Якшанбе 17 ноябр 2019 мелодӣ баробар бо 20 рабеъ-ул-аввал 1441 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани гуфтор

   
Шумора: 6 Код: 27
Мавзӯъ:

Хутбае аз он ҳазрат хитоб ба касоне ки даъвати ӯро напазируфтанд ва ба зиддият бо он пардохтанд.

<<Зинда бод саре ки ба қадри хеш доност ва поянда бод диле ки ба айби хеш шиносост. Ношунавои ҳақиқӣ он аст ки ба овози ҳақ ношунавост ва нобинои воқеъӣ он аст ки ба ҷилваи ҳақ нобиност. Бетардид ҳақро нишонатон додам ва нахостед бибинед ва сурудашро бар шумо хондам аммо нашунидед ва роҳашро бароятон ҳамвор сохтам вале напаймудед. Ба ростӣ мегӯям ки шуморо андарз додам ва ба сӯӣ хайр даъват намудам; Донишро бароятон пироста кардам ва ҳикматро ҷавида дар даҳонатон ниҳодам; Бо ҳуҷҷатҳое ки аз фӯлод устувортар аст ва баййиноте ки аз барф покизатар; Монанди ситорае ки дар шаб дурахшон мешавад ва монанди чароғе ки дар торикӣ рӯшан; То гумгаштагони кӯҳистонҳо роҳ ёбанд ва саргаштагони биёбонҳо шод шаванд; Бо тазкияҳо ва таълимҳо ва масалҳо ва насиятҳо; Бидуни музде ки бар шумо гарон ояд ё иддаъое ки шуморо битарсонад; Вале бо ин ҳол, аз ман гурехтед ва бо ман ситеза ҷустед! Вой бар шумо! Оё дар интизори чизӣ беҳтар аз ин ҳастед ки ман барои шумо овардам?! Дар ҳоле ки беҳтар аз яқин чизе нест ва фаротар аз он чизе нахоҳад омад! Ман китоби Худовандро бар шумо хондам ва суннати Паёмбарашро ба шумо омӯхтам ва паҳлӯи ботилро шикастам ва ҳақро аз дарунаш берун кашидам ва касе ҷуз ман ҷуръати онро надошт! Агар шумо бо ман ҳамроҳ шавед ман шуморо аз гумроҳон мераҳонам ва ба Маҳдӣ мерасонам ва ин барои шумо хуб аст ва агар бо ман ҳамроҳ нашавед манро бар шумо султае нест; Он гоҳ бар фарози ин қулла ё даруни он дарраи худ мемонам ва аз гиёҳи замин ва оби осмон тағзия мекунам ва Парвардигорамро мепарастам то ҳангоме ки манро ба назди хеш барад ё барои ман ҳукм фармояд; Чароки Ӯ меҳрубонтарини меҳрубонон ва бартарин ҳукм кунандагон аст>>.

Шарҳи гуфтор:

Манзури эшон аз <<Ҳуҷҷатҳое ки аз фӯлод устувортар аст ва баййиноте ки аз барф покизатар>> ва низ <<Тазкияҳо ва таълимҳо ва масалҳо ва насиҳатҳо>> омӯзаҳои гаронсанги эшон аст ки усораи он, китоби бузурги <<Бозгашт ба Ислом>> аст ки чунон офтобе аз ҳикмат ва маърифат бар ҷаҳони Ислом толеъ шуда ва дар ҳоли рӯшангарӣ ва нурафшонӣ аст, вале кӯрдилон сияҳрӯз шуъои онро намебинанд ва дар зулмати хеш мондагоранд.

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?