Панҷшанбе 28 Март 2024 мелодӣ / 17 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Гуфтор
 

Ҳон эй олимони риёкор ки аз бодаи қудрат сармаст ва бо ситамкорон ҳамдастед! (1) Пуштҳои худро ба ман кардаед яъне ки намешунавем ва дар баробарам сукут пеша сохтаед яъне ки эътино намекунем! (2) Зуд бошад ки ҳамаи рӯйи худро ба ман кунед, дар ҳоле ки фарёд мезанед, фарёд задани занон дар вақти зойидан! (3) Оё мардумро намебинед ки шуморо ба ҷойи Худованд мепарастанд ва ба ҷойи халифаи Ӯ фаром мебаранд?! (4) Оре, ба Худо савганд ки мебинед, вале онро хуш доштаед, чунонки фоҳиша дастандозии фосиқро хуш медорад, пас худро пас намекашад ва аз инҷо дониста мешавад ки фоҳиша аст! (5) Оё ба ростӣ пиндоштаед ки вилояти Худованд ба шумо тафвиз шуда ва мардумро ҳаққи чуну чаро дар кори шумо нест, пас ҳар кас дар кори шумо чуну чаро кунад, гумроҳ ва фитнагар аст?! (6) Ё пиндоштаед ки ҳукми шумо дар миёни онон чунон ҳукми Худованд ва Паёмбари Ӯст, то ҳадде ки ниёзе ба овардани далил надоред?! (7) Ё пиндоштаед ки амволи Худованд ва халифааш дар замин ба шумо вогузор шудааст, пас ба майли худ дар он тасарруф мекунед ва касеро ҳаққи назорат бар шумо нест?! (8) Ё пиндоштаед ки ҳар кас бо шумо дӯстӣ дорад, дӯсти Худованд аст ва ҳар кас бо шумо душманӣ дорад, душмани Худованд аст ва молу ҷон ва обурӯяшро ҳурмате нест?! (9) Ё пиндоштаед ки шумо авлиёъи Худованд ҷуз мардум ҳастед ва Ӯро намерасад ки касе ҷуз шуморо ба раҳмати худ махсус кунад, пас бар бандааш ҳасад меварзед?! (10) Ё пиндоштаед ки аз илм ба боми он ва аз ҳидоят ба қуллаи он ва аз ҳаққоният ба осмони он расидаед ва беҳтар аз чизе ки шумо ба он расидаед чизе нест то дигарӣ ба он бирасад?! (11) Ё пиндоштаед ки маслиҳати шумо бар шариъати Худованд тақаддум дорад ва чизе ки бар дигарон ҳаром аст, барои шумо ҳалол аст?! (12) На ба Худо савганд, бал нек медонед ки бар Худованд дурӯғ бастаед ва бар зидди Ӯ ба ҳам пайвастаед ва бандагонашро ба бандагӣ гирифтаед ва дар дӯстии дунӯ ғарқ шудаед, то ҷойе ки дигар умеде ба наҷоти шумо нест! (13) Пас вой бар шумо ки бандагони Худовандро аз малакути Ӯ боз доштаед ва ба мулки хеш пойбанд сохтаед; Чароки оташи хашми Ӯ бар шумо афрухта шуда ва хомӯш кунандае барои он нест! (14) Ба шумо рост мегӯям: Инки малакути Ӯ наздик шудааст, чунонки тӯфон ба шаҳр наздик мешавад ва ба зоти Ӯ савганд ки шуморо ёрои истодан дар баробари он нест! (15) Кӯҳҳоро аз баробари худ бар меканад ва дарраҳоро дар баробари худ пур мекунад ва чун бар дарёҳо мегузарад онҳоро ба хушкӣ мубаддал месозад! (16) Пас пӯстҳо ва устухонҳои худро бардоред ва бугрезед ва зинҳор дар баробари он наистед ки нопадид мешавед! (17) Оё ба чоплусони худ дил бастаед ва ба муздурони худ ғарраҳ шудаед?! Дар ҳоле ки онон шуморо аз Худованд бениёз нахоҳанд кард, ҳангоме ки малакути Ӯ фаро мерасад, балки аз шумо безорӣ хоҳанд ҷуст ва ба душманони шумо мубаддал хоҳанд шуд! (18) Оё хирадмандоне дар миёи шумо нестанд ки панди панд диҳандаро бишнаванд ё фурутане дар миёнатон ёфт намешаванд ки ҳушдори ҳушдор диҳандаро бипазиранд?! (19) Ҳароина сафоҳати сар бо аммома пӯшида намешавад ва залолати дил дар або пинҳон намгардад ва хар бо бори китоб инсоният намеёбад ва тӯтӣ агарчи суханвор бошад ҳайвон аст! (20).

Шарҳи гуфтор:

Агар аз хирадмандони фурутан ҳастӣ, дар ҳар фақара аз ин ﴿كَلِمَةً طَيِّبَةً андеша кун, то баҳраи хешро аз он бигирӣ ва чироғи дилро бо он барафрузӣ ва дарди синаро бо он дармон кунӣ ва аташи ҷонро бо он фурунишонӣ ва роҳи хешро бо он биёбӣ ва аз роҳи олимони риёкор ҷудо созӣ ва ба роҳнамои малакути бипайвандӣ ва бидон ки «Малакут» аз решаи «Мулк» ва бар вазни «Фаъалут» аст ки аз авзони муболиға маҳсуб мешавад ва дар китоби Худованд[1] ба маънои «Ҳукумати ҷаҳонӣ» омада ва аз ин рӯ, дар китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом»[2] ва сойири навиштаҳо ва гуфторҳои нуронии ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ба ҳамин маъно истеъмол шудааст. Бо ин васф, муроди он ҳазарт аз «Малакути Худованд» дар ин хутбаи муборак, ҳукумати муқтадир ва шукуҳманди Худованд аст ки ба зудӣ монанди тӯфонӣ азим аз роҳ мерасад ва ба ҳами ҳукуматҳои ҷавр дар ҷаҳон аз ҷумла ҳукумати олимони риёкор поён медиҳад.

↑[1] . Анъом/ 75; Аъроф/ 185; Мӯъминун/ 88; Ёсин/ 83
↑[2] . с135
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]