Шанбе 24 октябр 2020 мелодӣ баробар бо 7 рабеъ-ул-аввал 1442 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
(9) Наҳзати мубораки <<Бозгашт ба Ислом>> бо раҳбарии аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, як наҳзати мардумӣ бо муҳтавои Исломӣ ва рӯйкарди илмӣ ба манзури эҳёъи Исломи нахустин бар бунёди китоби Худованд ва суннати мутавотири Паёмбараш ва дар рӯшанойии ақли салим аст ки барои таъсиси ҳукумати Худованд дар замин аз тариқи таъсиси ҳукумати халифааш бо ҷамъоварӣ ва тарбияти ҳомиёни кофӣ барои ӯ талош мекунад. (Мақолаи 28)
loading
Гуфтор
 

أَخْبَرَنا وَلِيدُ بْنُ مَحْمُودٍ السَّجِسْتانِيُّ، قالَ: سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ الْهاشِمِيَّ الْخُراسانِيَّ عَنِ الْعَقْلِ أَهُوَ مَوْهُوبٌ مِنَ اللَّهِ أَوْ لِلنَّاسِ فِيهِ صُنْعٌ؟ قالَ: بَلْ هُوَ مَوْهُوبٌ مِنَ اللَّهِ وَلَيْسَ لِلنَّاسِ فِيهِ صُنْعٌ، قُلْتُ: فَلِماذا ذَمَّ اللَّهُ الَّذِينَ لا يَعْقِلُونَ؟! قالَ: أَيْنَ ذَهَبْتَ يا وَلِيدُ؟! إنَّ اللَّهَ قَدْ وَهَبَ لَهُمْ عَقْلًا وَأَمَرَهُمْ بِاسْتِعْمالِهِ، فَلَمْ يَسْتَعْمِلُوهُ، فَذَمَّهُمْ عَلَى تَرْكِ الْإسْتِعْمالِ، أَما سَمِعْتَ قَوْلَهُ: ﴿لَهُمْ قُلُوبٌ لَّا يَفْقَهُونَ بِهَا وَقَوْلَهُ: ﴿أَفَلَا يَتَدَبَّرُونَ الْقُرْآنَ أَمْ عَلَى قُلُوبٍ أَقْفَالُهَا؟! قُلْتُ: جُعِلْتُ فِداكَ، إِنِّي أُحِبُّ أَنْ أَزْدادَ عَقْلًا! قالَ: يا وَلِيدُ، إِنَّكَ لَمْ تَسْتَعْمِلْ عَقْلَكَ كُلَّهُ حَتَّى تَحْتاجَ إِلَى زِيادَةٍ، لا وَاللَّهِ بَلْ لَمْ تَسْتَعْمِلْ مِنْهُ جُزْءًا مِنَ السَّبْعِينَ، فَلَعَلَّكَ إِنْ تَسْتَعْمِلْهُ لَنْ تَحْتاجَ إِلَى زِيادَةٍ، لِأَنَّ اللَّهَ قَسَّمَ الْعَقْلَ عَلَى قَدْرِ حاجَةٍ بِهِ، وَلَمْ يَنْقُصْ مِنْهُ وَلَمْ يَزِدْ عَلَيْهِ، وَجَعَلَ لِكُلِّ شَيْءٍ قَدَرًا مَقْدُورًا، فَاسْتَعْمِلْ عَقْلَكَ يُغْنِيكَ إِنْ شاءَ اللَّهُ، وَإِنِ احْتَجْتَ بَعْدَهُ إِلَى شَيْءٍ فَاسْتَعِنْ بِعَقْلِ أَخِيكَ، فَإِنَّ اللَّهَ فَضَّلَ الْعُقُولَ بَعْضَها عَلَى بَعْضٍ، لِيَسْتَعِينَ بَعْضُها بِبَعْضٍ، وَيَكُونَ بَعْضُها تَبَعًا لِبَعْضٍ، وَجَعَلَ عَقْلَ خَلِيفَتِهِ فِي الْأَرْضِ أَكْمَلَ الْعُقُولِ لِيَكُونَ مَصِيرَها وَمَأْواها، فَلَوْ أَنَّ رَجُلًا اسْتَعْمَلَ عَقْلَهُ حَقَّ اسْتِعْمالِهِ وَاتَّبَعَ خَلِيفَةَ اللَّهِ فِي الْأَرْضِ حَقَّ اتِّباعِهِ، لَكانَ كَمَنْ عَقْلُهُ كامِلٌ لا نُقْصانَ فِيهِ وَلا عاهَةَ!

Тарҷумаи гуфтор:

Валид ибни Маҳмуди Саҷистонӣ моро хабар дод, гуфт: Аз мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар бораи ақл пурсидам ки оё он муҳиббате аз ҷониби Худованд аст ё барои мардум дар он нақше вуҷуд дорад? Фармуд: Балки он муҳиббате аз ҷониби Худованд аст ва барои мардум дар он нақше вуҷуд надорад! Гуфтам: Пас чаро Худованд касеро некуҳиш кардааст ки ақлро ба кор намебаранд?! Фармуд: Ба куҷо рафтӣ эй Валид?! Ҳароина Худованд ба онон ақле бахшида ва ононро ба корбурди он фармон дода, вале онро ба кор набурдаанд, пас ононро бар тарки корбурдаш некуҳиш кардааст! Оё ин сухани Ӯро нашунидаи ки мефармояд: <<Барои онон ақлҳое ҳаст ки бо он дар намеёбанд>>[1] ва ин суханашро ки мефармойед: <<Оё пас дар Қуръон андеша намекунанд ё бар ақлҳое қуфлҳояш ниҳода шудааст (то ба кор бурда нашавад)>>[2]?! Гуфтам: Фидоят шавам, ман дӯст медорам ки ақли бештаре касб кунам! Фармуд: Эй Валид! Ту ҳанӯз ҳамаи ақлатро ба кор набурдаи то ба афзоиши он ниёзе дошта бошӣ, на ба Худо савганд балки яке аз ҳафтод ҷузъи онро ба кор набурдаи! Пас шояд агар онро ба кор барӣ ҳаргиз ба афзоиши он ниёзе наёбӣ; Чароки Худованд ақлро ба андозаи ниёзи ба он қисмат карда ва аз он (андоза) кам нагузошта ва бар он наяфзуда ва барои ҳар чизе андозае санҷида қарор додааст! Бинобарин, ақли худро ба кор бибар ки агар Худо бихоҳад туро бениёз мекунад ва агар пас аз он ба чизе ниёз пайдо кардӣ аз ақли бародарат кӯмак бигир; Чароки Худованд бархӣ ақлҳоро бар бархӣ дигар фазилат бахшидааст то бархишон аз бархӣ дигар кӯмак бигиранд ва бархишон пайрави бархӣ дигар бошанд ва ақли халифаи Худ дар заминро комилтарин ақлҳо қарор додааст то марҷаъ ва паноҳгоҳи онҳо бошад! Бинобарин, агар марде ақли худро чунонки шойиста аст ба кор барад ва аз халифаи Худованд дар замин чунонки шойиста аст пайравӣ кунад, монанди касе хоҳад буд ки ақли ӯ комил бошад ва на костӣ дар он бошад ва на кажӣ!

Шарҳи гуфтор:

Ин ҳакими Илоҳӣ дар ин ҳикмати мутаъолӣ, низоми ақлӣ ҳоким бар ҷаҳонро бо зарофати тамом ба тасвир кашида ва мабдаи ақл ва қадри он ва маротиби он ва иртиботаш бо ақронашро рӯшанӣ табйин фармудааст. Бинобар ин ҳикмати мутаъолӣ, ақл моҳиятӣ Худододӣ ва ғайри иктисобӣ дорад ва мардум наметавонанд онро кам ё беш кунанд, вале ба ҳар як аз онон мутаносиб бо ниёзаш дода шуда ва камтар ё бештар аз он дода нашудааст. Бо ин ҳол, онон метавонанд аз ақли якдигар баҳра бибаранд ва бо ин шева нуқсон нисбии уқули худро ҷуброн намоянд ва дар ин миён, ақли халифаи Худованд дар замин аз ҳамаи уқул комилтар аст ва ба ин эътибор, марҷаъи онҳо шумурда мешавад то ҳамагӣ ба он мунтаҳӣ шаванд ва бо ин васф, рамзи камоли одамӣ истифодаи ҳаддиаксарӣ аз ақли худ ва табаъияти ҳаддиаксарӣ аз халифаи Худованд дар замин аст.

Инсофан чунин ҳикматҳои бебадиле, чунон алмосҳоӣ гаронбаҳо ҳастанд ки бар сари роҳи мардум афтодааст, вале онон аз рӯӣ он мегузаранд ва онро аз замин бар намедоранд; Чароки бисёр ғофил ва мутакаббир ҳастанд ва фарқи алмосро аз санг намешиносанд! Ба ростӣ шойистаи таъассуф аст ки чунин олими комиле дар миёни онон вуҷуд дорад, вале онон аз илми ӯ баҳра намебаранд; Чунон Алӣ ибни Абӣ Толиб ки илми анбуҳе дар синаи худ дошт, вале барои он ҳомилоне намеёфт; То ҷойе ки аз ҳасрат оҳ мекашид ва мефармуд: «إنَّ هاهُنا لَعِلْمًا جَمًّا لَو وَجَدْتُ لَهُ حَمَلَةً»; <<Дар инҷо илми анбуҳе вуҷуд дорад, кош барои он ҳомилоне меёфтам>> Ва фарёд мезад: «سَلُونِي قَبْلَ أَنْ تَفْقِدُوني»; <<Аз ман бипурсед пеш аз онки манро наёбед>>, вале аз касе посухе намешунид; Чароки аҳли замонаш қадри ӯро намедонистанд ва лаёқати инсоне монанди ӯро надоштанд. То он гоҳ ки Худованд бар носипосон ғазаб кард ва ӯро аз миёни онон бурд ва ба ҷои ӯ ҷоҳилонро бар онон мусаллат сохт, то бо зулми худ ононро ба бадбахтӣ кашонанд, бошад ки ибрате барои ояндагон шаванд!

↑[1] . Аъроф/ 179
↑[2] . Муҳаммад/ 24
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Фори тарҷума]
×
Фори тарҷума
Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Captcha