Шанбе 2 Март 2024 мелодӣ / 21 Шаъбон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 1. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Нақд ва барраси
 

Оё ақли ҳар фард инқадр болиғ ҳаст ки битавонад меъёри ташхис бошад?

Ақли ҳар фард, ҳаргоҳ ин қадр болиғ бошад ки битавонад меъёри ташхис бошад, мукаллаф маҳсуб мешавад ва ҳаргоҳ ба ин қадр аз булуғ нарасида бошад, мукаллаф маҳсуб намешавад, монанди ақли кӯдакон ва девонагон; Чароки таклиф, мубтанӣ бар қудрати ташхис аст ва таклифи касе ки аз ин қудрат бархурдор нест, бар хилофи адолат аст, дар ҳоле ки Худованд золим нест; Чунонки фармудааст: ﴿وَأَنَّ اللَّهَ لَيْسَ بِظَلَّامٍ لِلْعَبِيدِ﴾[1]; «Ва ҳароина Худованд зулм кунандае ба бандагон нест». Аз инҷо дониста мешавад ақли касоне ки мукаллаф маҳсуб мешаванд, ин қадр болиғ ҳастанд ки битавонад меъёри ташхис бошад, агарчи сутуҳ ва маротиби мухталифе дошта бошад; Чароки ба таъбири дақиқи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом»[2], «Ақл ба маънои неруи андеша ва донойи, агарчи дар бархӣ инсонҳо бештар аз бархӣ дигар аст, дар ҳамаи инсонҳо ба қадри кофӣ вуҷуд дорад ва ҳамин барои ваҳдати он ба унвони меъёри шинохт кофӣ аст; Зеро Худованди Одил, ба ҳар инсони мукаллафе баҳраӣ кофӣ аз ақл бахшида ва фузунӣ он дар бархӣ, фазле аст ки ба онон бахшидааст, беонки зулме ба бархӣ дигар бошад; Чунонки фармудааст: ﴿وَاللَّهُ يُضَاعِفُ لِمَنْ يَشَاءُ ۗ وَاللَّهُ وَاسِعٌ عَلِيمٌ﴾[3]; <Худованд барои ҳар кас ки хоҳад меафзояд ва Худованд вусъат диҳандаи доност>! Ҳамчунонки ақли бархӣ инсонҳо, дар фарояндӣ табиъӣ ва мутақобил, ақли бархӣ дигарро комил мекунад; Чароки онҳо бо якдигар дар таъомуланд ва аз тариқи ҳамандешӣ, ақлӣ ҷамъеро падид меоваранд ки нуқсони ақли фардиро ҷуброн мекунад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَرَفَعْنَا بَعْضَهُمْ فَوْقَ بَعْضٍ دَرَجَاتٍ لِيَتَّخِذَ بَعْضُهُمْ بَعْضًا سُخْرِيًّا﴾[4]; <Ва бархеро бар бархӣ дигар дар рутба бартарӣ Додим то бархешон бархӣ дигарро ба хидмат бигиранд>!».

Боре ба ҳар ҷиҳат, рӯшан аст ки ақли одамӣ, танҳо абзори ӯ барои ташхис аст; Зеро агар ӯ натавонад бо ақли худ ташхис диҳад, бо куҷояш ташхис тавонад дод?! Оре, ақли ӯ ҳангоме қодир ба ташхис хоҳад буд ки ба мавонеъи шинохт мубтало набошад; Чароки мавонеъи шинохт, ӯро аз ташхис боз хоҳанд дошт ва ин иллати адами ташхис дар бисёрӣ аз мардум аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки онҳо ба мавонеъӣ монанди ҷаҳл, тақлид, аҳвоъи нафсонӣ, таъассуб, такаббур ва хурофагароӣ мубтало ҳастанд ва аз ин рӯ, наметавонанд он гуна ки бояд, аз ақли худ истифода кунанд. Аз инҷо дониста мешавад ки иллати ташхис надодани мардумро бояд дар «Мавонеъи шинохт» ҷуст, на дар «Меъёри шинохт»; Зеро меъёри шинохт, нуре аз олами малакути аст ки дар он ҳеҷ зулмате нест, вале ин мавонеъ шинохтаанд ки монанди ҳиҷобҳои монеъ аз расидани он ба бархӣ аз чизҳо мешаванд ва онҳоро дар торикӣ фурӯ мебаранд.

↑[1] . Оли Имрон/ 182
↑[3] . Бақара/ 261
↑[4] . Зухруф/ 32
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши баррасии нақдҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани нақд
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед нақдҳои илмии худ бар осори аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба баррасии илмӣ гирифта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи нақд дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст нақди шумо дар пойгоҳ баррасӣ шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани нақди худ, нақдҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Беҳтар аст аз навиштани нақдҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин нақдҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули баррасӣ мешаванд.