Чоршанбе 18 октябр 2017 мелодӣ баробар бо 27 муҳаррам 1439 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани гуфтор

Шумора: 1 Код: 15
Мавзӯъ:

Ду гуфтор аз он ҳазрат дар бораи бархӣ нишонаҳои зуҳури Маҳдӣ ва фитнаҳои охирул замон

   1. أخبرَنا الولیدُ بْنُ محمودٍ السَّجِسْتانيُّ، قال: سَمِعْتُ المنصورَ الهاشميَّ الخراسانيَّ یَقُولُ لِأصحابِه: إِنِّي أَخافُ عليكُمُ الفِتَنَ في أدْیانِكُمْ، فَتَمَسَّكُوا بِما عَلِمْتُمْ و عَضُّوا عَلَیْهِ بِالنَّواجِذِ و لا تَذَرُوهُ لِجَهْلِ جاهِلٍ و إِنْ رَفَعَ صَوتَهُ و ضَرَبَ بِمِخْفَقَتِه! قلتُ: جُعِلْتُ فِداك، أَرَأَیْتَ الفتنَ الّتي قَدْ نَزَلَتْ بِأهلِ الشّامِ و العِراق؟! قال: ما فیها مِنْ قاتِلٍ و لا مَقْتُولٍ إلّا و هُوَ في النّار! قلتُ: لِمَ؟! قال: یَطْلُبانِ المُلْكَ! ثُمَّ قال: وَيْلٌ لِطُغاةِ الْعَرَبِ مِنْ شَرٍّ قَدِ اقْتَرَبَ! قلتُ: أَتَریٰ بَعْدَ هذِهِ الفِتَنِ فتنةً أكبرَ مِنْها؟! قال: نَعَمْ و لا تَأتِي فتنةٌ إلّا و هِيَ أكبرُ مِنْ أُخْتِها و إِنَّ أكبرَ فتنةٍ قَدْ بَقِیَتْ فتنةُ السُّفیانيِّ، فَإنَّهُ یَنْزِعُ جُلُودَ الرِّجالِ و یَبْقُرُ بُطونَ النِّساء! قلتُ: إذا أَدْرَكْناهُ فَما نَفْعَلُ؟! قال: إذا كانَ ذٰلِكَ فَإليَّ!

Тарҷумаи гуфтор:

Валид ибни Маҳмуди Саҷистонӣ моро хабар дод, гуфт: Шунидам Мансури Ҳошимии Хуросонӣ хитоб ба ёронаш мефармояд: Ҳароина ман барои шумо аз фитнаҳо дар динҳоятон бимнокам, пас ба чизе ки бадон илм ёфтаед чанг дар занед ва онро бо дандон бигиред ва ба хотири ҷаҳли як ҷоҳил вонагузоредаш, агарчи сдои худро боло оварад ва бо тозиёнааш бизанад! Арз кардам: Фидоят шавам, оё ин фитнаҳое ки бар аҳли Шом ба Ироқ фуруд омадаастро мебинед?! Фармуд: Ҳеҷ қотил ва мақтуле дар он нест магар инки дар оташ аст! Арз кардам: Барои чи?! Фармуд: Ҳар ду ҳукуматро меҷӯянд! Сипас фармуд: Вой бар гарданкашони Араб аз шарре ки наздик шудааст! Арз кардам: Оё пас аз ин фитнаҳо фитнаи дигареро мебинед ки аз онҳо бузургтар бошад?! Фармуд: Оре ва ҳеҷ фитнае намеояд магар инки аз фитнаи пеш аз худ бузургтар аст ва ҳамоно бузургтарин фитнае ки боқӣ монда, фитнаи Суфиёнӣ аст; Чароки ӯ пӯсти мардонро меканад ва шиками занонро медарад! Арз кардам: Агар ӯро дарк кардем чи кунем?! Фармуд: Агар он гуна шуд, ба сӯӣ ман!

Шарҳи гуфтор:

Манзур аз <<Фитнаи дар адён>> бозгадонда шудан аз ақойид дар асари фиреб ё шиканҷаи ҷоҳилон аст ва манзур аз чизе ки ёрони ин бузургвор ба он илм ёфтаанд ва бояд ба он чанг дар зананд ва онро бо дандон бигиранд ва ба хотири ҷаҳли як ҷоҳил агарчи садояшро боло оварад ва бо тозиёнааш бизанад вонагузоранд, ақойиди поке аст ки дар китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> бо такя бар китоби Худованд ва суннати мутавотири Паёмбар ва баййиноти ақлӣ табйин шудааст ва манзур аз <<Суфиёнӣ>> мардӣ муфсид аст ки бино бар ривоёти мутавотир, пеш аз зуҳури Маҳдӣ алайҳи салом қиём мекунад ва ба сӯӣ халифати худ фаро мехонад ва манзур аз <<Агар он гуна шуд, ба сӯӣ ман>> ин аст ки агар ин мардро дидед ки қиём кардааст ва шуморо ба сӯӣ худ даъват мекунад, ба сӯӣ ман биёйед то ман шуморо аз ӯ паноҳ диҳам ва ба сӯӣ Маҳдӣ раҳнамун шавам. Чунонки дар гуфтори дигаре аз он ҳазрат омадааст:

   2. أخْبَرَنا هاشمُ بْنُ عُبَیْدٍ الخُجَنْدِيُّ، قال: دَخَلْتُ عَلَی المنصورِ فَسَمِعْتُهُ یَقُولُ لِأصْحابِهِ: إنِّي وَاللّهِ لَأَعْلَمُ أَنَّ حَدِیثَكُمْ هٰذا لَتَشْمَئِزُّ مِنْهُ قُلُوبُ الرِّجالِ، فَانْبِذُوهُ إلَیْهِمْ نَبْذاً، فَمَنْ أَقَرَّ بِهِ فَزِیدُوهُ وَ مَنْ أَنْكَرَ فَذَرُوهُ! إنَّهُ لا بُدَّ مِنْ أنْ تَكونَ فتنةٌ یَسْقُطُ فیها كُلُّ ضَلِیعٍ و داهِیَةٍ حتّیٰ یَسْقُطَ فیها مَن یَشُقُّ الشَّعْرَ بِشَعْرَتَیْنِ، حتّیٰ لا یَبْقیٰ إلّا أنا و أَصْحابي، فَنَرْتَحِلُ إلَی المَهْدِيّ!

Тарҷумаи гуфтор:

Ҳошим ибни Убайди Хуҷандӣ моро хабар дод, гуфт: Бар Мансури ворид шудам, пас шунидам ки ба ёронаш мефармояд: Ҳароина ба Худо савганд ман медонам ки дилҳои мардумон аз ин гуфтори шумо танаффур меёбад, пас андаке аз онро ба сӯяшон бияндозед, пас ҳар кас ба он иқрор намуд барояш бияфзойед ва ҳар кас онро инкор кард раҳояш кунед! Ҳароина ногузир фитнае хоҳад буд ки ҳар мутабаҳҳир ва зираке дар он фуру мерезад то ҷойе ки касе ки як мӯро ба ду мӯ тақсим мекунад дар он фуру мерезад, то ҷойе ки ҷуз ман ва ёронам боқӣ намемонем, пас ба сӯӣ Маҳдӣ кӯч мекунем!

Шарҳи гуфтор:

Манзур аз гуфторе ки дилҳои мардумон аз он танаффур меёбад, гуфтумони <<Бозгашт ба Ислом>> ва заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ алайҳи салом аст ки мавриди алоқаи бисёре аз мардумон нест ва манзур аз фитнаи мавриди ишора, шабоҳати гиҷ кунанда ва фарогире аст ки ин гуфтумонро фаро мегирад ва бузургтарин олимон ва фарҳехтагонро бо ҳамаи <<Табаҳҳур>> ва <<Зиракияшон>> аз шинохти он боз медорад ва ба мавзеъгирӣ дар баробари он савқ медиҳанд; То ҷойе ки бисёрӣ аз афроди мушикоф ва борикбин низ тавфиқи дарки онро пайдо намекунанд, то ҷойе ки танҳо гурӯҳӣ вораста ва баргузида боқӣ мемонанд ва онон Мансурро ба сӯӣ Маҳдӣ ҳамроҳӣ мекунанд, то инки ба он ҳазрат мепайванданд.

Фарозҳое аз гуфторҳои ҳазарти аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло
Хондани номаҳо; Бозгашт ба Ислом; Мансури Ҳошимии Хуросони
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.