Чоршанбе 7 Июн 2023 мелодӣ / 18 Зулқаъда 1444 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсе аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Оёте аз Қуръон ки бар ин далолат доранд; Ояи 10. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Ҷаноби Мансури Ҳошимии Хуросонӣ решаи мушкилоти фаровони фарҳангӣ дар ҷомеъаи моро дар чи чизе мебинанад? Дар мардум ё ҳокимият ё таҳоҷумӣ фарҳангӣ ё ...? Барои мутолеъа ва дарёфти посух, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Гуфтори ҷадид: Ду гуфтор аз он ҳазрат дар бораи ҳукми қарз додан ба шарти ақдӣ машрӯъ ва пас гирифтани он бо нархи рӯз. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Нақди ҷадид: Оё ақли ҳар фард инқадр болиғ ҳаст ки битавонад меъёри ташхис бошад? Барои мутолеъа ва дарёфти барраси, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading

мубтанӣ бар ақланд ва ҳар як дар ҷиҳате, ақлро ба кор бастаанд. Бинобарин, ҳар файласуфе оқил аст, вале ҳар оқиле файласуф нест ва ончи меъёри шиохт аст, ақл аст на фалсафа. Ба иборати дигар, мурод аз ақл, онҷо ки меъёри шинохт шумурда мешавад, ақли навъӣ уқало аст на ақли шахсии фалосифа ва рӯшан аст ки тафаккури уқалоӣ бо тафаккури фалсафӣ тафовут дорад. Аз ин рӯ, мухолифат бо фалсафа набояд ба мухолифат бо ақл мунҷар шавад; Чароки ақл мусовӣ бо фалсафа нест ва илтизом ба он бо илтизом ба фалсафа мулозимае надорад. Ҳар чанд ақл дар мавзуъоте ки аҳаммияти хоссе доранд, диққати назари хоссе ба харҷ медиҳад ки ба диққати назари фалсафӣ шабеҳ мешавад, вале набояд ин диққати назарро рӯй овардан ба фалсафа ба маънои мусталаҳ донист; Чароки маншаъи он танҳо банои уқало бар диққати назари бештар дар мавзӯъоти муҳимтар аст; Чунонки Худованд барои исботи ваҳдонияти худ фармудааст: ﴿لَوْ كَانَ فِيهِمَا آلِهَةٌ إِلَّا اللَّهُ لَفَسَدَتَا ۚ﴾[1]; «Агар дар осмон ва замин Худоёне ҷуз Аллоҳ буд, нобуд мешуданд» Бо ин тақрир ки Худоёни мутаъаддид, маншаъи тазод буданд ва тазод, маншаъи нобудӣ буд, дар ҳоле ки осмон ва замин нобуд нашудаанд, пас дар он ду Худоёне ҷуз Аллоҳ нест. Рӯшан аст ки ин як диққати назари ақлӣ аст ва бо ин васф, наметавон онро фалсафа шумурд; Чароки мусалламан Худованд як файласуф нест ва китоби Ӯ як китоби фалсафӣ шумурда намешавад. Бинобарин, диққати назарҳои ақлӣ дар мавзуъоти муҳимме монанди ақойид, ҳатто бино бар адами қабули фалсафа, мумкин ва ҷойиз аст. Ҳамчунонки ман худ фалсафаро дӯст намедорам; Чароки ҳар чанд натоиҷи он баъзан саҳиҳ аст, шеваи он мутафовит бо шеваи уқалост ва беш аз онки ба кори онон ояд, зеҳнӣ ва интизоӣ аст. Аз ин рӯ, ман фалсафаро корӣ ғайри уқалоӣ медонам; Зеро бино бар таърифи ман, фалсафа тафаккур дар бораи чизҳое аст ки уқало одатан дар бораи онҳо тафаккур намекунанд, монанди асолати вуҷуд ва моҳият ва аҳкоми ҷавҳар ва аъроз; Вагарна тафаккур дар бораи чизҳое ки уқало одатан дарбори онҳо тафаккур мекунанд, ҳар чанд бо диққати назари ақлӣ бошад, фалсафа нест, балки таъаққул номида мешавад. Бинобарин, ончи фалсафаро аз таъаққул ҷудо мекунад, беш аз шеваӣ он, мавзӯъи он аст.

↑[1] . Анбиёъ/ 22