Чоршанбе 18 октябр 2017 мелодӣ баробар бо 27 муҳаррам 1439 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани гуфтор

Шумора: 5 Код: 17
Мавзӯъ:

Чаҳор гуфтор аз он ҳазрат дар бораи беҳтарин ҳадисе ки ривоят шудааст.

   1. أخْبَرَنا محمّدُ بْنُ إبراهیمَ الشِّیرازيُّ، قال: سَمِعْتُ المنصورَ الهاشميَّ الخراسانيَّ یَقُولُ: إِنَّ أَحْسَنَ حَدِیثٍ رَواهُ المُحَدِّثُونَ: «إِنِّي تارِكٌ فیكُمُ الثَّقَلَیْنِ كتابَ اللّهِ و عِتْرَتِي أهلَ بَیْتِي ما إنْ تَمَسَّكْتُمْ بِهِما لَنْ تَضِلُّوا و إِنَّهُما لَن یَفْتَرِقا حَتّیٰ یَرِدا عَلَيَّ الْحَوضَ نَبَّأَنِي بِذٰلِكَ اللَّطیفُ الْخَبیر»! قُلتُ: وَاللّهِ لَو عَلِمَ أَهْلُ دِیاري بِهٰذا لَقَرَّتْ أَعْیُنُهُمْ! قال: و لِمَ ذٰلِكَ یا محمّد؟! و هَلْ هُمْ إلّا قَومٌ یُعادُونَ أَهْلَ الْبَیْتِ؟! قُلْتُ: وَ كَیْفَ یُعادُونَ أَهْلَ البَیْتِ و هُمْ یَتَشَیَّعُونَ؟! قال: یُعادُونَنِي وَ أَنا أَدْعُو إلیٰ أَهْلِ الْبَیْتِ فَیُعادُونَ أَهْلَ البَیْت!

Тарҷумаи гуфтор:

Муҳаммад ибни Иброҳими Шерозӣ моро хабар дод, гуфт: Шунидам Мансури Ҳошимии Хуросонӣ мефармояд: Беҳтарин ҳадисе ки муҳаддисон ривоят кардаанд ин аст: <<Ҳароина ман дар миёни шумо ду гаронмояро бар ҷо мегузорам: Китоби Худо ва итратам ки аҳли байтам ҳастанд, то ҳангоме ки ба он ду тамассук ҷӯйед ҳаргиз гумроҳ намешавед ва ҳароина он ду аз ҳам ҷудоӣ намепазиранд то ҳангоме ки назди ҳавз бар ман ворид шаванд, Борикбини Огоҳ манро ба ин хабар додааст>>! Гуфтам: Ба Худо савганд агар аҳли сарзамини ман аз ин огоҳӣ ёбанд, чашмашон рӯшан мешавад! Фармуд: Барои чи эй Муҳаммад?! Магар онон ҷуз гурӯҳе ҳастанд ки бо аҳли байт душманӣ мекунанд?! Арз кардам: Чигуна бо аҳли байт душманӣ мекунанд дар ҳоле ки ташаюъ меварзанд?! Фармуд: Бо ман душманӣ мекунанд дар ҳоле ки ман ба сӯӣ аҳли байт даъват мекунам, пас бо аҳли байт душманӣ мекунанд!

   2. أَخْبَرَنا محمّدُ بْنُ عَبْدِ الرّحمٰنِ الهِرَويُّ، قال: كُنْتُ رَجُلاً مُولِعاً بِالْحَدِیثِ فَدَخَلَ عَلَيَّ المنصورُ یوماً و بَیْنَ یَدَيَّ كُتُبٌ بَعْضُها علیٰ بَعْضٍ، فَقال: ما هٰذِهِ الكُتُبُ بَیْنَ یَدَیْكَ یا محمّد؟! قلتُ: كُتُبُ حَدیثٍ جُعِلْتُ فِداك! فَقالَ مُتَعَجِّباً: كُلُّها؟! قُلْتُ: نَعَمْ وَاللّهِ كُلُّها! فَأَخَذَ بِیَدِهِ كِتاباً یَتَصَفَّحُ فَوَجَدْتُ في وَجْهِهِ الكِراهِیَةَ، فَقُلْتُ: جُعِلْتُ فِداكَ، كَأَنَّكَ لا یُعْجِبُكَ الحَدِیثُ! قال: ما قَلَّ مِنْهُ فَهُوَ خَیْرٌ! قُلْتُ: فَأَرْشِدْنِي إلیٰ شَيْءٍ مِنْهُ آخُذُ بِهِ وَ أَدَعُ ما سِواهُ! فَقالَ: حَسْبُكَ مِنَ الحَدیثِ «إِنِّي تارِكٌ» وَ لْیُكْتَبْ بِماءِ الذَّهَبِ! قُلْتُ: أَنْتَ تَقُول بِهٰذا وَ قَدْ أَعْرَضَ عَنْهُ المُحَدِّثُونَ! قال: أَ فَلَمْ یُصَحِّحُوهُ؟! قُلْتُ: بلیٰ و لكِنَّهُمْ قَدْ أَعْرَضُوا عَنْهُ! قال: ما مِنْ خَیْرٍ إلّا وَ قَدْ أَعْرَضَ عَنْهُ المُحَدِّثُون!

Тарҷумаи гуфтор:

Муҳаммад ибни Абдурраҳмони Ҳиравӣ моро хабар дод, гуфт: Ман касе будам ки сахт ба ҳадис алоқа доштам, пас рӯзе ҳазрати Мансур бар ман ворид шуд дар ҳоле ки пеши рӯям китобҳое буд ки бархӣ бар рӯӣ бархӣ дигар қарор дошт, пас фармуд: Ин китобҳо пеши рӯят чист эй Муҳаммад?! Арз кардам: Китобҳои ҳадис аст фадоят шавам! Бо таъаҷҷуб фармуд: Ҳамааш?! Арз кардам: Бале ба Худо қасам, ҳамааш! Пас яке аз китобҳоро дар даст гирифт ва шурӯъ ба варақ задан кард, то онки кароҳатро дар рӯйи ӯ дидам, пас арз кардам: Фадоят шавам, гӯё ҳадисро намеписандед! Фармуд: Ҳар чи аз он камтар бошад, беҳтар аст! Арз кардам: Дар ин сурат, манро ба чизе аз он иршод бифармойед то ба он ахз кунам ва ғайри онро вогузорам! Фармуд: Аз ҳадис <<Ҳароина ман бар ҷо мегузорам>> туро бас аст ва бояд бо оби тилло навишта шавад! Гуфтам: Шумо инро мефармойед дар ҳоле ки муҳаддисон аз он рӯй гирифтаанд! Фармуд: Оё на ин аст ки онро саҳиҳ шумурдаанд?! Арз кардам: Чаро, вале аз он рӯй гирифтаанд! Фармуд: Ҳеҷ хайре нест магар инки муҳаддисон аз он рӯй гирифтаанд!

Шарҳи гуфтор:

Рӯшан аст ки иллати кароҳати ин бузургвор аз аҳодиси фаровон, аз як сӯ дурӯғҳо ва дастбурдҳои фаровоне аст ки дар онҳо роҳ ёфта ва бисёрӣ аз онҳоро дар тақобул бо китоби Худованд ва суннати мутавотири Паёмбар ва низ ақли салим қарор дода ва аз сӯӣ дигар саргармӣ ва иштиғоли муфрате аст ки барои мусалмонон эҷод карда ва ононро аз руҷӯъи мустақим ба халифаи Худованд ва халифаи Паёмбараш боз дошта; Чунонки дар китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> мабҳаси <<Ривоҷи ҳадисгароӣ>> (с171) ва низ бархӣ гуфторҳои нуронии он ҳазрат ба тафсил тавзеҳ дода шудааст.

   3. أخْبَرَنا عَبْدُ السَّلامِ بْنُ عَبْدِ القَیُّوم، قال: سَمِعْتُ المنصورَ یَقولُ: لَوِ اسْتَطَعْتُ لَمَحَوتُ الحَدیثَ كُلَّهُ إلّا «إِنِّي تارِكٌ فیكُمْ ما إِنْ تَمَسَّكْتُمْ بِهِ لَنْ تَضِلُّوا بَعْدِي: كتابَ اللّهِ وَ عِتْرَتِي أَهْلَ بَیْتِي» فَإِنَّ فِیهِ كِفایةً وَ لَو كُنْتُ مُبْقِیاً سِواهُ لَأَبْقَیْتُ: «عَلَیْكُمْ بِسُنَّتِي وَ سُنَّةِ الخُلَفاءِ الرّاشِدینَ المَهْدِیِّینَ مِنْ بَعْدِي فَتَمَسَّكُوا بِها وَ عَضُّوا عَلَیْها بِالنَّواجِذ»!

Тарҷумаи гуфтор:

Абдуссалим ибни Абдулқайюм моро хабар дод, гуфт: Шунидам Мансур мефармояд: Агар метавонистам ҳамаи ҳадисро пок мекардам магар <<Ҳароина ман дар миёни шумо чизеро бар ҷо мегузорам ки агар ба он тамассук ҷӯйед ҳаргиз пас аз ман гумроҳ намешавед: Китоби Худо ва итратам ки аҳли байтам ҳастанд>>; Чароки дар он кифоят аст ва агар чизе ҷуз онро боқӣ мегузоштам  ҳароина инро боқӣ мегузоштам: <<Бар шумо бод ба суннати ман ва суннати хулафоъи рошид ва Маҳдии баъд аз ман, пас ба он тамассук ҷӯйед ва онро бо дандон бигиред>>!

   4. أَخْبَرَنا هاشِمُ بْنُ عُبَیْدٍ الخُجَنْديُّ، قال: سَمِعْتُ العالِمَ یَقولُ لِأصْحابِهِ: خَیْرُ حَدیثٍ حَدَّثَ النّاسُ بِهِ: «عَلَیْكُمْ بِسُنَّتِي وَ سُنَّةِ الخُلَفاءِ الرّاشِدینَ المَهْدیِّینَ مِنْ بَعْدِي فَتَمَسَّكُوا بِها وَ عَضُّوا عَلَیْها بِالنَّواجِذِ»! قُلْتُ: أَصْلَحَكَ اللّهُ! هٰذا حَدیثٌ رَواهُ أحمدُ و الدّارَميُّ و التِّرْمِذِيُّ و ابْنُ ماجَةٍ و غَیْرُهُمْ ولٰكِنْ ما أَرادَ رسولُ اللّهِ صَلَّی اللّهُ عَلَیْهِ و آلِهِ وَ سَلَّمَ مِنْ هٰؤلآءِ الخُلَفاءِ الرّاشِدینَ المَهْدِیِّینَ مِنْ بَعْدِه؟! فَالْتَفَتَ إليَّ و قالَ: یا أخا أَهْلِ خُجَنْدَ! إنَّ رَسولَ اللّهِ صَلَّی اللّهُ عَلَیْهِ وَ آلِهِ وَ سَلَّمَ ما قالَ قَولاً إلّا وَ بَیَّنَهُ لِلنّاسِ، قَبِلَهُ مَنْ قَبِلَهُ وَ رَفَضَهُ مَنْ رَفَضَهُ! أما سَمِعْتَ قَولَهُ: «یَكُونُ بَعْدِي اثْنا عَشَرَ خَلیفةً كُلُّهُمْ مِنْ قُرَیْشٍ»؟! قُلْتُ: بلیٰ، هٰذا حَدیثٌ رَواهُ البُخارِيُّ و مُسْلِمٌ و أبو داودَ و التِّرمِذيُّ و غَیْرُهُمْ ولٰكِنْ ما أَرادَ رَسولُ اللّهِ صَلَّی اللّهُ عَلَیْهِ وَ آلِهِ وَ سَلَّمَ مِنْ هٰؤلآءِ الخُلَفاءِ الرّاشِدینَ المَهْدِیِّینَ الإثْنَيْ عَشَرَ مِنْ قُرَیْشٍ؟! فَإِنَّ النّاسَ اخْتَلَفُوا فیهِ! قالَ: مَا اخْتَلَفُوا فیهِ إلّا مِن بَعْدِ ما جاءَهُمُ العِلْمُ بَغْیاً بَیْنَهُمْ! أما سَمِعْتَ قَولَ رَسولِ اللّهِ صَلَّی اللّهُ عَلَیْهِ وَ آلِهِ وَ سَلَّمَ: «إِنِّي تارِكٌ فِیكُمْ خَلِیفَتَیْنِ كتابَ اللّهِ و عِتْرَتِي أَهْلَ بَیْتِي و إِنَّهُما لَن یَفْتَرِقا حتّیٰ یَرِدا عَلَيَّ الْحَوضَ»؟! قُلْتُ: بلیٰ، هٰذا حَدِیثٌ رَواهُ ابْنُ أَبي شَیْبَةٍ و أحمدُ و التِّرْمِذِيُّ و النِّسائيُّ و غَیْرُهُمْ ولٰكِنْ ما أَرادَ رسولُ اللّهِ صَلَّی اللّهُ عَلَیْهِ وَ آلِهِ وَ سَلَّمَ مِنْ هٰؤلآءِ الخُلَفاءِ الرّاشِدینَ المَهْدِیِّینَ الإثْنَيْ عَشَرَ مِنْ عِتْرَتِهِ أَهْلِ بَیْتِهِ؟! فَإِنَّ النّاسَ لا یَعْرِفُونَهُمْ! قالَ: دَعِ النّاسَ فَإِنَّهُمْ یُریدُونَ أن لا یَعْرِفُوهُمْ! أما سَمِعْتَ قَولَ رَسولِ اللّهِ صَلَّی اللّهُ عَلَیْهِ وَ آلِهِ وَ سَلَّمَ: «یَكُونُ في آخِرِ الزَّمانِ خَلیفَةٌ یَقْسِمُ المالَ و لا یَعُدُّهُ»؟! و قولَهُ: «المَهْديُّ مِنْ عِتْرَتِي مِنْ وُلْدِ فاطمة»؟! فَالْمَهْدِيُّ مِنَ الخُلَفاءِ الرّاشِدینَ المَهْدِیِّینَ الإثْنَيْ عَشَرَ مِنْ عِتْرَتِهِ أَهْلِ بَیْتِهِ! فَمَنْ تَمَسَّكَ بِسُنَّتِهِ فَقَدْ تَمَسَّكَ بِسُنَّةِ رَسولِ اللّهِ صَلَّی اللّهُ عَلَیْهِ وَ آلِهِ وَ سَلَّمَ وَ أَطاعَ أَمْرَهُ وَ مَنْ أَعْرَضَ عَنْها فَلا أَرْغَمَ اللّهُ إلّا بِأَنْفِهِ أُولٰئِكَ في ضَلالٍ بَعید!

Тарҷумаи гуфтор:

Ҳошим ибни Убайди Хуҷандӣ моро хабар дод, гуфт: Шунидам олим (яъне Мансур) хитоб ба ёронаш мефармояд: Беҳтарин ҳадисе ки мардум ривоят кардаанд ин аст: <<Бар шумо бод ба суннати ман ва суннати хулафоъи рошид ва ҳидоят ёфта баъд аз ман, пас ба он тамассук ҷӯйед ва онро бо дандон бигиред>>! Арз кардам: Худованд кори шуморо сомон диҳад! Ин ҳадисе аст ки Аҳмад, Дорамӣ, Тирмизӣ, Ибни Моҷаҳ ва дигарон ривоят кардаанд, вале манзури Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз ин хулафоъи рошид ва ҳидоят ёфта баъд аз ӯ чи касоне буданд?! Пас он ҳазрат ба ман таваҷҷуҳ намуд ва фармуд: Эй бародари аҳли Хуҷанд! Бегумон Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам суханеро нафармуд магар инки онро барои мардум табйин намуд, ҳар кас онро пазируфт пазируфт ва ҳар кас онро напазируфт напазируфт! Оё сухани он Ҳазратро нашунидаи ки фармуд: <<Баъд аз ман дувоздаҳ халифаанд ки ҳамаи онҳо аз Қуруйш ҳастанд>>?! Арз кардам: Бале, ин ҳадисе аст ки Бухорӣ, Муслим, Абу Довуд, Тирмизӣ ва дигарон ривоят кардаанд, вале манзури Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз ин дувоздаҳ халифаи рошид ва ҳидоят ёфта аз Қурайш, чи касоне буд?! Чароки мардум дар ин бора ихтилоф карданд! Фармуд: Онон дар ин бора ихтилоф накарданд магар аз рӯӣ кинатузӣ пас аз онки барояшон илм ҳосил шуд! Оё сухани Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро нашунидаи ки фармуд: <<Ман дар миёни шумо ду халифаро бар ҷой мегузорам: Китоби Худо ва итратам ки аҳли байтам ҳастанд ва он ду ҳаргиз аз ҳам ҷудоӣ намепазиранд то ҳангоме ки назди ҳавз бар ман ворид шаванд>>?! Арз кардам: бале, ин ҳадисе аст ки Ибни Абӣ Шейба, Аҳмад, Тирмизӣ, Насоъӣ ва дигарон ривоят карданд, вале манзури Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз ин дувоздаҳ халифаи рошид ва ҳидоят ёфта аз итраташ ки аҳли байташ ҳастанд, чи касоне буд?! Чароки мардум онҳоро намешиносанд! Фармуд: Мардумро вогузор; Зеро онон мехоҳанд ки онҳоро нашносанд! Оё сухани Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро нашуниди ки фармуд: <<Дар охирул замон халифае хоҳад буд ки молро тақсим мекунад бидуни инки онро бишуморад>> Ва фармудааст: <<Маҳдӣ аз итрати ман аз насли Фотима аст>>?! Пас Маҳдӣ аз дувоздаҳ халифаи рошид ва ҳидоят ёфта аз итрат ва аҳли байти Паёмбар аст ва бо ин васф, ҳар кас ба суннати ӯ тамассук ҷӯяд, ба суннати Расури Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам тамасск ҷуста ва амри ӯро итоъат кардааст ва ҳар кас аз он рӯй бигирад, Худованд ҷуз бинии ӯро бар хок намемолад ва онон дар гумроҳии дуре ҳастанд!

Фарозҳое аз гуфторҳои ҳазарти аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло
Хондани номаҳо; Бозгашт ба Ислом; Мансури Ҳошимии Хуросони
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.