Якшанбе 19 май 2019 мелодӣ баробар бо 14 рамазон 1440 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани гуфтор

     
Шумора: 3 Код: 52
Мавзӯъ:

Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки хуруҷ бар ҳокими золим ба суди ҳокими золими дигар ҷойиз нест.

أَخْبَرَنا مُحَمَّدُ بْنُ إِبْراهيمَ الشِّيرازِيُّ، قالَ: سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ الْهاشِميَّ الْخُراسانِيَّ يَقُولُ: إِذا رَأَيْتُمْ جَبّارَيْنِ يَقْتَتِلانِ بِرَمْلٍ فَذَرُوهُما يَحْثُو أَحَدُهُما عَلَى الْآخَرَ حَتّىٰ يَهْلِكَ الْأَعْجَزُ! قُلْتُ: أَرَأَيْتَ إِنْ كانَ أَحَدُهُما مِنَ الشِّيعَةِ وَ الْآخَرُ مِنَ السُّنَّةِ؟ قالَ: ذَرُوهُما! قُلْتُ: أَرَأَيْتَ إِنْ كانَ أَحَدُهُما مُسْلِماً وَ الْآخَرُ يَهُودِيّاً؟ قالَ: إِذا كانَ ذٰلِكَ فَأَعِينُوا الْمُسْلِمَ لِكَيْلا يَغْلِبَ عَلَيْكُمْ الْيَهُودِيُّ فَيَسُبَّ نَبِيَّكُمْ وَ يُحْرِقَ كِتابَكُمْ وَ يَهْدِمَ مَساجِدَكُمْ!

Тарҷумаи гуфтор:

Муҳаммад ибни Иброҳими Шерозӣ моро хабар дод, гуфт: Шунидам ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ мефармояд: Ҳаргоҳ ду ҷабборро дидед ки бар рӯйи шинҳо бо ҳам меситезанд раҳояшон кунед ки яке бар рӯйи дигарӣ хок бипошад то он гоҳ ки нотавонтар нобуд шавад! (Яъне дахолат накунед;) Гуфтам: Назаратон чист агар яке аз он ду шиъа ва дигарӣ суннӣ бошад? Фармуд: Раҳояшон кунед, гуфтам: Назаратон чист агар яке аз он ду мусалмон ва дигарӣ яҳудӣ бошад? Фармуд: Агар ин гуна буд мусалмонро ёрӣ кунед то яҳудӣ бар шумо чира нашавад ки ба Паёмбаратон иҳонат кунад ва китобатонро оташ занад ва масоҷидатонро вайрон намояд!

Шарҳи гуфтор:

Аз инҷо дониста мешавад ки ҳаргоҳ золиме бар золимӣ дигар хуруҷ кунад то ҳукумати ӯро барандозад ва ҳукумати худро ҷойгузини он созад, барои мусалмонон ҷойиз нест ки якеро бар дигарӣ ёрӣ кунанд, магар онки ҳокими золим, мусалмон ва хуруҷ кунандаи бар ӯ ғайри мусалмон бошад ки дар ин сурат барои онон ҷойиз аст барои ҷилавгирӣ аз сайтараи кофир бар худ, ҳокими мусалмонро бар зидди ӯ ёрӣ кунанд.

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?