Чоршанбе 7 Июн 2023 мелодӣ / 18 Зулқаъда 1444 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсе аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Оёте аз Қуръон ки бар ин далолат доранд; Ояи 10. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Ҷаноби Мансури Ҳошимии Хуросонӣ решаи мушкилоти фаровони фарҳангӣ дар ҷомеъаи моро дар чи чизе мебинанад? Дар мардум ё ҳокимият ё таҳоҷумӣ фарҳангӣ ё ...? Барои мутолеъа ва дарёфти посух, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Гуфтори ҷадид: Ду гуфтор аз он ҳазрат дар бораи ҳукми қарз додан ба шарти ақдӣ машрӯъ ва пас гирифтани он бо нархи рӯз. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Нақди ҷадид: Оё ақли ҳар фард инқадр болиғ ҳаст ки битавонад меъёри ташхис бошад? Барои мутолеъа ва дарёфти барраси, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Гуфтор
 

أَخْبَرَنا يُونُسُ بْنُ عَبْدِ اللَّهِ الْخَتْلانِيُّ، قالَ: كُنْتُ عِنْدَ الْمَنْصُورِ الْهاشِمِيِّ الْخُراسانِيِّ، فَأَشارَ إِلَيَّ وَقالَ: تَعالَ يا يُونُسُ حَتَّى أُعَلِّمَكَ دِينَكَ! فَاقْتَرَبْتُ إِلَيْهِ حَتَّى جَلَسْتُ فِي جَنْبِهِ، فَأَخَذَ بِيَدِي كَوالِدٍ رَحِيمٍ، ثُمَّ قالَ: اعْلَمْ يا بُنَيَّ أَنَّ هَذَا الدِّينَ نِظامٌ كَنِظامِ الْخَرَزِ، يَتْبَعُ بَعْضُهُ بَعْضًا، وَلا يَكْمُلُ بَعْضُهُ إِلَّا بِبَعْضٍ! أَلَمْ تَرَ أَنَّ اللَّهَ تَعالَى لَمَّا أَقامَ وَلِيَّهُ قالَ: ﴿الْيَوْمَ أَكْمَلْتُ لَكُمْ دِينَكُمْ وَأَتْمَمْتُ عَلَيْكُمْ نِعْمَتِي وَرَضِيتُ لَكُمُ الْإِسْلَامَ دِينًا؟! فَوَاللَّهِ ما كانَ الدِّينُ كامِلًا وَلَا الْإِسْلامُ مَرْضِيًّا حَتَّى أَقامَ اللَّهُ وَلِيَّهُ! فَلَمَّا خَرَجَ النَّاسُ مِنْ وِلايَتِهِ انْتَقَصَ دِينُهُمْ وَعادَ الْإِسْلامُ كَما كانَ غَيْرَ مَرْضِيٍّ، وَهُوَ الْيَوْمَ كَذَلِكَ! أَلا وَالَّذِي نَفْسِي بِيَدِهِ لَنْ يَكْمُلَ الدِّينُ أَبَدًا وَلَنْ يُغْنِيَ الْإِسْلامُ شَيْئًا إِلَّا بِوِلايَةِ وَلِيٍّ أَقامَهُ اللَّهُ عَزَّ وَجَلَّ! فَمَنْ زَعَمَ أَنَّ اللَّهَ يُدانُ بِدُونِ وِلايَةِ وَلِيِّهِ فَقَدْ ضَلَّ ضَلالًا بَعِيدًا! ثُمَّ قالَ: اعْلَمْ يا بُنَيَّ أَنَّ هَذَا الدِّينَ سِلْسِلَةٌ يَتَعَلَّقُ بَعْضُها بِبَعْضٍ، فَإِذَا انْتَقَصَ مِنْها جُزْءٌ واحِدٌ انْتَقَصَ سائِرُ الْأَجْزاءِ، وَلا تَزِيدُكَ حِينَئِذٍ إِلَّا خَسارًا! قُلْتُ: جُعِلْتُ فِداكَ، إِنَّهُمْ يَقُولُونَ ما لا يُدْرَكُ كُلُّهُ لا يُتْرَكُ كُلُّهُ! قالَ: كَذَبُوا الْجُهَّالُ الْحَمْقَى كَأَشْباهِ الْحُمُرِ! ما جَعَلَ اللَّهُ دِينًا إِلَّا وَجَعَلَ لَهُ مَنْ أَدْرَكَ كُلَّهُ! فَإِنْ عَجَزُوا عَنْ إِدْراكِ كُلِّهِ فَلْيَذهَبُوا وَلْيَأْتِ مَنْ يَقْدِرُ عَلَى ذَلِكَ، لِأَنَّهُ لا يُغْنِي إِلَّا كُلُّهُ وَلا يَزِيدُهُمْ جُزْئُهُ غَيْرَ تَخْسِيرٍ! قُلْتُ: أَلَيْسَ فِي ذَلِكَ تَعْلِيقُ حُدُودِ اللَّهِ؟ قالَ: لا يَذْهَبَنَّ بِكَ الْمَذاهِبُ يا بُنَيَّ! إِنَّ حُدُودَ اللَّهِ لا يُجْرِيها غَيْرُ وَلِيِّهِ، فَلا بُدَّ مِنْ أَنْ يُحَكِّمُوهُ، وَذَلِكَ بِأَنَّ اللَّهَ ما جَعَلَ حَدًّا إِلَّا بِاعْتِبارِ دَوْلَةِ الْعَدْلِ، وَأَمَّا دَوْلَةُ الْجَوْرِ فَلَيْسَ لَها أَنْ تُجْرِيَ حَدًّا، بَلْ لِلَّهِ عَلَيْها حُدُودٌ سَوْفَ تُجْرَى عَلَيْها!

Тарҷумаи гуфтор:

Юнус ибни Абдуллоҳи Хатлонӣ моро хабар дод, гуфт: Назди Мансури Ҳошимии Хуросонӣ будам, пас ба ман ишора кард ва фармуд: Биё эй Юнус то динатро ба ту биёмӯзам! Пас ба ӯ наздик шудам то инки дар канораш нишастам, пас дасти манро монанди падарӣ меҳрубон гирифт ва фармуд: Бидон эй фарзандам ки ин дин низоме монанди низоми мӯҳраҳост ки бархӣ аз он тобеъи бархӣ дигар аст ва бархӣ аз он ҷуз бо бархӣ дигар комил намешавад! Оё надидӣ ки Худованди баландмартаба ҳангоме ки валии худро гумошт фармуд: «Имрӯз динатонро бароятон комил ва неъматамро бар шумо тамом кардам ва Исломро бароятон ба унвони дин писандидам»[1]?! Пас ба Худо савганд дин комил ва Ислом писандида набуд то он гоҳ ки Худованд валии худро гумошт! Пас ҳангоме ки мардум аз вилояти ӯ хориҷ шуданд, динашон нуқсон пазируфт ва Ислом ба ҳамон ҳолате бозгашт ки ҳанӯз писандида набуд ва имрӯз низ бар ҳамон ҳолат аст! Огоҳ бош ба Худойе ки ҷонам ба дасти Ӯст савганд ки дин ҳаргиз комил намешавад ва Ислом аз чизе кифоят намекунад магар бо вилояти валийе ки Худованди аззаваҷал ӯро гумоштааст! Пас ҳар кас гумон кунад ки Худованд бидуни вилояти валияш диндорӣ мешавад, ба гумроҳии бисёр дуре дучор шудааст! Сипас фармуд: Бидон эй фарзандам ки ин дин занҷирае аст ки бархӣ аз он ба бархӣ дигар вобаста аст, пас чун ҷузъӣ аз он коста шавад аҷзоъи дигараш низ костӣ мепазирад ва он гоҳ ҷуз бар зиёни ту намеафзояд! Арз кардам: Фидоят шавам, онҳо мегӯянд чизе ки ҳамааш ба даст намеояд ҳамааш вогузошта намешавад! Фармуд: Дурӯғ мегӯянд ҷоҳилҳои аҳмақ ки монанди харҳоянд! Худованд динеро қарор надода магар инки барои он касеро қарор додааст ки ҳамаи онро ба даст оварад! Пас агар онҳо аз ба даст овардани ҳамаи он нотавонанд бояд бираванд ва касе биёяд ки тавонойии ин корро дорад; Чароки он ҷуз ҳамааш кифоят намекунад ва як ҷузъаш ба танҳоӣ танҳо бар зиёни онҳо меафзояд! Арз кардам: Оё ин ҳудуди Худовандро ба таълиқ намекашонад?! Фармуд: Мазоҳиби гуногун туро ба сӯӣ худ набаранд фарзандам! Ҳароина ҳудуди Худовандро ҷуз валии Ӯ ҷорӣ намекунад, пас чорае нест ҷуз онки ӯро ҳоким созанд ва ин аз он ҷиҳат аст ки Худованд ҳаддеро қарор надодааст магар бо лиҳози давлати адл ва аммо давлати золимро намерасад ки ҳаддеро ҷорӣ кунад, бал барои Худованд бар он ҳудуде аст ки ба зуддӣ бар он ҷорӣ хоҳад шуд!

Шарҳи гуфтор:

Барои дарки бештари ин ҳикмат ва мавъизаи ҳасана, ба китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом», мабҳаси «Машрут будани иқомаи бархӣ аҷзоъи Ислом ба иқомаи кулли он» муроҷиъа кунед.

↑[1] . Моъида/ 3
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]