Душанбе 9 декабр 2019 мелодӣ баробар бо 12 рабеъ-ул-сони 1441 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсиш ва посух

   
Мавзӯъи аслӣ:

Ақойид

Шумораи пурсиш: 3 Коди пурсиш: 88
Мавзӯъи фаръӣ:

Шинохти китоби Худованд; Тафсири бархӣ оёти Қуръон

Нависандаи пурсиш: Алӣ Розӣ Тарихи пурсиш: 06/12/2015

Теъдоди дигаре аз суъолоти дӯстон тақдим мегардад:

1 . Бархӣ аз муфассирони Қуръон Зулқарнайнро ҳамон Куруш подшҳои бузурги Эрон медонанд. Назари алломаи Хуросонӣ дар ин маврид чист?

2 . Тафсири алломаи Хуросонӣ дар мавриди яъҷуҷ ва маъҷуҷ чист?

Посух ба пурсиши шумораи: 3 Тарихи посух ба пурсиш: 16/12/2015

Посухи пурсишҳои шумо ба тартиби зер аст:

1 . Бештари касоне ки Зулқарнайн дар Қуръонро ҳамон Куруш подшоҳи бузурги Форс мешуморанд, дар бораи ӯ илме надоранд ва танҳо аз занн пайравӣ мекунанд ва танҳо тахмин мезананд ва дар пайи мусодираи ӯ ба матлуб ҳастанд; Ҳамчунонки бештари мункирони ин дидгоҳ низ ба ҳамин балия гирифторанд ва ангезаҳойи нажодпарастона ва зидди форсӣ доранд, дар ҳоле ки мавзӯъоти Исломӣ ҷойи ин қабил бозиҳо нест ва кашондани мунозиъоти сиёсӣ ва қавмӣ ба қаламрави дин хатарнок аст. Аз ҳамин рӯят ки олими бузург ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ин мардумонро шойистаи илм намешиносанд ва аз ниҳодани ҳукумат дар дастраси онон кароҳат дорад; Чароки онон илмро василаи найли ба дунё мекунанд ва ҳукуматро ба зидди ҳаким ба кор мебаранд ва дар ҳоле аз хирмани фазли ӯ хӯша мечинанд ки бо ӯ дар инкор ва ситезаанд; Монанди гузаштагонашон ки ҳаргоҳ дар умуре фуру мемонданд, ба олими оли Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам руҷӯъ мекарданд ва чун ниёзашонро бар меовард, ба инкор ва ситеза бо ӯ рӯй меоварданд. Ҳар чанд ин шароратҳо ва носипосиҳо, ҳеҷ гоҳ он пешвоёни ҳидоятро аз ифодаи илм ва ифозаи ҳикмат боз надошт ва имрӯз низ халафи солеҳ ва шогирди аввали онон ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолоро аз ин кор боз намедорад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «کُنْتُ عِنْدَ ٱلْعَبْدِ ٱلصّالِحِ فِي دارِهِ فَوَجَدْتُهُ فارِغاً فَقُلْتُ لَهُ: جُعِلْتُ فِداکَ أَسْئُلُکَ؟ فَقالَ بِرَأسِهِ: نَعَمْ! فَظَنَنْتُ أَنَّهُ یُسَبِّحُ فَقُلْتُ: إِنَّ هٰؤُلاءِ یَخْتَلِفُونَ فِي ذِي ٱلْقَرْنَیْنِ وَ أَنْتَ عالِمُهُمْ وَ سَیِّدُهُمْ فَإِنْ رَأَیْتَ -جُعِلْتُ فِداکَ- أَنْ تُخْرِجَهُمْ فِیهِ مِنَ ٱلظُّلُماتِ إِلَی ٱلنُّورِ فَعَلْتَ، فَمَکَثَ حَتّیٰ قَضیٰ سُبْحَتَهُ ثُمَّ قالَ: دَعْنِي مِنْ هٰؤُلاءِ ٱلسَّفَلَةِ ٱلْمَرَدَةِ ٱلْقائِلینَ عَلَی ٱللّهِ بِما لا یَعْلَمُونَ! أَلا تَعْلَمُ أَنَّ هٰذَا ٱلْعِلْمَ کَنْزٌ مِنْ کُنُوزِ ٱلْجَنَّةِ هَبَطَ مِنْها مَعَ آدَمَ عَلَیْهِ ٱلسَّلامُ ثُمَّ ٱنْتَقَلَ مِنْهُ إِلَی ٱلنَّبِیِّینَ وَ ٱلصَّدِّیقِینَ وَ ٱلشُّهَداءِ وَ ٱلصّالِحینَ مِنْ ذُرِّیَّتِهِ حَتّیٰ یَرْجِعَ مَعَ آخِرِهِمْ إِلَی ٱلْجَنَّةِ؟! أَ فَتُریدُ أَنْ تَجْعَلَ مِثْلَ هٰذَا ٱلْکَنْزِ فِي أَیْدِي ٱلصِّبْیانِ وَ ٱلْمَجانِینَ وَ ٱلمُدْمِنینَ عَلَی ٱلْمُخَدِّراتِ؟! لا وَاللّهِ لَیْسَ هٰؤُلاءِ بِمَأمُونِینَ عَلَیْهِ وَ لا مِنْ أَهْلِهِ وَ إِنَّ فِیهِمْ سارِقینَ یَسْرُقُونَهُ لِیَشْتَرُوا بِهِ ثَمَناً قَلِیلاً وَ یَسْتَعِینُوا بِهِ عَلیٰ حُجَجِ ٱللّهِ وَ أَولِیائِهِ! «فَذَرْهُمْ فِي غَمْرَتِهِمْ حَتَّىٰ حِينٍ»! فَنَدَمْتُ عَلیٰ مَسْأَلَتِي حَتّیٰ رَأیٰ ذٰلِکَ فِي وَجْهِي، فَقالَ: کانَ ٱلْیَهُودُ یَجِدُونَ ذَا ٱلْقَرْنَیْنِ عِنْدَهُمْ فِي کِتابِ دانیالَ عَلَیْهِ ٱلسَّلامُ فَسَأَلُوا عَنْهُ رَسُولَ ٱللّهِ صَلَّی ٱللّهُ عَلَیْهِ وَ آلِهِ وَ سَلَّمَ لِیَعْلَمُوا أَیُوحیٰ إِلَیْهِ أَمْ لا فَأَوحَی ٱللّهُ إِلَیْهِ: «وَيَسْأَلُونَكَ عَنْ ذِي الْقَرْنَيْنِ ۖ قُلْ سَأَتْلُو عَلَيْكُمْ مِنْهُ ذِكْرًا»! قُلْتُ: وَ ما کانَ عِنْدَهُمْ فِي کِتابِ دانِیالَ؟ قالَ: إِنَّ دانِیالَ عَلَیْهِ ٱلسَّلامُ رَأیٰ فِي ٱلْمَنامِ کَبَشاً لَهُ قَرْنانِ طَويلانِ أَحَدُهُما أَطْوَلُ مِنَ ٱلْآخَرَ وَ رَآهُ يَنْطَحُ غَرْباً وَ شَرْقاً وَ شَمالاً مِنْ غَيْرِ أَنْ یَقْدِرَ حَيَوانٌ عَلىٰ دَفْعِهِ حَتّیٰ عَظُمَ شَأنُهُ، فَأَخْبَرَهُ جَبْرَئیلُ عَلَیْهِ ٱلسَّلامُ بِأَنَّ ٱلْكَبَشَ ذَا ٱلْقَرْنَيْنِ هُوَ مَلِكُ مادِي وَ فارِسَ! قُلْتُ: أَشْهَدُ أَنَّ ٱللّهَ قَدْ آتاکَ الْحِكْمَةَ وَ فَصْلَ الْخِطَابِ! أَ فَأُحَدِّثَهُمْ عَنْکَ بِهٰذا ٱلْحَدِیثِ؟ قالَ: حَدِّثْهُمْ بِهِ أَرْغَمَ ٱللّهُ أُنُوفَ قَومٍ مُسْتَکْبِرینَ!»; <<Назди абди солеҳ дар хонаи он ҳазрат будам, пас ӯро дар фароғате ёфтам, пас ба ӯ гуфтам: Фидоят шавам, оё аз ту суъоле бипурсам? Пас бо ишораи сар фармуд: Оре! Пас дарёфтам ки дар ҳоли зикр аст, пас гуфтам: Инон дар бораи Зулқарнайн ихтилоф мекунанд ва ту олими онон ва саййиди онон ҳастӣ, пас агар салоҳ мебинӣ -фидоят шавам- ки ононро дар бораи ӯ аз торикӣ ба нур берун оварӣ, ин корро бикун! Он ҳазрат даранге кард то зикрашро ба поён расонад, сипас фармуд: Манро во гузор аз ин фурумоягони худбузургбин ки бар Худованд чизҳое мебанданд ки ба он илме надоранд! Оё намедонӣ ки ин илм ганҷе аз ганҷинаҳои биҳишт аст ки ба ҳамроҳи Одам алайҳи салом аз он фуру омад ва сипас ба паёмбарон ва сиддиқон ва шаҳидон ва солеҳон аз фарзандони ӯ интиқол ёфта то он гоҳ ки ба ҳамроҳи охиринашон ба биҳишт бозгардад?! Оё мехоҳӣ ки чунин ганҷеро дар дастони кӯдакон ва девонагон ва афюниён қарор диҳӣ?! На ба Худо савганд инон бар он амин шумурда намешаванд ва аз аҳли он нестанд ва дар миёни онон дуздоне ҳастанд ки онро ба сирқат мебаранд то ба баҳонаӣ инки бифурушанд ва бар зидди ҳуҷҷатҳо ва авлиёъи Худованд ба кор гиранд! <<Пас ононро дар саргардонишон раҳо кун то замоне>> (Мӯъминун/ 54)! (Ровӣ мегӯяд:) Пас ман аз пурсиши худ пушаймон шудам то ҳадде ки эшон онро дар чеҳраам дид, пас фармуд: Яҳудиён Зулқарнайнро низ худ дар китоби Дониёл алайҳи салом меёфтанд, пас дар бораи ӯ аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам пурсиданд то бидонанд ки оё ба ӯ ваҳй мешавад ё на, пас Худованд ба ӯ ваҳй кард: <<Аз ту дар бораи Зулқарнайн мепурсанд, бигӯ ман бар шумо зикре аз ӯро хоҳам хонд>> (Каҳф/ 83)! Гуфтам: Нази онон дар китоби Дониёл чи буд? Фармуд: Дониёл алайҳи салом дар хоб қучеро дид ки ду шохи баланд дошт ки яке аз он ду баландтар аз дигар буд ва ӯро дид ки ба ғарб ва шарқ ва шимол шох мезанад беонки ҷонваре битавонад ҷилави ӯро бигирад то инки кораш боло гирифт, пас Ҷабраъил алайҳи салом ба ӯ хабар дод ки он қучи дорои ду шох (Зулқарнайн), подшоҳи Мод ва Форс аст! Гуфтам: Гувоҳӣ медиҳам ки Худованд ба ту ҳикмат ва гуфтори файсала кунанда бахшидааст! Пас оё ин гуфторро аз ту барои онон ривоят кунам? Фармуд: Барои онон ривоят кун! Худованд бинии гурӯҳе ки истикбор мекунандро ба хок бимолад>>!

Аз ин гуфтори ҳазрат дониста мешавад ки Зулқарнайн ҳамон Куруш подшоҳи бузурги Форс буд ки ҳукумати Форс ва Модро бо ҳам муттаҳид кард ва сипас дар се ҷиҳат ғарб, шарқ ва шимол ба лашкаркашӣ пардохт ва ба футуҳоти бисёре даст ёфт; Чароки Худованд дар китоби худ, ба ин лашкаркашиҳо ва футуҳоти ӯ дар ҷиҳоти сегона ишора фармуда ва аз равишҳо ва корҳои некуйи ӯ дар ҳар як аз онҳо хабар додааст.

2 . Бар хилофи тафосири хурофӣ ва ваҳмолуди муфассирон дар бораи яъҷуҷ ва маъҷуҷ, тафсири ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар бораи онҳо –бо илҳоми Худованд– ҳамон андоза бадеъи, хориқулода ва файсала кунанда аст ки тафсири он ҳазрат дар бораи Зулқарнайн; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «سَمِعْتُهُ یَقُولُ: إِنَّ رُوحَ ٱلْقُدُسِ نَفَثَ في رُوعِي أَنَّ یَأجُوجَ وَ مَأجُوجَ قَبِیلَتانِ مِنْ قَبائِلِ ٱلْمُغُولِ کانُوا یُغارُونَ عَلیٰ قَومٍ فِي شَمالِ فارِسَ لا یَکادُونَ یَفْقَهُونَ قَوْلاً فَٱسْتَعانُوا عَلَیْهِمْ بِکُورُشَ فَبَنیٰ لَهُمْ بَیْنَ ٱلصَّدَفَیْنِ سَدّاً فَمَا اسْطَاعُوا أَنْ يَظْهَرُوهُ وَ مَا اسْتَطَاعُوا لَهُ نَقْبًا حَتّیٰ إِذا فَتَحَ سَبِیلَهُمْ مَلِکُ خوارَزْمَ فِي ٱلْقَرْنِ ٱلسّابِعِ فَأَقْبَلُوا کَٱلسَّیْلِ یُفْسِدُونَ فِي ٱلْأَرْضِ وَ هُمْ مِنْ کُلِّ حَدَبٍ یَنْسِلُونَ! قُلْتُ: وَاللّهِ قُلْتَ قَوْلاً عَظِیماً! قُلْتَ إِنَّ وَعْدَ ٱللّهِ أَتیٰ فَمَضیٰ؟! قالَ: نَعَمْ، إِنَّ وَعْدَ ٱللّهِ یَأتِي فَیَمْضِي وَ لٰکِنَّ أَکْثَرَ ٱلنّاسِ لا یَعْلَمُونَ! قُلْتُ: إِنَّهُمْ یَقُولُونَ إِنَّ یَأجُوجَ وَ مَأجُوجَ کانُوا قَوْماً مِنَ ٱلْخَزَرِ أَوْ یَکُونُونَ فِي آخِرِ ٱلزَّمانِ! قالَ: إِنَّ قَوْماً مِنَ ٱلْخَزَرِ کانُوا مُفْسِدینَ فِي ٱلْأَرْضِ فَشُبِّهُوا بِیَأجُوجَ وَ مَأجُوجَ لِإِفْسادِهِمْ کَما یُقالُ لِرَجُلٍ شَرِیرٍ إِبْلِیسُ لِشَرارَتِهِ، فَکُلُّ مُفْسِدِینَ فِي ٱلْأَرْضِ یَأجُوجُ وَ مَأجُوجُ وَ فِي کُلِّ قَرْنَیْنِ یَأجُوجُ وَ مَأجُوجُ»; <<Шунидам он ҳазрат мефармояд: Ҳароина руҳул қуддус ба дилам андохт ки яъҷуҷ ва маъҷуҷ ду қабила аз қабоили муғул буданд ки ба қавме дар шимоли Форс (Эрони кунунӣ) ки ба сахтӣ метавонистанд забонеро фаҳм кунанд йӯриш мебаранд, пас онон аз Куруш дар баробари онҳо кӯмак хостанд, пас ӯ барои онон дар байни ду кӯҳ садде бано кард ки онҳо натавонистанд аз он боло раванд ва натавонистанд аз он нақбе бизананд, то он гоҳ ки подшоҳи Хоразм (Хоразмшоҳ) дар қарни ҳафтум роҳи онҳоро боз кард, пас монанди сел рӯй оварданд ва дар замин фасод ангехтанд, дар ҳоле ки аз ҳар баландӣ сарзер мешуданд! Гуфтам: Ба Худо савганд гуфтори азиме гуфтӣ! Гуфтӣ ки ваъдаи Худованд (дар Қуръон) омада ва гузаштааст?! Фармуд: Оре, бегумон ваъдаи Худованд меояд ва мегузарад, дар ҳоле ки бештари мардум намедонанд! Гуфтам: Онҳо мегӯянд ки яъҷуҷ ва маъҷуҷ қавме аз Хазар буданд ё қавме дар охируззамон хоҳанд буд! Фармуд аз Хазар дар замин фасод меангехтанд, пас ба хотири фасодашон ба яъҷуҷ ва маъҷуҷ ташбеҳ шуданд, чунонки ба мардӣ шарур ба хотири шарораташ иблис гуфта мешавад, пас ҳар фасод кунандагоне дар замин яъҷуҷ ва маъҷуҷ ҳастанд ва дар ҳар ду қарн яъҷуҷ ва маъҷуҷе вуҷуд дорад>> (Бингаред ба: Шарҳи гуфтори 43).

Худованд ин инсони комил ва олими бузургро барои мо ҳифз фармояд ва моро аз ёрон ва раҳравони ӯ қарор диҳад ва душманони бадбахт ва кӯрдилашро ки мисдоқи боризе аз яъҷуҷ ва маъҷум ҳастанд, ҳидоят кунад ё ба ҳалокат расонад ва чашми бади ҳасудонро аз вуҷуди пок ва муборакаш дур гардонад; Чароки бар ҳар коре тавоност ва меҳрубонтарини меҳрубонон аст.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Таваҷҷуҳ: Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои посухгӯӣ бар ҳар пурсиш, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани пурсишҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин пурсишҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули посух дода мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?