Ҷумъа 29 Март 2024 мелодӣ / 18 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Гуфтор
 

1 . أَخْبَرَنا أَحْمَدُ بْنُ عَبْدِ الرَّحْمَنِ الطّالَقانِيُّ، قالَ: سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ الْهَاشِمِيَّ الْخُراسانِيَّ يَقُولُ: أَيُّهَا النَّاسُ! إِنَّكُمْ تُرِيدُونَ أَنْ تَقْتُلُونِي كَما قَتَلْتُمُ الصَّالِحِينَ مِنْ قَبْلِي، فَلا تَفْعَلُوا، فَإِنِّي وَاللَّهِ لَوْ بَقِيتُ فِيكُمْ لَأَشْحَذَنَّ رِجالًا مِنْكُمْ شَحْذَ الْقَيْنِ النَّصْلَ، أَجْلِي بِالتَّنْزِيلِ أَبْصَارَهُمْ، وَأَرْمِي بِالتَّفْسِيرِ فِي مَسامِعِهِمْ، وَأَسْقِيهِمْ كَأْسَ الْحِكْمَةِ حَتَّى يَمْتَلِئُوا! أَلا إِنِّي أَخْتارُ خِيارَكُمْ لِلْمَهْدِيِّ كَما يَخْتارُ النَّحْلُ لِيَعْسُوبِها خِيارَ الْأَزاهِيرِ! ثُمَّ قالَ: اللَّهُمَّ إِنَّكَ تَعْلَمُ أَنِّي لا أَمْلِكُ مِنَ الدُّنْيا ثَمَنَ نَعْلَيْنِ، وَلَوْ كانَ لِي نِصْفُ الدُّنْيا لَأَنْفَقْتُهُ فِي سَبيلِكَ.

Тарҷумаи гуфтор:

Аҳмад ибни Абдурраҳмони Толиқонӣ моро хабар дод, гуфт: Шунидам Мансури Ҳошимии Хуросонӣ мефармояд: Эй мардум! Ҳароина шумо мехоҳед манро бикушед ҳамон тавр ки солеҳони пеш аз манро куштед, пас ин корро накунед; Чароки ба Худо савганд агар ман дар миёни шумо бимонам ҳароина мардоне аз шуморо обдида мекунам ҳамон тавр ки оҳангар теғаро обдида мекунад! Бо танзили (Қуръон) дидагонашонро ҷало медиҳам ва тафсири (он) ро дар гӯшҳошон мерезам ва ба онон аз паямонаи ҳикмат менӯшонам то пир шаванд! Огоҳ бошед ки ман беҳтаринҳои шуморо барои Маҳдӣ бар мегузинам ҳамон тавр ки занбӯри асал беҳтарин гулҳоро барои маликаи худ гузиниш мекунад! Сипас фармуд: Худоё! Ҳароина Ту медонӣ ки ман аз дунё баҳои як ҷуфт кафшро молик нестам, дар ҳоле ки агар нисфи дунё барои ман буд ҳамаи онро дар роҳи ту инфоқ мекрдам.

2 . أَخْبَرَنا عِيسَى بْنُ عَبْدِ الْحَمِيدِ الْجُوزَجانيُّ، قالَ: رَأَيْتُ الْمَنْصُورَ بِالْأَنْبارِ عِنْدَ قَبْرِ يَحْيَى بْنِ زَيْدِ بْنِ عَليِّ بْنِ الْحُسَيْنِ وَهُوَ يَقُولُ لِلنَّاسِ: ما ساقَنِي إِلَيْكُمْ إِلَّا ما ساقَ ابْنَ عَمِّي هَذا، فَلا تَخْذُلُونِي كَما خَذَلْتُمُوهُ، فَوَاللَّهِ لَوْ قُتِلْتُ بَيْنَ ظَهْرانَيْكُمْ لَيَغْضِبُ اللَّهُ عَلَيْكُمْ وَيُرْجِئُ فَرَجَكُمْ أَلْفَ سَنَةٍ، ثُمَّ لا تَجِدُونَ لَكُمْ وَلِيًّا وَلا نَصِيرًا! فَرَءآهُمْ يَنْظُرُونَ إِلَيْهِ نَظَرَ الْمَغْشِيِّ عَلَيْهِ مِنَ الْمَوْتِ، فَقالَ: عَلَى أَيِّ مَذْهَبٍ أَنْتُمْ؟ قالُوا: مَذْهَبِ أَبِي حَنِيفَةٍ! قالَ: رَحِمَ اللَّهُ أَبا حَنِيفَةٍ! لَوْ كانَ حَيًّا لَنَصَرَنِي كَما نَصَرَ عَمِّي زَيْدًا!

Тарҷумаи гуфтор:

Исо ибни Абдулҳамиди Ҷавузҷонӣ моро хабар дод, гуфт: Мансурро дар шаҳри Анбор (аз вилояти Сари Пули Афғонистон) наздики қабри Яҳё ибни Зайд ибни Алӣ ибни Ҳусейн дидам дар ҳоле ки ба мардум мефармуд: Манро ба сӯӣ шумо накашонд магар чизе ки ин писари Амуямро кашонд! Пас манро бадон сон ки ӯро танҳо гузоштид танҳо нагузоред; Чароки ба Худо савганд агар ман дар миёни шумо кушта шавам ҳароина Худованд бар шумо ғазаб мекунад ва фараҷи шуморо ҳазор соли дигар ба таъхир меъандозад ва он гоҳ на сарпарасте барои худ меёбед ва на пуштибоне! Пас ононро дид ки мононди касоне дар остонаи марг ба ӯ нигоҳ мекунанд, пас фармуд: Шумо бар чи мазҳабе ҳастед? Гуфтанд: Мазҳаби Абу Ҳанифа! Фармуд: Худованд Абу Ҳанифаро раҳмат кунад! Агар зинда буд бегумон манро ёрӣ мекард ҳамон тавр ки амуям Зайдро ёрӣ кард!

Шарҳи гуфтор:

Абу Ҳанифа яке аз маъдуд олимоне буд ки ба вуҷуби ёрии Зайд ибни Алӣ ибни Ҳусейн –дурди Худованд бар онон бод– фатво дод ва мусалмононро ба ёрии ӯ таҳрез намуд ва худ 30 ҳазор дирҳам ба ӯ кӯмак кард то дар қиёми худ ҳазина кунад. Аз ин рӯ, ҳазрати Мансур бо ҳусни зан ба ӯ мефармояд ки агар ӯ имрӯз зинда буд ва қиёми он ҳазрат барои таҳаққуқи ҳокимияти Маҳдиро медид, ба тариқи авло аз он ҳимоят мекард.

Аммо Яҳё ибни Зайд –ки дуруди Худованд бар он ду бод–, дар хуруҷи падараш Зайд бар зидди Ҳишом ибни Абдулмолики Умавӣ ҳузур дошт. Аз ин рӯ, пас аз шаҳодати падараш дар соли 122 қамарӣ дар Куфа, ҳангоме ки дид ёрони ӯ мутафарриқ шудаанд ва фақат даҳ тан аз онон боқӣ мондаанд, аз бими кушта шудан ва ба умеди расидан ба ормони падар, шабона ба ҳамроҳи ёронаш аз Куфа ба Найнаво ва аз онҷо ба Мадоъин рафт ва чун ҳокими Ироқ дар таъқиби ӯ буд аз Мадоъин ба Рай ва аз Рай ба Сарахс ҳиҷрат кард ва пас аз муддате аз Сарахс ба ҷониби Балх шитофт ва дар онҷо иқомат намуд. Бо ин васф, гуфтори ҳазарти Мансур ҳокӣ аз инки ончи Яҳёро ба сӯӣ ин мардум кашонд, ӯро низ ба сӯӣ онҳо кашонда, ишорае ба бими он ҳазрат аз золимон ва умеди ӯ ба ҳимояти ин мардум барои расидан ба ормони Оли Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст. Яҳё то замони марги Ҳишом, дар хонаи яке аз дӯстдорони аҳли байт дар Балх ба номи Ҳариш ибни Абдурраҳим сокин буд. Пас аз марги Ҳишом ва рӯӣ кор омадани Валид, Юсуф ибни Умари Сақафӣ ҳокими Ироқ барои Наср ибни Саёро волии Хуросон навишт ки Яҳёро дастгир намояд. Наср низ Яҳё ва ёронашро дастгир намуд ва ба ғул ва занҷир кашид ва гузориши онро барои Юсуф ибни Умар навишт. Гилояи ҳазарти Мансури аз мардуми ин минтақа ба сабаби ҳамин кӯтоҳӣ дар ҳифозат аз Яҳё ва ёрони ӯст ки ононро ба осонӣ таслими дажхимон карданд. Бо ин ҳол, Валид халифаи Умавӣ дастури озодии ононро дод ва онон ки ҳафтод нафар бештар набуданд ба Сарахс ва сипас ба Байҳақ рафтанд, вале дар онҷо тавассути Амр ибни Зурора ҳокими абаршаҳр ва лашкариёни ӯ муҳосира шуданд ва ногузир ба ҷанг пардохтанд ва ба рағми шумори андакашон, бо ёрии Худованд ба пирӯзӣ расиданд. Пас аз ин пирӯзӣ, онон неру ва ангезаҳои музоъаф ёфтанд, то ҷойе ки тасмим ба қиёми дубора бар зидди ҳукумати Умавӣ гирифтанд ва лизо аз онҷо ба Ҳирот бозгаштанд ва аз Ҳирот озими Ҷавузҷон шуданд. Наср ибни Саёр ҳокими Хуросон, дар соли 125 қамарӣ лашкаре барои саркӯби қиёми Яҳё равонаи Ҷавузҷон кард ва онҳо бо ӯ вориди ҷанг шуданд, вале ёрони ӯ дар муқоиса бо онҳо бисёр андак буданд; Чароки шумори андаке аз мардум барои ёрии ӯ ба майдон омада буданд. Ӯ се рӯз ва се шаб бо лашкари Умавӣ ба ҷанг пардохт то онки ҳами ёронаш шаҳид шуданд ва дар поёни кор тире бар пешонии ӯ нишаст ва худи ӯ низ ба шаҳодат расид. Сипоҳиёни Наср сари Яҳёро ҷудо карданд ва барои Валид фиристоданд ва бадани ӯро бараҳна бар дарвозаи шаҳри Анбор ки баъдҳо Сарипул номида шуд овехтанд ва пайваста бадани ӯ бар дар буд то ҳукумати Умавӣ мутазалзил шуд ва банӣ Аббос қудрат пайдо карданд. Абу Муслими Хурсонӣ. Қотили Яҳё ва ҳамаи касоне ки дар қатли ӯ шаркат доштандро ба қатл расонд ва бадани Яҳёро аз дар пойин овард ва ғусл дод ва кафан намуд ва намоз хонд ва дар ҳамонҷо ба хок супурд. Ба назар мерасад ки ҳазарти Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо ёдоварии ин воқеъаи дарднок ва ибратомез дар садади он аст ки аз такрори онҳо дар ин минтақа ҷилавгирӣ кунад ва мусалмононро ба ҳимоят аз наҳзати хеш ки идомаи наҳзати Яҳё ва падараш Зайд ва ҷаддаш Ҳусейн ибни Алӣ ибни Абӣ Толиб аст фарохонад, бошад ки замина барои қиёми Маҳдӣ алайҳи салом фароҳам шавад.

3 . أَخْبَرَنا عَبْدُ اللَّهِ بْنُ حَبيبٍ الطَّبَرِيُّ، قالَ: إِنَّ الْمَنْصُورَ لَقِيَ بَلاءً وَتَطْرِيدًا، وَإِنِّي رَأَيْتُهُ فِي بَعْضِ هَذِهِ الْأَسْواقِ وَهُوَ خائِفٌ مُتَرَقِّبٌ يَمْشِي وَيَقُولُ: مَنْ يَعْصِمُنِي حَتَّى أُعَلِّمَ النَّاسَ الْقُرْآنَ كَما أُنْزِلَ وَأَعْمَلَ بِما فِيهِ؟! أَمَّن يُجِيرُنِي حَتَّى أَتَكَلَّمَ بِكَلِمَةٍ فِيها بَلاغٌ لِقَوْمٍ عابِدِينَ؟! أَمَّن يُعِينُنِي حَتَّى أُبَيِّنَ أُمُورًا وَأُغَيِّرَ أُخْرَى؟! اللَّهُمَّ إنَّكَ تَعْلَمُ أَنِّي لَوْ ثَبَتَتْ لِي قَدَمايَ لَوَطَّئْتُ لِصاحِبِ هَذَا الْأَمْرِ سُلْطانَهُ.

Тарҷумаи гуфтор:

Абдуллоҳ ибни Ҳабиби Табарӣ моро хабар дод, гуфт: Ҳароина Мансур балоҳо ва ронда шуданҳои бисёреро дид ва ҳароина ман ӯро дар бархӣ аз ин кӯчаҳо дидам ки бо тарс ва нигаронӣ гом бар медошт ва мефармуд: Чи касе манро пос медорад то ба мардум Қуръонро ҳамон гуна ки нозил шудааст биёмӯзам ва ба чизе ки дар он аст амал кунам?! Ё чи касе манро паноҳ медиҳад то ба калимае мутакаллим шавам ки дар он кифояте барои гурӯҳи обидон аст?! Ё чи касе манро кӯмак мекунад то чизҳоеро рӯшан кунам ва чизҳоеро тағйир диҳам?! Худоё! Ту медонӣ ки ман агар ду поям бароям устувор шавад заминаи ҳукумати соҳиби ин амрро месозам.

4 . أَخْبَرَنا وَلِيدُ بْنُ مَحْمُودٍ السَّجِسْتانِيُّ، قالَ: إِنَّ الْمَنْصُورَ يَعْرِضُ نَفْسَهُ عَلَى أَهْلِ الْبُلْدانِ وَيَقُولُ: أَلا رَجُلٌ يَحْمِلُنِي إلَى قَومِهِ؟! فَإِنَّ هَذَيْنِ الْقَومَيْنِ مَنَعانِي أَنْ أَقُومَ بِأَمْرِ رَبِّي! وَسَمِعْتُهُ يَقُولُ: مَنْ يُؤْوِينِي حَتَّى أُوَطِّئَ لِمَلَكُوتِ رَبِّي وَلَهُ الْجَنَّةُ؟! إِنَّ مَلَكُوتَ رَبِّي يُصْلِحُ الْأَرْضَ وَيَمْلَأُها قِسْطًا!

Тарҷумаи гуфтор:

Валид ибни Маҳмуди Саҷистонӣ моро хабар дод, гуфт: Мансур худро бар аҳли сарзаминҳо арза мекунад ва мефармояд: Оё марде нест ки манро ба сӯӣ қавми худ бибарад?! Зеро ин ду қавм манро монеъ шуданд аз инки ба амри Парвардигорам қиём кунам! Ва шунидам ки мефармояд: Чи касе манро ҷой медиҳад то барои малакути Парвардигорам заминасозӣ кунам ва барои ӯ биҳиш бошад?! Бегумон малакути Парвардигорам заминро ислоҳ мекунад ва аз адолат пур мегардонад!

5 . أَخْبَرَنا رَجُلٌ مِنْ أَهْلِ قُنْدُوزَ، قالَ: رَأَيْتُ فِي سُوقِ الصَّرَّافِينَ شابًّا حَسَنَ الْوَجْهِ، مَرْبُوعَ الْقامَةِ، أَسْوَدَ الشَّعْرِ، كَثَّ اللِّحْيَةِ، قَدْ قامَ عَلَى سَريرٍ وَيُنادِي: مَنْ يُبْلِغُنِي مَأْمَنًا وَيَكُونُ لَهُ الْجَنَّةُ؟! أَلا وَاللَّهِ لَوْ أَبْلَغْتُمُونِيهِ لَمَلَأْتُ ما بَيْنَ لابَتَيْها عَدْلًا! فَقُلْتُ لِرَجُلٍ: مَنْ هَذا؟ قالَ: شابٌّ مِنْ بَنِي هاشِمٍ يُقالُ لَهُ مَنْصُورٌ!

Тарҷумаи гуфтор:

Марде аз аҳли Қундуз моро хабар дод, гуфт: Дар бозори саррофон ҷавонӣ зеборӯ, миёнақомат, сияҳмӯ, бо ришӣ печида ва анбӯҳро ки бар рӯӣ сарире истодааст ва нидо медиҳад: Кист ки манро ба ҷои амне бирасонад ва (дар ивази ин кор) барои ӯ биҳишт бошад?! Огоҳ бошед ки ба Худо савганд манро ба онҷо намерасонед магар инки миёни ду сарашро аз адолат пур мекунам! Пас ба марде гуфтам: Ин кист? Гуфт: Ҷавоне аз банӣ Ҳошим аст ки ба ӯ Мансур мегӯянд!

Шарҳи гуфтор:

Муроди он ҳазрат аз инки миёни ду сари ҷаҳонро аз адолат пур мекунад, он аст ки заминаи зуҳури Маҳдиро фароҳам мекунад ва он Ҳазрат миёни ду сари ҷаҳонро аз адолат пур мекунад ва иллати панҳо хостани он ҳазрат аз мусалмонон ин аст ки барои раҳбарии комили онон ба сӯӣ Маҳдӣ, чорае аз зуҳур надорад ва барои зуҳур ба озодӣ ва амнияти кофӣ ниёзманд аст; Чароки агар ба маҳзи зоҳир шудан барои онон, тавассути золимон дастгир ё кушта шавад, мумкин аст наҳзати мубораки ӯ ақим монад ва умеди мустазъафони ҷаҳон ноумед шавад. Аз ин рӯ, ҳар мусалмоне ки метавонад бо интиқоли он ҳазрат ба сарзамин ё қавми худ ва ё посдорӣ аз ӯ дар пиромунаш, дар таъмини амният ва озодии ӯ саҳмеро эйфо кунад мукаллаф аст ки вориди майдон шавад ва подоши ин вурудаш ба майдо, ҳаргоҳ мунҷар ба таъмини амният ва озодии он ҳазрат шавад, биҳишт хоҳад буд ин шоъ Аллоҳ.

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]