Душанбе 9 декабр 2019 мелодӣ баробар бо 12 рабеъ-ул-сони 1441 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсиш ва посух

   
Мавзӯъи аслӣ:

Аҳком

Шумораи пурсиш: 6 Коди пурсиш: 127
Мавзӯъи фаръӣ:

Аҳкоми ҳиҷоб, никоҳ ва равобити ҷинсӣ

Нависандаи пурсиш: Ф. Дараҷотӣ Тарихи пурсиш: 30/03/2016

Хонаводае як духтари як соларо аз парваришгоҳ гирифтаанд ва чанд вақти қабл мавориди маҳрвмиятро аз ҳазрати аллома савол кардаанд ва ҷавоби комилро дарёфт кардаанд ки ҳеҷ як аз шаройити маҳрамиятро надоштанд, вале алъон ки фарзандхонда як солу ҳашт моҳа шуда, ба тозагӣ зани бародари падархонда фарзанде таваллуд карда ва шаройити ширдиҳӣ барояш фароҳам шудааст, вале бо таваҷҷуҳ ба инки бача бузург аст ва аз макидан худдорӣ мекунад, баъзе гуфтаанд ки агар 15 бор мутаволӣ битавонед ба даҳони бача шир бидӯшед ва ӯ қурт бидиҳад, маҳрамият байни падар ва духтар эҷод мешавад. Ҳол ин хонавода паём додаанд ки аз ҳазрат бипурсед агар мо бачаро давои хоб бидиҳем ва битавонем бидуни инки дар байни он чизе бихурад 15 бор пай дар пай ба ӯ аз шири зани амакаш бихунонем, оё дар ин сурат маҳрамият байни духтар ва падар хондааш ҳосил мешавад?

Посух ба пурсиши шумораи: 6 Тарихи посух ба пурсиш: 31/03/2016

Худованд дар китоби худ заноне ки ба инсон шир додаандро ба манзалаи модар ва аз ҷумлаи маҳорими ӯ дониста ва фармудааст: «وَأُمَّهَاتُكُمُ اللَّاتِي أَرْضَعْنَكُم» (Нисоъ/ 23); <<Ва модаронатон ки ба шумо шир додаанд>> Ва бо ин васф, ҳаргоҳ зане ба духтаре шир бидиҳад, ҳукми модари ӯро пайдо мекунад ва табъан сипас маҳрамияти ӯ ба бархӣ наздикони худ аз ҷумла шавҳар ва бародари шавҳараш мешавад, машрут ба инки аввалан шир додан ба духтар дар даврони ширхорагии ӯ яъне қабл аз расиданаш ба ду соли комили қамарӣ бошад, бо таваҷҷуҳ ба инки Худованд фармудааст: «وَالْوَالِدَاتُ يُرْضِعْنَ أَوْلَادَهُنَّ حَوْلَيْنِ كَامِلَيْنِ ۖ لِمَنْ أَرَادَ أَنْ يُتِمَّ الرَّضَاعَةَ ۚ» (Бақара/ 233); <<Ва модарон фарзандони худро ду соли комил шир медиҳанд барои касе ки мехоҳад шир доданро комил кунад>> Ва сониян шир додан ба духтар ба сурати комил ва ба андозае бошад ки табиъатан дар рушди ӯ муъассир аст ва ба истилоҳ гӯшти ӯро мерӯёнад ва устухонашро муҳкам мекунад, бо таваҷҷуҳ ба ривоёти мутавотир дар манобеъи фаровон ва бо таваҷҷуҳ ба инки мутабодир аз сухани Худованд дар китобаш чунин шир додане аст, на шир доданӣ нотамом ва ба андозае ки табиъатан дар рушди ӯ таъсире надорад ва ин шарте аст ки бино бар назари аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, бо сер шудани кӯдак аз шир пас аз гуруснагии ӯ ҳосил мешавад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «قُلْتُ لَهُ: مَتیٰ حُرِّمَتِ ٱلْمَرْأَةُ بِٱلرَّضاعَةِ؟ قالَ: إِنَّمَا ٱلرَّضاعَةُ مِنَ ٱلْمَجاعَةِ فَإِذا جاعَ ٱلصَّبِيُّ فَشَبِعَ مِنْ لَبَنِها فَقَدْ حُرِّمَتْ عَلَیْهِ، قُلْتُ: إِنَّهُمْ یَقُولُونَ إِذا أَنْبَتَ ٱللَّحْمَ وَ شَدَّ ٱلْعَظْمَ! قالَ: إِذا أَشْبَعَهُ مِنْ جُوعٍ فَقَدْ أَنْبَتَ وَ شَدَّ»; <<Ба он ҳазарт гуфтам: Чи ҳангоме зан бо шир додан маҳрам мешавад? Фармуд: Ҷуз ин нест ки шир додан (кифоят кунанда) аз гуруснагӣ аст, пас ҳангоме ки кӯдак гурусна бошад, пас бо шири ӯ сер шавад, ба ӯ маҳрам мешавад, гуфтам: Онҳо мегӯянд ҳангоме ки гӯшт бирӯёнад ва устухон муҳкам кунад! Фармуд: Ҳангоме ки ӯро аз гуруснагӣ сер кунад, мерӯёнад ва муҳкам мекунад>>!

Бар ин асос, агар кӯдае ки камтар аз ду соли қамарӣ дорад, дар ҳолати гуруснагӣ ба қадре аз шири зан бихурад ки бидуни хӯрдан аз ғазойи дигар комилан сер шавад, маҳрамият пайдо мекунад, вале оё шир додани маҷбурӣ ба ӯ дар ҳолати хоб кофӣ аст? Зоҳиран ин аст ки на; Зеро мутабодир аз сухани Худованд дар китобаш шир додан ба сурати мутаъораф аст ва он ба ин сурат аст ки кӯдак бо иштиҳои ношӣ аз гуруснагӣ, пистони занро ба даҳон бигирад ва аз он шир бихурад то ҳангоме ки сер шавад ва аз рӯӣ серӣ онро раҳо кунад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «سَمِعْتُهُ یَقُولِ لِٱمْرَأَةٍ سَأَلَتْهُ عَنِ ٱلرَّضاعِ: ٱلْمَصَّةُ وَ ٱلْمَصَّتانِ لَیْسَتْ بِرَضاعٍ وَ لٰکِنَّ ٱلرَّضاعَ أَنْ تُرْضِعِیهِ مِنْ ثَدْیِكِ ٱلَّذِي أَنْعَمَ ٱللّهُ بِهِ عَلَیْكِ وَ هُوَ جائِعٌ حَتّیٰ یَتَضَلَّعَ وَ یَشْبَعَ وَ یَنْتَهِيَ نَفْسُهُ»; <<Шунидам он ҳазрат ба зане ки аз ӯ дар бораи шир додан пурсид мефармояд: Як бор макид ва ду бор макид шир додан нест, бал шир додан он аст ки ӯро дар ҳоле ки гурусна аст аз пистони худ ки Худованд бо он ба ту неъмат бахшидааст шир диҳӣ то инки пур ва сер шавад ва худаш бас кунад>>!

Оре, агар кӯдак дар тӯли як шабонарӯз аз ғазое ҷуз шири зан тағзия накунад низ маҳрамият ҳосил мешавад, ҳар чанд дар ҳар бор шир хӯрдан ба қадри сер шудан шир нахурад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «قُلْتُ لَهُ: کَمْ رَضْعَةً تُحَرِّمُ ٱلْوَلَدَ؟ خَمْسٌ؟ أَوْ عَشْرٌ؟ أَوْ خَمْسُ عَشَرَ؟ قال: دَعْ عَنْكَ هٰذا وَ لٰکِنْ إِذا کَفَتْهُ یَوْماً وَ لَیْلَةً فَقَدْ حَرَّمَتْهُ»; <<Ба он ҳазрат гуфтам: Чанд бор шир додан маҳрам месозад? Панҷ бор? Ё даҳ бор? Ё понздаҳ бор? Фармуд: Инро раҳо кун, вале ҳаргоҳ як шабонарӯз ӯро (аз ғазои дигар ва шири зани дигар) кифоят кунад, ӯро маҳрам месозад>>!

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Таваҷҷуҳ: Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои посухгӯӣ бар ҳар пурсиш, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани пурсишҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин пурсишҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули посух дода мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?