Шанбе 27 Апрел 2024 мелодӣ / 18 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Гуфтор
 

أَخْبَرَنَا جُبَيْرُ بْنُ عَطَاءٍ الْخُجَنْدِيُّ، قَالَ: سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنِ الْمَرْأَةِ تُزِيلُ الشَّعْرَ مِنْ وَجْهِهَا، فَقَالَ: لَا بَأْسَ بِهِ، أَتَذَرُهُ حَتَّى تَشَبَّهَ بِالرِّجَالِ؟! قُلْتُ: إِنَّهُمْ يَقُولُونَ ذَلِكَ تَغْيِيرُ خَلْقِ اللَّهِ! قَالَ: سُبْحَانَ اللَّهِ! أَلَا يَنْتِفُونَ هَؤُلَاءِ إِبْطَهُمْ وَلَا يَحْلِقُونَ عَانَتَهُمْ؟! إِنَّمَا يُغَيِّرُ خَلْقَ اللَّهِ مَنْ يُفْسِدُهُ، ثُمَّ قَالَ: تَحْلِقُ الشَّعْرَ، وَلَا تَنْتِفُهُ فَتُؤْذِي بِذَلِكَ نَفْسَهَا.

Тарҷумаи гуфтор:

Ҷубайр ибни Атоъи Хуҷандӣ моро хабар дод, гуфт: Аз Мансур дар бораи зане пурсидам ки мӯйро аз рӯйи худ мезудояд, пас фармуд: Ишколе надорад, оё онро вогузорад то ба мардҳо шабоҳат ёбад?! Гуфтам: Инҳо мегӯянд ки он тағйири офариниши Худованд аст! Фармуд: Субҳоналлоҳ! Оё инҳо мӯйи бағалашонро намекананд ва мӯйи зиҳорашонро наметарошанд?! Ҳароина офариниши Худовандро касе тағйир медиҳад ки онро табоҳ мекунад, сипас фармкд: (зан) мӯйро битарошад ва онро наканад ки худро бо ин кор озор медиҳад.

Шарҳи гуфтор:

Аз ин гуфтор ва бархӣ дигар аз гуфторҳои он ҳазрат дониста мешавад ки бардоштани мӯйи рӯй барои занон, ҳаргоҳ тағйирӣ доъимӣ дар бадани онон эҷод кунад, ба ин наҳв ки дигар нарӯяд, ҷойиз нест; Чароки Худованд чунин тағйирро хостаи шайтон дониста ва аз қавли ӯ фармудааст: ﴿وَلَآمُرَنَّهُمْ فَلَيُغَيِّرُنَّ خَلْقَ اللَّهِ﴾[1]; «Ва ҳароина ононро амр мекунам, пас офариниши Худовандро тағйир медиҳанд», вале ҳаргоҳ тағйирӣ доъимӣ дар бадани онон эҷод накунад, машрут ба инки осебе ба он нарасонад ва бо ангезаҳои ақлонӣ ва мақосиди машрӯъ монанди оройиши завҷайн барои якдигар бошад, ишколе надорад.

↑[1] . Нисоъ/ 119
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]