Сешанбе 17 октябр 2017 мелодӣ баробар бо 26 муҳаррам 1439 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани гуфтор

Шумора: 1 Код: 21
Мавзӯъ:

Гуфторе аз он ҳазрат дар васфи аҳли Биҳишт

Яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт: Дар маҳзари ҳазратамон Мансури Ҳошимии Хуросонӣ будем, пас барои мо хутбае хонд ва дар он ба васфи парҳезкорон пардохт ва дар зимни он фармуд:

<<Намебинед ононеро ки шабҳо аз бими марг намехобанд ва аз воҳимаи оташ мегирянд? Бовари онон ба охират чунон аст ки гӯӣ онро мебинанд. Иштиёқашон ба Биҳишт иштиёқи касоне аст ки миёни даштҳои сарсабзи он гом мениҳанд ва дар канори ҷӯйборони зебои он менишинанд ва дар сояи дарахтони пурмевааш ки ҳамвора барқарор аст истироҳат мекунанд, дар ҳоле ки медонанд пас аз марги нахустин дигар нахоҳанд мурд ва дар ҳамсоягии Худо ҷовидон хоҳанд зист. Ҳар як аз онон дил аз дунёи дун гусаста ва ба сарои ҷовидонагӣ пайвастааст. Вақте ба пеши рӯӣ худ менигарад хонаҳоеро мебинанд ки ба нури Худо баландӣ ёфта ва пиромуни он боғҳое аст ки то чашм суд медиҳад густардааст; Биҳиштҳое ки вусъати онҳо чун вусъати осмон паҳновар беканор ва шигифтангез аст. Онон дар ин ҳангом ба пушти сари худ ки дунёи нозебост бингаранд; Зкро ончи дар пеши рӯӣ худ мебинанд ононро аз пушти сарашон машғул сохтааст. Худованд ҷалла ҷалолуҳ пардаро аз пеши чашмонашон бармегирад ва ончиро ки барояшон муҳаё сохтааст нишонашон медиҳад; Пас онон аз шавқи он беқарор мешаванд ва аз бими норасиданаш хуштандор мегарданд. Онон дар Биҳишт ҳамсояи Паёмбарон ва ҳамнишини сиддиқон ва шаҳидон ва солеҳон хоҳанд буд, пас инон ба дидори онон мераванд ва онон ба дидори инон меоянд ва ин аз бартарин неъматҳои Биҳиш аст>>.

Сипас рӯй ба ман кард ва фармуд:

<<Оё дӯст намедорӣ ки ҳамсояи Муҳаммад салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва ҳамнишини хонадонаш бошӣ?!>>.

Сипас ба сухани худ бозгашт ва фармуд:

<<Ҳангоме ки мӯъминро дар гӯр мениҳанд метарсад; Пас Худо бӯи Биҳиштро ба машоми ӯ мерасонад то бадон ором гирад ва агар касе бӯи биҳиштро дар наёбад барои ӯ хайр хоста нашудааст. Сипас ҳеҷ чиз барои мӯъмин хушояндтар аз ин нахоҳад буд ки дӯстони Худоро дар канори худ меёбад ва ба онон унс мегирад. Онгоҳ пас аз даранге ки аз он гузире нест, дарӣ аз дарҳои Биҳишт ба рӯӣ ӯ гушуда мешавад, пас ӯ монанди домоде ки ба ҳаҷлаи арӯс дохил шавад, дар миёни дӯстони Худо ба Биҳишт дохил ва дидааш ба офоқи он рӯшан мегардад. Дар ин ҳангом бархӣ аз касоне ки бо ӯ ҳастанд мегӯянд: Вогузоридаш то худро бозёбад; Чароки ӯ аз дунё меояд. Пас вай дар сояи дарахте ё бар канори руде ё бар фарози тахте ё дар бархӣ хонаҳо менишинад ва барои ӯ чизе меоваранд то бихурад ва биёшомад ва чашмаш рӯшан бошад ва хастагии маргро бизудояд. Онгоҳ ба оромӣ дӯстони шойиста ва хешони некукори ӯ ки пештар аз дунё рафтаанд бар вай ворид мешаванд ва хушомадаш мегӯянд ва ӯ ба дидори онон ва онон ба дидори ӯ масрур мегарданд. Пас чунон мепиндорад ки аз сафаре бозомада ё аз хоби кӯтоҳе бархостааст. Сипас ӯро ба дидори Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам мужда медиҳанд ва бидуни мужда суруре дар ӯ ворид мешавад ки монанди он дар ӯ ворид нашуда бошад. Пас вай ба зиёрати он Ҳазрат ва ба зиёрати хулафоъи ӯ меравад ва мавриди инояти онон қарор мегирад. Онгоҳ ӯро дар Биҳиште ки Парвардигори меҳрубон вежаи ӯ сохтааст сокин мекунанд ва аз неъматҳои бепоёни он баҳраманд месозанд>>.

Ман арз кардам: Фидоят шавам, ба гуфтори худ дилҳои моро шифта намудӣ! Эй кош неъматҳои бепоёни онро бештар васф мефармудӣ! Фармуд:

<<Агар неъматҳои бепоёни Биҳиштро онгуна ки ҳаст медидӣ ва аз зебоиҳои асроромези он огоҳӣ меёфтӣ, чизе дар чашми ту аз дунё ва зинатҳои он беарзиштар намебуд. Агар дарахтони срсабзи Биҳиштро медидӣ ки шохсоронаш дар вазиш насимҳое ки аз зери арш меоянд меларзид ва решаҳояш дар теппаҳое ки аз мушку зарфарон аст фуру рафта ва дар зери он чашмаҳои гулоб ҷӯшон аст, ҳамоно нисбат ба шаҳавоти дунё берағбат мегаштӣ ва онро барои аҳлаш вомегузоштӣ. Оё намедонӣ ки бар соқаи дарахтони Биҳишт каҳроб овехта ва бутаҳои ёс ва нилуфар бунафш печида ва он дарахтон дар миёни даштҳое рӯйидаанд ки аз гулҳои ҳазор ранг ва сабзазорони чашмнавоз пӯшида шудааст? Оё намедонӣ ки дар миёни он даштҳои хуррам ва пиромуни он дарахтон пармуда, наҳрҳое аз оби зулол ва наҳрҳое аз шири тоза ва наҳрҳое аз асали босафо ва  наҳрҳое аз шароби пок ҷори аст? Ва дар миёни онҳо наҳре аст ки ба он Тасним мегӯянд ва наҳри дигаре аст ки ба он Салсабил мегӯянд ва таъми он маззаи занҷабил аст. Оё намедонӣ ки аз сақфи хонаҳои Биҳишт ва девораи ғорҳои он қандилаҳои алмос овезон аст ва сангрезаҳои он аз марвориду ёқут ва хошоки он аз ақиқ ва фирӯза ва ҳоки он аз мушку заъфарон аст? Дар онҷо хонаҳое аст ки бо хиштҳои тилло сохта шуда ва бо баргаҳои нуқра зинат ёфта ва барои он хонаҳо дарҳое аз замарруди сабз ва панҷараҳое аз буррунзи якпорча ва шишаҳое аз булури шафоф аст. Дар утоқҳои онҳо ва пиромуни рудҳо ва миёни бӯстонҳо ва зери дарахтони мева, тахтҳое аз чӯби булут ва гирду аст ки бар онҳо нақшӣ зебо ҳакокӣ шудааст ва бар он тахтҳо фаршҳое аст ки аз абрешими холис бофта шуда ва бар он фаршҳо тӯшакҳое аст ки аз махмали сабз ба ҳам расида ва бар он тӯшакҳо пуштиҳое аст ки аз истабрақи обӣ ниҳода шудааст ва бар ҳар тахт суфраи густардааст ки бар он анвоъи меваҳои чаҳор фасл аз себу ангур ва мавзу гулобӣ ва анҷиру анор ва олуву пуртуқол ва ҳулу ва меваҳое ки дар дунё нест ва таъомҳои хушранг хушбӯй хуштаъм ва пӯшқобҳое аз булур ва косаҳое аз тилло ва қошуқҳое аз нуқра қарор дорад ва канор ҳар суфра бонуи зебое аст ки муштоқи шӯӣ хеш аст, дар ҳоле ки ҷомаҳое аз тӯри обӣ ва дебоҷи сапед бар тан дорад ва худро ба ҷавоҳирот зинат дода ва бо бухури хушбӯ сохтааст. Гисувони ин бонувон ба тирагии шом сиёҳ ва рӯяшон ба дурахшандагии қурси хуршед ва андомашон ба латофати шукуфаҳои баҳористон ва гисувони бархӣ аз онҳо тиллоӣ ранг ва гисуаони бархӣ дигар ба ранги хурмост ва барои онҳо чашмҳое аст ба рангҳои сиёҳ, обӣ ва сабз ва лабҳое борик ва абрувонӣ кашида ки дар зебоӣ ба хаёл нагунҷад ва дар дастҳошон ҷомҳои симин аз шароб ва шаробати асал аст ки ба шӯяшон пешкаш мекунанд, дар ҳоле ки барои мусоҳибати ӯ аз якдигар пешӣ мегиранд ва барои ҷалби таваҷҷуҳи ӯ мусобиқа мегузоранд>>.

Дар ин ҳангом он ҳазрат сукут намуд ва пас аз муддате дубора фармуд:

<<Яке аз неъматҳои биҳишт он аст ки Худованд фариштаеро бар Биҳиштиён гумоштааст то ҳар рӯз ононро мухотаб сохта нидо сар диҳад: Эй аҳли Биҳишт! Ҷовидон хоҳед буд! Ва фариштаи дигаре нидо сар медиҳад: Огоҳ бошед ки барои шумост ҳар чизе ки бихоҳед ва бештар! Ва неъмати дигар он аст ки Худованд гармо ва сармо ва торикиро аз Биҳишт ва ранҷу беморӣ ва пириро аз аҳли он бардоштааст ва неъмати дигар он аст ки ҳеҷ рӯзе аз рӯзҳои Биҳишт бо рӯзи пешин баробар нест ва неъмати дигар он аст ки гоҳе аҳли Биҳишт аҳли Дӯзахро дар миёни азоб мушоҳида ва бо онон гуфтугӯ мекунанд ва неъмати дигар он аст ки фариштагон бо аҳли Биҳишт ва аҳли Биҳишт бо фариштагон сухан мегӯянд ва неъмати дигар он аст ки аҳли Биҳишт ҷуз зебоӣ намебинанд ва ҷуз зебоӣ намешунаванд ва дидани аҳли Дӯзах дидани адолат аст ва неъмати дигар он аст ки Биҳиштиён дар ҳар ҷои Биҳишт ки бихоҳанд сокин мешаванд ва неъмати дигар он аст ки Худо ҳисобро аз аҳли Биҳишт бардоштааст ва ононро намерасад ки дар он гуноҳ кунанд ва неъмати дигар он аст ки Худованд дараҷоти аҳли Биҳиштро боло мебарад ва неъмати дигар он аст ки аҳли Биҳишт подшоҳони Биҳиштанд ва дигар он ки Биҳишт фаротар аз инҳост>>!

Сипас он ҳазрат ба ман рӯй намуд ва фармуд: <<Оё кофӣ нест>>? Арз кардам: Фидоят шавам, нимӣ аз он чи фармудӣ барои аҳли хирад кофӣ аст. Сипас ба ёрони худ рӯй намуд ва бо овози баланд фармуд:

<<Огоҳ бошед! Ин Биҳишт барои шумо ва барои касоне аст ки бар тариқати шумо бошанд ва барои дигарон ҷуз оташ нест>>!

Шарҳи гуфтор:

Манзур аз <<Тариқати шумо>> дар ин гуфтори шариф, маҷмӯъаи ақойид ва аъмоли солеҳӣ аст ки дар китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> бар пояи китоби Худо ва суннати мутавотири Пёмбари Ӯ ва дар рӯшаноии ақли салим табйин шуда ва намоёнгари Исломи холис ва комил аст ва ҳар кас онро пазирад аҳли Биҳишт ва ҳар кас онро напазирад аҳли Дузах аст.

Гуфтанӣ аст ки бисёрӣ аз ёрони Мансур, ин гуфтори шарифро бо худ доранд ва дар оғози рӯз мехонанд то ёди Биҳишт дар онҳо росих шавад ва аз таъаллуқ ба дунё то поёни рӯз дар амон монанд.

Фарозҳое аз гуфторҳои ҳазарти аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло
Хондани номаҳо; Бозгашт ба Ислом; Мансури Ҳошимии Хуросони
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.