُمْ بِهِ مِنْ عِلْمٍ ۖ إِنْ يَتَّبِعُونَ إِلَّا الظَّنَّ ۖ وَإِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا﴾[1]; «Ононро ба он илме нест; Онон ҷуз аз занн пайравӣ намекунанд, дар ҳоле ки занн чизеро аз ҳақ бениёз намегардонад»!

Ба илова, мусалмонон, барои огоҳӣ аз гуфтаҳо ва кардаҳои касоне ки аз онҳо тақлид мекунанд, ба худи онҳо муроҷиъа намекунанд; Зеро онон ғолибан аз касоне тақлид мекунанд ки мурдаанд ва дастрасӣ ба онҳо мумкин нест ва ошноӣ бо осорашон низ ба муқаддамоте аз қабили ошноӣ бо забони Арабӣ ва мусталаҳоти фиқҳӣ ва каломӣ ниёзманд аст ки онон фоқиди онанд ва аз ин рӯ, ба касоне ҷуз онҳо муроҷиъа мекунанд ки аз гуфтаҳо ва кардаҳои онҳо хабар медиҳад, дар ҳоле ки мутобиқати хабари инҳо бо воқеъ, монанди ҳар хабари воҳиди дигаре қатъӣ нест ва таъассури он аз ҷаҳл ё аҳвоъи инҳо муҳтамал аст ва ин ба маънои таҳсили занн, аз тариқӣ заннӣ аст ки торикӣ бар рӯӣ торикӣ шумурда мешавад. Рӯшан аст ки диёнате то ин андоза муттакӣ бар занн, бисёр суст ва бе эътибор аст ва наметавонад ҳақиқати Ислом бошад ва аз ин ҳайс монеъи шинохт шумурда мешавад ки аҳли он, ҳаққро дар сурате ки бар хилофи фатвои олимонашон бошад, ботил мепиндоранд, дар ҳоле ки мухолифати он бо фатвои олимонашон, мусталзими бутлони он нест, балки мусталзими бутлони фатвои олимонашон аст; Чароки мусалламан ҳақ бо риҷол шинохта намешавад, бал ин риҷоланд ки бо ҳақ шинохта мешаванд, агарчи бисёр мӯҳтарам ва муъаззам бошанд ва ҳақ аз риҷол ба эҳтиром ва таъзим сазовортар аст.

Ба илова бисёрӣ аз олимони мусалмон дар асри ҳозир, одил ба назар намерасанд; Чароки гурӯҳе аз онон бо ҳокимони золим ҳамкорӣ мекунанд ва барои ифсод дар замин ва тафриқаафканӣ миёни мусалмонон мекӯшанд ва гурӯҳе аз онон риёсат

↑[1] . Наҷм/ 28