1 . أَخْبَرَنَا مُحَمَّدُ بْنُ إِبْرَاهِيمَ الشِّيرَازِيُّ، قَالَ: سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ الْهَاشِمِيَّ الْخُرَاسَانِيَّ يَقُولُ: إِنَّ أَحْسَنَ حَدِيثٍ رَوَاهُ الْمُحَدِّثُونَ: «إِنِّي تَارِكٌ فِيكُمُ الثَّقَلَيْنِ كِتَابَ اللَّهِ وَعِتْرَتِي أَهْلَ بَيْتِي، مَا إِنْ تَمَسَّكْتُمْ بِهِمَا لَنْ تَضِلُّوا، وَإِنَّهُمَا لَنْ يَفْتَرِقَا حَتَّى يَرِدَا عَلَيَّ الْحَوْضَ، نَبَّأَنِي بِذَلِكَ اللَّطِيفُ الْخَبِيرُ»! قُلْتُ: وَاللَّهِ لَوْ عَلِمَ أَهْلُ دِيَارِي بِهَذَا لَقَرَّتْ أَعْيُنُهُمْ! قَالَ: وَلِمَ ذَلِكَ يَا مُحَمَّدُ؟! وَهَلْ هُمْ إِلَّا قَوْمٌ يُعَادُونَ أَهْلَ الْبَيْتِ؟! قُلْتُ: وَكَيْفَ يُعَادُونَ أَهْلَ الْبَيْتِ وَهُمْ يَتَشَيَّعُونَ؟! قَالَ: يُعَادُونَنِي وَأَنَا أَدْعُو إِلَى أَهْلِ الْبَيْتِ، فَيُعَادُونَ أَهْلَ الْبَيْتِ!

Тарҷумаи гуфтор:

Муҳаммад ибни Иброҳими Шерозӣ моро хабар дод, гуфт: Шунидам Мансури Ҳошимии Хуросонӣ мефармояд: Беҳтарин ҳадисе ки муҳаддисон ривоят кардаанд ин аст: «Ҳароина ман дар миёни шумо ду гаронмояро бар ҷо мегузорам: Китоби Худо ва итратам ки аҳли байтам ҳастанд, то ҳангоме ки ба он ду тамассук ҷӯйед ҳаргиз гумроҳ намешавед ва ҳароина он ду аз ҳам ҷудоӣ намепазиранд то ҳангоме ки назди ҳавз бар ман ворид шаванд, Борикбини Огоҳ манро ба ин хабар додааст»! Гуфтам: Ба Худо савганд агар аҳли сарзамини ман аз ин огоҳӣ ёбанд, чашмашон рӯшан мешавад! Фармуд: Барои чи эй Муҳаммад?! Магар онон ҷуз гурӯҳе ҳастанд ки бо аҳли байт душманӣ мекунанд?! Арз кардам: Чигуна бо аҳли байт душманӣ мекунанд дар ҳоле ки ташаюъ меварзанд?! Фармуд: Бо ман душманӣ мекунанд дар ҳоле ки ман ба сӯӣ аҳли байт даъват мекунам, пас бо аҳли байт душманӣ мекунанд!

2 . أَخْبَرَنَا مُحَمَّدُ بْنُ عَبْدِ الرَّحْمَنِ الْهَرَوِيُّ، قَالَ: كُنْتُ رَجُلًا مُولَعًا بِالْحَدِيثِ، فَدَخَلَ عَلَيَّ الْمَنْصُورُ يَوْمًا وَبَيْنَ يَدَيَّ كُتُبٌ بَعْضُهَا عَلَى بَعْضٍ، فَقَالَ: مَا هَذِهِ الْكُتُبُ بَيْنَ يَدَيْكَ يَا مُحَمَّدُ؟! قُلْتُ: كُتُبُ حَدِيثٍ جُعِلْتُ فِدَاكَ! فَقَالَ مُتَعَجِّبًا: كُلُّهَا؟! قُلْتُ: نَعَمْ وَاللَّهِ كُلُّهَا! فَأَخَذَ بِيَدِهِ كِتَابًا يَتَصَفَّحُ، فَوَجَدْتُ فِي وَجْهِهِ الْكَرَاهِيَةَ، فَقُلْتُ: جُعِلْتُ فِدَاكَ، كَأَنَّكَ لَا يُعْجِبُكَ الْحَدِيثُ! قَالَ: مَا قَلَّ مِنْهُ فَهُوَ خَيْرٌ! قُلْتُ: فَأَرْشِدْنِي إِلَى شَيْءٍ مِنْهُ آخُذُ بِهِ وَأَدَعُ مَا سِوَاهُ! فَقَالَ: حَسْبُكَ مِنَ الْحَدِيثِ «إِنِّي تَارِكٌ» وَلْيُكْتَبْ بِمَاءِ الذَّهَبِ! قُلْتُ: أَنْتَ تَقُولُ هَذَا وَقَدْ أَعْرَضَ عَنْهُ الْمُحَدِّثُونَ! قَالَ: أَفَلَمْ يُصَحِّحُوهُ؟! قُلْتُ: بَلَى، وَلَكِنَّهُمْ قَدْ أَعْرَضُوا عَنْهُ! قَالَ: مَا مِنْ خَيْرٍ إِلَّا وَقَدْ أَعْرَضَ عَنْهُ الْمُحَدِّثُونَ!

Тарҷумаи гуфтор:

Муҳаммад ибни Абдурраҳмони Ҳиравӣ моро хабар дод, гуфт: Ман касе будам ки сахт ба ҳадис алоқа доштам, пас рӯзе ҳазрати Мансур бар ман ворид шуд дар ҳоле ки пеши рӯям китобҳое буд ки бархӣ бар рӯӣ бархӣ дигар қарор дошт, пас фармуд: Ин китобҳо пеши рӯят чист эй Муҳаммад?! Арз кардам: Китобҳои ҳадис аст фадоят шавам! Бо таъаҷҷуб фармуд: Ҳамааш?! Арз кардам: Бале ба Худо қасам, ҳамааш! Пас яке аз китобҳоро дар даст гирифт ва шурӯъ ба варақ задан кард, то онки кароҳатро дар рӯйи ӯ дидам, пас арз кардам: Фадоят шавам, гӯё ҳадисро намеписандед! Фармуд: Ҳар чи аз он камтар бошад, беҳтар аст! Арз кардам: Дар ин сурат, манро ба чизе аз он иршод бифармойед то ба он ахз кунам ва ғайри онро вогузорам! Фармуд: Аз ҳадис «Ҳароина ман бар ҷо мегузорам» туро бас аст ва бояд бо оби тилло навишта шавад! Гуфтам: Шумо инро мефармойед дар ҳоле ки муҳаддисон аз он рӯй гирифтаанд! Фармуд: Оё на ин аст ки онро саҳиҳ шумурдаанд?! Арз кардам: Чаро, вале аз он рӯй гирифтаанд! Фармуд: Ҳеҷ хайре нест магар инки муҳаддисон аз он рӯй гирифтаанд!

Шарҳи гуфтор:

Рӯшан аст ки иллати кароҳати ин бузургвор аз аҳодиси фаровон, аз як сӯ дурӯғҳо ва дастбурдҳои фаровоне аст ки дар онҳо роҳ ёфта ва бисёрӣ аз онҳоро дар тақобул бо китоби Худованд ва суннати мутавотири Паёмбар ва низ ақли салим қарор дода ва аз сӯӣ дигар саргармӣ ва иштиғоли муфрате аст ки барои мусалмонон эҷод карда ва ононро аз руҷӯъи мустақим ба халифаи Худованд ва халифаи Паёмбараш боз дошта; Чунонки дар китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» мабҳаси «Ривоҷи ҳадисгароӣ» ва низ бархӣ гуфторҳои нуронии он ҳазрат ба тафсил тавзеҳ дода шудааст.

3 . أَخْبَرَنَا عَبْدُ السَّلَامِ بْنُ عَبْدِ الْقَيُّومِ، قَالَ: سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ يَقُولُ: لَوِ اسْتَطَعْتُ لَمَحَوْتُ الْحَدِيثَ كُلَّهُ إِلَّا «إِنِّي تَارِكٌ فِيكُمْ مَا إِنْ تَمَسَّكْتُمْ بِهِ لَنْ تَضِلُّوا بَعْدِي: كِتَابَ اللَّهِ وَعِتْرَتِي أَهْلَ بَيْتِي»، فَإِنَّ فِيهِ كِفَايَةً، وَلَوْ كُنْتُ مُبْقِيًا سِوَاهُ لَأَبْقَيْتُ: «عَلَيْكُمْ بِسُنَّتِي وَسُنَّةِ الْخُلَفَاءِ الرَّاشِدِينَ الْمَهْدِيِّينَ مِنْ بَعْدِي، فَتَمَسَّكُوا بِهَا وَعَضُّوا عَلَيْهَا بِالنَّوَاجِذِ»!

Тарҷумаи гуфтор:

Абдуссалим ибни Абдулқайюм моро хабар дод, гуфт: Шунидам Мансур мефармояд: Агар метавонистам ҳамаи ҳадисро пок мекардам магар «Ҳароина ман дар миёни шумо чизеро бар ҷо мегузорам ки агар ба он тамассук ҷӯйед ҳаргиз пас аз ман гумроҳ намешавед: Китоби Худо ва итратам ки аҳли байтам ҳастанд»; Чароки дар он кифоят аст ва агар чизе ҷуз онро боқӣ мегузоштам ҳароина инро боқӣ мегузоштам: «Бар шумо бод ба суннати ман ва суннати хулафоъи рошид ва Маҳдии баъд аз ман, пас ба он тамассук ҷӯйед ва онро бо дандон бигиред»!

4 . أَخْبَرَنَا هَاشِمُ بْنُ عُبَيْدٍ الْخُجَنْدِيُّ، قَالَ: سَمِعْتُ الْعَالِمَ يَقُولُ لِأَصْحَابِهِ: خَيْرُ حَدِيثٍ حَدَّثَ النَّاسُ بِهِ: «عَلَيْكُمْ بِسُنَّتِي وَسُنَّةِ الْخُلَفَاءِ الرَّاشِدِينَ الْمَهْدِيِّينَ مِنْ بَعْدِي، فَتَمَسَّكُوا بِهَا وَعَضُّوا عَلَيْهَا بِالنَّوَاجِذِ»! قُلْتُ: أَصْلَحَكَ اللَّهُ! هَذَا حَدِيثٌ رَوَاهُ أَحْمَدُ وَالدَّارَمِيُّ وَالتِّرْمِذِيُّ وَابْنُ مَاجَهْ وَغَيْرُهُمْ، وَلَكِنْ مَا أَرَادَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ بِهَؤُلَاءِ الْخُلَفَاءِ الرَّاشِدِينَ الْمَهْدِيِّينَ مِنْ بَعْدِهِ؟! فَالْتَفَتَ إِلَيَّ وَقَالَ: يَا أَخَا أَهْلِ خُجَنْدَ! إِنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ مَا قَالَ قَوْلًا إِلَّا وَبَيَّنَهُ لِلنَّاسِ، قَبِلَهُ مَنْ قَبِلَهُ وَرَفَضَهُ مَنْ رَفَضَهُ! أَمَا سَمِعْتَ قَوْلَهُ: «يَكُونُ بَعْدِي اثْنَا عَشَرَ خَلِيفَةً كُلُّهُمْ مِنْ قُرَيْشٍ»؟! قُلْتُ: بَلَى، هَذَا حَدِيثٌ رَوَاهُ الْبُخَارِيُّ وَمُسْلِمٌ وَأَبُو دَاوُدَ وَالتِّرْمِذِيُّ وَغَيْرُهُمْ، وَلَكِنْ مَا أَرَادَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ بِهَؤُلَاءِ الْخُلَفَاءِ الرَّاشِدِينَ الْمَهْدِيِّينَ الْإِثْنَيْ عَشَرَ مِنْ قُرَيْشٍ؟! فَإِنَّ النَّاسَ اخْتَلَفُوا فِيهِ! قَالَ: مَا اخْتَلَفُوا فِيهِ إِلَّا مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَهُمُ الْعِلْمُ بَغْيًا بَيْنَهُمْ! أَمَا سَمِعْتَ قَوْلَ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ: «إِنِّي تَارِكٌ فِيكُمْ خَلِيفَتَيْنِ كِتَابَ اللَّهِ وَعِتْرَتِي أَهْلَ بَيْتِي، وَإِنَّهُمَا لَنْ يَفْتَرِقَا حَتَّى يَرِدَا عَلَيَّ الْحَوْضَ»؟! قُلْتُ: بَلَى، هَذَا حَدِيثٌ رَوَاهُ ابْنُ أَبِي شَيْبَةٍ وَأَحْمَدُ وَالتِّرْمِذِيُّ وَالنِّسَائِيُّ وَغَيْرُهُمْ، وَلَكِنْ مَا أَرَادَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ بِهَؤُلَاءِ الْخُلَفَاءِ الرَّاشِدِينَ الْمَهْدِيِّينَ الْإِثْنَيْ عَشَرَ مِنْ عِتْرَتِهِ أَهْلِ بَيْتِهِ؟! فَإِنَّ النَّاسَ لَا يَعْرِفُونَهُمْ! قَالَ: دَعِ النَّاسَ، فَإِنَّهُمْ يُرِيدُونَ أَنْ لَا يَعْرِفُوهُمْ! أَمَا سَمِعْتَ قَوْلَ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ: «يَكُونُ فِي آخِرِ الزَّمَانِ خَلِيفَةٌ يَقْسِمُ الْمَالَ وَلَا يَعُدُّهُ»؟! وَقَوْلَهُ: «الْمَهْدِيُّ مِنْ عِتْرَتِي مِنْ وُلْدِ فَاطِمَةَ»؟! فَالْمَهْدِيُّ مِنَ الْخُلَفَاءِ الرَّاشِدِينَ الْمَهْدِيِّينَ الْإِثْنَيْ عَشَرَ مِنْ عِتْرَتِهِ أَهْلِ بَيْتِهِ! فَمَنْ تَمَسَّكَ بِسُنَّتِهِ فَقَدْ تَمَسَّكَ بِسُنَّةِ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ وَأَطَاعَ أَمْرَهُ، وَمَنْ أَعْرَضَ عَنْهَا فَلَا أَرْغَمَ اللَّهُ إِلَّا بِأَنْفِهِ، أُولَئِكَ فِي ضَلَالٍ بَعِيدٍ!

Тарҷумаи гуфтор:

Ҳошим ибни Убайди Хуҷандӣ моро хабар дод, гуфт: Шунидам олим (яъне Мансур) хитоб ба ёронаш мефармояд: Беҳтарин ҳадисе ки мардум ривоят кардаанд ин аст: «Бар шумо бод ба суннати ман ва суннати хулафоъи рошид ва ҳидоят ёфта баъд аз ман, пас ба он тамассук ҷӯйед ва онро бо дандон бигиред»! Арз кардам: Худованд кори шуморо сомон диҳад! Ин ҳадисе аст ки Аҳмад, Дорамӣ, Тирмизӣ, Ибни Моҷаҳ ва дигарон ривоят кардаанд, вале манзури Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз ин хулафоъи рошид ва ҳидоят ёфта баъд аз ӯ чи касоне буданд?! Пас он ҳазрат ба ман таваҷҷуҳ намуд ва фармуд: Эй бародари аҳли Хуҷанд! Бегумон Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам суханеро нафармуд магар инки онро барои мардум табйин намуд, ҳар кас онро пазируфт пазируфт ва ҳар кас онро напазируфт напазируфт! Оё сухани он Ҳазратро нашунидаи ки фармуд: «Баъд аз ман дувоздаҳ халифаанд ки ҳамаи онҳо аз Қуруйш ҳастанд»?! Арз кардам: Бале, ин ҳадисе аст ки Бухорӣ, Муслим, Абу Довуд, Тирмизӣ ва дигарон ривоят кардаанд, вале манзури Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз ин дувоздаҳ халифаи рошид ва ҳидоят ёфта аз Қурайш, чи касоне буд?! Чароки мардум дар ин бора ихтилоф карданд! Фармуд: Онон дар ин бора ихтилоф накарданд магар аз рӯӣ кинатузӣ пас аз онки барояшон илм ҳосил шуд! Оё сухани Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро нашунидаи ки фармуд: «Ман дар миёни шумо ду халифаро бар ҷой мегузорам: Китоби Худо ва итратам ки аҳли байтам ҳастанд ва он ду ҳаргиз аз ҳам ҷудоӣ намепазиранд то ҳангоме ки назди ҳавз бар ман ворид шаванд»?! Арз кардам: бале, ин ҳадисе аст ки Ибни Абӣ Шейба, Аҳмад, Тирмизӣ, Насоъӣ ва дигарон ривоят карданд, вале манзури Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз ин дувоздаҳ халифаи рошид ва ҳидоят ёфта аз итраташ ки аҳли байташ ҳастанд, чи касоне буд?! Чароки мардум онҳоро намешиносанд! Фармуд: Мардумро вогузор; Зеро онон мехоҳанд ки онҳоро нашносанд! Оё сухани Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро нашуниди ки фармуд: «Дар охируззамон халифае хоҳад буд ки молро тақсим мекунад бидуни инки онро бишуморад» Ва фармудааст: «Маҳдӣ аз итрати ман аз насли Фотима аст»?! Пас Маҳдӣ аз дувоздаҳ халифаи рошид ва ҳидоят ёфта аз итрат ва аҳли байти Паёмбар аст ва бо ин васф, ҳар кас ба суннати ӯ тамассук ҷӯяд, ба суннати Расури Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам тамасск ҷуста ва амри ӯро итоъат кардааст ва ҳар кас аз он рӯй бигирад, Худованд ҷуз бинии ӯро бар хок намемолад ва онон дар гумроҳии дуре ҳастанд!