Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Қадри ҳар кас, чизе аст ки Худованд барои ӯ қарор дода; Чунонки фармудааст: ﴿قَدْ جَعَلَ اللَّهُ لِكُلِّ شَيْءٍ قَدْرًا﴾; «Худованд барои ҳар чизе қадре қарор дода» Ва оқил касе аст ки қадри худро медонад ва ба он қонеъ аст ва ин мабнои «Адолат» маҳсуб мешавад; Чунонки аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар номаи ёздаҳум фармудааст: «Адл он аст ки ҳар чиз қадри худро бидонад ва дар ҷойе ки Худованд барои ӯ қарор додааст қарор гирад ва зулм он аст ки чизе қадри худро надоданд ва аз ҷойи худ берун ояд ва ҷойи дигаре ки Худованд барои ӯ қарор надодаастро бигирад ва фасод фарзанд зулм аст.» Бинобарин, ҳаққи ҳар кас ба андозаи қадри ӯст ва таклифи ӯ ин аст ки ба қадри худ қонеъ бошад ва дар ҷойе қарор бигирад ки мустаҳаққи он аст ва ба қадри дигарон эҳтиром бигзорад ва дар ҷойи онон қарор нагирад ва рӯшан аст ки таклиф ҷанбаи ташриъӣ дорад, на таквинӣ ва аз ин рӯ, ҷабр маҳсуб намешавад. Бо ин васф, метавон гуфт ки дар ҳукумати имом Маҳдӣ алайҳи салом, мардум маҷбур нахоҳанд буд, бал мухтор хоҳанд буд ки ба ҳаққи худ қонеъ бошанд ё фаротар аз онро биҷӯянд; Бо ин тафовут ки агар ба ҳаққи худ қонеъ бошанд, имом Маҳдӣ алайҳи салом ононро ташвиқ ва ҳимоят мекунад ва агар фаротар аз онро биҷӯянд, имом Маҳдӣ алайҳи салом ононро танбеҳ ва муҷозот мекунад ва дар ин сурат, ихтиёри онон аз байн нахоҳад рафт; Чароки танбеҳ ва муҷозоти золим, бо ихтиёри ӯ мунофот надорад, балки ношӣ аз таклиф ва масъулияти ӯст ва ин мабнои аҳком ва қавонини кайфарӣ дар шариъат ва сираи уқало маҳсуб мешавад.
2 . Тамоюли мардум ба ишғоли мақом ва масъулияте ки шойистагии онро надоранд, ношӣ аз «Ҷаҳл» ё «Тамаъи» онон аст; Ба ин маъно ки онон ё истеъдод ва тавонмандии худро намешиносанд, ё ба ҳаққи худ қонеъ нестанд ва дар ҳар ду сурат, ниёз ба «Таълим» ва «Тарбияти» имом Маҳдӣ алайҳи салом доранд. Дар сурати аввал, имом Маҳдӣ алайҳи салом ононро «Таълим» медиҳад то аз ҷаҳл раҳойи ёбанд ва истеъдоду тавонмандии худро бишносанд ва дар сурати дуввум, имом Маҳдӣ алайҳи салом ононро «Тарбият» мекунад то тамаъро канор бигзоранд ва ба ҳаққи худ қонеъ бошанд ва интизор меравад ки пас аз ин таълим ва тарбияти ӯ, тамоюле ба ишғоли мақом ва масъулияте ки шойистагии онро надоранд, надошта бошанд ва бо розу рағбат, мақом ва масъулиятеро бипазиранд ки шойистагии онро доранд. Бо ин ҳол, агар касе тарбият пазир набошад ва ҳамчунин ба ишғоли мақом ва масъулияте ки шойистагии онро надорад мутамойил бошад, дар амал маҷоли онро намеёбад; Чароки бо вуҷуди муқаррарот ва софиҳои мутаносиб таҳти мудирият ва назорати имом Маҳдӣ алайҳи салом, шаройит барои он мусоъид нест ва ӯ ногузир ба сӯӣ мақом ва масъулияте савқ дода мешавад ки шойистагии онро дорад ва онро агарчи бо нороҳатӣ ва кароҳат мепазирад ва агар барои ишғоли мақом ва масъулияте ки шойистагии онро надорад, муртакиби таъаддӣ шавад, тавассути имом Маҳдӣ алайҳи салом муҷозот хоҳад шуд. Бидуни ин таълим ва тарбият ва сиёсати Маҳдавӣ, ислоҳи ҷаҳон мумкин нахоҳад буд ва зулм аз он барчида нахоҳад шуд; Зеро ҳамеша ҳастанд касоне ки ба ҳаққи худ қонеъ нестанд ва чизеро меҷӯянд ки истеҳқоқи онро надоранд ва агар имом Маҳдӣ алайҳи салом бо вуҷуди илми худ аз хоҳишҳои онон пайравӣ кунад, ӯ он ҳангом аз золимон ва гумроҳон хоҳад буд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَلَئِنِ اتَّبَعْتَ أَهْوَاءَهُمْ مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَكَ مِنَ الْعِلْمِ ۙ إِنَّكَ إِذًا لَمِنَ الظَّالِمِينَ﴾; «Ва агар ту пас аз илме ки бароят омад аз хоҳишҳои онон пайравӣ кунӣ, ту он ҳангом аз золимон хоҳӣ буд» Ва фармудааст: ﴿قُلْ لَا أَتَّبِعُ أَهْوَاءَكُمْ ۙ قَدْ ضَلَلْتُ إِذًا وَمَا أَنَا مِنَ الْمُهْتَدِينَ﴾; «Бигӯ ман аз хоҳишҳои шумо пайравӣ намекунам, ман он ҳангом гумроҳ шудаам ва аз ҳидоят ёфтагон нестам».
3 . Ормони имом Маҳдӣ алайҳи салом ин аст ки ҳеҷ як аз раъяти ӯ аз мавқеъияте ки истеҳқоқашро дорад берун набошад ва ин ормоне аст ки дар ҳадди имкон ҳосил мешавад; Яъне дар ҳадде ки дунё бо вуҷуди маҳдудиятҳои зотӣ ва табиъиаш, қобилияти онро дорад ва мурод аз «Адолати мутлақи ҷаҳонӣ» ҳамин аст, на чизе фаротар аз он то хиёлӣ ва интизоъӣ маҳсуб шавад. Вонгаҳе рӯшан аст ки ин ормон, ба маҳзи ҳокимияти имом Маҳдӣ алайҳи салом ҳосил намешавад; Чароки ҳокимияти ӯ ﴿كُنْ فَيَكُونُ﴾ намекунад, балки монанди ҳар ҳокимияти дигаре дар ҷаҳон, ба барномарезӣ ва талош барои расидан ба ормони худ мепардозад ва ин метавонад замонӣ кӯтоҳ ё балан –баста ба каммият ва кайфияти ҳимояти мардум– ро дар бар бигирад. Бинобарин, таваққуъи мардум аз ҳукумати имом Маҳдӣ алайҳи салом, бояд таваққуъӣ мантиқӣ, воқеъбинона ва ҳамроҳ бо эҳсоси масъулият бошад.
*Барои огоҳии бештар, ба
таълиқот бингаред.
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши баррасии нақдҳо