Сешанбе 19 Март 2024 мелодӣ / 8 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Ҳамин имом Маҳдӣ ки меояд мардҳоро мекушад ва шиками занҳои ҳомиларо пора мекунад! Ҳамин мардҳое ки мекушад чи касоне ҳастанд?

Ин «Гумони баде» дар бораи имом Маҳдӣ алайҳи салом аст ки воқеъият надорад; Чароки бино бар ривоёти мутавотири Исломӣ, имом Маҳдӣ алайҳи салом халифаи Худованд ва халифаи Паёмбари Ӯст ва бо ин васф, ҳаргиз бар хилофи китоби Худованд ва бар хилофи суннати Паёмбари Ӯ амал намекунад ва табъан ҳеҷ бегуноҳеро намекушад ва шиками ҳеҷ зани ҳомилаеро пора намекунад! Чунин ҷиноёте танҳо аз халифаҳои мардум сар мезанад ки ҷаббор ва ситамгар ҳастанд ва барои касб ва ҳифзи қудрат, хуни бегуноҳонро мерезанд ва дар замин табоҳӣ меангезанд; Монанди халифаҳои Умавӣ ва Аббосӣ дар гузашта ва халифаи доъиш ва ҳокимони мустабидди дигар дар замоне ки аз ҳеҷ ҷинояте барои касб ва ҳифзи қудрат фуругузори накардаанд, дар ҳоле ки имом Маҳдӣ алайҳи салом тавассути Худованд ва Паёмбари Ӯ мансуб шудааст ва он ду бар хилофи мардум, ҷабборӣ ситамгарро мансуб намекунанд то хуни бегуноҳонро бирезад ва дар замин табоҳӣ ангезад. Аз ин рӯ, вақте фариштагон низ монанди шумо чунин гумони баде ёфтанд ва тарсиданд ки халифаи Худованд дар замин дар он табоҳӣ ангезанд ва хуни бегуноҳонро бирезад, Худованд тарси ононро нобаҷо донист ва ёдоварӣ кард ки Ӯ беҳтар медонад чи касеро халифаи Худ дар замин қарор диҳад; Чунонки фармудааст: ﴿وَإِذْ قَالَ رَبُّكَ لِلْمَلَائِكَةِ إِنِّي جَاعِلٌ فِي الْأَرْضِ خَلِيفَةً ۖ قَالُوا أَتَجْعَلُ فِيهَا مَنْ يُفْسِدُ فِيهَا وَيَسْفِكُ الدِّمَاءَ وَنَحْنُ نُسَبِّحُ بِحَمْدِكَ وَنُقَدِّسُ لَكَ ۖ قَالَ إِنِّي أَعْلَمُ مَا لَا تَعْلَمُونَ[1]; «Ва чун Парвардигорат ба фариштагон гуфт: Ман дар замин халифаеро қарор диҳандаам, гуфтанд: Оё дар он касеро қарор медиҳӣ ки дар он табоҳӣ меангезанд ва хунҳо мерезанд?! Дар ҳоле ки мо ба ситойиши Ту тасбеҳ мегӯйем ва Туро тақдис мекунем, Гуфт: Ман чизе медонам ки шумо намедонед» Ва сипас номи ҳамаи хулафоъи худ дар заминро ба иттилоъи онон расонд то бидонанд ки онон ҳамагӣ имомони ҳидоят ва адолат ҳастанд ва ҳеҷ кофир ё золиме дар миёни онон нест; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنْ قَوْلِ اللّهِ تَعَالَى: ﴿وَعَلَّمَ آدَمَ الْأَسْمَاءَ كُلَّهَا ثُمَّ عَرَضَهُمْ عَلَى الْمَلَائِكَةِ فَقَالَ أَنْبِئُونِي بِأَسْمَاءِ هَؤُلَاءِ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ ما کانَتْ تِلْكَ الْأَسْماءُ؟ فَقالَ: کانَتْ أَسْماءَ خُلَفاءِ اللّهِ فِي الْأَرْضِ لِأَنَّهُ لَمّا قالَ لِلْمَلائِکَةِ: ﴿إِنِّي جَاعِلٌ فِي الْأَرْضِ خَلِيفَةً ۖ قَالُوا أَتَجْعَلُ فِيهَا مَنْ يُفْسِدُ فِيهَا وَيَسْفِكُ الدِّمَاءَ؟! فَعَلَّمَ آدَمَ أَسْماءَ خُلَفائِهِ فِي الْأَرْضِ کُلَّها لِیُنْبِأَ الْمَلائِکَةَ فَیَعْلَمُوا أَنَّهُ لا یَجْعَلُ فِیها مَنْ یُفسِدُ فِیها وَ یَسْفِكُ الدِّماءَ خَلِیفَةً وَلَكِنْ یَجْعَلُ النَّبِيينَ وَ الصِّدِّيقِينَ وَ الشُّهَدَاءَ وَ الصَّالِحِينَ وَ حَسُنَ أُولَئِكَ رَفِيقاً! ﴿فَلَمَّا أَنْبَأَهُمْ بِأَسْمَائِهِمْ قَالَ أَلَمْ أَقُلْ لَكُمْ إِنِّي أَعْلَمُ غَيْبَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَأَعْلَمُ مَا تُبْدُونَ وَمَا كُنْتُمْ تَكْتُمُونَ؟! وَ کانَ الْمَهْدِيُّ وَاللّهِ مِنْ تِلْكَ الْأَسْماءِ»; «Аз Мансур дар бораи сухани Худованди баландмартаба пурсидам ки мефармояд: <Ва ҳамаи номҳоро ба Одам омӯхт, сипас ононро бар фариштагон арза кард, пас Гуфт: Манро аз номҳои инон хабар диҳед агар рост мегӯйед>[2], он номҳо чи буд? Пас фармуд: Номҳои хулафоъи Худованд дар замин буд; Зеро Ӯ ҳангоме ки ба фариштагон фармуд: <Ман дар замин халифаеро қарор диҳандаам, гуфтанд: Оё дар он касеро қарор медиҳӣ ки дар он табоҳӣ меангезанд ва хунҳо мерезад?!>[3], пас ҳамаи онмҳои хулафоъи худ дар заминро ба Одам омӯхт то ба фариштагон хабар диҳад, пас бидонанд ки Ӯ дар он касе ки дар он табоҳӣ меангезад ва хунҳо мерезадро халифа қарор намедиҳад, бал Паёмбарон ва сиддиқон ва шаҳидон ва солеҳонро қарор медиҳад ва онон неку рафиқоне ҳастанд! <Пас онҳоро аз номҳои онон огоҳ кард Гуфт: Оё ба шумо нагӯям ки Ман ниҳони осмонҳо ва заминро медонам ва чизе ки ошкор мекунед ва чизеро ки пинҳон медоредро медонам?!>[4] ва ба Худо савганд ки Маҳдӣ яке аз он номҳо буд»!

Ин аст сухани касоне аз мардум ки чун ононро ба сӯӣ Маҳдӣ даъват мекунем мегӯянд: Оё ӯ касе аст ки «Мардҳоро мекушад ва шиками занҳои ҳомиларо пора мекунад»?! Дар ҳоле ки посухи мо ба онон мубтанӣ бар посухи Худованд ба фариштагон аст ва он инки Худованд Маҳдиро халифае дар замин қарор додааст ва Худованд чизе медонад ки шумо намедонед; Чунонки Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло фармудааст: «Ҳароина хулафоъи Худованд дар замин касоне ҳастанд ки ба қадри ҳар чизе дар он ва ҷояш ҳидоят шуда ва аз ҳар зулме покиза гардидаанд, то ҳар чиз дар онро ба пуштивонаи покизагиашон, дар ҷойе ки Худованд барои он қарор додааст қарор диҳад, то бадин сон адолат варзанд ва зулмро аз миён бардоранд»[5].

Бо ин васф, Маҳдӣ танҳо бо касоне меҷангад ки бо Худованд ва Паёмбари Ӯ ҷанг доранд ва онон касоне аз кофирон, мунофиқон ва золимонанд ки бо сӯъи истифода аз қудрат ва сарвати худ, ба ҳифзи ҳокимияти тоғут ва ҷилавгирӣ аз ҳокимияти Худованд мепардозанд ва ҷуз иҷбор даст аз фитнаангезӣ ва фасод бар намедоранд. Маҳдӣ донотарини мардум ба Қуръон ва суннат аст ва танҳо барои татбиқи он ду зуҳур мекунад ва аз ин рӯ, танҳо касонеро мекушад ки куштани онҳо бино бар Қуръон ва суннат ҷойиз аст. Ӯ душмани мустакбирон ва дӯсти мустазъафон аст ва сулҳ, амният ва оромишро барои мазлумон ба армуғон меоварад ва имконотро аз инҳисори табақаи золим хориҷ мекунад ва ҷаҳонро ҳамон тавр ки аз зулм пур шудааст аз адолат пур месозад; Чунонки Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло фармудааст: «Оромиши шабҳо ва хуррамии рӯзҳои ту Маҳдӣ аст. Шодии мондагор ва ширинии рӯзгори ту Маҳдӣ аст. Хушбахтии дунё ва растгории охирати ту Маҳдӣ аст»[6] Ва фармудааст: «Аҳкоми Худовандро дар миёнашон ҷорӣ хоҳад сохт ва адолати мутлақро дар пастуӣ хонаҳо ва оғули гӯсфандонашон дохил хоҳад намуд, бал ононро ба сарзаминҳои мавъуде хоҳад расонд ки дар онҳо шир ва асал ҷорӣ аст ва хокаш зарфарони сойида ва сангрезааш алмос ва марворид аст»[7] Ва фармудааст: «[Худованд] ба касоне аз шумо ки ҳаққро бишносад ва бар сари он истодагӣ кунанд ваъда додааст ки ононро дар замин мекнат диҳад ва ойини писандидаашонро барояшон бигустаронад ва тарсашонро пас аз дере ба амният табдил намояд, то Ӯро ба пиростагӣ бипарастанд ва касеро бо Ӯ шарик насозанд. Онгоҳ касоне ки бар Худованд дурӯғ бастанд аз раҳмати Ӯ нумед хоҳанд шуд ва хоҳанд донист ки Ӯро дар замин оҷиз натавонанд кард ва Худованд ба ваъдаи худ вафо мекунад ва Ӯро нуре аст ки густаронандаи он аст, ҳар чанд кофирон хуш надоранд»[8].

*Барои тазеҳоти бештар, ба матни арабӣ муроҷиъа кунед.
↑[1] . Бақара/ 30
↑[2] . Бақара/ 31
↑[3] . Бақара/ 30
↑[4] . Бақара/ 33
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.