1 . أَخْبَرَنا أَحْمَدُ بْنُ عَبْدِ الرَّحْمَنِ الطّالَقانِيُّ، قالَ: قُلْتُ لِلْمَنْصُورِ: إِنَّ النَّاسَ يَقُولُونَ ما بالُ الْمَنْصُورِ يُكْثِرُ التَّمَسُّكَ بِالْقُرْآنِ وَلا يُكْثِرُ التَّمَسُّكَ بِالْحَديِثِ؟! قالَ: ما بالُهُمْ يُكْثِرُونَ التَّمَسُّكَ بِالْحَدِيثِ وَلا يُكْثِرُونَ التَّمَسُّكَ بِالْقُرْآنِ؟! أَما بَلَغَهُمْ قَولُ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ: «أَحَدُهُما أَكْبَرُ مِنَ الْآخَرَ»؟! أَلا إِنَّ أَحْسَنَ الْحَدِيثِ الْقُرْآنُ وَكُلَّ حَدِيثٍ لا يُوافِقُ الْقُرْآنَ فَهُوَ زُخْرُفٌ ﴿وَلِتَصْغَى إِلَيْهِ أَفْئِدَةُ الَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِالْآخِرَةِ وَلِيَرْضَوْهُ وَلِيَقْتَرِفُوا مَا هُمْ مُّقْتَرِفُونَ﴾! ثُمَّ أَخَذَ بِيَدِهِ مُصْحَفًا وَقالَ: إِنَّ هَذَا الْقُرْآنَ يَنْطِقُ عَلَيْكُمْ بِالْحَقِّ فَاسْتَنْطِقُوهُ! قُلْتُ: أَفَيَنْطِقُ جُعِلْتُ فِداكَ؟! قالَ: نَعَمْ، يُنْطِقُهُ اللَّهُ الَّذِي يُنْطِقُ كُلَّ شَيْءٍ! قُلْتُ: وَكَيفَ يُنْطِقُهُ؟! قالَ: يُنْطِقُهُ عَلَى لِسانِ خَلِيفَتِهِ! أَما بَلَغَكُمْ قَولُ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ: «إِنَّهُما لَنْ يَفْتَرِقا حَتَّى يَرِدا عَلَيَّ الْحَوْضَ»؟! قُلْتُ: فَأَخْبِرْنِي عَنْ خَلِيفَتِهِ مَتَى يَنْطِقُ بِالْقُرْآنِ؟! قالَ: إِذا أَعْطَيْتُمُوهُ صَفْقَةَ أَيْدِيكُمْ وَثَمَرَةَ قُلُوبِكُمْ!
Тарҷумаи гуфтор:
Аҳмад ибни Абдурраҳмони Толиқонӣ моро хабар дод, гуфт: Ба Мансур арз кардам: Мардум мегӯянд чаро Мансур бисёр ба Қуръон тамассук меҷӯяд ва бисёр ба ҳадис тамассук намеҷӯяд?! Фармуд: Чаро онон бисёр ба ҳадис тамассук меҷӯянд ва бисёр ба Қуръон тамассук намеҷӯянд?! Оё сухани Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба онон нарасидааст ки фармуд: «Яке аз он ду (яъне Қуръон) бузургтар аз дигарӣ аст»?! Огоҳ бошед ки беҳтарин ҳадис Қуръон аст ва ҳар ҳадисе ки бо Қуръон созгор нест ҳамоно музахраф аст «То дилҳои касоне ки ба охират бовар надоранд ба он гаройиtш ёбад ва то он розӣ шаванд ва то ҳар чи анҷом диҳандаандро анҷом диҳанд»[1]! Сипас мусҳаферо ба даст гирифт ва фармуд: Ҳароина ин Қуръон бо шумо ба ҳақ сухан мегӯяд пас аз ӯ сухан бихоҳед! Арз кардам: Оё ба ростӣ сухан мегӯяд фидоят шавам?! Фармуд: Оре, Худое ки ҳар чизеро ба сухан меоварад онро ба сухан меоварад! Арз кардам: Чигуна онро ба сухан меоварад?! Фармуд: Онро бар забони халифааш ба сухан меоварад! Оё сухани Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба шумо нарасидааст ки фармуд: «Ҳароина он ду аз ҳам ҷудоӣ намепазиранд то он гоҳ ки назди ҳавз бар ман ворид шаванд»?! Арз кардам: Пас манро аз халифаи Ӯ хабар бидеҳ ки чи ҳангом бо Қуръон сухан мегӯяд?! Фармуд: Ҳангоме ки кафи дастонатон ва меваи дилҳоятонро ба ӯ бидиҳед!
Шарҳи гуфтор:
Манзур аз «Кафи даст» дар баёни ин бузугвор, «Байъат» аст ки бо кафи даст анҷом мешавад ва мисоқе барои итоъат аст ва манзур аз «Меваи дил» дар он маҳбубтарин чиз барои ҳар кас аст ки аст ки рӯшании дидаи ӯ маҳсуб мешавад. Бинобарин, аз назари Мансур ҳафизаҳуллоҳ таъоло зуҳури Маҳдӣ алайҳи салом ҳангоме воқеъ мешавад ки иддаи кофӣ аз мардум бо он ҳазрат байъат кунанд ва қодир бошанд ки аз маҳбубтарин чизҳои худ дар роҳи ӯ бугзаранг ва он ҳангом аст ки ӯ ба сухан дар меояд ва бо сухани худ, Қуръонро ба сухан меоварад.
2 . أَخْبَرَنا وَلِيدُ بْنُ مَحْمُودٍ السَّجِسْتانِيُّ، قالَ: قالَ لِلْمَنْصُورِ رَجُلٌ مِنْ أَهْلِ الْحَدِيثِ وَهُوَ يُخاصِمُهُ: صَدَقَةُ الْفِطْرَةِ فَرِيضَةٌ عَلَى كُلِّ نَفْسٍ وَإِنْ كانَتْ فَقِيرَةً تَحْتاجُ إِلَيْها لِحَدِيثٍ رَواهُ أَبُو داوُدَ! قالَ: كَذَبْتَ وَكَذَبَ أَبُو داوُدَ! إِنَّ اللَّهَ تَعالَى يَقُولُ: ﴿لَا يُكَلِّفُ اللَّهُ نَفْسًا إِلَّا مَا آتَاهَا﴾! قالَ الرَّجُلُ: أَتَدَعُ الْحَدِيثَ الصَّحِيحَ؟! قالَ: أَدَعُهُ إِلَى ما هُوَ أَصَحُّ مِنْهُ، أَدَعُهُ إِلَى كِتابِ اللَّهِ! قالَ: لَكِنَّا لا نَدَعُ الْحَدِيثَ الصَّحِيحَ! قالَ وَأَقْبَلَ عَلَى أَصْحابِهِ وَهُمْ بَيْنَ ساخِطٍ وَمُتَعَجِّبٍ: إِذا رَأَيْتُمُ النَّاسَ يَتَقَلْقَلُونَ فِي الضَّلالَةِ تَقَلْقُلًا فَكَبِّرُوا اللَّهَ عَلَى ما هَداكُمْ! فَقالَ أَصْحابُهُ: اللَّهُ أَكْبَرُ عَلَى ما هَدانا! ثُمَّ أَقْبَلَ عَلَى الرَّجُلِ وَقالَ: اعْلَمْ أَيُّهَا الرَّجُلُ أَنَّ أَحْسَنَ الْحَدِيثِ كِتابُ اللَّهِ وَكُلَّ حَدِيثٍ خَالَفَ كِتابَ اللَّهِ فَهُوَ زُخْرُفٌ!
Тарҷумаи гуфтор:
Валид ибни Маҳмуди Саҷистонӣ моро хабар дод, гуфт: Марде аз аҳли ҳадис дар ҳоле ки бо Мансур мухосима мекард, гуфт: Закоти фитра бар ҳар касе фариза аст агарчи худ фақир ва ба он мӯҳтоҷ бошад, ба далили ҳадисе ки Абу Довуд ривоят кард! Фармуд: Дурӯғ гуфтӣ ва дурӯғ гуфт Абу Довуд! Ҳароина Худованди баландмартаба мефармояд: «Худованд ҳеҷ касро ҷуз ба чизе ки ба ӯ дода аст таклиф намекунад»[2]! Мард гуфт: Оё ҳадиси саҳиҳро вомегузорӣ?! Фармуд: Онро вомегузорам ба сӯӣ чизе ки аз он саҳиҳтар аст, онро ба сӯӣ китоби Худо вомегузорам! Мард гуфт: Аммо мо ҳаргиз ҳадиси саҳиҳро вонамегузорем! Пас он ҳазрат ба асҳоби худ ки бархӣ хашмгин ва бархӣ шигфтзда буданд рӯй намуд ва фармуд: Ҳаргоҳ мардумро дидед ки дар залолат ҷунбонанд Худоро бар инки шуморо ҳидоят кард бузург шуморед! Пас асҳобаш гуфтанд: Худоро бар инки моро ҳидоят кард бузург мешуморем! Сипас он ҳазрат ба мард рӯй намуд ва фармуд: Бидон эй мард ки беҳтарин ҳадис китоби Худованд аст ва ҳар ҳадисе ки бо китоби Худованд мухолиф бошад музахраф аст!
Шарҳи гуфтор:
Манзур аз ҳадисе ки Абу Довуд онро ривоят карда ва мавриди истиноди мард қарор гирифта, ҳадиси Саълаба ибни Абӣ Саъир аст ки иддаъо мекунад Худованд закоти фитраро ҳам бар ғанӣ ва ҳам бар фақир ба яксон фарз карда ва ин хусусан бо бардоште ки мар аз он дошта, бар хилофи Қуръон аст. Бо ин васф, дурӯғи мард нисбат додани ҳукмӣ мухолиф бо Қуръон ба Худованд аст; Ҳамчунонки иддаъои ӯ дар бораи саҳиҳ будани ин ҳадис низ метавонад мисдоқи дурӯғ бошад; Чароки матни ин ҳадис изтироби фаровоне дорад ва санади он аз назари бархӣ аъимаи ҳадис монанди Аҳмад ибни Ҳанбал саҳиҳ нест, балки мурсал аст[3]. Аммо дурӯғи Абу Довуд соҳиби китоби Сунун, нисбат додани сухане бар хилофи Қуръон ба Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст агарчи худ онро насохта бошад ва аз инҷо дониста мешавад ки ривоят кардани дурӯғ, дурӯғ маҳсуб мешавад. Аммо «Зухруф» ё «Музахраф» дар гуфтори ҳазрати Мансур, калимаи омиёна ва тавҳиномез нест, бал калимаи Қуръонӣ ба маънои сухани ботиле аст ки зоҳири он ороста бошад ва мисдоқи он ҳадисе аст ки бо китоби Худо мунофот дорад.