Чоршанбе 7 Июн 2023 мелодӣ / 18 Зулқаъда 1444 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсе аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Оёте аз Қуръон ки бар ин далолат доранд; Ояи 10. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Ҷаноби Мансури Ҳошимии Хуросонӣ решаи мушкилоти фаровони фарҳангӣ дар ҷомеъаи моро дар чи чизе мебинанад? Дар мардум ё ҳокимият ё таҳоҷумӣ фарҳангӣ ё ...? Барои мутолеъа ва дарёфти посух, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Гуфтори ҷадид: Ду гуфтор аз он ҳазрат дар бораи ҳукми қарз додан ба шарти ақдӣ машрӯъ ва пас гирифтани он бо нархи рӯз. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Нақди ҷадид: Оё ақли ҳар фард инқадр болиғ ҳаст ки битавонад меъёри ташхис бошад? Барои мутолеъа ва дарёфти барраси, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Гуфтор
 

أَخْبَرَنا أَبُو إِبْراهيمَ السَّمَرْقَنْدِيُّ، قالَ: سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ يَقُولُ لِأَصْحابِهِ: أَلا تَتَعَجَّبُونَ مِنْهُمْ؟! يُسَمُّونَ قَتِيلَ هَذَا شَهِيداً وَ قَتِيلَ هَذَا شَهِيداً وَ ما هُما إِلّا جِيفَتانِ تَهُبُّ عَلَيْهِمَا الرِّياحُ! أَلا وَاللَّهِ مَا الشَّهِيدُ إلّا أَنا وَ أَصْحابِي وَ إِنْ مِتْنا عَلَى فُرُشِنا!

Тарҷумаи гуфтор:

Абу Иброҳими Самарқандӣ моро хабар дод, гуфт: Шунидам ҳазрати Мансур ба ёрои худ мефармояд: Оё аз инон ба шигифт намеойед?! Куштаи инро шаҳид меноманд ва куштаи онро шаҳид меноманд, дар ҳоле ки он ду ҷуз мурдоре ки бодҳо бар он мевазанд нестанд! Огоҳ бошед ки шаҳиде ҷуз ман ва ёронам нест агарчи бар бистарҳои худ бимирем.

Шарҳи гуфтор:

Оре, бегумон касоне ки бо молу ҷони худ дар роҳи таҳаққуқи ҳокимияти Худованд бар ҷаҳон мекӯшанд, шаҳидони зиндаанд ва агар кушта шаванд беҳтарини шаҳидон шумурда мешаванд, балки дар асри кунунӣ шаҳиде ҷуз онон вуҷуд надорад; Чароки касе ҷуз онон дар роҳи таҳаққуқи ҳокимияти Худованд бар ҷаҳон намекӯшанд, балки ҳамагон аз ҳар гурӯҳ ва мазҳабе, дониста ё нодониста дар роҳи таҳаққуқи ҳокимияти дигарон бар ҷаҳон мекӯшанд ва ин дар ҳоле аст ки шаҳодат танҳо дар роҳи таҳаққуқи ҳокимияти Худованд бар ҷаҳон аст; Чунонки фармудааст: ﴿الَّذِينَ آمَنُوا يُقَاتِلُونَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ ۖ وَالَّذِينَ كَفَرُوا يُقَاتِلُونَ فِي سَبِيلِ الطَّاغُوتِ[1]; «Касоне ки имон оварданд дар роҳи Худованд меҷанганд ва касоне ки кофир шуданд дар роҳи тоғут меҷанганд» Ва фармудааст: ﴿وَلَا تَقُولُوا لِمَنْ يُقْتَلُ فِي سَبِيلِ اللَّهِ أَمْوَاتٌ ۚ بَلْ أَحْيَاءٌ وَلَكِنْ لَا تَشْعُرُونَ[2]; «Ва ба касоне ки дар роҳи Худованд кушта мешаванд мурдагон нагӯйед, балки зиндагонанд вале шумо дар намеёбед». Бо ин васф, касоне ки дар роҳи эҷод ё ҳифзи ҳокимияти пешвоёне ҷуз Маҳдӣ кушта мешаванд, мурдоранд ва шаҳид номидани онон фиребӣ беш нест; Зеро шаҳид дар Ислом касе аст ки дар роҳи эҷод ва ҳифзи ҳокимияти халифаи Худо дар замин кушта мешавад, на эҷод ва ҳифзи ҳокимияти дигарон ва чунин касе дар даврони кунунӣ ҷуз Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ва ёрони мухлиси ӯ ки дар роҳи эҷод ва ҳифзи ҳокимияти Маҳдӣ мекӯшанд, нест.

Аз Худованд тавфиқи шаҳодати ҳақиқӣ дар роҳаш ва ҳамвора бо заминасозони зуҳури халифаашро масъалат дорем.

↑[1] . Нисоъ/ 76
↑[2] . Бақара/ 154
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]