Ҷумъа 6 декабр 2019 мелодӣ баробар бо 9 рабеъ-ул-сони 1441 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсиш ва посух

   
Мавзӯъи аслӣ:

Аҳком

Шумораи пурсиш: 4 Коди пурсиш: 99
Мавзӯъи фаръӣ:

Аҳкоми ҳиҷоб, никоҳ ва равобити ҷинсӣ

Нависандаи пурсиш: Муҳаммад Ҷавод Тарихи пурсиш: 02/01/2016

Слом бар заминасозони ҳукумати валии амри муслимини ҷаҳон ва сарвари муваҳҳидони холис!

Барои ислоҳи эътиқодоти худ ва дурӣ аз занн, суъолоте доштам:

1 . Оё дар шурӯъи Ислом чизе ба номи издивоҷи муваққат, он ҳам ба сурати махфӣ вуҷуд дорад?

2 . Чаро уламои мазоҳиби аҳли суннат онро ҳаром медонанд ва уламои шиъа онро воҷиб?

3 . Оё агар касе маҷбур бошад ба издивоҷи муваққат, кӯмак ба ӯ воҷиб аст ё хайр?

4 . Оё агар касе тамоюл ба издивоҷи доъим надорад ва издивоҷи муваққат анҷом медиҳад ишкол дорад?

5 . Оё духтарон ҳаққи чунин издивоҷе доранд?

6 . Оё бидуни ризояти зан чунин издивоҷе [барои шавҳари ӯ] муҷоз аст?

7 . Дар ҷомеъаи имрӯзи муслимин, ҷавононе ки хоҳони издивоҷ ҳастанд ва шароити лозим вуҷуд надорад ва наметавонанд иффат пеша кунанд чи кунанд? Чи касе масъул аст?

Посух ба пурсиши шумораи: 4 Тарихи посух ба пурсиш: 12/01/2016

Посухи пурсишҳои шумо ба тартиби зер аст:

1 . Никоҳ ба маънои ақдӣ шаръӣ аст ки ба муҷиби он, мард муҷоз ба истимтоъ аз зан бо ивазе маълум мешавад ва осори он таҳаққуқи эҳсон, вилоят, таворис ва интишори маҳрумият аст ва давоми он ақлан ё шаръан шарт нест; Ақлан ба далили инки асли адами иштирот аст ва таъйини муддат барои никоҳ мунофоте бо муқтазои он надорад, ҳамчунонки бо қатъ ба талоқ балки қасди он мунъақид мешавад ва ҳар коре ки барои ҳамеша ҷойиз аст, ба таври авло барои муддатӣ маҳдуд ҷойиз хоҳад буд ва шаръан ба далили зоҳири сухани Худованд ки фармудааст: «فَمَا اسْتَمْتَعْتُمْ بِهِ مِنْهُنَّ فَآتُوهُنَّ أُجُورَهُنَّ فَرِيضَةً ۚ» (Нисоъ/ 24); <<Пас касоне аз занҳо ки мутъа мекунед, муздҳошонро ба унвони як фариза ба онҳо бипардозед>>, бино бар зоҳири лафзи <<Истимтоъ>> дар мутъа ва бино бар қироъати Убай ибни Каъб ва Абдуллоҳ ибни Аббос ки муштамил бар «إِلی أَجَلٍ مُسَمًّی» ва сариҳи дар никоҳи муваққат аст (нигоҳ кунед ба: Табарӣ, Ҷомеъул баён, ҷ5, с18; Наҳос, Маъониул Қуръон, ҷ3, с61; Қуртубӣ, Ал-Ҷомеъул аҳкомул Қуръон, ҷ5, с130) ва ин қавли аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва қавли бисёрӣ аз саҳоба монанди Абдуллоҳ ибни Аббос (Мусаннафи Абдурраззоқ, ҷ7, с497; Муснади Аҳмад, ҷ1, с52 ва 337; Саҳиҳул Бухорӣ, ҷ6, с129; Саҳиҳул Муслим, ҷ4, с131), Абдуллоҳ ибни Масъуд (Саҳиҳул Бухорӣ, ҷ3, с84; Саҳиҳул Муслим, ҷ4, с130), Имрон ибни Ҳасин (Муснади Аҳмад, ҷ4, с429; Сунани Дорамӣ, ҷ2, с35; Саҳиҳул Бухорӣ, ҷ2, с153 ва ҷ5, с158; Саҳиҳул Муслим, ҷ4, с48), Ҷобир ибни Абдуллоҳ (Муснади Аҳмад, ҷ1, с52 ва ҷ3, с380; Саҳиҳул Бухорӣ, ҷ6, с129; Саҳиҳул Муслим, ҷ4, с130), Абу Саъиди Худрӣ (Муснади Аҳмад, ҷ3, с22) ва Салама ибни Акуъ (Саҳиҳул Бухорӣ, ҷ6, с129; Саҳиҳул Муслим, ҷ4, с130), балки ҳамаи саҳобаи киром то пеш аз авохири хилофати Умар ибни Хаттоб аст ва ба бисёрӣ аз бузургони тобеъин монанди Товусси, Атоъи, Саъид ибни Ҷубайр ва сойири фақиҳони Макка нисбат дода шудааст (нигоҳ кунед ба: Ибни Ҳазм, Ал-Муҳалло, ҷ9, с520).

Бо ин ҳол, анҷоми он ба сурати махфиёна, бар хилофи суннати Паёмбар аст; Чароки суннати Паёмбар дар никоҳ, эълони он агарчи бо гирифтани як ё ду шоҳид аст то аз мафосиде монанди тӯҳмат пешгирӣ кунад, на ихфои он ки муносиби равобити ғайри машрӯ аст ва бо ин васф, ҳар чи никоҳ аланитар анҷом шавад беҳтар аст, ҳар чанд агар ба далили узр ё зарурате махфиёна анҷом шавад, ботил нест ва Худованд бахшояндаи меҳрубон аст.

2 . Ихтилофи мазоҳиби Исломӣ, миёни вуҷуб ва ҳурмати никоҳи муваққат нест, балки миёни ибоҳа ва ҳурмати он аст; Ба ин тартиб ки олимони шиъа онро мубоҳ ва олимони аҳли суннат онро ҳаром медонанд; Чароки ба заъми олимони аҳли суннат, ҳар чанд никоҳи муваққат бино бар зоҳири китоби Худованд ва бино бар суннати мутавотири Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар садри Ислом ҷойиз буда, баъдан дар ҷанги Хайбар ё ҷанги Табук ё фатҳи Макка ё ҷойи дигар, тавассути он Ҳазрат насх шудааст, дар ҳоле ки бино бар мабнои асили аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> (с238), насхи Қуръон бо суннат мумкин нест ва Қуръон танҳо бо Қуръон насх мешавад; Чунонки Худованд фармудааст: «مَا نَنْسَخْ مِنْ آيَةٍ أَوْ نُنْسِهَا نَأْتِ بِخَيْرٍ مِنْهَا أَوْ مِثْلِهَا ۗ» (Бақара/ 106); <<Ҳар ояе ки насх кунем ё аз ёдҳо бибарем, ояи беҳтар аз он ё монанди он меоварем>>; Фориғ аз онки асл бар адами насхи ҳукми Худованд аст, то ҳангоме ки насхи он собит шавад, дар ҳоле ки насхи ин ҳукм собит нест ва бо инкори аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва инкори бисёрӣ аз саҳоба ва тобеъин мувоҷа шудааст.

Оре, бархӣ аз олимони аҳли суннат, ояи «إِلَّا عَلَىٰ أَزْوَاجِهِمْ» (Мӯъминун/ 6) ва ояи Мерос (Нисоъ/ 12) ро носихи ин ҳукм пиндоштаанд, бо ин тақрир ки ояи нахуст робитаи ҷинсӣ бо ғайри азвоҷро некуҳида донистааст, дар ҳоле ки зани ақд шуда дар никоҳи муваққат аз азвоҷ нест ва ояи дуввум азвоҷро мустаҳаққи мерос шумурдааст, дар ҳоле ки зани ақд шуда дар никоҳи муваққат мустаҳаққи мерос нест, аммо возеҳ аст ки чунин тақрире маҳзи муғолита аст; Зеро агар никоҳи муваққат ҷойиз бошад, зани ақд шуда дар он аз азвоҷ шумурда мешавад ва ояи Мерос, никоҳи ӯро ботил намекунад, балки меросӣ ӯро собит мекунад ва ин возеҳтар аз он аст ки бар касе пӯшида бимонад, магар бар касе ки дар кашокаши таъассуб ва истеҳсон саргардон аст, дар ҳоле ки таъассуб аз шинохти ҳақ боз медорад ва истеҳсон асле дар Ислом надорад; Чунонки Худованд фармудааст: «فَعَسَىٰ أَنْ تَكْرَهُوا شَيْئًا وَيَجْعَلَ اللَّهُ فِيهِ خَيْرًا كَثِيرًا» (Нисоъ/ 19); <<Пас шояд аз чизе кароҳат дошта бошед ва Худованд дар он хайри бисёре қарор дода бошад>>!

3 . Агар мусалмоне барои раҳойи аз ҳаром, ба никоҳи муваққат ва барои никоҳи муваққат ба кӯмаки соири мусалмонон ниёзманд бошад, бар соири мусалмонон воҷиб аст ки дар ҳадди тавони худ ба ӯ кӯмак кунанд; Чунонки Худованд фармудааст: «وَتَعَاوَنُوا عَلَى الْبِرِّ وَالتَّقْوَىٰ ۖ» (Моъида/ 2); <<Ва ба якдигар дар некӣ ва парҳезкорӣ кӯмак кунед>> Ва ин дар робита бо хонавода, наздикон, ятимон, мустамандон, ҳамсоягон, дӯстон ва мусофирон муъаккадтар аст; Чунонки Худованд аз онон ёд карда ва фармудааст: «وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا وَبِذِي الْقُرْبَىٰ وَالْيَتَامَىٰ وَالْمَسَاكِينِ وَالْجَارِ ذِي الْقُرْبَىٰ وَالْجَارِ الْجُنُبِ وَالصَّاحِبِ بِالْجَنْبِ وَابْنِ السَّبِيلِ» (Нисоъ/ 36); <<Ва ба падар ва модар эҳсон кунед ва ба наздикон ва ятимон ва мустамандон ва ҳамсояи хешованд ва ҳамсояи канорӣ ва дӯсти ҳамнишин ва дар роҳ монда>>.

4 . Мусалламан никоҳи доъим аз никоҳи муваққат беҳтар аст ва баракоти бештаре барои фард ва ҷомеъа дорад ва бо ин васф, худдорӣ аз он бо вуҷуди тавоноӣ, барои иктифо ба никоҳи муваққат, тарки авло шумурда мешавад ва бар хилофи ҳикмат ва мурувват аст; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки ҳадаф аз ташриъи никоҳи муваққат дар Ислом, боз доштани мусалмонон аз никоҳи доъим набуда, бал тахфифе аз ҷониби Худованд барои касоне аз онон будааст ки тавонойии никоҳи доъимро надоранд ва метарсанд ки ба сахтӣ бияфтанд; Чунонки фармудааст: «يُرِيدُ اللَّهُ أَنْ يُخَفِّفَ عَنْكُمْ ۚ وَخُلِقَ الْإِنْسَانُ ضَعِيفًا» (Нисоъ/ 28); <<Худованд мехоҳад ки ба шумо тахфиф диҳад ва инсон нотавон офарида шуд>>.

5 . Никоҳи бокира, бо изни волии ӯ ҷойиз аст ва дар ин бора фарқе миёни доъим ва муваққат нест.

6 . Агар марде худдорӣ аз никоҳи муваққатро барои ҳамсари худ аҳд карда бошад, воҷиб аст ки ба аҳди худ вафо кунад; Чунонки Худованд фармудааст: «وَالْمُوفُونَ بِعَهْدِهِمْ إِذَا عَاهَدُوا ۖ» (Бақара/ 177); <<Вафо кунандагон ба аҳдашон ҳангоме ки аҳд кунанд>> Ва фармудааст: «وَالَّذِينَ هُمْ لِأَمَانَاتِهِمْ وَعَهْدِهِمْ رَاعُونَ» (Мӯъминун/ 8); <<Ва касоне ки амонатҳошон ва аҳдашонро риъоят мекунанд>> Ва фармудааст: «بَلَىٰ مَنْ أَوْفَىٰ بِعَهْدِهِ وَاتَّقَىٰ فَإِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الْمُتَّقِينَ» (Оли Имрон/ 76); <<Оре, касе ки ба аҳди худ вафо кунад ва парҳезкорӣ пеш гирад, Худованд парҳезкоронро дӯст медорад>>, магар онки барои маҳфуз мондан аз ҳаром ба анҷоми он ногузир шавад ки дар ин сурат, Худованд омӯрзандаи меҳрубон аст.

7 . Бар ҷавононе ки агар никоҳ накунанд ба ҳаром олуда мешаванд, воҷиб аст ки ба ҳар тариқи мумкин никоҳ кунанд, агарчи бо гирифтани қарз ва бар хонавода ва наздикон ва ҳамсоягон ва дӯстони онон воҷиб аст ки ононро дар ин кор ёрӣ расонанд ва агар ҳеч тариқе барои онон ба никоҳи доъим ё муваққат нест, воҷиб аст ки тақво пеш гиранд то Худованд барои онон тариқе бигушояд; Чунонки фармудааст: «وَمَنْ يَتَّقِ اللَّهَ يَجْعَلْ لَهُ مَخْرَجًا ۝ وَيَرْزُقْهُ مِنْ حَيْثُ لَا يَحْتَسِبُ ۚ» (Талоқ/ 2 ва 3); <<Ва ҳар кас аз Худованд парво кунад барои ӯ роҳи бурунрафте қарор медиҳад ва ӯро аз ҷойе ки намепиндорад рӯзӣ мерасонад>> Ва тақвои онон дар гарави сабр ва намоз аст; Чунонки фармудааст: «يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اسْتَعِينُوا بِالصَّبْرِ وَالصَّلَاةِ ۚ إِنَّ اللَّهَ مَعَ الصَّابِرِينَ» (Бақара/ 153); <<Эй касоне ки имон овардед! Аз сабр ва намоз кӯмак бигиред; Чароки Худованд бо собирон аст>> Ва аз бузургтарин масодиқи сабр, муроқибат бар рӯза аст ки оташи шаҳватро хомӯш мекунад ва хислати покдоманон аст; Чунонки Худованд фармудааст: «وَالصَّائِمِينَ وَالصَّائِمَاتِ وَالْحَافِظِينَ فُرُوجَهُمْ وَالْحَافِظَاتِ» (Аҳзоб/ 35); <<Ва мардон ва занони рӯзадор ва мардони ва заноне ки иффати худро ҳифз мекунанд>>. Вонгаҳе бар онон воҷиб аст ки барои сохтани заминаи зуҳури Маҳдӣ қиём кунанд; Зеро Маҳдӣ мушкилоти онон монанди душвории никоҳ, аз табаъоти зоҳир набудани Маҳдӣ барои онон аст ки иҷро кунандаи аҳкоми Ислом ва зинда кунандаи суннати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ва бо ин васф, касоне аз онон ки барои сохтани заминаи зуҳури Маҳдӣ қиём намекунанд, дар душмории никоҳ барои худ муқассиранд ва узре барои вуқуъ дар ҳаром –ҳаргоҳ дар он вуқуъ шаванд– надоранд.

Ҳосил онки никоҳи муваққат бо риъояти ҳамаи аҳкоми никоҳи доъим аз қабули волӣ, шуҳуд, ақд, маҳр ва идда, ишколе надорад, вале возеҳ аст ки набояд ҷанбаи исроф пайдо кунад ва ба пӯшише барои фуҷур ё василае барои зулм ба занҳо табдил шавад ва аз ҳудуде ки Худованд ва Паёмбараш барои он таъйин кардаанд бигзарад ва Худованд ба ҳар коре огоҳ аст.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Шумораи
таълиқ:
1
Нависандаи
таълиқ:
Абулфазл
Тарихи
таълиқ:
31/01/2017

Агар назари алломаро дар мавриди издивоҷи муваққат бипазирем дар мавриди оя тъедоди завҷа ки маҳдудияти 4 ҳамсар дар Қуръон аст дар ин маврид ҳам сидқ мекунад ё маҳдудияте надорад?

Посух ба таълиқи: 1 Тарихи посух ба таълиқ: 10/02/2017

Ҳамон тавр ки дар боло табйин шуда, зане ки ба издивоҷи муваққат даромадааст, ё <<Завҷа>> маҳсуб мешавад ки дар ин сурат яке аз азвоҷи чаҳоргона ва дорои ҳуқуқ ва таколифи онон аст ва ё <<Завҷа>> маҳсуб намешавад ки дар ин сурат наздикӣ бо ӯ ҷойиз нест; Чароки Худованд ба рӯшанӣ фармудааст: «وَالَّذِينَ هُمْ لِفُرُوجِهِمْ حَافِظُونَ ۝ إِلَّا عَلَىٰ أَزْوَاجِهِمْ أَوْ مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُهُمْ فَإِنَّهُمْ غَيْرُ مَلُومِينَ ۝ فَمَنِ ابْتَغَىٰ وَرَاءَ ذَٰلِكَ فَأُولَٰئِكَ هُمُ الْعَادُونَ» (Мӯъминун/ 5 то 7); <<Ва касоне ки аз фарҷҳои худ посдорӣ мекунанд, магар бар азвоҷашон ё касоне ки ба канизӣ гирифтаанд; Чароки онон маломат намешаванд, пас ҳар кас чизе ғайр аз он биҷӯяд онон таъаддӣ кунандагонанд>>, дар ҳоле ки зани ақд шуда дар издивоҷи муваққат мусалламан каниз маҳсуб намешавад ва бо ин васф, агар аз азвоҷ ҳам маҳсуб нашавад, ногузир аз «وَرَاءَ ذَٰلِكَ»; <<Чизе ғайр аз он>> маҳсуб мешавад ки ибтиғоъи он ҳаром аст.

Оре, мумкин аст гуфта шавад ки зани ақд шуда дар издивоҷи муваққат аз <<Азвоҷ>> маҳсуб мешавад, вале мутабодир аз лафзи <<Азвоҷ>> дар китоби Худованд, занони ақд шуда дар издивоҷи доъиманд ва бо ин васф, шумули ҳамаи ҳуқуқ ва таколифи онон бар зани ақд шада дар издивоҷи муваққат собит нест ва табъан шумули ҳар як ниёз ба далили хос дорад, дар ҳоле ки ин сухане бар хилофи қоъида аст; Зеро инсирофи зеҳни ба занони ақд шуда дар издивоҷи доъим ба ҳангоми шунидани лафзи <<Азвоҷ>>, танҳо ношӣ аз ғалабаи вуҷуд ё икмол будани моҳияти онон аст ки инсирофӣ бадавӣ аст ва ба умуми лафз зиёне намерасонад ва бо ин васф, қоъида он аст ки ҳамаи ҳуқуқ ва таколифи онон шомили зани ақд шуда дар издивоҷи муваққат мешавад, магар ҳақ ё таклифе ки бо далиле аз китоби Худованд ё тавофуқӣ машрӯъ миёни завҷайн соқит шуда бошад. Бинобарин, зани ақд шуда дар издивоҷи муваққат қатъан яке аз чаҳор завҷа маҳсуб мешавад; Чароки Худованд ӯро аз онон ҷудо надониста, балки бо сароҳат фармудааст: «فَانْكِحُوا مَا طَابَ لَكُمْ مِنَ النِّسَاءِ مَثْنَىٰ وَثُلَاثَ وَرُبَاعَ ۖ فَإِنْ خِفْتُمْ أَلَّا تَعْدِلُوا فَوَاحِدَةً أَوْ مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُكُمْ ۚ ذَٰلِكَ أَدْنَىٰ أَلَّا تَعُولُوا» (Нисоъ/ 3); <<Пас бо ҳар теъдод аз занон ки дӯст медоред ду ва се ва чаҳорто издивоҷ кунед, пас агар тарсидед ки адолат наварзед пас бо яке ё касе ки ба канизӣ гирифтед, он наздиктар аст ба инки ситам накунед>> Ва фармудааст: «وَمَنْ لَمْ يَسْتَطِعْ مِنْكُمْ طَوْلًا أَنْ يَنْكِحَ الْمُحْصَنَاتِ الْمُؤْمِنَاتِ فَمِنْ مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُكُمْ مِنْ فَتَيَاتِكُمُ الْمُؤْمِنَاتِ ۚ» (Нисоъ/ 25); <<Ва ҳар кас аз шумо ки тавонойии издивоҷ бо занони озоди мӯъминро надорад, пас бо касоне аз канизони мӯъминатон ки моликаш ҳастед (издивоҷ кунед)>> Ва ин сариҳи дар он аст ки издивоҷ ё бо ҳадди аксари чаҳор зани озод машрӯъ аст ва ё бо канизон ва ҳолати севвуме машрӯъият надорад ва бо ин васф, зани ақд шуда дар издивоҷи муваққат ё яке аз чаҳор зани озод маҳсуб мешавад ва ё яке аз канизон, дар ҳоле ки яке аз канизон маҳсуб намешавад; Чароки занӣ озод аст ва бо ақди никоҳ ба завҷият даромадааст ва табъан мулҳақ карданаш ба канизон мумкин нест, агарчи бо истинод ба ривоёте аз аҳли байт ки мегӯянд: «هُنَّ بِمَنْزِلَةِ الْإِماءِ» (Кулайнӣ, Ал-кофӣ, ҷ5, с451); <<Онон ба манзалаи канизонанд>>; Чароки онҳо ривоётӣ воҳид ва мухолиф бо асл ва зоҳир, балки мухолиф бо китоби Худованд ҳастанд ва бо ривоётӣ дигар аз аҳли байт таъоруз доранд ки мегӯянд: «هِيَ مِنَ الْأَرْبَعِ» (Ҳумайрӣ, Қарибуссинод, с366; Табарӣ, Ал-Истисор, ҷ3, с147 ва 148); <<Ӯ аз чаҳор зан аст>>!

Ҳосил онки ҷамъ кардани беш аз чаҳор завҷа, агарчи ҳамаи онон муваққати бошанд, ҷойиз нест ва ин қавли аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ва мувофиқ бо эҳтиёт аст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنِ الْمُتْعَةِ أَهِيَ مِنَ الْأَرْبَعِ؟ قالَ: نَعَمْ، قُلْتُ: إِنَّهُمْ یَقُولُونَ لَیْسَتْ مِنَ الْأَرْبَعِ وَ لا مِنَ السَّبْعِینَ! قالَ: مَنْ لا یُغْنِیهِ الْأَرْبَعُ فَلا یُغْنِیهِ السَّبْعُونَ»; <<Аз Мансур дар бораи мутъа пурсидам ки оё аз чаҳорто аст? Фармуд: Оре, гуфтам: Инҳо мегӯянд ки аз чаҳорто нест, балки аз ҳафтодто ҳам! Фармуд: Касе ки чаҳорто ӯро бениёз намекунад ҳафтодто ҳам ӯро бениёз намекунад>>!

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Шумораи
таълиқ:
2
Нависандаи
таълиқ:
Содиқ Деҳёр
Тарихи
таълиқ:
20/06/2018

Салом ва дуруди фаровон бар аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ (нафсӣ вақоҳ) ва бар ёрони ӯ

Зани муваққат чи тавр метавонад аз ҳамсари худ ҷудо шавад дар сурате ки шавҳари ӯ розӣ набуда ки муддати боқӣ мондаро ба ӯ бибахшад?

Агар он зан чизе аз маҳрияи худро дарёт накарда бошад метавонад худро аз ақди он мард раҳо созад?

Миқдори иддае ки зани муваққат бояд бигирад чиқадр хоҳад буд?

Бо ташаккур аз заҳамоти шумо бародарон

Посух ба таълиқи: 2 Тарихи посух ба таълиқ: 26/06/2018

Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

1 . Завҷайн дар никоҳи муваққат бо саромадани муддати он аз якдигар ҷудо мешаванд; Чароки муқтазои муваққат будани он ҳамин аст, вале оё талоқ дар он воқеъ мешавад? Пас аз саромадани муддати он на; Чароки талоқ ба маънои озод сохтани завҷа аз қайди завҷият аст ва пас аз саромадани муддати он завҷияте боқӣ намондааст то озод сохтани завҷа аз қайди он мумкин бошад, вале пеш аз саромадани муддати он оре; Чароки озод сохтани завҷа аз қайди завҷият, дар ин ҳолат мумкин аст; Ба ин сурат ки завҷ муддати боқи мондаро ба завҷа бибахшад ва ӯро бо лафзӣ сариҳ аз қайди завҷият озод кунад. Бинобарин, талоқ дар никоҳи муваққат пеш аз инқизоъи муддаташ воқеъ мешавад; Чароки вуқуъи он дар ин ҳолат мумкин ва машмули умумот ва итлоқоти Қуръон ва суннат дар бораи талоқи завҷа аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки завҷа дар никоҳи муваққат аз ҳайси завҷа будан бо завҷа дар никоҳи доъим фарқе надорад ва бо ин васф, талоқи ӯ ҳаргоҳ мумкин бошад, воқеъ мешавад, бал метавон гуфт ки ҳар кас никоҳи ӯ саҳиҳ аст, талоқи ӯ низ саҳиҳ аст, магар дар мавориде ки талоқи ӯ таҳсили ҳосил маҳсуб мешавад; Монанди мулоъина миёни завҷайн ва иртидоди яке аз он ду ки шаръан барои ҷудойии он ду аз якдигар кофӣ аст. Оре, иддаъо шудааст ки қоъилони ба ҷавози никоҳи муваққат, бар адами вуқуъи талоқ дар он пеш аз инқизоъи муддаташ иҷмоъ доранд ва ин аз назари касоне монанди Шариф Муртазо (Ал-интисор, с276) далилӣ кофӣ барои адами вуқуъи талоқ дар он пеш аз инқизоъи муддаташ аст, вале аз назари аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ (Бозгашт ба Ислом, с61) иҷмоъ аз он ҳайс ки мубтанӣ бар истиқроъи ноқис аст, илмовар нест ва аз ин рӯ, наметавонад умумот ва итлоқоти Қуръон ва суннатро тахсис занад ва бо ин васф, талоқ дар никоҳи муваққат пеш аз инқизоъи мқддаташ воқеъ мешавад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ یَقُولُ: فِي الْمُتْعَةِ طَلاقٌ ما لَمْ یَنْقَضِ الْأَجَلُ فَإِذَا انْقَضَی الْأَجَلُ فَفُرْقَةٌ بِغَیْرِ طَلاقٍ»; <<Шунидам Мансур мефармояд: Дар мутъа талоқ аст то ҳангоме ки муддати он сипарӣ нашуда бошад, пас чун муддати он сипарӣ шуд, ҷудойи бидуни талоқ аст.>>

Ва ба табъи талоқ, хулуъ низ имкони вуқуъ дар онро дорад ва он ба ин тартиб аст ки завҷа ба далили кароҳаташ аз завҷ, ҳамаи маҳр ё бахше аз онро ба ӯ бибахшад дар изои инки ӯ вайро талоқ диҳад. Бинобарин, завҷа дар никоҳи муваққат пеш аз инқизоъи муддати он, ҳаргоҳ аз завҷ кароҳат дошта бошад метавонад бо базли ҳамаи маҳр ё бахшӣ аз он, ӯро ба талоқи худ розӣ кунад; Чунонки Худованд фармудааст: «وَلَا يَحِلُّ لَكُمْ أَنْ تَأْخُذُوا مِمَّا آتَيْتُمُوهُنَّ شَيْئًا إِلَّا أَنْ يَخَافَا أَلَّا يُقِيمَا حُدُودَ اللَّهِ ۖ فَإِنْ خِفْتُمْ أَلَّا يُقِيمَا حُدُودَ اللَّهِ فَلَا جُنَاحَ عَلَيْهِمَا فِيمَا افْتَدَتْ بِهِ ۗ تِلْكَ حُدُودُ اللَّهِ فَلَا تَعْتَدُوهَا ۚ وَمَنْ يَتَعَدَّ حُدُودَ اللَّهِ فَأُولَٰئِكَ هُمُ الظَّالِمُونَ» (Бақара/ 229); <<Ва барои шумо ҳалол нест ки чизе аз ончи ба занон пардохтаедро бигиред магар инки он ду (зан ва шаваҳар) битарсанд ки ҳудуди Худовандро барпо надоранд, пас агар тарсидед ки ҳудуди Худовандро барпо надоранд ишколе надорад ки зан чизеро фидя бидиҳад (то мард ӯро талоқ диҳад), инҳо ҳудуди Худованд аст пас аз онҳо таҷовуз накунед ва ҳар кас аз ҳудуди Худованд таҷовуз кунад онон ҳамонон золимонанд>>.

2 . Иддаи талоқ дар никоҳи муваққат пеш аз инқизоъи муддати он, монанди иддаи талоқ дар никоҳи доъим се покӣ аст; Чароки ояи «وَالْمُطَلَّقَاتُ يَتَرَبَّصْنَ بِأَنْفُسِهِنَّ ثَلَاثَةَ قُرُوءٍ ۚ» (Бақара/ 228); <<Ва занони муталоқа се покӣ барои худ интизор баранд>> ом аст ва шомили ҳар ду мешавад ва иддаи талоқ барои зане ки ҳайз намебинад, дар ҳар ду се моҳ аст; Чароки ояи «وَاللَّائِي يَئِسْنَ مِنَ الْمَحِيضِ مِنْ نِسَائِكُمْ إِنِ ارْتَبْتُمْ فَعِدَّتُهُنَّ ثَلَاثَةُ أَشْهُرٍ وَاللَّائِي لَمْ يَحِضْنَ ۚ» (Талоқ/ 4); <<Ва касоне аз занонатон ки аз ҳайз ноумед шудаанд агар шак кардед иддаяшон се моҳ аст ва касоне ки ҳайз нашудаанд>> ом аст ва шомили ҳар ду мешавад ва иддаъи талоқ барои занони бордор, дар ҳар ду вазъи ҳамл аст; Чунонки ояи «وَأُولَاتُ الْأَحْمَالِ أَجَلُهُنَّ أَنْ يَضَعْنَ حَمْلَهُنَّ ۚ» (Талоқ/ 4); <<Ва занони бордор иддаяшон ин аст ки борашонро бигзоранд>> ом аст ва шомили ҳар ду мешавад ва иддаи вафот дар ҳар ду чаҳор моҳу даҳ рӯз аст; Чунонки ояи «وَالَّذِينَ يُتَوَفَّوْنَ مِنْكُمْ وَيَذَرُونَ أَزْوَاجًا يَتَرَبَّصْنَ بِأَنْفُسِهِنَّ أَرْبَعَةَ أَشْهُرٍ وَعَشْرًا ۖ» (Бақара/ 234); <<Ва мардоне аз шумо ки мемиранд ва заноне барҷо мегузоранд, занонашон чаҳор моҳу даҳ рӯз барои худ интизор баранд>> ом аст ва шомили ҳар ду мешавад, вале иддаи ҷудойи дар никоҳи муваққат бо инқизоъи муддати он, маҳалли таъаммул аст ва машҳур онро иддаи каниз донистаанд ки ду ҳайз аст; Чароки ҷудойи дар он бо инқизоъи муддат, талоқ маҳсуб намешавад то завҷаро машмули оя кунад, дар ҳоле ки ӯ ҳар чанд машмули оя намешавад, каниз ҳам нест то машмули ҳукми каниз шавад ва қиёси ӯ бо каниз қиёси маъалфориқ аст. Бо ин васф, далиле бар эътибори иддаи муъаян барои ӯ вуҷуд надорад; Чароки Худованд танҳо иддаи талоқ ва иддаи вафотро муъаян карда ва иддаи ҷудойи бо инқизоъи муддатро муъаян накарда ва бо ин васф, иддаи ҷудойи бо инқизоъи муддат аз бобои истиброъи раҳим аст то илми шаръӣ ба адами ҳамл ҳосил шавад ва он як ҳайз ва бино бар эҳтиёт ду ҳайз аст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنْ عِدَّةِ الْمُتَمَتَّعِ بِها، فَقالَ: حَیْضَةٌ تَسْتَبْرِئُ بِها رَحِمَها وَ الْأَفْضَلُ أَنْ تَعْتَدَّ بِحَیْضَتَیْنِ لِکَیْلا تُشْبِهَ الزّانِیَةَ»; <<Аз Мансур дар бораи иддаи зане пурсидам ки ба никоҳи мутъа даромадааст, пас фармуд: Як ҳайз ки бо он раҳими худро истиброъ мекунад ва беҳтар аст ки бо ду ҳайз идда нигоҳ дорад то ба зани зинокор шабеҳ нашавад>>.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Таваҷҷуҳ: Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои посухгӯӣ бар ҳар пурсиш, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани пурсишҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин пурсишҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули посух дода мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?