Чоршанбе 7 Июн 2023 мелодӣ / 18 Зулқаъда 1444 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсе аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Оёте аз Қуръон ки бар ин далолат доранд; Ояи 10. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Ҷаноби Мансури Ҳошимии Хуросонӣ решаи мушкилоти фаровони фарҳангӣ дар ҷомеъаи моро дар чи чизе мебинанад? Дар мардум ё ҳокимият ё таҳоҷумӣ фарҳангӣ ё ...? Барои мутолеъа ва дарёфти посух, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Гуфтори ҷадид: Ду гуфтор аз он ҳазрат дар бораи ҳукми қарз додан ба шарти ақдӣ машрӯъ ва пас гирифтани он бо нархи рӯз. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Нақди ҷадид: Оё ақли ҳар фард инқадр болиғ ҳаст ки битавонад меъёри ташхис бошад? Барои мутолеъа ва дарёфти барраси, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Гуфтор
 

1 . أَخْبَرَنا مُحَمَّدُ بْنُ عَبْدِ الرَّحْمَنِ الْهَرَوِيُّ، قالَ: سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنِ الْقَبْضِ فِي الصَّلاةِ، فَكَرِهَهُ وَ قالَ: أَقُولُ فِیهِ بِقَولِ فُقَهاءِ الْمَدِینَةِ! قُلْتُ: تُریدُ مالِكاً؟ قالَ: مالِكاً وَ خَیْراً مِنْ مالِكٍ!

Тарҷумаи гуфтор:

Муҳаммад ибни Абдуллоҳи Ҳиравӣ моро хабар дод, гуфт: Аз ҳазарти Мансур дар бораи қабзи (ядайн) дар намоз пурсидам, пас онро макрӯҳ шумурд ва фармуд: Дар бораи он ба қавли фуқаҳои Мадина фатво медиҳам, гуфтам: Манзуратон Молик аст? Фармуд: Молик ва беҳтар аз Молик!

Шарҳи гуфтор:

Молик ибни Анас ибни Молик ибни Абӣ Омири Асбаҳӣ Ямонӣ (д.179қ) аз фуқаҳои Мадина ва Имоми Моликиён аст ки ниҳодани дасти рост бар дасти чап дар намози фарзро макрӯҳ мешумурд ва суннатро ирсол яъне андохтани дастҳо дар он медонист ва зоҳиран муроди ҳазарти Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло аз «خَیْراً مِنْ مالِكٍ»; «Беҳтар аз Молик», имомоне аз аҳли байт монанди Абу Ҷаъфари Боқир (д.114қ) ва Ҷаъфар ибни Муҳаммади Содиқ (д.147қ) аст ки аз фуқаҳои Мадина маҳсуб мешуданд ва монанди Молик, қоъил ба кароҳати ниҳодани дасти рост бар дасти чап дар намоз буданд.

2 . أَخْبَرَنا عِیسَی بْنُ عَبْدِ الْحَمِیدِ الْجُوزَجانِيُّ، قالَ: سَأَلْتُهُ عَنِ التَّكْفِيرِ فِي الصَّلاةِ، فَقالَ: إِنِّي وَاللّهِ لَأَكْرَهُ أَنْ أَتَشَبَّهَ بِآلِ فِرْعَوْنَ! أَلا تَنْظُرُونَ إِلَى تَماثِیلِهِمْ كَیْفَ یُكَفِّرُونَ؟! قُلْتُ: إِنَّهُمْ یَقُولُونَ إِنَّهُ سُنَّةٌ! قالَ: سُنَّةٌ لِآلِ فِرْعَوْنَ! ثُمَّ قالَ: كانَ رَسُولُ اللّهِ صَلَّی اللّهُ عَلَیْهِ وَ آلِهِ وَ سَلَّمَ یُرْسِلُ یَدَیْهِ فِي الصَّلاةِ وَ كانَ لا یَتَصَنَّعُ كَما تَتَصَنَّعُونَ!

Тарҷумаи гуфтор:

Исо ибни Абдулҳамиди Ҷавузҷонӣ моро хабар дод, гуфт: Аз он ҳазрат дар бораи такфир (яъне ниҳодани дасти рост бар дасти чап) дар намоз пурсидам, пас фармуд: Ман ба Худо савганд кароҳат дорам аз инки ба Оли фиръавн шабеҳ шавам! Оё муҷассамаҳои ононро намебинед ки чигуна такфир кардаанд?! Гуфтам: Инҳо мегӯянд ки он суннат аст! Фармуд: Суннате барои Оли фиръавн! Сипас фармуд: Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам худро дар намоз меандохт ва тасаннуъ намекард бадин сон ки шумо тасаннуъ мекунед!

Шарҳи гуфтор:

«Тасаннуъ кардан», ба маънои зоҳирсозӣ ва гирифтани ҳолатӣ хос ба худ бо такаллуф ва ба таври сохтагӣ аст ки дар амал такфир мисдоқ меёбад ва ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло онро макрӯҳ ва аз суннатҳои Оли фиръавн мешуморад ва шояд сидқи эшон муҷассамаҳойе аст ки аз Мисри бостони бар ҷой монда ва ба унвони намуна, дар тасовири зер қобили мушоҳида аст:

«قالَ الْمَنْصُورُ: أَلا تَنْظُرُونَ إِلَى تَماثِیلِهِمْ کَیْفَ یُکَفِّرُونَ؟!»;

«Мансур фармуд: Оё муҷассамаҳои ононро намебинед ки чигуна такфир кардаанд?!»

Ду гуфтор аз он ҳазрат дар бораи кароҳати ниҳодани дасти рост бар дасти чап дар намоз
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]