Сешанбе 19 Март 2024 мелодӣ / 8 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Гуфтор
 

أَخْبَرَنَا عَبْدُ اللَّهِ بْنُ حَبِيبٍ الطَّبَرِيُّ، قَالَ: سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ الْهَاشِمِيَّ الْخُرَاسَانِيَّ يَقُولُ: الْعِلْمُ نُورٌ يَقْذِفُهُ اللَّهُ فِي قَلْبِ مَنْ يَشَاءُ لِيُرِيَهُ فِيهِ مَا يَكُونُ، وَلَوْ أَنَّ النَّاسَ أَجْهَدُوا أَنْفُسَهُمْ وَرَكِبَ بَعْضُهُمْ بَعْضًا لِكَيْ يَعْلَمُوا مِمَّا يَكُونُ شَيْئًا لَا يَعْلَمُونَهُ حَتَّى يُعَلِّمَهُمُ اللَّهُ، ثُمَّ قَرَأَ: ﴿سُبْحَانَكَ لَا عِلْمَ لَنَا إِلَّا مَا عَلَّمْتَنَا ۖ إِنَّكَ أَنْتَ الْعَلِيمُ الْحَكِيمُ[1]. قُلْتُ: جُعِلْتُ فِدَاكَ، وَمَا خَيْرُ الْعُلُومِ؟ قَالَ: مَا ثَمَّ عُلُومٌ يَابْنَ حَبِيبٍ، وَلَكِنَّهُ عِلْمٌ وَاحِدٌ، وَالْعِلْمُ لَا يَتَفَاوَتُ! قُلْتُ: فَمَا هَذِهِ الَّتِي فِي أَيْدِي النَّاسِ؟! قَالَ: تِلْكَ الظُّنُونُ، تِلْكَ الْعِبَارَاتُ، وَهِيَ شَبِيهَةٌ بِالْعِلْمِ، وَلَيْسَتِ الْعِلْمَ.

Тарҷумаи гуфтор:

Абдуллоҳ ибни Ҳабиби Табарӣ моро хабар дод, гуфт: Шунидам Мансури Ҳошимии Хуросонӣ мефармояд: Илм нуре аст ки Худованд дар дили ҳар касе ки мехоҳад меандозадаш то дар он чизе ки ҳастро нишонаш диҳад ва агар мардум худашонро ба сахтӣ бияндозанд ва бархишон аз бархӣ дигар боло раванд то ба чизе аз ончи ҳаст илм пайдо кунанд, ба он илм пайдо намекунанд то онки Худованд ба онон таълим диҳад! Сипас (ин оятро) қироъат фармуд: «(Худовандо!) Ту мунназаҳӣ! Моро ҳеҷ илме нест магар чизе ки Ту таълимамон фармудӣ, ҳароина Ту бисёр олим ва ҳаким ҳастӣ». Арз карам: Фидоят шавад, беҳтарини илмҳо кадом аст? Фармуд: Илмҳойе вуҷуд надорад эй писари Ҳабиб, балки он илмӣ воҳид аст ва илм тафовут пайдо намекунад! Арз кардам: Пас инҳо чистанд ки дар дастҳои мардуманд?! Фармуд: Инҳо зунунанд, инҳо иборотанд ва онҳо шабеҳи илманд ва илм нестанд.

Шарҳи гуфтор:

Аз ин ҳикмати гаронбаҳо дониста мешавад ки илм нурӣ малакутӣ аст ки аз холиқи ҳастӣ содир мешавад ва ба ақлҳои солим мерасад то дар рӯшаноии он, чизҳое ки дар ҷаҳон вуҷуд дорандро ҳамон гуна ки ҳастанд бубинанд ва бо ин васф, илм ба манзалаи нур ва ақли салим ба манзалаи чашми биност ки метавонад дар нур мушоҳида кунад ва бидуни он қодир ба мушоҳидаи чизе нест агар чи бисёр кӯшиш варзад. Бо ин васф, илм монанди нур, вуҷудӣ воҳид аст, агар чи сабаби мушоҳидаи чизҳойи мутафовит мешавад; Чароки тафовути маълумот мусталзими тафовути илми нест; Ҳамчунонки тафовути маръиёт нурро мутафовит намекунад; Бал бар ин мабно рӯшан мешавад ки илм мунҳасиран барои Худованд аст ва барои ғайри Ӯ нест ва ин муроди аз сухани Худованд аст ки фармудааст: ﴿إِنَّ اللَّهَ يَعْلَمُ وَأَنْتُمْ لَا تَعْلَمُونَ[2]; «Ҳароина Худованд илм дорад ва шумо илм надоред»; Чароки дигарон бо илми Ӯ олим мешавад; Чунонки бо нур бино. Аммо чизҳойе ки бо унвони «Улум» дар ихтиёри мардуманд ва бо якдигар тафовут ва таъоруз доранд, дар воқеъ илм нестанд, бал маҷмӯъае аз гумонҳо ва эътибороти ононанд ки танҳо шабеҳи илманд ва муҷиби фиреби ҷоҳилон мешаванд; Монанди сароб ки танҳо шабеҳи об аст ва муҷиби фиреби ташнагон мешавад; Чароки илм нури Худованд дар осмонҳо ва замин аст ки дар он ихтилофе нест ва соҳати он аз гумонҳо ва эътибороти мардум муназзаҳ аст.

↑[1] . Бақара/ 32
↑[2] . Наҳл/ 74
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]