Шанбе 21 сентябр 2019 мелодӣ баробар бо 21 муҳаррам 1441 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани гуфтор

   
Шумора: 7 Код: 28
Мавзӯъ:

Гуфторе аз он ҳазрат дар баёни инки бо ботил мудоро намекунад ва дар баробари залолат сокет наменишинад, ҳар чанд ҳамаи мардум аз атрофи ӯ пароканда шаванд.

Ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар васфи мароми хеш хитоб ба гурӯҳе аз асҳобаш фармуд:

<<Ман бо додгарӣ ҳамзодам ва то будаам бо китоб ва суннат будаам; На пеш афтодаам ва на во мондаам ва на тардид кардаам. Ҳон! Ба Худо савганд ки агар ҳамаи мардумон аз ман бибуранд то ҷойе ки дар зери ин хинги гардун аҳаде бо ман намонад, ҳароина тардид надорам ки ман яке бар ҳидоятам ва онҳо ҳама дар залолатанд. Ошно бошед! Ман аз мардуме ҳастам ки сарзаниши будандешӣ онҳоро аз роҳи Худо боз надорад ва аз маломати маломатгаре намеҳаросанд; Гуфторашон гуфтори ростон ва кирдорашон кирдори дурустон аст; Онон ки то ҳастанд раҳнамои гумгаштагонанд ва дар зинда кардани китоби Худованд ва суннати Паёмбараш мекӯшанд; На такаббур меварзанд ва на бартарӣ меҷӯянд; На зиёдат мехоҳанд ва на ба хиёнат мепардозанд; На ҳаққро во мегузоранд ва на ба ботил мегароянд; Онон ки ҳеҷ гоҳ хотир ба палидӣ намеолоянд; На чарбзабонии чоплус ононро мефиребад ва на буридани мардум ононро метарсонад; Дилҳошон пайваста дар маҳалли аъло ба парвоз аст ва лабҳошон ҳамвора ба қавли аҳсан боз. Ҳон! Барои чизе ки дар гарави лаҳзаҳост, шитоб накунед; Чароки ҷӯҷа то пар дар наёвардааст намепаррад ва соъиқа то барқ назадааст намеғуррад>>!

Шарҳи гуфтор:

Муроди он ҳазрат аз ин гуфтори фасеҳ ва балиғ ки мероси Оли Иброҳим ва хасисаи Ҳошимиён аст он аст ки бо ботил мудоро намекунад ва дар баробари залолат сокет наменишинад, ҳар чанд ҳамаи мардум аз атрофи ӯ пароканда шаванд; Чароки ӯ бар хилофи дигарон, ба дунболи ҷамъ кардани мардум ба гирди худ нест, балки ба дунболи ҷамъ кардани мардум ба гирди Маҳдӣ аст ва бо ин васф, ба дурӯғ ва тамаллуқ ва мудоҳина олуда намешавад ва ба касе боҷ намедиҳад ва аз касе ришва намеситонад; Ҳамчунонки муродаш аз ин сухани амиқ ва масали ҳакимонаи бадеъ: <<Ҳон! Барои чизе ки дар гарави лаҳзаҳост, шитоб накунед; Чароки ҷӯҷа то пар дар наёвардааст намепаррад ва соиъқа то барқ назадааст намеғуррад>>, он аст ки ҳар чанд ӯ аҳли мудоро бо ботил ва сукут дар баробари залолат нест, вале наметавонад пеш аз фароҳам шудани имконот ва муқаддамоти лозим, бар зидди ботил ва залолат қиём намояд ва бо ин васф, таваққуъи аҷулонаи ёрон ва пайравонаш аз ӯ барои қиём дуруст нест, балки бояд сабр кунанд то заминаи ин кор фароҳам шавад.

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?