Чоршанбе 7 Июн 2023 мелодӣ / 18 Зулқаъда 1444 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсе аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Оёте аз Қуръон ки бар ин далолат доранд; Ояи 10. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Ҷаноби Мансури Ҳошимии Хуросонӣ решаи мушкилоти фаровони фарҳангӣ дар ҷомеъаи моро дар чи чизе мебинанад? Дар мардум ё ҳокимият ё таҳоҷумӣ фарҳангӣ ё ...? Барои мутолеъа ва дарёфти посух, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Гуфтори ҷадид: Ду гуфтор аз он ҳазрат дар бораи ҳукми қарз додан ба шарти ақдӣ машрӯъ ва пас гирифтани он бо нархи рӯз. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Нақди ҷадид: Оё ақли ҳар фард инқадр болиғ ҳаст ки битавонад меъёри ташхис бошад? Барои мутолеъа ва дарёфти барраси, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Гуфтор
 

1 . أَخْبَرَنا مُحَمَّدُ بْنُ عَبْدِ الرَّحْمَنِ الْهَرَوِيُّ، قالَ: سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ الْهاشِمِيَّ الْخُراسانِيَّ أَیَّدَهُ اللّهُ تَعَالَى عَنِ الْمَرْأَةِ تُؤْجِرُ رَحِمَها مِنْ زَوْجَیْنِ لا یُولَدُ لَهُما فَتُنَبِّتُ ماءَهُما أَوْ جَنِینَهُما، فَقالَ: لا وَاللّهِ لا یُشارِكُ فِي أَوْلادِ النَّاسِ إِلّا شَیْطانٌ! أَما سَمِعْتَ قَوْلَهُ تَعَالَى: «وَشَارِكْهُمْ فِي الْأَمْوَالِ وَالْأَوْلَادِ»؟!

Тарҷумаи гуфтор:

Муҳаммад ибни Абдурраҳмони Ҳиравӣ моро хабар дод, гуфт: Аз ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аядуллоҳ таъоло дар бораи зане пурсидам ки раҳими худро ба зан ва шавҳаре иҷора медиҳад ки соҳиби фарзанд намешаванд, пас оби он ду ё ҷанини он дуро (дар раҳими худ) парвариш медиҳад, фармуд: На ба Худо савганд, дар авлоди мардум мушорикат намекунад магар шайтон! Оё сухани Худованди баландмартабаро нашунидаи ки (ба ӯ) мефармояд: «Бо онон дар амвол ва авлод мушорикат кун»[1]?!

2 . أَخْبَرَنا جُبَیْرُ بْنُ عَطاءٍ الْخُجَنْدِيُّ، قالَ: سَمِعْتُ الْعالِمَ یَقُولُ: مَنِ اسْتَأْجَرَ امْرَأَةً لِرَحِمِها فَإِنَّمَا اسْتَأْجَرَ شَیْطانَةً وَ لا یُولَدُ مِنَ الشَّیْطانَةِ إِلّا شَیْطانٌ!

Тарҷумаи гуфтор:

Ҷубайр ибни Атоъи Хуҷандӣ моро хабар дод, гуфт: Шунидам олим мефармояд: Ҳар кас занеро барои раҳимаш иҷора кунад, ҷуз ин нест ки шайтони муъаннасеро иҷора кардааст ва аз шайтони муъаннас ҷуз шайтон мутаваллид намешавад!

3 . أَخْبَرَنَا الْحَسَنُ بْنُ الْقاسِمِ الطِّهْرانِيُّ، قالَ: سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ یَقُولُ وَ عِنْدَهُ عِیسَی بْنُ عَبْدِ الْحَمِیدِ: لَعَنَ اللّهُ مُؤْجِرَ الْأَرْحامِ وَ مُسْتَأْجِرَها! أَلا وَاللّهِ لَوْ كانَ لِي أَمْرٌ لَجَلَدْتُهُما أَوْ عَذَّبْتُهُما عَذاباً شَدِیداً! فَلَمَّا خَرَجَ قُلْتُ لِعِيسَى: ما أَرادَ مِنَ الْعَذابِ الشَّدِیدِ؟ قالَ: أَرادَ حَدَّ الْمُحارَبَةِ لِأَنَّهُما أَفْسَدا فِي الْأَرْضِ!

Тарҷумаи гуфтор:

Ҳасан ибни Қосими Теҳронӣ моро хабар дод, гуфт: Шунидам ҳазрати Мансур дар ҳоле ки Исо ибни Абдулҳамид назди ӯ буд мефармояд: Худованд иҷора диҳандаи раҳимҳо ва иҷора гирандаи онҳоро лаънат кунад! Огоҳ бошед ки ба Худо савганд агар барои ман султае буд ҳароина он дуро тозиёна мезадам ё азобӣ сахт мерасондам! Пас чун он ҳазрат берун рафт ба Исо гуфтам: Муроди он ҳазрат аз азоби сахт чи буд? Гуфт: Муродаш ҳадди муҳориба буд; Чароки он ду дар замин ифсод кардаанд!

Шарҳи гуфтор:

Ҳар чанд олимони мусалмон дар бораи ҷавоз ё адами ҷавози иҷораи раҳим, танҳо ба асли аввалӣ ва шуморе аз умумот ва итлоқоти шаръӣ дар боби никоҳ ва зино нигаристаанд ва ба нигоҳӣ бисёр сатҳӣ ва саҳландешона дар бораи он басанда кардаанд, аммо нигариши аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ба он нигариши хос ва амиқе аст ки аз ошнойии фавқулодаи он ҳазрат бо руҳи Ислом ва мақосиди шариъат ва масолеҳи олияи аҳком ва қарор доштани эшон дар як уфуқи илмӣ ва маърифатӣ бартар бархостааст. Аз назари ин олими роситин, фароянди табиъии таносул ва таволуд, офариниши Худованди Ҳаким ва суннате аз суннатҳои Ӯст ки бар бунёди ҳикмат ва раҳмати Ӯ устувор шуда ва таъмин кунандаи маслиҳати ҳақиқии инсон ва ҷаҳон аст; Чунонки фармудааст: ﴿فَأْتُوهُنَّ مِنْ حَيْثُ أَمَرَكُمُ اللَّهُ[2]; «Пас бар он занон даройед ба он сурат ки Худованд шуморо амр кардааст» Ва фармудааст: ﴿يَخْلُقُ مَا يَشَاءُ ۚ يَهَبُ لِمَنْ يَشَاءُ إِنَاثًا وَيَهَبُ لِمَنْ يَشَاءُ الذُّكُورَ ۝ أَوْ يُزَوِّجُهُمْ ذُكْرَانًا وَإِنَاثًا ۖ وَيَجْعَلُ مَنْ يَشَاءُ عَقِيمًا ۚ إِنَّهُ عَلِيمٌ قَدِيرٌ[3]; «Ҳар чизе ки Мехоҳад Меофаринад, ҳар касро Мехоҳад духтар Мебахшад ва ҳар касро Мехоҳад писар Мебахшад ё писр ва духтарро барояшон ҷуфт Мекунад ва ҳар касро Мехоҳад нозо Месозад, ҳароина Ӯ донойи қудратманд аст», агарчи гоҳе ин фароянди табиъӣ, аз нигоҳи қосир ва муқассири бархӣ бандагони кӯтаҳбин, таъмин кунандаи маслиҳат ва мувофиқ бо аҳвоъашон набошад; Чунонки фармудааст: ﴿وَعَسَى أَنْ تَكْرَهُوا شَيْئًا وَهُوَ خَيْرٌ لَكُمْ ۖ وَعَسَى أَنْ تُحِبُّوا شَيْئًا وَهُوَ شَرٌّ لَكُمْ ۗ وَاللَّهُ يَعْلَمُ وَأَنْتُمْ لَا تَعْلَمُونَ[4]; «Ва чи басо чизеро кароҳат доред дар ҳоле он хайре барои шумост ва чи басо чизеро дӯст доред дар ҳоле ки он шарре барои шумост ва Худованд медонад ва шумо намедонед». Бо ин васф, бар бандагони Худованд воҷиб аст ки таслими суннатҳои Ӯ ва розӣ ба қазои Ӯ бошанд ва аз муъориза бо Ӯ дар тадбираш ва ихлол дар назми табиъат ва дахолат дар фароянди табиъии таносул ва таволуд бипарҳезанд; Чароки ҳар гуна дахолати судҷӯёна ва зиёдахоҳона дар фароянди табиъии таносул ва таволуд, тағйир диҳандаи офариниши Худованд ва бар ҳам занандаи низом ва тавозуни табиъат аст ва дар ъайни ҳол, боби мафосиди азимеро ба рӯйи ояндагон мегушояд ва дар дарозмуддат табаъоти хатарнок ва зиёнборе барои фард ва ҷомеъа хоҳад дошт. Аз ин рӯ, шайтон водоштани инсонҳо ба чунин кореро яке аз аҳдофи худ зикр карда ва гуфтааст: ﴿وَلَآمُرَنَّهُمْ فَلَيُغَيِّرُنَّ خَلْقَ اللَّهِ[5]; «Ва ҳароина ононро амр мекунам, пас офариниши Худовандро тағйир медиҳанд»; Ба ин маъно ки ашколи фитрӣ ва табиъии хилқати Худованд ки бар бунёди ҳикматӣ бисёр амиқ ва мутаносиб бо ҳамаи абъод ва ҷавониби ҳастӣ астро ба тамаъи манофеъи шахсии кӯтоҳмуддат ва бо сӯъи истифода аз дониш ва абзорҳое ки Худованд ба онон бахшидааст, дигаргун месозанд.

Бар ин асос, ихлол дар низоми фитрии таносул ва таволуд ва тағйири фароянди табиъии он бо иқдомотӣ монанди иҷораи раҳими занон, шабиҳсозии инсон, харид ва фурӯши исперми мардон ва лиқоҳи маснуъӣ, таҳаққуқи ваъдаи ﴿فَلَيُغَيِّرُنَّ خَلْقَ اللَّهِ ва мисдоқи боризи ﴿مِنْ عَمَلِ الشَّيْطَانِ аст ки тавассути ﴿عَدُوٌّ مُبِينٌ зинат дода шуда ва тавассути фарзандонаш дар ғарб барои нобудии насли инсонҳо ва мушорикат дар авлоди онон дар ҳоли тарвиҷ ва ҷаҳонисозӣ аст. Аз ин рӯ, ҳазарти аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло зимни ифшои моҳияти хабис ва аҳдофи зидди Худойии ин корҳои шайтонӣ, онҳоро ҳаром мешуморад ва ба сахтӣ аз онҳо барҳазар медорад.

Барои огоҳии бештар дар ин бора, ба таълиқе бар пурсиш ва посухи 102 муроҷиъа кунед.

↑[1] . Исроъ/ 64
↑[2] . Бақара/ 222
↑[3] . Шӯро/ 49 ва 50
↑[4] . Бақара/ 216
↑[5] . Нисоъ/ 119
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]