Панҷшанбе 18 Апрел 2024 мелодӣ / 9 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Гуфтор
 

Бархӣ ёронамон моро хабар доданд, гуфтанд: Ҳазарти Мансури Ҳошимии Хуросонӣ пеш аз онки фитнаи доъиш оғоз шавад, гурӯҳе аз мардумро ба шинохти Ислом ва заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ даъват мекард. Пас рӯзе дар масҷид шунид ки мегӯянд: Ӯ дурӯғ мебандад! Пас бар минбар рафт ва Худоро сутуд ва бар Паёмбараш дуруд фиристод ва сипас фармуд:

«Ҳон эй мардум! Ба куҷо меравед ва куҷо роҳатон заданд?! Оё мепиндоред ки ман дурӯғ мебандам?! Бар чи касе?! Бар Худо?! Дар ҳоле ки бар хилофи шумо чизеро аз рӯӣ зан ба Ӯ нисбат намедиҳам! Оё бар халифаи Худо?! Дар ҳоле ки шуморо ҷуз ба сӯӣ ӯ даъват намекунам ва агар аз осмон партоб шавам бароям хуштар аз он аст ки бар ӯ дурӯғ бибандам. На ба Худо савганд, ман дурӯғ набастаам, вале аз фаҳми суханам оҷиз шудаед ва ба зудӣ ба сидқи он пай хоҳед бурд, ҳангоме ки фитнаҳо чун мавҷҳои хурӯшон шуморо дар миён гиранд ва ошубҳо чун гирдобҳои вайронгар ба шумо наздик шаванд ва касе ҷуз манро наёбед ки роҳи наҷотро ба шумо нишон диҳад. Вой бар шумо! Оё мепиндоред ки аз сари ҳамо сухан мегӯям? Дар ҳоле ки мебинед бар баййинае аз ҷониби Парвардигорам ҳастам! Ё мепиндоред ки чашме ба дунёятон дӯхтаам? Дар ҳоле ки мебинед аз шумо чизе наметалабам ва худро омоҷи тирҳои бало сохтаам! Ё мепиндоред ки бар шумо раёсат меҷӯям? Дар ҳоле ки аз раёсат бар шумо ҷуз ранҷи рӯз ва бедории шаб намеёбам! На, ҳаргиз ин гумонҳоро бар ман роҳе нест. Ман ба роҳи Қуръон роҳ месупорам ва чироғи суннатро бар меафрузам ва ба сӯӣ Маҳдӣ фаро мехонам ва пуштибонам Худованд аст ва зудо ки мардӣ бузургшикам ва бадсиришт бар шумо мусаллат шавад ва чунон золу хунатонро бичушад ва бинӯшад. Ҳон эй бепадар! Фишори хешро бештар кун! То бидонанд ки дурӯғгӯ кист ва ростгӯ кадом аст! Ва ту эй ... [номи шаҳре] ки монанди арӯсе дар ҳиҷла оростаи! Чигуна хоҳӣ буд?! Кош медонистам! Ҳангоме ки кунграи бурҷҳоят дар шӯълаҳои оташ месӯзад ва бодҳои ноором, хокистаратро дар ҳавои ғуборолуди ҷаҳон пароканда мегардонад. Оҳ, ки чи шабҳои баланде дар пеш аст»!

Ва сипас аз минбар ба зер омад.

Шарҳи гуфтор:

Муроди он ҳазрат аз инки «Бар хилофи шумо чизеро аз рӯӣ зан ба Ӯ нисбат намедиҳам» он аст ки мардум умуман қоъил ба ҳуҷҷати хабари заннӣ ҳастанд ва бар мабнои он ақойид ва аҳкомеро ба Худованд нисбат медиҳанд ва ин нохоста ба дурӯғ бастани бар Ӯ меанҷомад, дар ҳоле ки он ҳарат бар хилофи онон, хабари занниро ҳуҷҷат намедонад ва ҷуз бар мабнои Қуръон ва суннати мутавотир ки яқинӣ ҳастанд чизеро ба Худованд нисбат намедиҳад ва аз ин рӯ, мумкин нест ки бар Ӯ дурӯғ бибандад ва сухани он ҳазрат ки «Фитнаҳо чун мавҷҳои хурӯшон шуморо дар миён гиранд ва ошӯбҳо чун гирбодҳои вайронгар ба шумо наздик шаванд», хабар аз фитнаҳо ва ошӯбҳое аст ки ҳамакнун ҷаҳони Исломро фаро гирифта ва дар ҳоли густариш аст ва он ҳазрат аз пеш онҳоро медид ва муроди он ҳазрат аз инки «Мебинед бар баййинае аз ҷониби Парвардигорам ҳастам» он аст ки бар пояи низоми фикрӣ мушаххас ва мабонии Исломии мутқане ки дар китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» табйин шудааст ҳаракат мекунад ва чунин ҳаракате наметавонад аз рӯӣ аҳво бошад ва муроди он ҳазрат аз инки «Мебинед аз шумо чизе наметалабам ва худро омоҷи тирҳои бало сохтаам» он аст ки агар чашме ба дунёи мардум дошт бегумон аз онон моле металабид ва худро дар офият қарор медод, дар ҳоле ки ӯ аз онон моле наметалабад в худро дар сахттарин шароити дунявӣ қарор дода ва бо ин васф, аз чунин иттиҳоме ба дур аст ва муроди он ҳазрат аз инки «Аз раёсат бар шумо ҷуз ранҷи рӯз ва бедории шаб намеёбам» он аст ки раёсат бар онон, раёсатӣ иқтисодӣ ё сиёсӣ нест то барои ӯ манфиъатӣ моддӣ дошта бошад, бал як раҳбарии маънавӣ ва фарҳангӣ барои таълим ва тарбияти онон аст ки аз назари ҳокимони золим, ҷурм шумурда мешавад ва бо ин васф, танҳо барои ӯ ранҷи рӯз ва бедории шабро ба армуғон меоварад ва зоҳиран сухани он ҳазрат ки «Марде бузургшикам ва бадсириш бар шумо мусаллат шавад ва чунон золу хунатонро бичушад ва бинӯшад», хабар аз зуҳури Абу Бакри Бағдодӣ пешвои доъиш аст ки мардӣ бузургшикам ва бадсиришт аст ва хуни мусалмононро мерезад ва фишори худро бар онон меафзояд ва ин аз каромоти он ҳазрат ва ахбори ӯ аз оянда шумурда мешавад ва номи шаҳре ки он ҳазарт аз сӯхтани бурҷҳояш дар шӯълаҳои оташ хабар дода, бино бар бархӣ мулоҳизоти амниятӣ ва ҳассосиятҳои мавҷуд дар минтақа ҳазф шуда ва сухани он ҳазрат ки «Чи шабҳои баланде дар пеш аст» эҳтимолан ишорае ба тӯлонӣ шудани ин фитнаҳо ва ошӯбҳо аст ки Худованд ба раҳмати худ дӯстони он ҳазратро аз газанди онҳо ҳифз фармояд.

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]