Нависандаи пурсиш: Ф. Дараҷотӣ Тарихи пурсиш: 30/3/2016

Хонаводае як духтари як соларо аз парваришгоҳ гирифтаанд ва чанд вақти қабл мавориди маҳрвмиятро аз ҳазрати аллома савол кардаанд ва ҷавоби комилро дарёфт кардаанд ки ҳеҷ як аз шаройити маҳрамиятро надоштанд, вале алъон ки фарзандхонда як солу ҳашт моҳа шуда, ба тозагӣ зани бародари падархонда фарзанде таваллуд карда ва шаройити ширдиҳӣ барояш фароҳам шудааст, вале бо таваҷҷуҳ ба инки бача бузург аст ва аз макидан худдорӣ мекунад, баъзе гуфтаанд ки агар 15 бор мутаволӣ битавонед ба даҳони бача шир бидӯшед ва ӯ қурт бидиҳад, маҳрамият байни падар ва духтар эҷод мешавад. Ҳол ин хонавода паём додаанд ки аз ҳазрат бипурсед агар мо бачаро давои хоб бидиҳем ва битавонем бидуни инки дар байни он чизе бихурад 15 бор пай дар пай ба ӯ аз шири зани амакаш бихунонем, оё дар ин сурат маҳрамият байни духтар ва падар хондааш ҳосил мешавад?

Посух ба пурсиши шумораи: 2 Тарихи посух ба пурсиш: 31/3/2016

Худованд дар китоби худ заноне ки ба инсон шир додаандро ба манзалаи модар ва аз ҷумлаи маҳорими ӯ дониста ва фармудааст: ﴿وَأُمَّهَاتُكُمُ اللَّاتِي أَرْضَعْنَكُمْ[1]; «Ва модаронатон ки ба шумо шир додаанд» Ва бо ин васф, ҳаргоҳ зане ба духтаре шир бидиҳад, ҳукми модари ӯро пайдо мекунад ва табъан сипас маҳрамияти ӯ ба бархӣ наздикони худ аз ҷумла шавҳар ва бародари шавҳараш мешавад, машрут ба инки аввалан шир додан ба духтар дар даврони ширхорагии ӯ яъне қабл аз расиданаш ба ду соли комили қамарӣ бошад, бо таваҷҷуҳ ба инки Худованд фармудааст: ﴿وَالْوَالِدَاتُ يُرْضِعْنَ أَوْلَادَهُنَّ حَوْلَيْنِ كَامِلَيْنِ ۖ لِمَنْ أَرَادَ أَنْ يُتِمَّ الرَّضَاعَةَ[2]; «Ва модарон фарзандони худро ду соли комил шир медиҳанд барои касе ки мехоҳад шир доданро комил кунад» Ва сониян шир додан ба духтар ба сурати комил ва ба андозае бошад ки табиъатан дар рушди ӯ муъассир аст ва ба истилоҳ гӯшти ӯро мерӯёнад ва устухонашро муҳкам мекунад, бо таваҷҷуҳ ба ривоёти мутавотир дар манобеъи фаровон ва бо таваҷҷуҳ ба инки мутабодир аз сухани Худованд дар китобаш чунин шир додане аст, на шир доданӣ нотамом ва ба андозае ки табиъатан дар рушди ӯ таъсире надорад ва ин шарте аст ки бино бар назари аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, бо сер шудани кӯдак аз шир пас аз гуруснагии ӯ ҳосил мешавад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«قُلْتُ لَهُ: مَتَى تُحَرَّمُ الْمَرْأَةُ بِالرَّضَاعَةِ؟ قَالَ: إِنَّمَا الرَّضَاعَةُ مِنَ الْمَجَاعَةِ، فَإِذَا جَاعَ الصَّبِيُّ فَشَبِعَ مِنْ لَبَنِهَا فَقَدْ حُرِّمَتْ عَلَيْهِ، قُلْتُ: إِنَّهُمْ يَقُولُونَ إِذَا أَنْبَتَ اللَّحْمَ وَشَدَّ الْعَظْمَ! قَالَ: إِذَا أَشْبَعَهُ مِنْ جُوعٍ فَقَدْ أَنْبَتَ وَشَدَّ»; «Ба он ҳазарт гуфтам: Чи ҳангоме зан бо шир додан маҳрам мешавад? Фармуд: Ҷуз ин нест ки шир додан (кифоят кунанда) аз гуруснагӣ аст, пас ҳангоме ки кӯдак гурусна бошад, пас бо шири ӯ сер шавад, ба ӯ маҳрам мешавад, гуфтам: Онҳо мегӯянд ҳангоме ки гӯшт бирӯёнад ва устухон муҳкам кунад! Фармуд: Ҳангоме ки ӯро аз гуруснагӣ сер кунад, мерӯёнад ва муҳкам мекунад».

Бар ин асос, агар кӯдае ки камтар аз ду соли қамарӣ дорад, дар ҳолати гуруснагӣ ба қадре аз шири зан бихурад ки бидуни хӯрдан аз ғазойи дигар комилан сер шавад, маҳрамият пайдо мекунад, вале оё шир додани маҷбурӣ ба ӯ дар ҳолати хоб кофӣ аст? Зоҳиран ин аст ки на; Зеро мутабодир аз сухани Худованд дар китобаш шир додан ба сурати мутаъораф аст ва он ба ин сурат аст ки кӯдак бо иштиҳои ношӣ аз гуруснагӣ, пистони занро ба даҳон бигирад ва аз он шир бихурад то ҳангоме ки сер шавад ва аз рӯӣ серӣ онро раҳо кунад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَمِعْتُهُ يَقُولُ لِامْرَأَةٍ سَأَلَتْهُ عَنِ الرَّضَاعِ: الْمَصَّةُ وَالْمَصَّتَانِ لَيْسَتْ بِرَضَاعٍ، وَلَكِنَّ الرَّضَاعَ أَنْ تُرْضِعِيهِ مِنْ ثَدْيِكِ الَّذِي أَنْعَمَ اللَّهُ بِهِ عَلَيْكِ وَهُوَ جَائِعٌ، حَتَّى يَتَضَلَّعَ وَيَشْبَعَ وَيَنْتَهِيَ نَفْسُهُ»; «Шунидам он ҳазрат ба зане ки аз ӯ дар бораи шир додан пурсид мефармояд: Як бор макид ва ду бор макид шир додан нест, бал шир додан он аст ки ӯро дар ҳоле ки гурусна аст аз пистони худ ки Худованд бо он ба ту неъмат бахшидааст шир диҳӣ то инки пур ва сер шавад ва худаш бас кунад».

Оре, агар кӯдак дар тӯли як шабонарӯз аз ғазое ҷуз шири зан тағзия накунад низ маҳрамият ҳосил мешавад, ҳар чанд дар ҳар бор шир хӯрдан ба қадри сер шудан шир нахурад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«قُلْتُ لَهُ: كَمْ رَضْعَةً تُحَرِّمُ الْوَلَدَ؟ خَمْسٌ؟ أَوْ عَشْرٌ؟ أَوْ خَمْسُ عَشَرَ؟ قَالَ: دَعْ عَنْكَ هَذَا، وَلَكِنْ إِذَا كَفَتْهُ يَوْمًا وَلَيْلَةً فَقَدْ حَرَّمَتْهُ»; «Ба он ҳазрат гуфтам: Чанд бор шир додан маҳрам месозад? Панҷ бор? Ё даҳ бор? Ё понздаҳ бор? Фармуд: Инро раҳо кун, вале ҳаргоҳ як шабонарӯз ӯро (аз ғазои дигар ва шири зани дигар) кифоят кунад, ӯро маҳрам месозад».

↑[1] . Нисоъ/ 23
↑[2] . Бақара/ 233