Сешанбе 16 июл 2019 мелодӣ баробар бо 13 зулқаъда 1440 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани гуфтор

   
Шумора: 2 Код: 76
Мавзӯъ:

Ду гуфтор аз он ҳазрат дар бораи ҳуруфи муқаттаъа дар Қуръон

1 . أَخْبَرَنا مُحَمَّدُ بْنُ عَبْدِ الرَّحْمٰنِ الْهِرَويُّ، قالَ: سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ الْهاشِميَّ الْخُراسانيَّ عَنِ الْحُرُوفِ الْمُقَطَّعَةِ فِي الْقُرآنِ، فَقالَ: أَصْواتٌ مِنَ الْمَلَكُوتِ سَمِعَهَا النَّبِيُّ قَبْلَ انْتِظامِ الْوَحْيِ! قُلْتُ: أَشْهَدُ أَنَّكَ مِنَ الرّاسِخِينَ فِي الْعِلْمِ! أَفَتَأذَنُ لِي أَنْ أُقَبِّلَ رَأسَكَ؟ قالَ: نَعَمْ، فَقَبَّلْتُ رَأسَهُ!

Тарҷумаи гуфтор:

Муҳаммад ибни Абдурраҳмони Ҳиравӣ моро хабар дод, гуфт: Аз Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар бораи ҳуруфи муқаттаъа дар Қуръон пурсидам, пас фармуд: Овоҳойе аз малакут буд ки Паёмбар пеш аз интизоми ваҳй шунид! Гуфам: Гувоҳӣ медиҳам ки ту аз росихони дар илм ҳастӣ! Пас ба ман изн медиҳӣ ки саратро бибӯсам? Фармуд: Оре, пас сарашро бӯсидам!

Шарҳи гуфтор:

Муроди он ҳазарт аз ин гуфтори шариф он аст ки гоҳе ваҳй пеш аз назм ёфтани калимот ва шакл гирифтани ҷумалот, ба сурати овоҳойе аз малакут ба гӯши Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам мерасид ва ин метавонист нишонае аз синхи ваҳй ва наздик будани нузули сура барои он Ҳазрат ва ношӣ аз озмуни асвот тавассути фаришта ба манзури ҷалби таваҷҷуҳи он Ҳазрат ва итминон аз дурустии иртибот бошад, монанди телефон кунандае ки пеш аз муколимот <<Ало>> мегӯяд ё навозандае ки сози худро пеш аз навохтан танзим мекунад ё суханроне ки баландгӯйи худро пеш аз суханронӣ меозмояд; Ҳамчунонки хондани ин овоҳо барои мардум тавассути Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам илова бар иблоғи ваҳй ба сурати комил, барои хомӯш кардани онон ва ҷалби таваҷҷуҳи онон ба оёти баъдӣ дар ростои амал ба амри Худованд буд ки фармудааст: «وَإِذَا قُرِئَ الْقُرْآنُ فَاسْتَمِعُوا لَهُ وَأَنْصِتُوا لَعَلَّكُمْ تُرْحَمُونَ» (Аъроф/ 204); <<Ва ҳангоме ки Қуръон хонда мешавад пас ба он гӯш супоред ва сукут кунед бошад ки омӯрзида шавед>> Ва аз ин рӯ, асҳоби Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз он Ҳазрат дар бораи маънои онҳо пурсише намекарданд; Чунонки дар ҳикмати дигаре аз ин олими бузургвор расидааст:

2 . أَخْبَرَنا أَبُو إبْراهيمَ السَّمَرْقَنْدِيُّ، قالَ: قُلْتُ لِلْمَنْصُورِ: ما يُرِيدُ اللّهُ مِنْ قَوْلِهِ: الف لام ميم؟! قالَ: ذٰلِكَ كَقَوْلِ أَحَدِكُمْ إِذا يَتَكَلَّمُ بِالْمِجْهارِ فَيَقُولُ قَبْلَ أَن يَتَكَلَّمَ الواحِدُ الْإِثْنانِ الثَّلاثَةُ لِيَعْلَمَ أَنَّ الصَّوتَ بالِغٌ وَ لِيَنْصُتَ السَّامِعُ! قُلْتُ: إِنَّهُمْ يَقُولُونَ إِنَّهُ سِرٌّ أَسَرَّهُ اللّهُ إِلَى النَّبِيِّ! قالَ: لَوْ كانَ سِرّاً لَما أَنْزَلَ اللّهُ فِي الْقُرآنِ! أَلَمْ يَعْلَمُوا أَنَّ الْقُرآنَ نَزَلَ لِلنَّاسِ؟! ثُمَّ قالَ: ما مِنْ شَيْءٍ أَنْزَلَ اللّهُ فِي الْقُرآنِ إِلّا وَ هُوَ بَيانٌ لِلنَّاسِ! إِنَّ اللّهَ تَعالىٰ يَقُولُ: «هَٰذَا بَيَانٌ لِلنَّاسِ وَهُدًى وَمَوْعِظَةٌ لِلْمُتَّقِينَ»!

Тарҷумаи гуфтор:

Абу Иброҳими Самарқандӣ моро хабар дод, гуфт: Ба ҳазрати Мансур гуфтам: Муроди Худованд аз инки фармуда Алиф Лом Мим чист?! Фармуд: Он монанди сухани яке аз шумост ҳангоме ки бо баландгӯ сухан мегӯйед, пас пеш аз онки сухани худро оғоз кунад мегӯяд: Як ду се, то бидонад ки садо мерасад ва то шунаванда сукут (ва таваҷҷуҳ) кунад! Гуфтам: Онҳо мегӯянд он розе аст ки Худованд бо Паёмбараш дар миён гузоштааст! Фармуд: Агар розе буд Худованд онро дар Қуръон нозил намекард! Оё намедонанд ки Қуръон барои ҳамаи мардум нозил шудааст?! Сипас фармуд: Ҳеҷ чиз аз ончи Худованд дар Қуръон нозил карда нест магар инки баёне барои ҳамаи мардум аст! Худованди баландмартаба мефармояд: <<Ин баёне барои ҳамаи мардум ва ҳидоят ва панде барои парҳезкорон аст>> (Оли Имрон/ 138).

Шарҳи гуфтор:

Мумкин аст аз зоҳири гуфтори он ҳазрат бардошт шавад ки «بسم الله الرّحمن الرّحيم» дар оғози ҳар сура нозил нашуда ва ин қавли бисёрӣ аз мусалмонон монанди Абу Ҳанифа, Молик, Авзоъӣ, Доввуд ва қавли қурроъи Басра ва аксари қурроъ ва мутафаққиҳини Мадина дар садаҳои нахустин аст, балки бархӣ монанди Ҷассос (д.370қ) муддаъии иҷмоъи салаф бар он то пеш аз Шофеъӣ шудаанд (нигоҳ кунед ба: Ҷассос, Аҳкумул Қуръон, ҷ1, с8) ва муъайяди он ихтилофи мазоҳиб дар бораи ҷузъияти он дар сураҳое ҷуз сураи Намл аст ки бар хилофи зарурати яқинӣ будан ва иҷмоъӣ будани оёти Қуръон аст, то ҷойе ки ба иттифоқи мазоҳиб, мункири ҳар як аз оёти Қуръон кофир маҳсуб мешавад, вале мунири «بسم الله الرّحمن الرّحيم» дар оғози ҳар сура кофир маҳсуб намешавад. Аз ин рӯ, бархӣ аҳли илм гуфтаанд: «يَكْفِيكَ أَنَّها لَيْسَتْ مِنَ ٱلْقُرآنِ ٱخْتِلافُ ٱلنّاسِ فِيها وَ ٱلْقُرآنُ لا يُخْتَلَفُ فِيهِ فَإِنَّ إِنْكارَ ٱلْقُرآنِ كُفْرٌ» (Ибни Арабӣ, Аҳкомул Қуръон, ҷ1, с6; Қуртубӣ, Ал-Ҷомеъул Аҳкомил Қуръон, ҷ1, с93); <<Ихтилофи мардум дар он кофӣ аст то бидонӣ ки он аз Қуръон нест; Чароки дар Қуръон ихтилофе вуҷуд надорад ва инкори Қуръон куфр аст>>.

Бо ин ҳол, ҳақ он аст ки гуфтори аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, сариҳи дар ин маъно нест; Бо таваҷҷуҳ ба инки мумкин аст «بسم الله الرّحمن الرّحيم» як бор бар Паёмбар нозил ва ба ӯ амр шуда бошад ки онро дар оғози ҳар сура қарор диҳад ва ин ҷомеъи миёни ақвол аст; Ҳамчунонки мумкин аст «بسم الله الرّحمن الرّحيم» ва ҳуруфи муқаттаъа ҳар ду нишонае аз синхи ваҳй ва наздик будани нузули сура барои Паёмбар буда ва ба манзури ҷалби таваҷҷуҳи он Ҳазрат ва озмудани овоҳо тавассути фаришта ва низ сокет сохтани мардум ва ҷалби таваҷҷуҳи онон ба оёти баъдӣ нозил шуда бошанд; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки «بسم الله الرّحمن الرّحيم» барои кофирон монанди ҳуруфи муқаттаъа ғариб буда, то ҷойе ки машҳур аст Суҳайл ибни Амр намояндаи онон дар сулҳи Ҳудайбия ҳозир ба навиштани он дар сулҳнома нашуд ва гуфт: «ما نَعْرِفُ بسم اللّه الرّحمن الرّحيم»; <<Бисмиллаҳи раҳмани раҳимро наменависам>> ва аз Паёмбар хост ки ба ҷойи он «بِٱسْمِكَ ٱللّهُمَّ» бинависад (нигоҳ кунед ба: Муснади Аҳмад, ҷ4, с86; Саҳеҳул Бухорӣ, ҷ3, с181; Саҳеҳул Муслим, ҷ5, с175; Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, ҷ8, с326); Ҳамчунонки аз Қуръон дониста мешавад ки онон <<Раҳмон>> ро намешинохтанд; Чароки фармудааст: «وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ اسْجُدُوا لِلرَّحْمَنِ قَالُوا وَمَا الرَّحْمَنُ» (Фурқон/ 60); <<Ва чун ба онон гуфта мешуд ки барои Раҳмон саҷда кунед, мегуфтанд ки Раҳмон чист?!>>. Бинобарин, «بسم الله الرّحمن الرّحيم» ва ҳуруфти муқаттаъа дар Қуръон, то ҳадди зиёде барои онон ҳамгун будаанд ва аз ин ҳайс, метавонистаанд бо ҳам ва ба манзури ҷалби таваҷҷуҳи онон –илова бар оғози ваҳй ва тиловати он бо номи Худованд– нозил шуда бошанд.

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?