Якшанбе 4 Июн 2023 мелодӣ / 15 Зулқаъда 1444 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсе аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Оёте аз Қуръон ки бар ин далолат доранд; Ояи 10. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Ҷаноби Мансури Ҳошимии Хуросонӣ решаи мушкилоти фаровони фарҳангӣ дар ҷомеъаи моро дар чи чизе мебинанад? Дар мардум ё ҳокимият ё таҳоҷумӣ фарҳангӣ ё ...? Барои мутолеъа ва дарёфти посух, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Гуфтори ҷадид: Ду гуфтор аз он ҳазрат дар бораи ҳукми қарз додан ба шарти ақдӣ машрӯъ ва пас гирифтани он бо нархи рӯз. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Нақди ҷадид: Оё ақли ҳар фард инқадр болиғ ҳаст ки битавонад меъёри ташхис бошад? Барои мутолеъа ва дарёфти барраси, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Нақд ва барраси
 

Лутфан тавзиҳ диҳед ки иллати зиддияти аллома бо фалсафа чист ва бар чи асосе онро ки тамоман ақлӣ аст, ғайри ақлӣ медонанд? Иддаъои эшонро ба хотири ин дидгоҳ ба камсаводӣ муттаҳам мекунанд!

Бародари мӯҳтарам!

Шумо чизеро ба аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло нисбат медиҳед ки воқеъият надорад ва аз адами диққати кофӣ дар ибороти эшон бархостааст; Чароки эшон на бо фалсафа «Зиддият» дорад ва на онро «Ғайри ақлӣ» медонад, балки онро «Дӯст намедорад» ва «Ғайри уқалойи» медонад ва касоне ки иддаъои савод доранд, бояд фарқи миёни ин дуро бидонанд! Зиддият бо фалсафа вежагии касоне аст ки онро сабаби куфр ва зиндиқа мепиндоранд ва файласуфонро кофир ва зиндиқ мешуморанд ва ба масобаи як қоъида мегӯянд: «مَنْ تَفَلْسَفَ تَزَنْدَقَ»; «Ҳар кас фалсафа бихонад зиндиқ мешавад», дар ҳоле ки аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло аз онон нест ва чунин дидгоҳе надорад. Эшон фалсафаро «Дӯст намедорад»; Ба ин далил ки беш аз ҳадди ниёз зеҳнӣ ва интизоъӣ аст ва онро «Ғайри уқалойи» медонад; Ба ин далил ки навъи оқилон аз ҳайси мавзӯъ ва равиш монанди файласуфон намеандешанд ва ин як воқеъияти маҳсус ва мусаллам аст; Чунонки ҳеҷ як аз анбиёъ, авсиёъ ва ёрони барҷастаи онон файласуф набуданд ва ба водии фалсафа наздик нашуданд ва ин дар ҳоле буд ки уқулӣ комил ва салим доштанд ва раъиси оқилон маҳсуб мешуданд. Аз ин рӯ, аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло фармудааст:

«Рӯшан аст ки ақл, пеш аз пайдоиши фалсафа вуҷуд дошта ва фалсафа танҳо донишӣ ҷадид мубтанӣ бар ақл аст; Ҳамчунонки донишҳои дигаре монанди ҳисоб, ҳиндиса ва тиб мубтанӣ бар ақланд ва ҳар як дар ҷиҳате, ақлро ба кор бастаанд. Бинобарин, ҳар файласуфе оқил аст, вале ҳар оқиле файласуф нест ва ончи меъёри шиохт аст, ақл аст на фалсафа.»[1]

Ин ба маънои он аст ки эшон фалсафаро «Ғайри ақлӣ» намедонад, балки «Ғайри уқалойи» медонад ва камсавод касоне ҳастанд ки фарқ миёни ин дуро намедонанд; Чунонки фармудааст:

«Мурод аз ақл, онҷо ки меъёри шинохт шумурда мешавад, ақли навъӣ уқало аст на ақли шахсии фалосифа ва рӯшан аст китафаккури уқалоӣ бо тафаккури фалсафӣ тафовут дорад. Аз ин рӯ, мухолифат бо фалсафа набояд ба мухолифат бо ақл мунҷар шавад; Чароки ақл мусовӣ бо фалсафа нест ва илтизом ба он бо илтизом ба фалсафа мулозимае надорад.»[2]

Бинобарин, эшон мӯътақид аст ки ба ҳар таъаққуле наметавон фалсафа гуфт: Ҳамчунонки ҳамаи оқилонро намешавад файласуф номид ва чизе ки меъёри шинохт аст ақли оқилон аст, на ақли файласуфон. Дар нигоҳи эшон, корӣ «Уқалойи» маҳсуб мешавад ки аз ҳайси мавзӯъ ва равиш миёни навъи оқилон муштарак аст ва ба як гурӯҳ аз онон ихтисос надорад ва бо ин васф, тафаккури уқалойи тафаккуре аст ки аз ҳайси мавзӯъ ва равиш миёни навъи оқилон муштарак аст ва ба файласуфон ихтисос надорад; Чунонки фармудааст:

«Бино бар таърифи ман, фалсафа тафаккур дар бораи чизҳое аст ки уқало одатан дар бораи онҳо тафаккур намекунанд, монанди асолати вуҷуд ва моҳият ва аҳкоми ҷавҳар ва аъроз; Вагарна тафаккур дар бораи чизҳое ки уқало одатан дарбори онҳо тафаккур мекунанд, ҳар чанд бо диққати назари ақлӣ бошад, фалсафа нест, балки таъаққул номида мешавад.»[3]

Ин тафовути мавзӯъ ва равиши тафаккур, марз миёни фалсафа ба маънои як илми хосси ақлӣ ва таъаққул ба маънои як кори омми уқалойи аст ва касоне ки ин нкутаи содаро нафаҳмиданд беҳрат аст бар саводи худ бияфзоянд, на инки олимӣ бузургро ба камсаводи муттаҳам кунанд ва бо ин кор, аз такаббури худ дар айни камсаводишон парда бардоранд!

↑[1] . Бозгашт ба Ислом, с33
↑[2] . Бозгашт ба Ислом, с34
↑[3] . Бозгаш ба Ислом, с34
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши баррасии нақдҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани нақд
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед нақдҳои илмии худ бар осори аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба баррасии илмӣ гирифта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи нақд дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст нақди шумо дар пойгоҳ баррасӣ шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани нақди худ, нақдҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Беҳтар аст аз навиштани нақдҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин нақдҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули баррасӣ мешаванд.